(ё худ чанд даста гулҳои хушбӯи пур аз мушку анбар аз гулистони эҷоди шоири шаҳири зиндаёд Шоири халқии Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи адабии Рӯдакӣ устод Гулназар ба истиқболи ҳаштодумин солгарди ӯ)

Чаро устод Гулназар? Чунки охири солҳои ҳафтодум ва оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта миёни мо донишҷӯёни он замон (Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин) номи покаш шоистаи ифтихор буду устодони донишманди зиндаёд Соҳиб Табаров, Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Аҳмад Абдулло, Худоӣ Шариф, Абдунабӣ Саттор, Худоиназар Асозода бо ифтихор атрофи эҷодаш ибрози назар менамуданд. Устодон Соҳиб Табар ва Раҳим Мусулмонқул бештар атрофи эҷодиёти устод Гулназар барои мо донишҷӯёни ташнаи шеъри ноби тоҷикӣ ибрози назар намуда, аз бурду бохти шеъри нави тоҷик маҳфили шавқи шаҳдрезеро барпо мекарданд. Ҳамон замон аз боғи шукуфо ва ҳазор ранги устод Гулназар садҳо шеърро аз бар намуда онҳоро бо эҳсоси баланди ҷавонӣ месурудем ва манзури мухлисони шеъри ноби тоҷикӣ менамудем.

Ҳамин муҳаббат ва самимияти шеърҳои устод моро бо ӯву ӯро бо мо хеле наздик намуда буд. Шеърҳои тозаэҷоди ӯро дар саҳфаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи пурэътибор ва пурарзиштарини адабии «Садои Шарқ» ҳамеша интизорӣ мекашидем. Рости миёни даҳҳо шоирони шинохтаи кишвар ба шеъри устод Гулназар дилбастагии бештар доштем. Чунки ашъори устод аз назокат, латофат ва самимият саршор буд. Ҳар сатри пур аз меҳр ва садоқати ватандории устод ки рӯи саҳфаи эҷод меомад дар дилу дидаи мо хонандагонаш то дер ҳамнишин гардида, моро водор месохт, ки бо ҳамон оҳанге, ки устод онро эҷод намудааст замзамааш намоем. Ҳамин тавр шеърҳои тозаэҷоди устодро чӣ дар факулта, чӣ дар Донишгоҳ, чӣ дар маҳфилҳои шавқу шӯр зам-зама намуда, бо номи покаш ифтихор намуда, бо тафохур мегуфтем, ки ин шоири дардошно, ки ишқ ва армонҳои миллии моро дар ашъораш таҷассум менамояд дастпарвари факултети мо буда, ҳамон устодоне, ки ӯро вориди дунёи ҳазорранги маъонӣ намудаанд, бо мо дарс мегӯянд ва мо роҳравони он пайроҳаи пурэътиборе мебошем, ки аз ин дида саодатмандӣ ва фараҳмандии бештаре набояд, ки буда бошад. Аз ҳама аҷиб ва шавқангезу шавқрезу шавқхезаш он буд, ки устод Гулназар ба ҳамаи устодони факулта иртиботҳои қавии эҷодӣ дошту, мунтазам ба факулта меомад. Ин ҳамнавоӣ ва ҳамгироии илмиву эҷодӣ дили мо шогирдонро ба кори илмиву эҷодӣ хеле гарм намуда, соатҳои дароз дар китобхонаи факулта, донишгоҳ ва китобхонаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ машғули мутолиа будем. Ва шукру сипоси беандоза Яздони Покро ки моро бо ин роҳи пурифтихор ҳидоят намуда, дастгири беминнати фазламон гардидааст. Нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми садаи гузашта, ки ҳамакнун нишонаҳои худшиносии миллӣ дар қаламрави Иттиҳоди абарқудрати мардумсолори Шӯравӣ аз тариқи ҳафтаномаи «Литературная газета» рӯи чоп меомад, миёни аҳли дониш ва эҷоди кишвар шуру валвалаҳои зиёдеро ба по хезонда буд. Ва мо тоҷикон ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ (балки дар тамоми қаламрави Осиё Ҷ.Т) мутақадимтарин қавму миллат мебошем, маколоти пурмуҳтавои баҳсангези сафаҳоти он ҳафтаномаи пурэътибортарини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ донишмандону эҷодкоронамонро водор сохта буд, ки бо баъзе аз ноадолатиҳои таърихӣ таҷдиди назар намоянд. Ва андар шинохти гузаштаи хеш ба ояндагон бигӯем, ки мо ки будему кӣ ҳастем, то ояндагон баъди садсолаҳо моро маломат нанамоянду нагӯянд, ки чаро мо дар муқобили он нотавонбинон чизе нагуфта хомуширо ихтиёр намудем. Ҳамин тавр шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ раиси иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат шеъри «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ»-ро ҳамон замон манзури хонандагони хеш гардонида шуру валвалаҳои худшиносии миллатро ба по хезонида буд. Ин шеър шуру валвалаи зиёдеро дар кайҳони маърифати худшиносии миллӣ на танҳо ба по хезонид, балки шоиру нависандагон ва адибони кишварро водор сохт, ки аз арзишҳои миллӣ дифоъ намоянд. Ҳамакнун устодон Бозор собир, Лоиқ Шералӣ, Ашур Сафар, Қутби Киром, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Гулназар ва даҳҳои дигар андар шинохту мақоми забон ва миллати тоҷик дар матбуоти даврӣ ибрози назар намуда, бо хонандагон ва муштоқони фарҳанги миллӣ дар мавриди таърихи тамаддуни миллати соҳибтамаддуни Ориёибунёди тоҷик нигоштаҳои пумуҳтавоеро рӯи чоп оварданд. Ҳамон шабу рӯз яъне оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта устод Гулназар бадоҳатан дар муқобили турктозиву арабзадагии бархе аз нотавонбинони аҷнабӣ чунин гуфта буд:

Бо тариқе зумрае ҳар лаҳза коме мебаранд,

Коса обе медиҳанду файзи ҷоме мебаранд.

Гарчи дар дунёи эъҷозу хирад савдогаранд,

Ҷомае овардаву девони Ҷомӣ мебаранд.

Шеваи туркона боқист эй дили огоҳӣ ман,

Дӯш агар хон бурдаанд имрӯз номе мебаранд.

Ҳамин абёти пурмуҳтавои маънирасу маънихези устод Гулназар, ки дар он шабу рӯз бузургтарин силоҳи маонӣ дар муқобили турктозиву туркбозиҳои замони нав буд, дархури оромиши қалби пуршури Ватанхоҳони он замон гардида буд. Ва ҳамин пораи пурҷасорату пурматонат пайки тамоми ватанхоҳони кишвар гардида, дар саросари кишвар соҳиби мақом ва эътибори баланд шуда буд, даҳҳо шоирон ва навқаламону навқадамони адабиёт дар пайравиаш посух гуфтанд. Оре устод Гулназар ҳамин гуна вориди майдони худшиносии миллӣ гардида, эътибори ватанхоҳиву ватандориаш ифтихори тамоми бошандагони кишвар гардида будаву ҳаст. Соли 1980 ҳангоми истиқболи ҷашни пуршукуҳи ҳазорумин солгарди мавлуди фарзанди фарзонаи тоҷик Абу-Алӣ ибни Сино устод Гулназар аз танури синаи пуршарори ватанхоҳонааш чунин гуфта буд:

Душанбе тахти Сино шуд муборак,

Зи нав манзури дунё шуд муборак.

Агарчанде дилам доғи Бухорост,

Душанбе ҳам Бухоро шуд муборак.

Магар барои миллати соҳибтамаддуни достонангези гурдзои тоҷик аз ин дида пурарзиштарин муборакбод дар пояи пайкараи ҷовидонаи Абу-Алӣ-ибни Сино, ки ба истиқболи ҳазорумин солгардаш соли 1980 дар Душанбе қомат афрохта буд чӣ ҳам буда метавонад?

Бо гузашти вақт ва давру замонҳо арзиши ин пораи маъонӣ то бар фалакҳо хоҳад расид. Ҳамакнун хонандаи азиз худатон қазоват намоед, ки устоди зиндаёд Гулназар чӣ сузе даруни синаи поку чун чашмаҳои мусафои кишвар покизааш нуҳуфта дошт. Ӯ қарзи фарзандиашро назди Ватан-Модар ба ифтихор ва сари баланд иҷро намуда номи покаш ифтихор барои садсолаҳо мебошад. Воқеияти таърихӣ он будаву ҳаст, ки шеъри устоди зиндаёд Гулназар дар адабиёти тоҷик соҳиби ҷойгоҳи пурарзише мебошад, ки бо гузашти айём эътибораш баланд ва мазмуну муҳтавояш дар боғи маъонӣ пур аз назокату латофат ва накҳату дилангез муҷалотару мусафотар боқӣ хоҳад монд. Набояд фаромӯш кард, ки шахсияти худи устод Гулназар миёни аҳли қалам ва каломи кишвар соҳиби эътибори баланд буда, ватанхоҳӣ ва ватандориаш мояи ифтихори наслҳои ояндасози кишвар мебошад. Шеърҳои ба устодони шеъри тоҷик бахшидааш, ки саропо аз самимият ва садоқат саршор мебошанд хонандаро вориди дунёи ҳазорранги сухан намуда, нақши ҷовидонаи адибро дар олами тахайюлаш ҷилвагар менамояд. Он гуна, ки дар ҷашни ҳафтод солагии устоди зиндаёд Муъмин Қаноат гуфта буд:

Ҳарфу суханат зи баски зебо афтод,

Мунису азизи пиру барно афтод.

Мӯъмин зи ту муъминӣ агар бигрифта,

Миқдори қаноат аз ту боло афтод.

Устод Гулназар ҳамингуна арҷу эҳтиром бо устодон Лоиқ, Бозор, Ашур Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Саидҷон Ҳакимзода, Гулрухсор, Фарзона ва даҳҳои дигар дошта арҷу эҳтироми онҳоро хеле самимона рӯи дафтар овардааст. Он гуна, ки аз устод Лоиқ ёдоварӣ намудааст:

Эй булҳавасон, ба гарди ошиқ нарасед,

Содиқ, ки наед, аз раҳи содиқ нарасед.

Мо даъвии ҳамсари накардему вале,

Валло, ки шумо ба пои Лоиқ нарасед.

Лоиқ, Лоиқ! Нумӯи миллат боқист,

Мастии ту дар сабӯи миллат боқист.

Аз гӯши гарони нокасон боке нест,

Фарёди ту дар гулӯи миллат боқист.

Нашъае ҳаст, ки дар хонаи мост,

Шеъри Лоиқ хати паймонаи мост.

Ва ҳамин самимият ва арҷу эҳтиром гузоштани устод Гулназар ба аҳли қаламу каломи тоҷик эътибори донишмандӣ ва фарҳехтагии ӯро миёни хонандагон зиёд намуда, ҳамагон нигоштаҳо ва ашъорашро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Ин буд, ки мегуфтему мегуфтанд ва боз мегӯем ва ояндагон хоҳанд гуфт устод Гулназар, Гулназар!

Шеърҳои устод оҳанг ва замзамаи мардумӣ дошта хоса хонанда бо танини оҳанг садояшро беихтиёр баланд мекунад. Банда, ки борҳо шоҳиди бо замзамаи мардумӣ дар ҳавои шавқу шӯри куҳистонӣ овозхонии устод будам, гувоҳи раднашавандаи он хоҳад буд, ки дилхоҳ шеъри устод дар қолаби оҳанг эҷод мегардид. Боре дар як маҳфили шавқ дар шаҳри Кӯлоб ҳузур доштам. Як овозхони шинохта шеъреро аз эҷодиёти устод Гулназар замзама намуд. Гумон доштам, ки он овозхон аз мардумони Фалғар буда бошад. Чун, ки он шеърро бо лаҳни устод Гулназар он чунон бо маҳорати баланд хонд, ки воқеъан ҳамагон шефтаи хониши он гардиданд. Дар интиҳои он маҳфили шавқ бо овозхон ҳамсуҳбат гардидам. Аз ӯ пурсидам, ки Шумо аз аҳли Фалғаред? Гуфтанд, ки на. Гуфтам устод Гулназарро мешиносӣ? Гуфт бале. Гуфтам ба дидори ҳам расидаед? Гуфт:не. Гуфтам: ҳозир гуфти ки мешиносам. Мурод аз ин гуфтаям он буд, ки бо ашъораш ошноям. Гуфтам, ки ин оҳангро чӣ гуна эҷод кардӣ? Магар ин тарзи хонишро аз касе шунида будӣ?

Гуфт: Зинҳор. Гуфтам пас чи гуна ин оҳанг тавлид ёфт? Гуфт аз матн ин оҳангро бо гӯши ҷонам шунидам. Баъди ин посух ростӣ лол гардидам. Чун, ки бо ҳамин оҳанг чанд сол пештар ҳамин шеърро устод Гулназар дар нишасти хосае, ки банда онҷо ҳузур доштам суруда буд. Ва яқин ин шеърро ба ҷуз мо чаҳор нафар, ки онҷо ҳузур доштем касе нашнида буд. Ҳайратзада аз овозхон бори дигар пурсидам. Ӯ гуфт: Ман матнро то эҷод бо чанд оҳанг замзама намудам. Ҳеҷ кадоме аз он оҳангҳо писандам наомад. Баъди чанд замзама ҳамин оҳанг эҷод гардид. Ин ҳамон оҳанге буд, ки баҳори соли 2014 аз забони устоди зиндаёд Гулназар дар як маҳфили хосаи шавқӣ шунида будам. Хеле аз ин воқеа муттаҳайир шудам. Вале ба хотирам овозхониҳои ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии Рӯдакӣ устод Одина Ҳошимов омад. Ӯ шеърҳои пурмуҳтавои устоди зиндаёд Ашур Сафар ва шоири халқии Тоҷикистон устод Ҳақназар Ғоибро бо оҳангҳои эҷодкардаи худи онҳо мехонд. Устод Ҳақназар Ғоиб, ки табъи баланди сурудхонӣ ва дарки баландӣ савтҳои мардумиро дорад ва оҳангҳои мардумӣ дар тору пуди ашъораш ҷой доранд, устоди зиндаёд Одина Ҳошим ба осонӣ бо шеърҳои баландмазмуни ӯ оҳангҳои марғуби мардумӣ мебаст. Ва ҳамин ҳамнишинии устоди зиндаёд Одина Ҳошим бо устод Ҳақназар Ғоиб боғи савту сурудҳои ӯро хеле хушобу ранг намуда буд. Ҳамон шеъри устод Гулназар, ки дар ҳавои савтхонии мардумӣ эҷод гардида будаву бо оҳанг ва лаҳни ҷаззоби Кӯлобӣ садо дода буд ин аст:

Нақши поятро ба раҳ бинам, дилам гум мезанад.

Чеҳраатро як нигаҳ бинам, дилам гум мезанад.

Рез-рези кокулони мушкбедии туро,

Рӯ ба рӯю таҳ ба таҳ бинам, дилам гум мезанад.

Хирмани гул мебарӣ дар домани пироҳанат,

Бегаҳӣ бинам, пагаҳ бинам, дилам гум мезанад.

Рӯдбори беғубориву пур аз шуру шааф,

Ҷилваатро раҳ ба раҳ бинам, дилам гум мезанад.

Бӯсаро кори гунаҳ гӯянд лабҳои тарат,

Бар дилам майли гунаҳ бинам, дилам гум мезанад.

Яъне ҳамин шеър бо ҳамон оҳанге, ки устод замзама намуда буд бо ҳамон оҳанг бар гушҳои ҳазорон ҳазор сомеъон расонида шуда, ба руҳашон оромиш бахшидааст. Мардумӣ будан ва ҳамнишини қалби мардум будани ашъори устоди зиндаёд Гулназар гувоҳи мардуми будани худи ӯст. Устод ки муқимии пойтахт буд. Душанбеи азизро хеле дӯст медошт. Аз шукуфоӣ ва рахшандагии он лаззат мебурд. Боғҳои муаттар ва хиёбонҳои гулпӯшаш ӯро маҳви тамошояш намуда чашмаи илҳомашро ба ҷӯш меовард. Ифтихори зиёд аз он дошт, ки Душанбеи азиз дар замони Истиқлолияти давлатӣ хушобурангтар ва сарсабзу хуррамтар гардида, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симояшро нисбати солҳои пеш аз истиқлол ношинохтанӣ кардааст. Хиёбону гулгаштҳои гулпераҳонаш қасру кушкҳои сар ба фалаккашида, боғҳои хуштарҳи замонавӣ хоса бинандаро маҳви тамошояш хоҳад намуд. Ин ҳама шукуфоиву сарсабзии Душанбеи азиз чашмаи илҳоми шоирро ба ҷуш оварда, чунин сатрҳои саропо меҳрангез рӯи саҳфаи эҷодаш омаданд:

Хазон бигрехт аз кӯи Душанбе,

Шукуфт аз хуррамӣ рӯи Душанбе.

Пайи бедори он пири саҳархез,

Зи Тус омад ба паҳлӯи Душанбе.

Душанбе монаду хомӣ намонад,

Ба ҷуз шону накуномӣ намонад.

Зи меҳри шеърхоҳон дар мағоза,

Китоби Ҳофизу Ҷомӣ намонад.

Душанбе монаду гардаш намонад,

Давояш монаду дардаш намонад.

Қатори мардҳои ҷонисораш,

Илоҳӣ номи номардаш намонад.

Душанбе монаду армон намонад,

Дили бешуру бетуфон намонад.

Агар тоҷик надонад лафзи тоҷик,

Ба рӯи хоки аҷдодаш намонад.

Ватансозӣ ва ватандории устод Гулназар намунаи барҷастае аз сиришти поки ӯ буда хоса хонандаро водор месозад, ки ин Ватан сазовор бо ҳама дӯстдорӣ буда, дар роҳи ободии он бо дилу нияти пок мебояд талош варзид. Ӯ дар се фардбайте, ки дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рӯи саҳфаи эҷод овардаст мефармояд:

Аз ту бишавад оғоз рӯзи нави Сомонӣ,

Бо ҷони Ватан омез, эй пайрави Сомонӣ.

Ҳар фард, ки ҷон ба ҷони кишвар монад,

Тоҷи шарафаш замони бар сар монад.

Ин пайкари номус аст, тобандаву поянда,

Бо дидаи ибрат бин, эй вориси арзанда.

Донишмандӣ, фарҳангсолорӣ, ватанхоҳӣ ва ва ватансозиву ватандории шоир хоби иддае аз ҳасудону нотавонбинонро нороҳат намуда номи покашро доғдор кардан мехостанд. Вале ӯ дар муқобили он ҳама нотавонбинон дӯст доштани Ватанро гушае аз имондорӣ ба худ қарор дода, дар атрофи сиёсати раъиятпарварона ва фарҳангсозиву ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллат ҷоннисору фидокор буд. Суруди Миллии кишвар ки бо тапиданҳои қалби пурҳарорати шоир рӯи саҳфа омадааст баъди чанде бо чанд нотавонбин хуш наомада атрофи он сару садоҳои бебунёдро паҳн намудаанд. Ва аз тариқи сайтҳои кӯчагӣ ӯро шоири дарбор ном мебурданду эътиборашро костан мехостанд. Бехабар аз он ки азизе фармуда:

Муддаӣ хост, ки аз бех канад решаи мо,

Ғофил аз он, ки Худо ҳаст дар андешаи мо.

Вале Пешвои раъиятпарвару кишварсоз, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки ин сару садоҳои бебунёд мавқеъ касб намоянд. Магар он ҳасудони тангназар намедонанд, ки он шеър аз тариқи раъйи умумимардумӣ аз миёни беш аз дусад суруди пешниҳодгардида баҳои баланд гирифта, баъди ба риштаи адвор кашидан манзури ҳакамон гардида, аз он пас бо амри Президенти кишвар ҳамчун Суруди Миллӣ пазируфта шуд. Воқеъияти таърихӣ он будаву ҳаст, ки ин суруд дар мағз андар мағзи миллионҳо пиру барнои кишвар маскан гузидааст. Ва дар садҳо кишвари олам борҳо садояш танинандоз гардида, руҳи поки гузаштагонамон аз он ташнагӣ бишкаста, дуогӯи талошу ҷоннисориҳо ва ваҳдатоиниву ватансозии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизи кишварамон гардидааст. Ва мебояд рашку ҳасад ва таъну маломатҳоро яксӯ гузорему атрофи Пешвои ваҳдатофари хеш муттаҳид гардида, бо иқдомҳои созанда ва ватанхоҳонаи хеш кишварамонро ободу зебо гардонем. Таъну маломат намудани шоири шаҳири миллат бо он, ки ӯ дарборӣ ҳасту хидмати дарборро мекунад ба иттиҳод ва якпорчагии миллат халал ворид намуда, пинадузӣ ва нафрату ниқорро чун алови дузах гарм месозад. Магар намедонанд, ки беҳтарин шоирону нависандагон донишмандону фарҳангсолорони миллат беш аз ҳазорсолаҳо атрофи давлатмардони кишварсоз ва раъиятпарвару миллатдӯст ҷамъ гардида, ватанро сохтаанд. Оё онҳо намедонанд, ки одам-уш-шуаро сари шоирони Сомониёни тоҷиктабори кишваркушо устод Рӯдакӣ бо шеъри оламгираш номбардори шуҳрату шон ва эътибори шоҳони Сомонӣ буд. Ва садҳо шоирони забардасти он қаламрав дар хизмати амирони Сомонӣ буданду ин хидматгузорӣ мояи ифтихори ҳамаи онҳо. Ин ифтихори ватандорӣ сарманшаи ифтихор ва Иттиҳоду якпорчагии давлатдории ягона давлати миллӣ дар саросари қаламрави турктозиву арабзадагӣ буда, номи тоҷик ва давлатдориву кишварсозии он бо номи поки Сомониён шӯҳраи олам гардидааст. Ҳамин муҳаббат ва самимияти ватандорӣ миллати ба вартаи ҳалокати нестӣ афтодаи тоҷикро бо ибтикори Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози солҳои навадуми садаи гузашта ҷамъ оварда, руҳи поки Сомон-Худот моро мадад намуд. Ва ҳар он ки ифтихор аз аввалин давлати тоҷикӣ дар қаламрави Осиёи давлати Сомониён дошт атрофи ин абармарди таърихи навини миллат ҷамъ омада, бо хишти ҷони хештан бунёди ин ватанро оғоз бахшиданд. Ва устоди зиндаёд Гулназар аз нахустин рӯзҳо ҳампаҳлуи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданду то вопасин нафас хидматгузор. Ва дар ҳазорон сатрҳои пурмеҳраш аз сиёсати хирадмандона ва раъиятпарваронаи Пешво пуштибонӣ намуда, яке аз мубаллиғони ҷоннисори сиёсати фарҳангиву ватансозии Пешво буданд. Ҳамин ватансозӣ ва ватанхоҳиву фарҳангсолории Пешвои муаззами миллат, ки суннати аҷдоии ӯ мебошад аз замони Каёниёни кишваркушо то замони Сомониёни тоҷиктабор номи поки ин миллатро шӯҳраи олам намудааст. Имрӯз Пешвои Муаззами Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки давомдиҳандаи роҳи созандагии Сомониёни далер мебошад паҳлуи ин абармарди таърихи навини миллат будан ифтихор ва мояи номвариву номдории ҳар як фарди соҳибхирад мебояд буда бошад. Тули беш аз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ, садҳо фарзандони номвар ва соҳибэҳтироми кишвар паҳлуи ӯ дар хидмат буданду номи поки ин ватанро шуҳраи олам намуданд. Аммо ин ватандориву ватансозӣ шояд ба баъзе аз нотавонбинони тангдил ва куру карону сиёҳдилони Истиқлоли кишвар нохушоянд бошад, ки чун устоди зиндаёд Гулназар ва садҳои дигари фарзонагони миллатро дарборӣ ном мебаранду номашонро доғдор месозанд. Ҳамин буда, ки шоири шаҳири миллат ба он ҳасудони тангдили тангназар чунин посух дода аст:

Мавҷҳои байти ман зар мекашад,

Чун Зарафшон бори гавҳар мекашад,

Аз Душанбе сӯи Фалғар мекашад,

Оре, оре, шоири дарбориам.

Кисаам холӣ, вале холӣ наям,

Олиам, дар Маҷлиси Олӣ наям,

Шолиам ман, кирмаки шолӣ наям,

Оре, оре, шоири дарбориам.

Мекунам бо Рӯдакӣ ҳамсоғарӣ,

Ҳамдамӣ бо Унсуриву Анварӣ,

Меситоям мансаби одамгарӣ,

Оре, оре, шоири дарбориам.

Эй ки ҷӯӣ мушти тиллои маро,

Бораву кохи муҷаллои маро,

Як назар бин шахси танҳои маро,

Оре, оре, шоири дарбориам.

Рахшу гулгуне надорам, бок нест,

Бар хаёли худ саворам, бок нест,

Раҳсипори роҳи орам, бок нест,

Оре, оре, шоири дарбориам.

Шеър чун вирди забонам мешавад,

Пур зи симу зар даҳонам мешавад,

Бонки Миллӣ хонадонам мешавад,

Оре, оре, шоири дарбориам.

Чун дили мардум маро дарбор нест,

Ҷуз ғами меҳан маро ғамхор нест,

Ман киям, гар ҳарфи ман даркор нест?

Оре, оре, шоири дарбориам.

Бо ин ҳама фишор ӯ бо қомати рост ба сари баланди сарбадорӣ ва номусу нанги Ватандорӣ ҷоннисори ормонҳои ватансозӣ буд. Узви фаъоли ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пуштибони ҳамешагии сиёсати фарҳангхоҳона ва ватансозии Пешвои муаззами миллат. Дастгири беминнати навқаламону навқадамони боғи маънии миллат. Ва ҳамин нидои махмалини ӯ аз ҳарими ёдҳо чунин ба гӯши ҷон мерасад:

Эй ташнаи дард дар сухан ҷоят ҳаст,

Чун булбули маст дар чаман ҷоят ҳаст.

Чун шеър агарчӣ меравӣ мулк бо мулк,

Дар саҳфаи девони Ватан ҷоят ҳаст.

Ҷумъахон Темурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь