Дирӯз дар деҳаи Бӯстон як маҷлиси кори калон ороста шуд. Дар он ким- чӣ хел меҳмонони айнакдори хориҷӣ низ иштирок доштанд. Амаки Маннонвоҳима ба сухан баромада, ҳамаро қоил ва ба қавле “гов гардонд”. Суханронияш низ то ҳол дар бехи гӯш садо медиҳад:
– Бародарону хоҳарон, то кай мо оби баққадор мехӯрем?! То кай мардуми маҳаллаи боло эзорчаи кӯдаконашонро дар даруни ҷӯй мешӯянду дар поён мо аз он об менӯшем?! Бас будагист чунин зиндагӣ! Солу замон дигар шуд. Ҳозир замони шӯравӣ не, ки даҳона халтаи панҷоҳкилоӣ барин кушода истему ба гулӯямон чизи лозимаро шарросзанон резанд. Мана ин одамони нишастагӣ гуфта истодаанд, ки мо лӯлақубурҳо медиҳем, лекин худатон меҳнат карда, ҷояшро кобеду лӯлақубурҳоро хобонда, об биёред. Биёед, ҳама сарҷамъ шавему аз пагоҳ сар карда хурду калон ба кор бароем ва ба масофаи 800 метр ҷӯй канда, об биёрем. Оби ҳарому макрӯҳнӯшӣ бас, рафиқон! Зинда бод, оби софи чашмаи Симоб!
Мо – ҷавонон аз баромади амаки Маннонвоҳима ба ваҷд омада, гарданамонро чун ғоз ёзонда, чун хурӯсакон даҳон ба даҳон монда, аз таҳти дил қийғос задему пас аз он толорро ба сар бардошта, кафкӯбӣ кардем.
Мана, имрӯз дар деҳа ягон зоғчӯҷа намондааст. Ягон кас мӯйсафеди мӯйсиёҳ, ёшу пир, муҷарраду духтари хона нагуфта ба кор баромад. Дар ин маърака амаки Маннонвоҳима вазифаи масъулиятнок – “начайлукӣ”- ро ба зимма дошт. Духтаронро алоҳида, ҷавононро ҷудогона ба кор сафарбар намуд. Эҳтиёткорӣ нагз – дия. Мабодо ягон ҷавон ҷониби духтаре мӯйлаби сиёҳашро наҷунбонаду рӯзи ҳамаро ба шаби сиёҳ табдил надиҳад? Ҳашари умумихалқӣ ба задухӯрди оммавӣ мубаддал нагардад?
Зеро тамоми хешу табор ин ҷо ҳозиру нозир ва маътал ба ” ҳушт”- анд.
Пирони барҷомондаву кампирҳои нимҷон низ бо нияти кор омада буданд. Гарчанд аз дасташон балое намеомад, бо нақли айёми ҷавонияшон ба мо – ҷавонон як нерӯи тоза мебахшиданд. Занҳои ҳомиладор, кампирҳои дардманду бемадори дар деҳа монда низ бетарафӣ зоҳир накарданд.
Онҳо кашол-кашол ба оташдонҳо алав монда, ба ҳашарчиён кулчаи тагошдонӣ, фатири ҷаззадор, хӯрок, чой ва ғайраро мефиристоданд, то мардум бо сабаби гуруснагӣ як – як роҳи фирорро пеш нагиранд.
Кор ҳам аҳлона ва хеле хуб пеш мерафт, вале… Агар дар пеши роҳамон харсанги 2-3 тоннагӣ намебаромад, кордамон болои равған буд. Ҳама масофаи таъингардидаро кофта омада, дар як ҷо фурӯ мондем.
– Акои Шодонқул, чандин сол дар шахтаҳо кор карда будед, аз ҳамон капсулҳои таги доман зада овардагиятон дутояшро оварда, ба зери ҳамин намемонед? – тавалло кард амаки Маннонвоҳима аз мӯйсафеди баландқомати тануманд, ки ба чашм айнаку ба сар тоскулоҳи шахтёрӣ дошт.
– Э, бародар, алҳол мана саги девона нагазидааст! О, ин сангу майдасангҳо парида фаромада, шиферҳои хонаҳои поёнро шиканад, ту ёфта медиҳӣ, ё ман?! Валлоҳи азим, мегӯӣ, ки онро ман нафармуда будам, онро пеши дасти худаш кард. Чун рӯбоҳ думатро хобонда, роҳи гуреза пеш мегирӣ!
Хурду калон, пиру ҷавон, мӯйсафеду мӯйсиёҳ чун парвона гирд – гирди харсанг фир – фир чарх зада, бо кӯбандаҳои амаки Шодонқул як – як санҷида баромадем. Бефоида. Санги хоро дар пеши вай об хӯрад.
Дар ҳамин лаҳзаи басо ҳассос амаки Маннонвоҳима бо каллаи академиябашараи хеш таклифе ба миён гузошта, ҳамаро моту мабҳут сохт.
– Дар ин ҷо фавран кампири Нарзия лозим. Агар дурӯғ гӯям, ҷавонмарг шавам, ғӯрамарг шавам, тармарг шавам, кӯр шаваму дар сари чорраҳа нишинам.
– Ҳа- ҳа – ҳа ! Ҳамин қадар Ҳингилдев барин йигитҳо аз дасташон ҳеҷ балое наомаду аз дасти он зани муштипар чӣ меояд? – қоҳ – қоҳзанон хандида, бо овози чун раъд гулдурросияш замину замонро ларзонд амаки Шодонқул ва боз илова кард:
– Бе ин ҳам оҷизаи камбағал ҳозир худаш дар бистари марг қарор дорад.
– Ҳеҷ гап не, хару хингил карда гирифта меорем, – қатъӣ гуфт амаки Маннонвоҳима ва бари доманашро афшонда, чолокона роҳ сӯйи деҳа пеш гирифт. Дар ҳақиқат баъди чанде кампири Нарзияро маркабсавор ба ҳашаргоҳ овард.
Рангу рӯйи ӯ сап – сафед канда, одамони фавтидаистодаро мемонд, ки дили кас ба ҳолаш месӯхт. Аҷоибу ғароибанд мардуми деҳаи Бӯстон. Ба хурду калон таъкид мекунанд, ки аз заҳри чашми кампири Нарзия эҳтиёт шавед. Мана, пои ин бечора ҳам ба лаби гӯр расидаву чашмони бе ин ҳам чуқураш боз ҳам чуқуртар чӯкидаанд.
– Холаи Нарзия, – баробари ба харсанг наздик расидан ба ӯ муроҷиат кард амаки Маннонвоҳима, – мо ба деҳа аз чашма об оварданӣ шудем, лекин ин санги палидро бинед, садди Искандарӣ шуд.
Кампири Нарзия хирросзанон базӯр нафас рост карда, хир – хиркунон чор даҳанак канда – канда гуфт:
– Худаш ҳам, додарам, хеле санг будааст – дия!
Чӣ муъҷизоти гӯшношуниде, чӣ каромоти ифшоногаштае! Харсанг аз байн чор тақсими баробар шуда, ба чор тараф афтод. Аз байни издиҳоми мардум садоҳои “Ваҳ!”, “Офарин!”, “Эҳ, рӯям сиёҳ!”,” Қандата зан ба он чашмдорӣ!” баланд шуд.
Маннонвоҳима хушҳолона лаҷоми маркаби нишастаи кампири Нарзияро ба дасти мӯйсафеде дода, ба деҳа гуселонду ба мо фармуд, ки харсанги порагаштаро бо кӯбандаҳо зада реза карда, берун орем.
Ана, ” Аз мӯрча мадад”- ро беҳуда нагуфта будаанд. Кампири Нарзияи бистарӣ ҳам дар ин ҳашар саҳми бузург гузошт. Ташаккур ба ӯ. Лекин баъд аз сари вай аҳли мардуми Бӯстон чӣ кор мекарда бошанд – а?
Оқили Фозил