Бӯса ифодакунандаи меҳру вафо, сидқу сафо, муҳаббату дӯстдорӣ, навозиш, меҳрубонӣ аст. Модарон аз рӯи дӯстдорӣ фарзандони худро ба оғӯши меҳр кашида, мебӯсанд. Фарзандони болиғ модаронро барои шафқату хизматҳои бесобиқаашон мебӯсанд. Дар ҳолатҳои хурсандию фараҳ дӯстони наздик ин амал, яъне бӯсиданро ба якдигар арзонӣ медоранд. Самимиятро, дӯстдорию рафоқатро ба василаи бӯса изҳор мекунанд.
Бӯса дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маъноҳои лабҳоро расонидан ба рухсора, лаб ё дасти касе ба нишони изҳори муҳаббат, эҳтиром ё навозиш омадааст: бӯсаи гарм, бӯсаи ширин, бӯса гирифтан, бӯса фиристодан, дастро ба лаб расонида, аз дур ба бӯса ишора кардан ба касе.
Бӯса дар адабиёт мавқеи худро дорад. Адибон бӯсаро дар радифи ишқ, муҳаббат, гул, ширинии ҳаёт, нозу истиғно, карашмаю хиромидан, ҳамчунин эҳтиром ба якдигар ба хати тасвир мекашанд.
Шоири тавонои миллат Бозор Собир унвонии «Бӯса ба дунё задам» шеъре дорад, ки мавқеи бӯсаро хеле-хеле болою воло мегузораду онро ҳамчун амали ширин на танҳо аз лабу рӯю чашм, инчунин мӯй ва андом раво медонад:
Зулфата боло задам,
Сила ба шабҳо задам.
Ҳар ду лабат гул намуд,
Бӯса ба гулҳо задам,
Бӯса ба гулҳо задам.
Навбати чашмат расид,
Дар лаби ман нам расид.
Чашми ту дарё намуд,
Бӯса ба дарё задам,
Бӯса ба дарё задам.
Навбати мӯят расид,
Моҳ ба кӯят расид.
Мӯи тилло намуд,
Бӯса ба тилло задам,
Бӯса ба тилло задам.
Бозуву боло намонд,
Дар бари рӯ ҷо намонд.
Дар қадамат хам шудам,
Бӯса ба дунё задам,
Бӯса ба дунё задам.
Устод Лоиқ Шералӣ ғамгинтарин лаҳзаи зиндагиашро бо ёди бӯсаҳо шод мегардонад. Яъне бӯса дар фаҳмиши устод шарора дораду ҷонфизост. Бӯса умеди баҳори шоир буда, лолазори касро аз марг наҷот медиҳад.
Инак, ҳамон ғазале, ки дар андешаи ман, бояд шиори дилдодае гардад:
Чанд рӯзе бо хумори бӯсаҳоят зиндаам,
Санги сардам, бо шарори бӯсаҳоят зиндаам.
Аз куҷо донам шумори рӯзҳои мондаро,
То ба нақди бешумори бӯсаҳоят зиндаам.
Аз кафи барги хазони тирамаҳ умед нест,
Ман ба умеди баҳори бӯсаҳоят зиндаам.
Ҷоннисори бӯсаҳои ҷонфизоят будаам,
Боз ҳам баҳри нисори бӯсаҳоят зиндаам.
То лабони оташин дорӣ, саропо оташам,
Ман барои шуълазори бӯсаҳоят зиндаам.
Ман намемирам, агар сад марг ояд бар сарам,
То чу ёри комгори бӯсаҳоят зиндаам.
Ширинии бӯсаро шоир Ҷӯрабек Муъмин ба ин шакл тасвир менамояд:
Дилам як бӯса мехоҳад,
Дилам як бӯсаи ширинлаби беғӯсса мехоҳад,
Зи як самбӯсарухсореву ҳиндуҷусса мехоҳад.
Ё дар шеъри дигар:
Самбӯса маро бӯсаи ёд асту хаёл аст,
Самбӯсаи бебӯса чӣ мол аст, чӣ мол аст?
Гар бӯсаи самбӯсависол аст, висол аст,
Самбӯса ҳалол аст, ба як бӯса ҳалол аст.
Бӯса дар эҷодиёти сардафтари адабиёти форсу тоҷик Мавлоно Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ образнок ифода мешавад:
Сад бӯса бидодамаш ба зери кафи пой,
Сад хоҳиш кардам, ки рӯй бар банда намой.
Нашнуд, ки буд раъйи ӯ дигар ҷой,
Хубон ҳама садрӯй буданду якрой.
Ё:
Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Дигар:
Омад бари ман. – Кӣ? – Ёр, Кай? – Вақти саҳар,
Тарсанда зи кӣ? – Зи хасм. – Хасмаш кӣ? – Падар.
Додам-ш ду бӯса. – Зи куҷо? – Аз лаби тар.
Лаб буд? – На. Чӣ буд? – Ақиқ. – Чун буд? – Чу шакар.
Бӯса дар ҳар ҳолати равонӣ мавқеи одамро муайян менамояд, ки ин матлабро Ҳофизи Шерозӣ чунин ба қалам додааст:
Гар як навишт котиби девони озарат,
Ҳар бӯсае, ки чашми ту маро ҳавола кард.
Хун гашт ҷони Ҳофизи мискини хастадил,
Азбаски дар фироқи лабат оҳу нола кард.
Дар байни мардум бӯса кардан, бӯса додан хуб нест. Мутаассифона, мебинем, ки ҳамасрони мо қадри бӯсаро кам карда, гуфтан мумкин, дар раҳу рӯ «бӯсаситонӣ» мекунанд. Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи биология тавсия ва пешниҳод менамоям, ки бӯса ба ҳар кас дода нашуда, аз ҳар кас ситонида нашавад, яъне арзонӣ набошад. Чунки бисёр микроорганизмҳои касалиангез дар пӯсти рӯй, лаб ва луоби оби даҳон мавҷуданд, ки аз одам ба одам мегузаранд ва боиси зуҳур ёфтани касалиҳо мегарданд. Инро ҳам гуфтаниам, ки аксари бонувон аз рангубори химиявӣ бисёр истифода мебаранд. Ин рангубор ҳангоми бӯса ба воситаи оби даҳон ба системаи ҳозима ва махсусан ба меъда мегузарад, ки оқибати хуб надорад.
Дар ҷамъбасти андешаҳо таъкидан мегӯям, ки одамон, хусусан ҷавонписарону ҷавондухтарон қадри бӯсаро кам накунанд.
Бадриддин ХОЛИҚОВ, омӯзгор