Яке аз вижагиҳои инсон дар хирадандешию мантиқӣ фикр кардани он аст, ки ҳар гуна ҳаводисро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар натиҷа тариқи ақлу мантиқ вобаста ба он тадбирандешӣ намояд. Дар баробари дорои андеша будан, инсон инчунин дорои эҳсос, тахаюл ва боварҳое аст, ки ба воситаи онҳо табитаи атрофро арзишгузориву тафсир менамояд. Инсон то замони он ки зарурате ба миён наояд ва ҳодиса ё падидае ӯро маҷбур насозад, намехоҳад дар бобати воқеияти чӣ ганугии рухдод ва моҳияти он андеша намояд.

Инсонҳо ҳамеша мехоҳанд аз роҳи тахайюл, бовармандӣ ва тафсиру гумон задан, ки роҳи соддае аст, ба ин ё он падидаю предмет маънӣ бахшанд ва онро муҷалло нишон диҳанд. Чунин тарзи баррасии фикру назар аз тафсироти субективии инсонӣ ба миён меояд, ки он воқеияташ танҳо дар тасаввуру мағзи инсон ҷойгоҳ дорад. Инро метавон ҳамчун воқеияти зеҳнию субективӣ арзёбӣ намуд.

Вақте ба воқеияти ҷаҳон менигарем, падидаю предметҳо, воқеияти онҳо моҳияту амалкард, табдилёбӣ ва қавонини инкишофи онҳо аз зеҳнияти мо ҳеҷ вобастагие надорад. Онҳо аз рӯи он хусусият ва низоми хосае, ки доранд, рушд мекунанд, табдил меёбанд ва аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегузарад. Вуҷуди ин хусусияту қонунмандиҳо ба зеҳнияти мо ҳеҷ иртиботе надоранд ва аз худии худи падидаю ашёҳо вобастагӣ дорад, ки онро метавон воқеяти обективӣ ё айнӣ номид.

Инсон дар шинохти воқеият ва расидан ба ҳикмату моҳияти ашёҳо онро на дар як они воҳид, балки дар дарозои замон зина ба зина таҳқиқу пажуҳиш намуда, онро ба даст меорад, то кашфи воқеият ба ин падидаҳо ҳазорон навъи эҳсос, тахайюл, бовар ва тафсирҳои гуногунро бар он барчасп менамояд.

Мусаллам  аст, ки барои инсон муҳимтар аз худ ва зиндагияш  чизи дигаре вуҷуд надорад, зеро дар дарозои таърих инсон тамоми офаридаҳо ва кушишҳояш ба хотири зиндагӣ кардан ё ба тарз дигар зиндагиро соддаву босаодат гардонидан, равона намудааст. Моҳияти инсон ҳам дар ҳунар, офаринандагӣ ва созандагӣ ифода меёбад. Ҳатто шинохту дарки озодии инсонҳо низ дар ҳамин зина, яъне зинаи огоҳӣ, хирад ва офаринандагӣ ошкор мешавад.

Дар дарозои таърих то расидан ба дараҷаи хираду огоҳӣ инсонҳо зинаҳои гуногуни дарку фаҳмро пушти сар намудаанд. Муддате дар қолабҳои бовармандӣ кушиш ба харҷ додаанд, то моҳияти вуҷуди худро бар асоси он тафсиру таъвил намоянд.

Вале як нуқта мусаллам аст, ки инсони шохис шуда, дар қолаби мазҳаб ва бовар моҳияти худро аз даст медиҳад ва бо оини динӣ тааллуқ меёбад, ки дигар он ҳеҷ рабте ба худ надорад. Ин боиси он мегардад, ки инсонҳое, ки дар қолабҳои бовар меандешанд, наметавонанд ба чунию чароии падидаю ҳодисаҳо андеша намоянд.

Онҳо ҳама чизро аз руйи он чӣ дар қолабҳои бовармандӣ пешакӣ баён гардидааст бе чуну чаро мипазиранд. Барояшон шак кардан ё ба миён гузоштани афкоре, ки ба қолаби пешниҳод шуда, мухолиф бошад, ғайриимкон аст. Зеро афкори мухолиф сабаби шак кардан дар чорчӯбаи боварӣ мешавад ва он арзиши боварро ба сатҳи поин меоварад.

Инсонҳо ғолибан дар доираи тасаввурот ва хаёлҳои рангини худ ба сар мебаранд. Чунин вазъ боиси он мегардад, ки вуҷуди козибе дар моҳияти инсонии онҳо ба вуҷуд ояд ва дарки воқеиятро на бо роҳи таҳқиқу таҳлил намудан, балки аз роҳи афсонапардозӣ тахаюлгароӣ тафсир бидиҳанд. Онҳо дар ин ҳолат кушиш мекунанд решаи ҳодисаю падидаҳоро қудсӣ ва фарозаминӣ арзёбӣ кунанд. Омили асосии қудсият бахшидан ба тамоми ҳодисаю воқеаҳо низ аз ҳамин гуна тахаюлгароӣ ва тасаввуроти мубҳаму ваҳмангези инсонҳо ба миён меояд.

Яке аз ҳаводисе, ки инсонҳо ҳамеша онро ба ваҳшат қабул мекунанд ин маргу нобудӣ аст. Аксар аз он аносири муқаддасшудаи бовармандӣ низ маншаъ аз он ҷо мегиранд, ки бояд моро тасаллие бахшанд ва аз поёнпазирӣ халос кунанд. Маҳз ҳамин нукта дар аксар аз тафсирҳо ва таъвилҳои динию бовармандӣ ҷойгоҳ доранд.

Тасаввурот ва хаёлпардозию эътиқод ҳануз аз овони кӯдакӣ дар шакли афсонаву асотирҳои гуногун дар мағзи мо инъикос меёбанд ва ҳамин аст, ки аксаран аз кудакон то синни мактабӣ ба афсонаву ривоёт тамоюл доранд ва мехоҳанд ҷаҳонро аз диди кӯдаконаи тасаввуроти худ ба як тарзи зебою рангини хаёлӣ баррасӣ намяонд. Ҳамин ҳолати кудакона ба таҳқиқ ҳамеша дар давоми умри инсонҳо боқӣ мемонад. Танҳо бо дарёфти огоҳӣ ва дониши саҳеҳу мантиқӣ онҳо метавонанд ором ором ба диди хирадиву моҳиятии падидаву ашёҳо бирасанд. Ин пеш аз ҳама аз тарзи тарбияти хонаводагӣ ва муҳити иҷтимоӣ вобастагӣ дорад.

Тавре дар боло ишора шуд, бароин инсонҳо муҳиматр аз зиндагӣ кардан чизи дигаре ҳамчун арзиши меҳварӣ вуҷуд надорад. Ҳама кушишу ҷадали инсон дар чорчӯбаи ҳикмату мантиқ  бояд ба хотири шод зистану босаодат будан равона карда шавад. Дар ин сурат пеш аз ҳама зиндагиро дар доираи қонунмандиҳои олами зинда  дарку фаҳм намояд ва донад, ки олами зинда ҳам қонунмандиҳои хоси худро дорад ва инсон низ ҷузъе аз олами зинда буда, ба тамоми қонунмандиҳои он мутобиқ аст. Зимни чунин навъи шинохт марг низ ҷузъе аз зиндагӣ тафсир мешавад ва дарки он инсонро ба қонунмандии маргу зиндагӣ оварда мерасонад ва онро ҳамчун як воқеият дар олами зинда шинохта, тамоми кушишу имконро ҷиҳати беҳбуди зиндагӣ ва шодкомиву баҳра бурдан аз он равона месозад.

Дар ҳолати тафсир аз бовармандӣ тафсири маргу зиндагӣ комилан дигаргуна баррасӣ мешаванд, ки дар ин ҳолат тарс аз маргу дунёи дигар инсонҳоро ба як сардаргумӣ дармеоварад. Онҳо дар ин ҳолат на аз руйи мантиқу хирад ва огоҳиву дарёфтаҳои илмӣ амал мекунанд, балки аз руйи эҳсос ва тасаввуру тарс амал намуда, ҷойи ин ки аз зиндагӣ бештар баҳра бардоранд ва умри дар ихтиёр бударо ҳадафноку босамар истифода кунанд ва барои худу ҳамзамонон ва дар маҷмӯъ ҷомеаи инсоннӣ амалҳои мондагору шоистаро анҷом диҳанд, баръакс бо тарс ва бар ҳадар кардани худи зиндагӣ машғул мешаванд. Вақте инсон хуб зиндагӣ карданро бишиносад мафҳуми марг барои вай мавриди дарк қарор мегирад ва дигар дар он ҳеҷ ҳарросе аз ин буъди зиндагӣ ба вуҷуд намеояд.

Умри хешро бар хушомад задани қувваҳои мармузи осмонӣ сарф наменамояд. Яъне фаҳми ин ки марг руяи дигари зиндагиро шакл медиҳад на зинда буданро, ки вуҷуди ин ду шомил ба худи зиндагӣ аст.

Яке аз масоили нозук ин аст, ки ҳар касе зиндагӣ карданро намедонад, зиндагияш таҳти таъсири ваҳми марг қарор мегирад. Дарки воқеӣ накардан аз маргу зиндагӣ сабаби он мегардад, ки муқаддастарошиҳои гуногун шакл бигирад ва барои раҳо шудан аз тафсиру таҳвилҳои гуногун ниёзе ба падидаҳои қудсии фаробашарӣ пеш меояд. Пояи аксар аз дину мазҳабҳо аз ҳамин омилҳои фавқуззикр маншаъ мегирад.

То замоне ки марг ба унвони як ҳуввияти ҳақиқӣ натаовнад аз зинда буданамон шиносномаи воқеии худро равшан намояд ва зинда будан низ маргро ба унвони нимаи худ фаҳм кунад, зиндагии инсонҳо қаринаи сиҳатӣ нахоҳад шуд. Дар ин ҳолат зарурат ба нафароне чун мутаввалиён, фолбинҳо, ҷодугарон ва шахсони ба назари фард дорои хусусияти хориқулодда пеш меояд. Агарчи чунин шахсиятҳо кори дурустеро ҷиҳати беҳ зистани инсонҳо анҷом дода наметавонанд, вале дар бовару тасаввури мардум ба ҳайси як навъи “мушкилкушо” ҷилва менамоянд.

Паҳлуи дигари ин мавзуъ аз он маншаъ мегирад, ки дар дарозои таърих эҳсоси оромиши аксар аз тӯдаҳо ба тафаккури гузаштагонашон яъне  тарзи шинохту баррасии ҷаҳон ва зистан ба онҳшо пайравӣ мекунанд. Вақте тӯдаҳо эҳсос карданд, ки рафторашон ба суннати наслҳои пешин пайвастагии ногусастание дорад, гӯё дар худ эҳсоси роҳати бештаре менамоянд ва яке аз сабаби аслии ба бовару эҳсоси худ мутмаин шуда, ҳама чизро ба назари таҳлил мавриди баррасӣ қарор надодани инсонҳо низ аз ҳамин ҳолат вобастагӣ дорад.

Гоҳе вақте аз онҳо пурсиш менамоӣ, ки ин ё он амал ва фаҳме, ки анҷом медиҳанд, ниҳоятан дур аз ақлу мантиқ аст, онҳо чунин далелеро низ пеш меоваранд, ки “ҳазорон сол ин амалро гузаштагони мо анҷом додаанд ва магар ин нодуруст аст ё онҳо нодон будаанд. Ин амал албатта санҷида шуда ва ё дорои ҳикмате ҳам аст”. Гоҳе низ вақте амалкарди тудаҳоро мавриди таҳлилу муҳокимаи амалӣ қарор медиҳӣ онҳо чунин андешаеро дар ҷавоб ироа менамоянд, ки “садҳо ҳазор нафар ҳамин амалро дуруст ҳисобиданд ва онҳо магар ҳама аҳмақу нодон буданд”.

Дар ин сурат масъалаи асосӣ он аст, ки вақте ҳазорон нафар бидуни таҳлил намудан ин ё он тафсири ҳодисаро аз руйи бовар қабул менамоянд ва ҳеҷ гоҳ дар бораи чӣ гунагии он чуну чароеро пеш намеоранд, онро наметавон арзёбӣ намуд, ки онҳо воқеан ҳақиқатро дарётанд. Аз сӯи дигар хусусияти аслии бовару мазҳаб дар он ифода мегардад, ки фард бояд асосоҳои онро бетардид ва муҳокимаронӣ мавриди қабул қарор бидиҳад.

Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки огоҳӣ, хирад ва андешаю тафаккури таҳлилӣ дар мавриди маҷмӯи падидаю ашёҳо имкон медиҳад, инсон олами ҳастиро боз ҳам дурусту воқеитар шиносад. Аз моҳияту қонунмандии падидаю ашёҳо огоҳ гардад. Онҳоро барои беҳбуди вазъу зиндагии худ, бароварда кардани ниёзҳояш дар шакли моҳиятан нав банду баст ва офаринандагӣ намояд.

Баръакс дар ҳолати хаёландешӣ ва ба тафсирҳои бовармандӣ, қудсисозии падидаю предметҳо инсон моҳияти худро аз даст дода пуёию ҷуёӣ дар он аз байн меравад. Дар ин роҳ танҳо мушкилкушои худ ниёиш ва бечоранолиро аз қувваҳои мармузи осмонӣ медонад.

Мардумони пеешрафта ва кишварҳое, ки имрӯз ҳамчун қудратҳои ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, маҳз аз хирадандешӣ ва тафаккури таҳлиливу шинохти воқеӣ аз аз худу ҷаҳон ба пояи имрӯзӣ расидаанд. Имрӯз афроди миллати моро зарур аст, то аз роҳи огоҳӣ, хирадгароӣ, тафаккури солими таҳлилӣ, дарки воқеии ҳаводиси ҷаҳонро ба роҳ монем ва тавонем як миллати хирадгаро ва дорои андешаи солиму тафаккури пӯёро ба миён оварем.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь