Ҳар субҳ, ки аз хоб бедор мешавам, садои нағмаҳову шӯхиҳои хоҳаракам ба гӯшам мерасад. Баъзан пагоҳӣ барвақт ба болои сарам омада, маҷбур мекунад, ки аз хоб хеста барояш филми тасвирӣ монам. Гарчанде маро маҷбур аз хоб мехезонад, вале асабӣ намешавам. Баръакс, бароям хеле хушоянд аст.

Ҳангоми аз хонаи хобам берун омадан бо модари меҳрубонам рӯ ба рӯ мешавам, ки “субҳ ба хайр” гӯён, таъбамро боз ҳам болидатар мегардонад. Ҳангоме ки аз нафаси тозаи субҳ баҳравар мешавам, накҳати аҷиберо эҳсос мекунам. Гӯё бӯи муҳаббат, бӯи эҳтиром ва бӯи хушбахтӣ бошад. Ва дар ин асно нафасҳои чуқур мегирам, то вуҷудам аз ин тароватҳо пур шавад. Фикр мекунам, ки инсонҳо чӣ гуна хушбахтиро интизоранд? Дар канори аҳли оила ҳар субҳу шом дар сари як дастархон нишастан чӣ қадар гуворост. Магар аз ин беш хушбахтие ҳаст?

Ҳар гоҳе падарам барои коре ба деҳа равад, танҳо як ё ду рӯз дар онҷо мемонад. Дар ин фурсат хоҳаракам “падарам кай меояд ?” гуфта, шаҳдро дар комамон талх мегардонад. Модарам бошад, ҳамеша насиҳат карда мегӯяд: “Падарони баъзе кӯдакон ба муҳоҷират рафта, солҳо рӯи фарзандонашонро намебинанд. Шукр кун, бачам. Агар падари шумо ҳам дар муҳоҷират мебуд, чӣ кор мекардед?”. Саволи хуб, аммо ҷавоб додан ба ин савол барои мо хеле душвор аст.

То мактаби миёнаро хатм карданам дар бораи муҳоҷирон ва муҳоҷират он қадар маълумот надоштам. Чунки касе аз хешовандону наздиконам муҳоҷир набуд. Вале бо мурури замон зиндагӣ ҳар касро бо роҳи худ мебурдааст. Баъди хатми мактаб чанд тан аз ҳамсинфонам ба муҳоҷират рафтанд ва алҳол ду шахси наздиктарине, ки бароям мисли бародаранд, дар Русия муҳоҷир ҳастанд. Акнун ба худ савол медиҳам, ки агар ман ба ҷои онҳо муҳоҷир мебудам, чӣ кор мекардам? Агар ман муҳоҷир мебудам, чӣ гуна ҳар субҳ аз ҳавои беғубор ва таровати гулҳои диёр баҳравар мешудам? Чӣ гуна муҳаббатро дар чашмони падарам ва хушбахтиро дар хандаҳои модарам эҳсос мекардам? Чӣ гуна тоқати дурии эшонро таҳаммул мекардам? Баъди ин гуфтаҳо беихтиёр хулоса мебарорам: Агар ман муҳоҷир мебудам, худи ҳозир чизу чораамро ҷамъ карда, ба Ватан бармегаштам. Вале боз ба сарам фикри дигаре мезанад, ки агар ман ҳам аз ночорӣ ба муҳоҷират рӯ оварда бошам чӣ ? Он вақт боз ҷавоби худро дигар мекунам. Агар ман муҳоҷир мебудам, ба ҳамватанони муҳоҷири  худ кӯмак мекардам. Барои беҳтар гардидани зиндагии аҳли оилаам ҳамеша меҳнат мекардам. Кӯшиш мекардам, ки барои эшон тамоми шароитҳоро муҳайё созам ва барои ободии диёрам саҳм мегузоштам.

 Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь