Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб мекунанд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд.

Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зарурияти ҳар тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси шаҳр, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

Қадамшоҳ Ҳакимзода, сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм соҳаи калидӣ, пешбаранда ва сарнавиштсозу афзалиятнок боқӣ мондааст, ки аз ин маорифчиёни шаҳри Кӯлоб зиёд ифтихор мекунанду меболанд.

– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Зеро соҳаи маориф муҳаррики ҷомеа аст. Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат соли таҳсили 2021-2022 таваҷҷуҳро баҳри мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани таъминоти онҳо бо ашёи хониш, кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон равона хоҳад намуд, – изҳор дошт мавсуф.

Маълумоти оморӣ

Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар тобеияти худ 74 муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 интернат, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, 1 фароғатгоҳи “Шарора”, 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти хусусии томактабии “Меҳргон”, “Миҷгона” ва “Сабрина”) дорад, ки дар соли хониши 2021-2022 дар 2048 синфхона 50200 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба синфи якум дар соли хониши 2020-2021, 6025 нафар (аз ҷумла 2936 нафар духтар) қабул карда шуд. Аз шумораи 3918 нафар (аз ҷумла 1874 духтар) дар соли хониши 2020-2021 ба синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3338, аз ҷумла 1634 духтар), ба коллеҷҳо 33 нафар (аз ҷумла 7 нафар духтар), ба омӯзишгоҳи касбии техникӣ 288 нафар (аз ҷумла 52 нафар духтар), ба дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 43 нафар (аз ҷумла 17 нафар духтар) рафтанд. Дар мачмуъ аз синфи 9-ум ба синфи 10-ум 99 дарсади хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бошад ба таълиму тарбияи 1316 нафар кӯдакони синни томактабӣ 61 нафар мураббиён машғуланд. Дар баробари ин, дар назди 50 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 51 адад гуруҳи Маркази рушди барвақтии кӯдакон ё марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 1057 нафар кӯдак фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ 3661 нафар ба тарбияву таълим фаро гирифта шудааст.

Таъмини кадрҳои омӯзгорӣ

Таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Раёсати маориф қарор дорад. Дар соли хониши равон шумораи умумии омӯзгорон 3486 касро ташкил дода, аз ин миқдор 2335 нафарро занон ташкил медиҳад. Бо назардошти рафту омад, ба нафақа баромадан ва ҷойивазкунӣ дар муассисаҳои таълимӣ шумораи омӯзгорон имсол тағйир ёфта, нисбати соли хониши гузашта 85 нафар зиёд шуд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб 2 нафар кормандони шоистаи Тоҷикистон, зиёда аз 156 нафар Аълочиёни маорифи Тоҷикистон ва 6 нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб 2778 нафар омӯзгор бо тахассуси олӣ (аз ин 1786 нафар зан), 708 омӯзгор, аз ҷумла 549 нафар зан бо маълумоти миёнаи касбӣ ва олии нопурра ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.

Ҳоло дар муассисаҳои тобеи раёсати маориф 546 нафар мутахассисони ҷавон кору фаъолият карда истодаанд, ки 44 нафарашон имсол ба кор омаданд. Фаъолияти онҳо доимо зери таваҷҷуҳи раёсати маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ қарор дошта, барои расонидани ёрии амалию методӣ онҳо бо омӯзгорони пуртаҷриба вобаста карда шудаанд.

Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ин такмили ихтисос, шинос намудани омӯзгорон бо нақшаву барномаҳои таълимӣ ва расонидани ёрии амалию методӣ ба эшон ба ҳисоб меравад. Вобаста ба бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ, сайқал додани маҳорати касбии онҳо тибқи нақша ҳамасола зиёда аз 20 дарсади омӯзгорони шаҳри Кӯлоб аз курси такмили ихтисос ва семинарҳои дастурдиҳӣ гузаронида мешаванд. То имрӯз 342 нафар омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузаштаанд ки ин нишондод 274 дарсади иҷроиши нақшаро нишон медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақшаи кори кабинети методии Раёсати маориф ҳар моҳ бо роҳбарони таълимгоҳҳо, муовинони директорон оид ба қисми илмӣ, тарбиявӣ ва созмонҳои хонандагон бо муаллимони забон ва адабиёти рус, таърих ва ҳуқуқ, технологияи иттилоотӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, география, забони англисӣ, химия, биология, физика ва математика, синфҳои ибтидоӣ, технологияи меҳнат семинарҳо ташкил карда гузаронида мешавад. Дар ин давра, бо дастгирии кабинети методии Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб озмунҳои “Аниси кунҷи танҳои китоб аст”, “Пайравони Нютон”, “Хати зебо”, “Арифметикаи зеҳнӣ”, “Лаззат”, “Пешгирӣ ва раъфи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ” дар байни хонандагони синфҳои 6-11 дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Дастовардҳои муҳассилини шаҳри Кӯлоб

Маркази дарёфтва рушди истеъдодҳо мутобиқи нақшаи солонаи Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб, нақша ва оинномаи МДРИ фаъолият менамояд. Ҳадафи асосии Марказ ташаккули малакаи зеҳниву аклонии хонадагон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ мебошад. Дар асоси барномаи махсуси таҳсилоти иловагӣ хонандагони лаёқатманд бо таҳсили босамар ва бомақсад фаро гирифта шудаанд.

Дар соли таҳсили 2021 дар ҷумҳурӣ Олимпиада барои наврасон аз ҳамаи фанҳои таълимӣ барои синфҳои 7 – 8 гузаронида шуд, ки 16 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар он фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойи ифтихорӣ: 8 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд.

Дар даври чоруми олимпиадаи фаннии мактаббачагон, ки байни хонандагони синфҳои 9 – 10 баргузор гардид, 44 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, ҷойи якум 5 нафар, ҷойи дуюм 11 нафар ва ҷойи сеюм 28 нафар.

Дар гуруҳи синфҳои 11-ум, 15 нафар хонандагон дар Олимпиада фаъолона ширкат варзида, аз онҳо 12 нафар муҳассилин аз муассисаҳои таълимии № 1, 10 ва мактаби Президентӣ соҳиби ҷойҳои ифтихории 3 -юм гардиданд.

Гирандагони стипендияи раиси вилоят

Дар соли таҳсили 2021 Тағоева Мукаррама, хонандаи синфи 10-уми МТМУ №1, Абӯбакри Ҳофиз, хонандаи синфи 7 – и Литсейи №1, Рустамова Шукрона, хонандаи синфи 9 аз мактаби Президентӣ, Амиров Юсуф, хонандаи синфи 6-и Литсейи №1 бо дониши хубу аъло ва рафтори намунавии худ аз шаҳри Кӯлоб ба гирифтани стипендияи раиси вилояти Хатлон мушарраф гардидаанд, ки ҳамаи онҳо намунаи ибрат барои дигар муҳассилини шаҳр мебошанд.

Роҳхат ба донишҷӯӣ

Бояд иброз намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб 2 нуқтаи ба қайдгирии довталабон (дар назди МТМУ №№ 1, 6) амал менамояд, ки довталабон ҳуҷҷатҳои худро барои шомилшавӣ ба ин ё он мактаби олӣ месупоранд. Аз шумораи 3351 нафар (1631 нафар духтар) хатмкунандагони синфҳои 11, 2783 нафар аз қайди ММТ гузаштанд, ки 83,8 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби хатмкунандагони солҳои пешин дар ММТ 489 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки ҷамъ 3176 нафар ё  98,7 дарсадро ташкил медиҳад. Аксари довталабони мавриди зикр ба донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он дохил шуда, номи пуршарафи донишҷӯйро соҳиб гаштанд.

Ҳамчунин тибқи квотаи Президентӣ дар соли 2021 23 нафар хатмкардагон (аз ҷумла 12 нафар духтар) ба донишкадаву донишгоҳҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд.

Назорати ҷараёни таълиму тарбия

Дар даҳ моҳи соли 2021 назорати ҷараёни таълиму тарбия дар маркази диққати Мақомоти иҷроия ва кормандони Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб қарор дошта, мушовараҳои раёсати маориф тибқи нақша ҳамеша бо иштироки бевоситаи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гашта, масъалаҳои мубрами таълиму тарбия дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди муҳокима қарор дода мешавад.

Боиси хурсандист, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сол аз сол таваҷҷуҳи падару модар, аҳли ҷомеа ба мактаб зиёд шуда истодааст. Ҳоло дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ Ассотсиатсия волидайн ва омӯзгорон амали хуб дошта, дар таълиму тарбия, гузаронидани чорабиниҳо, дастгирии муассиса ва таъмиру тармим фаъолона иштирок менамоянд.

Корҳои созандагиву бунёдкорӣ

Маврид ба зикри хос аст, ки мутобиқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” айни ҳол, сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Офтоблиқо, сохтмони муассисаи таълимии нав дар маҳаллаи Абдушукурова, сохтмони муассисаи таълимии нав барои 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ идома дорад, ки ҳамаи он дар ояндаи наздик мавриди истифодабарии муҳассилин қарор мегиранд.

Бо дастгирии соҳибкори саховатпеша ва маорифдӯст Бахтиёр Назаров дар маҳаллаи М.Раҳимзода сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ барои 249 ҷойи нишаст ва хонаи муаллимон ба итмом расида, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулистони ҷамоати Зарбдор аз ҳисоби Фонди Саудии рушд оғоз гардида, идома дорад.

Илова бар ҳамаи ин, дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи рушди маориф дар шаҳри Кӯлоб сохтмони муассисаи таълимии №36 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Ч оқтемур, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №14-и деҳаи Панҷосиёб, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълими №28-и ҷамоати деҳоти Зиракӣ, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳоти Зарбдор, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №42 дар маҳаллаи Ҷумъа Алӣ, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии №21 дар деҳаи Корез, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №49 деҳаи Тӯдакафш ба нақша гирифта шуда, дар ояндаи наздик корҳои сохтмонӣ дар он оғоз мегардад.

Ба ҷойи охирсухан

Қадамшоҳ Ҳакимзода, сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб дар фарҷоми суҳбат иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид медоранд, ки “Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. ”

– Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф мунтазам бо кормандони соҳаи маориф вохӯрӣ гузаронида, пайваста дар ҳаққи омӯзгорон ва соҳа ғамхорӣ зоҳир месозад. Ҳамчунин, эшон ҳангоми вохӯриҳо бо омӯзгорон ба вазифаҳое, ки аз Паём ва амру супоришҳои Пешвои миллат дар самти таълиму тарбия бармеояд, муфассал фикронӣ намуда, дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Дар ин асос нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф ба тавсиб расонида шуда, мавриди иҷро қарор мегиранд. Подоши неки ин ғамхориву заҳматҳоро баъди даҳсолаҳо наслҳои ояндаи мо хоҳанд дид, агар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бо камоли майл илму дониш омӯхта, бо ҳиси баланди ифтихори миллӣ ба нафъи пешравии Ватани азизамон – Тоҷикистони азиз содиқона хизмат намоем, – илова намуд дар фарҷом Ҳакимзода.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь