Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе,

Замони муосир замони илму техника ва технология буда, дилхоҳ кишвар бе тарбияи мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ва бе рушди соҳаи илму техника наметавонад рақобатпазирии худро бо кишварҳои дигар таъмин намояд ва ё ҳамеша дар рушду нумуъ бошад. Танҳо тарбияи саривақтии кадрҳои баландихтисос, омӯзиши илми дақиқи техникаву технологияи навтарин имконият медиҳад, ки мо ҳамқадами замон бошем. Маҳз дар чунин як давраи рушди бемайлони илму техника ташкил шудани Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки коллеҷи мазкур бо рисолати махсус барои тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт, технология ва хизматрасонӣ таъсис дода шудааст.

 

Муассисаи мазкур ҳанӯз аз соли 1939 ҳамчун мактаби киномеханикӣ амал мекард ва аз 11 июни соли 1974 ба омӯзишгоҳи касбию-техникии №57 табдил дода шуда, дар баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 ба литсейи техникии №62 ва аз 12.09.2004 ба литсейи технологии шаҳри Душанбе табдили ном кардааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 муассаи мазкур аз сохтори Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шуда, аз соли 2012 литсейи технологии шаҳри Душанбе ба Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе табдил дода шуд. Муассиси «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Айни замон дар муассисаи номбурда 116 нафар омӯзгорону кормандон ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғул мебошанд. Аз ин шумора 82 нафар омӯзгорон, 14 нафар кормандони техникӣ, 20 нафар кормандони хоҷагидорӣ, 2 нафар номзади илм, 23 нафар омӯзгорони дараҷаи олӣ, 9 нафар дараҷаи якум, 6 нафар дараҷаи дуюм ва 14 нафар аълочиёни соҳаи маориф ва илм буда, инчунин 51 нафар омӯзгорон дорои тахасуси олии касбӣ мебошанд.

 

Факултетҳо ва шуъбаҳои коллеҷ

Коллеҷи мазкур дар асоси сохтори намунавие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таълимиро ба танзим медарорад, фаъолият менамояд. 

Дар Коллеҷ факултетҳо ва шуъбаҳои зерин амал мекунанд:

шуъбаи таълим, шуъбаи ташкилию тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон, шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ, шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ, шуъбаи муҳосибот, шуъбаи хоҷагидорӣ, шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, маркази бақайдгирӣ ва машварат, факултети технологияи иттилоотӣ ва хизматрасонӣ, факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодиёт.

 

Ихтисосҳое, ки дар коллеҷ омӯхта мешаванд.

Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе донишҷӯён ва хонандагон аз рӯи 10 ихтисоси амалкунанда дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 3 ихтисоси амалкунанда дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ихтисосҳои дар зинаи тасилоти миёнаи касбӣ амалкунанда:

2-400101 – Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ;

2-400101.35 – Таъминоти барномавии коркарди маълумотҳои иқтисодӣ ва иттилооти корӣ; 

2-020601.03 – Технология (меҳнати хизматрасонӣ);

2-500135 – Технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ;

2-500135.01 – Технологияи масолеҳи дӯзандагӣ;

2-500134.06 – Тарроҳӣ ва поракунии либоси нассоҷӣ (равияи тарроҳии либосҳои миллии тоҷикӣ); 

2-250135 – Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат;

2-250131 – Молия;

2-250131.02 – Андоз ва андозбандӣ;

2-250132 – Кори бонкӣ.

Ихтисосҳои дар зинаи тасилоти ибтидоии касбӣ амалкунанда:

3-400252.01- Системаи компютерӣ ва интернет-технология;

3-250152.02 – Муҳосиб (бо донистани компютер);

3-500155 – Дӯзанда; 

Бояд қайд кард, ки ихтисосҳои мазкур комилан ихтисосҳои замонавӣ буда, дар ҷомеа талабот ба онҳо хеле зиёд аст ва дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошанд. Аз рӯи ихтисосҳои номбурда 1370 нафар донишҷӯён ва хонанадагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 360 нафар донишҷӯён дар шуъбаи ғоибона ва 1010 нафар дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд. 

Коллеҷ тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ба хатмкунандагони муассиса ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом)-и дараҷаи миёнаи касбӣ медиҳад ва хатмкунандагони коллеҷ метавонанд тибқи равия ба муассисаҳои таҳсилоти олии касби ҷумҳурӣ таҳсили худро давом диҳанд.

 

Синфхонаҳои муҷаҳҳазгардонидашуда ва китобхонаҳои муассиса

Синфхонаҳои муассисаи таълимӣ бо проектор ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳар кадоме синфхонаҳо бо 10 компютер ва таҷҳизотҳои дигари техникӣ комилан таъмин мебошанд, ки ба сари 6 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ нишондоди назаррас аст. Инчунин дар муассиса як маркази тестӣ фаъолият мекунад, ки аз 26 адад компютер ва 6 адад тахтаҳои электронӣ бо проекторҳо иборат аст.

Сайругашти мо дар коллеҷ нишон дод, ки ҳама утоқҳои кории кормандон ва кафедраҳо пурра бо компютерҳо ва принтерҳо таъмин карда шудаанд ва ин кори омӯзгорон ва кормандони техникиро боз ҳам осонтару муносибтар гардонидааст.

Муассисаи таълимӣ дорои китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ буда, шумораи умумии китобҳои китобхона 6504 ва китобҳои электронӣ 7000 ададро ташкил медиҳанд, ки муҳассилин пурра бо китобҳои дарсӣ, тахассусӣ, илмӣ-методӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ, модулҳо ва китобҳои бадеӣ таъмин буда, аз он устодону донишҷӯён самаранок истифода мебаранд. Толори васеъу барҳавои китобхона имконият медиҳад, ки донишҷӯёну устодон дар вақтҳои ба худ муносиб, дилхоҳ китобҳоро интихоб карда, мутолиа намоянд ва дарсҳои худро ҳаматарафа тайёр намоянд. 

 

Усули муосири гузаронидани дарсҳои таҷрибавӣ

Таҷрибаомӯзӣ қисми муҳим ва ҷудонашавандаи таълим, барои тайёр кардани мутахасисони соҳибмаълумот дар Коллеҷи технологӣ ба шумор рафта, аз тарафи устодони соҳибтаҷриба бо мақсади шиносоӣ бо истеҳсолот, пайвастани назария бо амалия ва баланд бардоштани маҳорати касбии донишҷӯён ба роҳ монда шудааст. Ҳамаи дарсҳои амалӣ нахуст дар синфхонаҳои комилан муҷаҳҳазгардонидашуда гузаронида шуда, донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюми коллеҷи мазкур баъди бомувафақият супоридани сесияи аттестатсионии нимсолаи дуюм, ба таҷрибаомӯзии таълимӣ аз рӯи 2-кредит (32 ва 48 соат) ба муҳлати ду ҳафта сафарбар карда мешаванд. 

Сафарбарнамоии донишҷӯёни муассиса дар асоси талаботи нақшаи таълимӣ ва тартиби таҷибаомӯзии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз ҷониби роҳбарият ва роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ҳамеша таҳти назорат буда, ба донишҷӯён оиди тартиби гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва таҳия намудани ҳисобот тавсияҳои методӣ дода мешавад. 

Дар коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҳангоми ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар намудани донишҷӯён ба онҳо барномаи таҷрибаомӯзӣ, рӯзнома ва роҳхат дода мешавад. Мувофиқи ҷадвали қабули ҳисоботҳои таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён дар назди кафедра комиссияи ташкил карда шуда, ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯёнро таҳлил намуда, ба онҳо ҳайати комиссия баҳогузорӣ менамоянд. Натиҷаи кори комиссияи назди кафедра дар варақаи баҳогузории донишҷӯён сабт гардида, дар офиси бақайдгирӣ ва машваратӣ нигоҳ дошта мешавад.

 

Хобгоҳи муҷаҳҳаз бо шароитҳои зарурӣ

Коллеҷ дорои хобгоҳи 4-ошёна мебошад, ки дар ҳудуди худи коллеҷ бунёд шуда, аз 108 ҳуҷра иборат аст. Дар ошёнаи дуюм 104 нафар донишҷӯёни коллеҷ зиндагӣ мекунанд, ки аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар барои таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон 21 нафар устодони коллеҷ бо оилаҳояшон зиндагӣ мекунанд. Дар ҳар ошёнаи хобгоҳ ҷои махсус барои омода намудани таом ва шустушӯ ҷудо карда шуда, бо ҳамаи ашёҳои зарурӣ таъмин карда шудааст. Дар хобгоҳ инчунин толори махсус барои дарстайёркунӣ ҷудо карда шудааст. 

Дар Коллеҷи технолгии шаҳри Душанбе ятимони кул вобаста ба имконият, аз ҷониби роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон дастгири ёфта, ба онҳо дар хобгоҳи коллеҷ утоқи зист барои истиқомат ройгон дода мешавад ва бо идрорпулӣ таъмин карда шуда, дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо либос ва лавозимоти хониш тақдим карда мешаванд, ки ин иқдом қобили дастгирӣ аст. 

 

Дастовардҳо

Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҳамчун муассисаи давлатии таълимӣ дар самти фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамаҷониба кӯшиш менамояд. Дар соли таҳсили 2016-2017 бинои асосии муассисаи таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифт ва муассиса ба шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе бо барқарорсозии қубурҳои обгузар пайваст карда шуд. Ҳамчунин коллеҷ аз моҳи январи соли 2016 ба Маркази миллиии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, қабули довталабон ба муассисаи таълимӣ, тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии ММТ ба роҳ монда шудааст. Дар Коллеҷ донишҷӯён аз тамоми манотиқи кишвар барои таҳсил ҷалб шудаанд, ки ин обрӯву нуфузи муассисаи мазкурро боз ҳам боло мебарад. 

Дастоварди дигаре, ки мавриди зикр қарор дорад, бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷ чор ихтисоси нав (ихтисоси “Таъминоти барномавии коркарди маълумотҳои иқтисодӣ ва иттилоотӣ – корӣ”, “Дӯзанда”, “Системаи компютерӣ ва интернет-технология” ва “Муҳосиб бо тавоноии кор дар компютер”) кушода шуданд, ки мақсад аз кушодани чунин ихтисосҳо, ба роҳ мондани низоми самарабахши таълим ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар мебошад. 

 

Ҷойҳои беҳтарин дар олимпиадаҳо

Ҳамасола донишҷӯёни Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои дохилӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда ҷойҳои намоён ва ифтихориро соҳиб мегарданд. Соли таҳсили 2017-2018 донишҷӯёни Коллеҷ дар олимпиадаи рафиқона байни муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Аз он ҷумла ҷойҳои 2-юм-ро аз фанҳои химия, забони англисӣ, информатика ва физика донишҷӯёни бахши якум Ҷомиев Тоҳир, Раҷабова Зулайхо, донишҷӯи бахши сеюм Маҳмудова Гулрухсор соҳиб шуданд. Ҷои сеюм бошад насиби Ҷабборова Ганҷина аз фанни забони русӣ гардид.

 

Баҳои баланд аз тарифи Пешвои миллат

Дастоварди беназире, ки муҳасилини Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе дар баробари дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварданд, ин гирифтани баҳои баланд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолонаи муҳассилини Коллеҷ бо як ҳисси баланди ватандорӣ дар чорабинии театркунонидашуда бахшида ба Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти бузурги Аср-чархаи аввалини НБО-и “Роғун” мебошад.

 

“МТЖТ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь