БА ИСТИҚБОЛИ 65-СОЛАГИИ НОМЗАДИ ИЛМҲОИ БИОЛОГИЯ, ДОТСЕНТ, АЪЛОЧИИ МАТБУОТИ ТОҶИК, АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА АЪЛОЧИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДОВ МИРЗОМУРОД ҚУРБОНОВИЧ…

Аз дафтари замона фитад номаш аз қалам,

Ҳар миллате, ки мардуми соҳибқалам надошт.

Олитарин каромати Парвардигор ба инсон, илму дониш аст ва ҳар киро донишу биниш бештар, баҳо ва арзиши ӯ афзунтар. Мактаби мо мактаби огоҳӣ ва илм асту касби он фаризаест, ки ҳар касеро бадон тарғиб кардаанд, на танҳо дар кӯдакӣ, ки то ниҳояти умр ва на дар наздикӣ, ки то дурдастҳои замин. Оё шукуфойӣ ва даврони тиллоии мо дар қарнҳои аввалин ҷуз ба хотири нобиғаҳову андешамандоне будааст, ки ҷаҳони илмро меҳвар гаштанд ва чун хуршед дурахшиданд ва боварашон ин буд, ки:

Дарахти ту гар бори дониш бигирад,

Ба зер оварӣ чархи нилуфареро.

Бигзарем, ки кӯтоҳиҳо ва ғафлатҳо, баъдҳо чӣ гуна ҷомеаро аз қофилаҳои донишу пешрафт боздошт ва ҳазор афсӯс! Ҷаҳони имрӯз-ҷаҳони огоҳист ва тавонотар касест, ки донотар аст ва вазифаи насли имрӯз ин ки ҳимматро баланд доранд ва толиби чашмаи хуршеди дурахшон гарданд ва дар ин тариқ шояд агар дида аз ашк дарё кунанд ва дар ӯ ғӯтаҳо хӯранд. Вазифаи мо дар ин миён ин ки ин наслро бо фарҳанги ғании гузашта ва имрӯзи он дар бекаронии майдонҳои улум ошно кунем. Зеро шукуфойӣ ва рушду пешрафту ободонӣ ва сарварию солории як миллат бешак ба сатҳи илмӣ ва мизони китобу китобхонию китобхона ва аҳли қаламу дониши он миллат бастагӣ дорад.

Дар ин росто, чӣ зебост суннати некӯдоштҳо аз фарҳехтагону ҳунармандон ва нависандагону чеҳраҳое, ки умреро сарфи донишу ҳунар ва бинишу огоҳӣ бахшидан ба ҷомеа кардаанду имрӯз ифтихори Ватану миллатанд.

Мурод аз ин дебочаи кӯчак барои навишитаҳоям ин буд, ки тавонам каме ҳам бошад тавсифи онеро созам, ки аз кӯҳандиёри Каздон баланд шуда, дар пайроҳаи сангину тоқатфарсо ва заҳматталаби илм аввалин шуда, гомҳои устувору бобарор гузошта, барои дунболагиронаш роҳ кушодааст ва ба фармудаи Лоиқи зиндаёд «ба қадри роҳкушои аввалин бояд расид имрӯз…».

Устоди донишманд Мирзомурод Қурбонович Саидов номест ошно барои тамоми касоне, ки ба навъе бо мутолиа ва китоб дар заминаи фарҳанги биологӣ ва экологӣ сару кор доранд. Инсонияти хуб, дурандешии мушикофона, хирадмандии оқилона, нангу номуси мардонаи эшон ба наҳвест, ки шогирдону ҳаммаслакон, ҳамдиёрону бастагон на танҳо шунидани суханашро дӯст медоранд, балки ҷудо шудан аз гуфтори ҳакимонаи ӯро сахт мебинанд. Нигорандаи ин матлаб ва ҳамаи он касоне, ки аз рустои бостонии Каздон баланд шудаанду имрӯз дар ҷодаи душвору сангини илм гомҳои устуворона ва пойбарҷо гузоштаву мегузоранд, алоқа ба мутолиа ва китобро аз осори таълиф кардаи устод Мирзомурод Қурбонович оғоз кардаанд ва мазаи осори таълиф намудаи эшон дар зери дандонҳои зеҳн қарор доранд.

Зиндагии устод Мирзомурод Қурбонович чӣ зиндагии фардӣ ва чӣ зиндагии иҷтимоӣ ва давроне, ки эшон дар он зистаанд, қобили мутолиаву баррасӣ ва пайравӣ аст.

Шурӯъи зиндагии эшон дар як рустои дурафтодаест, ки дар ноҳияи Айнии водии Зарафшон онро охири дунё ва биҳишти фузало номидаанд, ки дар  ҳамсоягии рустоҳои Дарғу Шамтичу Вешабу Утоғар ва водии Яғноб ва махсусан минтақаи Хишортов қарор дорад ва ҳарчанд вижагиҳои фарҳангии он аз  фарҳанги Фалғарзамин нашъат гирифтааст, аммо аз таъсири хислатҳо ва вижагиҳои фарҳанги мардумони шаҳрнишини Самарқанду Бухоро ҳам бе таъсир набудааст ва ҳаддиақал ин мавзӯъ дар гӯиш ва бархе аз одобу сунани мардуми Каздон ба хубӣ пайдост. Алорағми сахтиҳо ва машаққатҳое, ки мардуми ин диёр дар тӯли таърихи ин минтақа ба далели дурафтодагӣ аз шаҳру имконоти шаҳрӣ мутаҳаммил шудаанд, аммо аз ин ҳайс, ки фарҳанги ин минтақа камтар дастхуши тағйирот ва дигаргунии замона қарор гирифтааст, дорои арзиш ва аҳамияти фаровоне аст.

Диёри Каздон, ин диёри дерин ва биҳиштойин ин ифтихорро дошта, ки дар домани амни худ бисёре аз бузургони илму адаб ва фарҳангу ҳунар ва фаъолони мазҳабию иҷтимоӣ ва сиёсиро то сарҳадди судури бартарин осор ва нашри асарбахштарин афкор парвариш диҳад ва ин ҳама марҳуни талошу такопӯйи асҳоби фарҳанг ва устодони амри таълиму тарбият дар ин хитта аз Тоҷикистони азиз аст, ки машъали пурфурӯғи донишро ҳамвора дар мадориси куҳану макотиби навин даст ба даст гардонида ва шогирдони зиёдеро аз ойинадорӣ то машъалгардониву партавафшонӣ парвариш додаанд. Аз он рӯзгоре, ки устод Мирзомурод Қурбонович ин суннати неки ниёкони худро идома дода меояд, ба ростӣ беш аз 42-баҳори гулфишон пушти сар шудааст ва месазад, ки ӯро яке аз пешоҳангони ин амали хайр донист. Устод ҳамеша таблиғкунандаи илму дониш ва ҳунар миёни ҳамнавъони худ аст. Борҳо шунидаам аз ӯ, ки ба таъкид мегӯяд: «маҳз наҷотбахши инсоният аз нестӣ ва ҷоҳилият ин омӯзишу омӯхтани илм» ва дар идомаи гуфтораш афзуда доштаву медорад, ки:

Ҳар кӣ ба зиндони ҷаҳолат гум аст,

Ҳаст гадо гарчи зараш сад хум аст.

Устоди фозил Мирзомурод Қурбонович Саидов 10-уми августи соли 1958 дар хонаводае мутавассит ва мавриди эҳтироми мардум ба дунё меояд ва даврони таҳсили ибтидоии хешро низ дар ҳамон зодгоҳаш мегузаронад ва бо вуҷуди ин ки дар он даврон ба далели сахтиҳои зиндагӣ ва дурӣ аз шаҳр ва имконоти таҳсил дар макотиби олӣ камтар касе имкони идомаи таҳсил ва дарс хонданро доштааст, аммо эшон бо таҳаммули сахтиҳои фаровоне дарсро идома медиҳад ва бо рӯҳияи қавӣ ва эътимод ба нафси фаровон рӯйи пойи худ меистад ва бо вуҷуди фишорҳо ва сахтиҳои рӯзгор, ки  фавти падараш дар сини 10 солагӣ ҳам мазид бар иллат мегардад, роҳи таҳсил ва омӯхтанро идома медиҳад.

Бо вуҷуди ин ки устод Мирзомурод Қурбонович донишгоҳро соли 1982 хатм мекунад, боз ҳам аз таҳсили илм канора нарафта, нахуст солҳои 1982-84 ба ҳайси Ходими илмии шӯъбаи захираҳои наботот ва экологияи АИ ҶТ кор карда, аз нозукиҳои пайроҳаи душворгузари илм сабақҳо омӯхта, пасон бо як умедворӣ ва боварии комил соли 1984 ба шӯъбаи аспирантураи захираҳои наботот ва экологияи Пажӯҳишгоҳи набототшиносии АИ ҶТ шомил шуда, пайи тадқиқотии илмӣ машғул мешавад. Cоли 1987 устод Мирзомурод Қурбонович дар мавзӯи «Растаниҳои худрӯйи ғизоии Тоҷикистони марказӣ» таҳти роҳбарии академик Р.В. Камелин поённомаи илмиашро бо сарбаландиву ифтихормандӣ дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои билология мегардад.

Устод тайи солиёни зиёдест, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шогирдон дарс мегӯяду дар омода намудани мутахассисони баландпоя, ки барои кишвари азизамон заруранд, бедареғ заҳмат мекашад. Бо қалами ин олими тавонои тоҷик зиёда аз 350 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва 28 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ таълифёфтаву тавассути нашрияҳои ватанию хориҷӣ ба чоп расидаву дастраси хонандагон қарор  гирифтаанд, аз қабили «Асосҳои экология» (1997), «Захираҳои набототи ғизоии Осиёи Марказӣ» (2002), «Растаниҳои ғизоӣ» (2007), «Кӯҳистони Зарафшон» (2011), «Экологияи нодири растаниҳои Тоҷикистон» (2012), «Табиатномаи устод Лоиқ Шералӣ», «Истилоҳоти экологӣ» (2016) ва ғайра. Муҳимтар он аст, ки Мирзомурод Саидов муаллифи китоби дарсии “Экология” барои хонандагони синфи 9-ум мебошад, ки бо Қарори мушовараи вазорати маориф ва илми ҶТ ба нашр расидаву таи 20 сола аст, ки дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии кишвар ягона китоби таълимӣ ба ҳисоб меравад. Месазад ёдовар шуд, ки таълифоти эшон аз ҷониби олимони муҳаққиқони тахассусӣ хуш истиқбол шудаанд. Ин аст, ки Мирзомурод Саидовро барои хизматҳои шоистааш дар тарбияи мутахассисон бо нишонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002), «Аълочии матбуоти тоҷик» (2006), «Ифтихорномаҳо»-и ВМ ва И ҶТ (2002) ва Федератсияҳои Иттифоқҳои касабаи мустақили ҶТ (2006) тақдир шудааст. Ҳамчунин, соли 2010 аз ҷониби ташкилоти байналмилалии WWWF-Норвегия (бунёди наҷоти

табиат) барои силсила мақолаҳо ва рисолаҳои имлмиаш бо “Диплом”-и дараҷаи байналхалқӣ сарфароз гардонида шуд. Имрӯзҳо ӯ аз баҳори 65-умини умри хеш гулҳои ишқу муҳаббати ба илмдоштаашро мечинаду бо ҳамон заҳмату саъю кӯшишҳои ҳамешагиаш сарварии маркази илмӣ-тадқиқотӣ ва маърифати экологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад ва инҷониб дар ин масири пурзаҳмат барои эшон комёбиро таманно дорам.

Дар замири устод Мирзомурод Саидов беҳтарин хислатҳои инсонӣ фароҳам омадаанд. Ӯ дар ҳолатҳои шодию ғами ҳамдиёрон пеш аз ҳама дар паҳлуяшон қарор мегираду худро шарики онҳо месозад. То ҳол надидаам, ки ӯ чӣ дар деҳа ва чӣ дар шаҳр ба аёдати беморе нарафта бошад. Ё ин ки масофаи 200 км роҳи сангину машаққатбори кӯҳистонро дар ҳама фаслҳои сол пушти сар намуда, ба маъракаи таъзияи ҳамдиёрон ҳозир мешавад, ки на ҳама чунин кореро карда метавонанд. Ҳамасола ба довталабоне, ки аз деҳа барои идомаи таҳсил ба макотиби олии кишвар ва хориҷ меоянд, ҳатман бо ӯ машварат намуда, аз роҳнамоияш баҳра мегиранд. Тайи зиёда аз як соле, ки дар деҳа бо ташаббуси фарзонафарзанди миллат Зубайдулло Наҷотович  сохтмони  бинои мактаб идома дорад, Мирзомурод Саидов бо ҳар баҳонае сари ҳар моҳ ба деҳа меояд ва аз ҷараёни корҳои сохтмон мактаб ошноӣ пайдо мекунад. Ҳамин хислатҳои ҷавонмардонаашро мардуми шаҳрнишини диёр дида ӯро Роҳбари ҷамъияти “Меҳр”-и Каздон таъйин намудаанд.  Агар бо диди хирад ба сурати симои худододиаш назар афканем медарёбем, ки беҳтарин хислатҳои Инсониро Худованд насиби ӯ гардонидааст…

Ҳарчанд мехостам ба ҳамон андозае, ки медонам азизеро, ки аз  куҳандиёри Каздон бархоста ва осори дилкашу равони илмиаш ҳаловатбахши ташнагони ҷодаи илму дониш аст, ба хонандагон муаррифӣ намоям, вале касеро, ки аз сиёҳии қаламаш сапеда меҷӯшаду баҳори маърифаташ баргу бор медиҳад ва аз ишқи табиату наботот ва ҳайвоноту  ҷимодот ва гулу нури ватан андеша месозад, то ки чаманҳои илму ҳикматро муаттар созад, ҳоҷат ба муаррифӣ надорад, зеро хуб фармудаанд, ки:

Косаи чинӣ, ки садо мекунад,

Худ қиммати хеш адо мекунад.

Дар интиҳои ин гуфтор дар пешгоҳи Офаридгори якто бо иштиёқи дил дуо мекунам:

Ё Раб, камоли офиятат бардавом бод,

Иқболу давлату шарафат мустадом бод.

Ҳамза Боқиев,

аълочии маориф ва илм

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь