Ё чӣ тавр Сафаргул баъди озодшавӣ аз маҳбас дӯзанда шуд
Духтарак нав ба шонздаҳ расида буд, ки остонаи хонаводаро хостгорҳо охурча карданд. “Хасми кас аст, духтар!”, – гӯён ба урфу одати деҳот такя намуда, Сафаргулро ба шавҳар доданд. Ғофил аз таҷрибаи рӯзгори оилавӣ наварӯс ба канизаки хонаводаи шавҳар табдил ёфт ва замоне ки шарикдарсони дирӯзааш ба шӯру шавқ аз маросими занги охир бармегаштанд, кӯдаки навзод дар даст Сафаргул пайваста мавриди таънаи хушдоман қарор мегирифт. Ниҳоят, келини ноӯҳдабаро гӯён кафшашро пеши пояш гузоштанд. Тоҷири ҷавоне Сафаргулро бо кӯдаки танҳояш ба занӣ гирифт. Самараи муҳаббат таваллуди ду фарзанди дигар шуд. Пахтаҷаллоб буд шавҳараш. Хуб даромаде дошт. Аммо боре ғӯтавари қарз шуда, шавҳараш маскуни кунҷи зиндон гардид ва Сафаргул ба хотири халос намудани шавҳар аз вартаи қарз даст ба қаллобӣ зад. Ба ҳар баҳона аз дигарон маблағи зиёдро гирифт. Дар мурофиаи судӣ қарзҳои шавҳарро низ ба гардан гирифт. Ҳарду ҳам ба муддати тӯлонӣ маҳкуми маҳрумият аз озодӣ шуданд. Дар паси панҷараҳои маҳбаси торик Сафаргул дарк намуд, ки аз марзи зани хонашин гузаштааст ва акнун доғи судӣ ва тақдири талхи маҳбусзан пайгириаш мекунад. Аз ягон меҳнати сахт рӯ намегардонд Сафаргул ва дар маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ касбҳои дӯзанда, қаннод ва машшотаро азхуд намуд. Созандагони маҳфил ҳангоми супоридани дипломҳои хатми курс баён доштанд, ки баъди ба озодӣ баромадан ҳам силсилаи маҳфилҳои омӯзишӣ идома хоҳанд ёфт. Аз шунидани озодӣ қалби Сафаргул рӯшан шуд. Бо дасту дили гарм софдилона пайи ислоҳи меҳнатӣ гардид ва раҳбарияти муассисаи интизомӣ инро пай бурда, тибқи Қонуни афв мӯҳлати ҷазояшро коҳиш дод.
Ният намуд, ки баробари ба озодӣ баромадан коргоҳи кӯчаки дӯзандагӣ таъсис медиҳад Сафаргул. Он рӯзи шодӣ фаро расид. Сафаргул ба озодӣ баромада, ба зодгоҳаш – деҳаи Гулистони ноҳияи Леваканди вилояти Хатлон баргашт. Дарак ёфт, ки дар ин байн падараш аз олам чашм пӯшидааст. Модараш қоматхамида, пир шудааст. Писаронаш ба воя расидаанд. Ҳатто кӯдаки чорсолааш, ки ба писараки дувоздаҳсола табдил ёфтааст, модарашро нашинохт. Бар замми ин, ашкҳои талх Сафаргулро тақдири талхи дигаре мунтазир буд. Шавҳараш аз маҳбас озод шуда, ҳамсари дигар гирифту писаронашро низ ҳамроҳаш бурд. Зиндагӣ пас аз маҳбас барои Сафаргул ранги дигар гирифт. Ҳамсояҳо худро аз ӯ дур мегирифтанд. Эҳсос намуд, ки бародаронаш низ канораҷӯӣ мекунанд. Охир, ӯ бо рафтори номуносиб аз паси панҷара баромад ва ангушти нафрати мардум ба сӯяш ишора мекунанд. Бо доғи судӣ дари якчанд корхонаҳо ба рӯяш баста шуд. Аммо ҳанӯз ҷавон аст охир Сафаргул ва раҳи тиҷорати меваи тар – роҳи себзори Раштро пеш гирифт. Аҳволашро ба боғбонҳои деҳа шарҳ доду ба писарчаи домани модарро дошта ишора намуд. Ба нася додани себи бисёр таваккалу хавфи беш дошт. Аммо байни боғдорони дилсӯз нафароне пайдо шуданд, ки ба Сафаргул эътимод намуда, мошини себро доданд. Ба “Деҳқонбозор”-и Душанбе субҳ мошини боркаш себи Раштро расонид. Сафаргулу писарчааш паҳлӯи ронанда дар кабина ҷой гирифта буданд. Дар растаи яклухтфурӯшӣ қарор гирифт мошин. Ба иҳота гирифтанд мошинро харидорон. Корчаллоне пайдо шуд ва нархи себи мошинро наҳ зад, ки ҳатто харҷи раҳкиро намебаромад. Ин хел тоифаро дар маҳбас кам надидааст Сафаргул ва ба кунҷе аз гиребонаш кашола карда, ба гӯши корчаллон чизе гуфт, ки дигар яклухтаридорон монеаи тиҷороташ нашуданд. То бегоҳ як мошин себро фурӯхта, Сафаргул раҳи бозгаштро пеш гирифта, маблағи себҳои боғбони раштиро баргардонд. Тиҷорати мевабозор рӯзгорашро андаке беҳбудӣ оварда буд, ки боре бо Шаҳло Абдунабиева – раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон” дучор омад ва орзуи таъсиси коргоҳи дӯзандагиро иброз дошт Сафаргул ва даъватномаи маҳфили тиҷоратиро ба даст гирифт. “Ман ҳанӯз ҳангоми адои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ курси касбии дӯзандагиро хатм намуда, нияти таъсиси сехи дӯзандагии “Тоҷи заррин”-ро дар ноҳияи худ доштам”,-мегӯяд Сафаргул Саидалиева, – ва ин орзуям ба шарофати силсилаи тренингҳои лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагони дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи мазкур намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамиятии маҳаллӣ: “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва “Ҷаҳон” барои дастгирии маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳии №3/8 дар шаҳри Норак ва №3/6 дар ноҳияи Ёвон, инчунин 1100 нафар собиқ маҳкумшуда дар 10 шаҳру навоҳии кишвар, тадбирҳои маърифатию касбомӯзӣ доир намуда буд. Тарзи тартиб додани бизнес-планро ба шарофати мураббиёни семинар омӯхта, Сафаргул лоиҳаи бунёди сехи дӯзандагиро ба Кумитаи бонувони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Барои дастгирии занони ҳунарманд ва оилаҳои осебпазир дар рушди соҳибкорӣ чанд соли охир аз ҷониби Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гранти Президентӣ дода мешавад. Коршиносони озмуни гранти Президентӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дархостҳои зиёдеро мавриди баррасӣ қарор дода, ба дархости маҳбусзани собиқ Сафаргул Саидалиева таваҷҷӯҳ намуданд. Дипломҳои ҳунармандӣ ва хислатномаҳои муассисаи ислоҳоти меҳнатиро ба инобат гирифта, бо худи Сафаргул сӯҳбат ороста, аз ниятҳояш воқиф ва дарёфти грантро барояш ҷоиз донистанд. Коргоҳи дӯзандагии “Тоҷи заррин” дари худро ба мизоҷон во намуд. Акнун чархи мошини дарздӯзӣ мудом дар ҳаракат аст.
Соҳибкор Сафаргул Саидалиева нияти дигар дорад. Дари коргоҳи худро ба бонувони собиқ маҳбус, ки шавқи дӯзандагӣ доранд, боз намояд. Меҳринисо ном дӯзандаи соҳибтаҷрибаро ба сифати мураббия ба кор гирифт, то ба духтарон пешаи дузандагӣ омӯзад. Ҳамчунин, аз дафтари намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон дар Тоҷикистон ва шарики рушди онҳо – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор аст, ки баҳри ҳунаромӯзӣ дар маҳбас ва дарёти грант дар озодӣ дастгирӣ намуда, орзуяшро амалӣ намуданд.
Сафаргул андармони кори дӯзандагӣ буд, ки зане бо духтараш вориди коргоҳ шуд ва мақсадашро баён дошт: – Куртаи арӯсӣ фармоиш доданием,-гуфт зан, – ана ин арӯсшаванда. -О, ин духтари резапайкар, ҳоло кӯдак барин-ку! –ҳайрон шуд Сафаргул. -Эҳ, духтар хасми кас, -даст афшонд зан, -барвақттар шавҳар диҳему ҷона халос кунем. – Монед, аққалан омӯзишгоҳа хонам,-духтар аз домани модар даст кашид. -Хоҳари азиз, бахти духтаратонро мехоҳед?-пурсид Сафаргул. -Албатта, ин орзуи ҳар волидайн аст, -ҷавоб дод зан, -домоди серпул ёфтем, боз аз даст надиҳем бахташро. -Маслиҳати ман ин аст, ки монеи таҳсили духтаратон нашавед,-оромона гуфт Сафаргул,-сониян, ана дар ателеи мо касби дӯзандагиро азхуд намояд. -Бале, модарҷон, чевар мешавам,-хурсандона иброз дошт духтар. -Бигузор, касб омӯзад,-розӣ шуд модар,-худаш барояш либоси арӯсӣ медӯзад. -Ана ин гапи дигар, хоҳарҷон,-пиёлаи лимончойро ба зан дароз намуд Сафаргул,- духтари ҳунарманду рӯзгордидаро ҷилои бахт дигар аст.
Зайниддин Орифӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
P/S. Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад. Суратҳои муаллиф.