Мовароуннаҳр ё худ Варорӯд яке аз минтақаҳои ободтарин ва сернуфузтарини Авруосиё дар қуруни вусто буда, аз ҷумлаи сарзаминҳои таърихӣ ва аз марказҳои бузурги илму фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ба шумор меравад. Ин вилояти пурфайзу зархези тоҷикон дар саросари дунё на фақат “ба фарохии неъмату сафо, хуррамӣ ва пурбаракат будан маъруф аст”, “балки аз ҷиҳати ба оламиён эҳдо намудани олимон, шуарову фузало ва соири ҳунармандони мумтози худ шуҳрати офоқ гардидааст”. Ҳамин дороиҳову сарват ва ободониҳояш буд, ки чашми ҳасудону бадхоҳонро ба худ ҷалб намуда, дар масири пур аз шебу фарози таърих борҳо ба ҳуҷуми қавму қабоили биёбонгард дучор гардида, гоҳҳо ба харобазор ва гоҳи дигар бо талошу заҳматҳои мардуми бумӣ, яъне тоҷикон аз сари нав обод шуда, симои пешинаи худро аз нав гирифтааст.

Вожаи Мовароуннаҳр (аз арабӣ ماوراء –он су, он тараф ва نهر ҷӯи калон, руд) гирифта шуда, сарзамини рости дарёи Аму дар назар дошта шудааст. Тибқи иттилооти дар Энциклопедияи советии тоҷик оварда шуда, пайдоиши ин истиллоҳ ба забткориҳои арабҳо дар Осиёи Миёна вобаста аст. Замоне, ки арабҳо Эрон, Хуросон ва… Марвро забт намуда, ба соҳили чапи дарёи Аму расиданд, диққати онҳоро сарзамини тарафи рости дарё ба худ ҷалб намуд. Арабҳо, ки сарзамини моро ишғол намуданд, дар ибтидо соҳили рости дарёи Ҷайҳун (Амударё) баъдан байни дарёҳои Ҷайҳун ва Сайҳун (Сирдарё)-ро Мовароуннаҳр номиданд. Закариёи Қазвинӣ ҷуғрофидони машҳури асри XIII дар асари машҳури худ “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” низ шаҳрҳоеро, ки дар он тарафи Ҷайҳун воқеъ шудаанд, Мовароуннаҳр мегуяд. Академик Бобоҷон Ғафуров низ айнан ин чизро дар шоҳасари худ “Тоҷикон” ишора мекунад. Донишманди эронӣ Парвиз В., ки баргардонкунандаи китоби “Хуросон ва Мовароуннаҳр”-и Белинитский аст, дар муқаддимаи навиштаи худ дар ин китоб, ин нуқтаро айнан баён доштааст.  Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Мақдисӣ бошад, дар асари худ “Аҳсану-л-тақосим фи маърифати-л-қолим” дар бахши марбут ба Эрон нигоштаи Абузайд ном шахсро ишора намуда, қайд мекунад, ки Абузайд Ховаронро се бахш бар шумурда: Хуросон, Сагистон, Мовароуннаҳр. Вале ман онро як бахш дар ду сӯйи руди Ҷайҳун хонда, ҳарякро ба номи поягузораш номидам”. Дар идома, Мақдисӣ аз худ суол карда, мегуяд: Агар пурсанд, ки чаро монанди дигар мардум ҳар суйро сарзамини ҷудогона нашиносондӣ? Магар набинӣ худи мардум гуянд: Хуросон ва Мовароуннаҳр? Дар посух гуфта шуд, вале ҳамин мардум низ аз марзҳои Тус то Тирозро Хуросон меноманд. Магар на хонадони Сомонӣ шоҳони Хуросонанд ва дар ин сӯйи руд зиндагӣ кунанд? Ман низ, ки Хуросонро номи вижаи ин сӯйи руд ниҳодам то сӯйи дигарро монанди ту ба номе дигар бихонам!

Дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ Мовароуннаҳр, ҳамзамон бо номҳои Варорӯд, Фарозрӯд, Фарорӯд низ зикр мешавад. Дар асари донишманди намоёни асри XIV Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ “Сиҳоҳу-л-фурс”, ки аз зумраи луғатномаҳои арзишманд маҳсуб меёбад, Варорӯдро Мовароуннаҳр хонда, байтеро аз Фирдавсӣ меорад, ки чунин аст:

Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,

Варорӯдро Мовароуннаҳр хон!

Аз ин ду мисраи шеъри баръало маълум аст, ки қабл аз пайдоиши вожаи арабии Мовароуннаҳр ин сарзамин номи Варорӯдро доштааст ва шоир ҳам таъкид намудааст, ки агар забони паҳлавӣ (форсии миёна)-ро надонӣ, пас ин манотиқро Мовароуннаҳр хон. Пеш аз истиллоҳи “Варорӯд” бошад, ҳангоми ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба ин минтақа ва забти он аз тарафи ӯ, ин сарзамин “Трансоксиана” ё “Трансоксания” хонда шуд, ки он ҳам минтақаҳои байни дарёҳои Окс (Амударё) ва Яксарт (Сирдарё) дар назар дошта шудааст.

Тибқи гузоришҳои муаррихони асримиёнагӣ, аз ҷумла ба навиштаи ибни Ҳавқал ҷуғрофидони машҳури асри X “Мовароуннаҳр маҳдуд аст аз Машриқ ба Фомир ва Рашт ва бахше аз сарзамини Ҳинд ба хати мустақим, ки муҷовири Хуттал аст ва аз Мағриб ба сарзамини Ғузон ва Харлух аз ноҳияи Тироз, ки камонвор ба Вороб ва Сатканд ва Суғд ва Самарқанд ва навоҳии Бухоро то Хоразм кашида шуда, ба дарёчаи Хоразм мунтаҳӣ мешавад. Ва аз шимол ба сарзамини туркони Харлухӣ, ки аз дуртарин нуқтаи сарзамини Фарғона то Тироз ба хати мустақим кашида шудааст”. Дар дигар аз манобеи муҳимтарини ҳамин давра “Ҳудуд-ул-олам”-и муаллифаш гумном низ ҷуғрофиёи Мовароуннаҳр зикр гардидааст, ки чунин аст: “Ноҳиятест, ки ҳудуди машриқи вай ҳудуди Таббат аст ва ҷануби вай Хуросон аст ва ҳудуди Хуросон ва мағриби вай Ғуз аст ва ҳудуди Халлух ва шимолаш ҳам ҳудуди Халлух аст”. Дар ҷойи дигари ин асар муаллиф боз навиштааст, ки “Ҳудуди Мовароуннаҳр ноҳиятест пароканда…машриқи вай ҳудуди Таббат аст ва Ҳиндустон ва ҷануби вай ҳудуди Хуросон аст ва мағриби вай ҳудуди Чағониён аст ва шимоли вай ҳудуди Сурӯшана аст аз Мовароуннаҳр”. Истахрӣ низ зикри ҳудуди Мовароуннаҳр намуда, қайд мекунад, ки “Ҷониби шарқии Мовароуннаҳр Рашт ва Фомир ва ҳудуди Хуттал… ва ҷониби ғарбӣ вилояти Ғазна ва ҳадди Тироз… то Фороб ва Бесканд ва Суғди Самарқанд ва навоҳии Бухоро то Хоразм ва канори дарё ва ҷониби шимолӣ ҳудуди Туркистон то ҳадди Фарғона ва Тироз… ва ҷониби ҷанубӣ аз Ҷайҳун нахуст аз Бадахшон… ва Хоразм ва Хутталро дар шумори Мовароуннаҳр ниҳодем”. Мақдисӣ ин сарзаминро ба шаш қисмат ва чор ноҳия ҷудо намудааст, ки чунин аст: нахустини онҳо дар самти ховар ва дар марзи Туркистон Фарғона аст. Сипас Испиҷоб, сипас Шош (Тошканд), сипас Ушрусана, сипас Суғд, сипас Бухоро. Чаҳор ноҳият низ Алоқ (Элоқ), Кеш, Насаф ва Сағониён ҳастанд. Айни замон, ин сарзамин дар ҳудуди имрӯзаи Ӯзбекистон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷанубии вилоятҳои Қизилурда ва Туркистони Қазоқистон доман густурда, ҳудудҳои шарқияш Рашт, кӯҳҳои Помир ва Тибет, Хуттал, ҳудудҳои ғарбияш Ғуз, Тироз, Фороб, Суғд, Самарқанд, Бухоро то Хоразм, ҳудудҳои шимолияш то Халлух, Туркистон, Фарғона, ҳудудҳои ҷанубиаш Хуросон мебошад. Тибқи иттилои муаррихону ҷуғрофидонон, ки таърихшиноси варзидаи тоҷик Қаҳҳори Расулиён онро дар китоби хеш овардааст, дар садаҳои аввали асрҳои миёна Мовароуннаҳр дорои 278 шаҳр, 300 деҳа, 10 ҳазор работ (корвонсарой) будааст.

Новобаста аз ин қадар ҳудуди васеъ доштани Мовароуннаҳр ин вилоятро қисме аз муаррихин шомили Хуросони Бузург медонанд. Аз ҷумла, ҷуғрофидони асрҳои IX-X ибни Фақеҳ дар асари машҳури худ “Ал-булдон” гуфтаҳои Балозурӣ, ҷуғрофидони ҳамасри худро иқтибос оварда, Хуросонро шомили чаҳор бахш меномад, ки бахши чоруми он Мовароуннаҳр ва шаҳрҳои тобеи он аст. Ибни Хурдодбеҳ низ айнан ин чизро нигоштааст. Доктор Ҷовид бошад, дар рисолаи Авесто, дар бахши ҷуғрофияи таърихи Ориёно Хуросонро иборат аз чаҳор рубъ хонда, шаҳрҳои Тошканд, Самарқанду Бухоро ва дарёҳои Сайҳуну Ҷайҳун, ки аслан шомили Мовароуннаҳр ҳастанд, ба рубъи Марв дохил намудааст. Шояд ворид намудани Мовароуннаҳр чун ҷузъи Хуросон аз он сабаб бошад, ки дар ин давра Мовароуннаҳру Хуросон тобеи як давлат, яъне Сомониён буданд. Бесабаб нест, ки муаррихи ҳамин давра Абубакри Наршахӣ дар асари худ “Таърихи Бухоро” амирони Сомониро ибтидо амири Мовароуннаҳр ва пас аз тобеи онон шудани Хуросон амири Хуросон хондааст. Одам-уш-шуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар ашъори рангини дилангези худ дар чандин байтҳо, амири Сомониро на амири Мовароуннаҳр, балки аз Хуросон гуфтааст:

Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,

Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост…

***

…Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам,

Дар ӯ фузунии якнанҷи мири Мокон буд.

Гарчанде ки худи ӯ дар Мовароуннаҳр шеър эҷод менамуд ва мезист, лек дар ашъори хеш бошад, худро шоири Хуросон мехонад:

Шуд он замон, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд!

Сарзамини Мовароуннаҳр таърихи қадима дошта, яке аз маконҳои пайдоиши нахустин тамаддунҳо мебошад ва агар ба ковишҳои бостоншиносӣ назар афканем, беш аз 1 миллион сол таърихро доро мебошад. Аз бахши “Вандидод”-и нахуст қомуси башар “Авасто” низ равшан аст, ки қисме аз аввалин сарзаминҳои офаридаи Аҳура Маздо дар ҳудуди Мовароуннаҳр ҷойгир мебошад ва ин худ далели раднопазири он аст, ки тоҷикон нахустин бошандагон ва ободкунандаи ин манотиқ мебошанд.

Мовароуннаҳр дар ибтидои асрҳои миёна тобеи давлати Ҳайтолиён буд, вале мавҷудияти ин давлати ориёӣ тӯлонӣ давом накарда, бо иттифоқи Сосониёну Ҳоқонати турк аз саҳнаи таърих берун мешавад. Қисмате аз мулкҳои Мовароуннаҳр бошад, тобеи Ҳоқонат мегардад, вале дере нагузашта аксари ин мулкҳо истиқлоли худро таъмин месозанд. Вале, парокандагӣ ин минтақаро фаро мегирад. Ҳатто, мулкҳои хурд-хурд ҳокимони мустақили худро доштанд, ки бо дигар рақибон мунтазам дар набард буданд. Вазъи иқтисодию иҷтимоии минтақа аз ҳар ҷиҳат рӯ ба пастравӣ буд. Дар ҳамин ҳол, аз қисмати дигар арабҳо императории Сосониёнро барҳам дода, дар соли 651 Марвро забт мекунанд ва онро ба қароргоҳи бузурги ҳарбии хеш табдил медиҳанд. Тибқи навиштаи академик Бобоҷон Ғафуров “Пас аз се соли ин воқеа арабҳо нахустин ҳамлаҳои худро ба Мовароуннаҳр сар карданд, аз ҷумла, дар манбаъҳо ҳуҷуми соли 654 ба Маймурғ, воқеъ дар Суғд хотирнишон шудааст. Дар соли 667 онҳо аввалин дафъа ба Чағониён ҳамла оварданд”. Аз ҳар ҷиҳат, набудани иттиҳод ва ягонагӣ дар байни ҳокимони Мовароуннаҳр кори муттаҳид намудани халқҳои Осиёи Миёнаро барои зарба задан ба истилокорони араб хеле душвор мекард.

То ҳокими Хуросон таъин гардидани Қутайба ибни Муслим ҳуҷумҳои арабҳо ба хоки Мовароуннаҳр танҳо барои ба даст овардани неъмат ва ғанимат буд, ки сарчашмаҳои зиёде ин нуқтаро тасдиқ мекунанд. Дар муддати даҳ соли ҳукумати худ Қутайба ибни Муслим аз парокандагӣ ва зиддияти байни худи тоҷикон истифода бурда, аксари мулкҳои Мовароуннаҳрро тобеи хеш месозад. Бо сарнагун шудани Умавиён аз ҷониби Абумуслим ва бо дасти ӯ ба қудрат расидани Аббосиён ин мулкҳо низ тобеи хилофати нав мегарданд. Ҳокимони ба қудрат расида ваъдаҳои кардаи хешро иҷро намекунанд, аз ин лиҳоз авҷи исёну шуришҳо Мовароуннаҳрро фаро мегирад. Арабҳо бо мушкилоти зиёд ин шуришҳоро пахш менамоянд, вале маҷбур бар он мегарданд, ки дар идораи ин минтақа ҳокимони маҳаллиро ба қудрат расонанд. Ҳамин тавр, намояндагони хонадони бомаърифати тоҷики Сомонӣ ҳокимони аксар шаҳрҳои Мовароуннаҳр гардида, то соли 999 ҳукумат мекунанд. Пасон, дар ин минтақа Қарахониён, Хоразмшоҳиён, муғулҳо, Темуриён, Шайбониён, Аштархониёну Манғитиён пай дар пай ҳокимони ин манотиқ мешаванд.

Бояд гуфт, ки бо омадани Ислом ба сарзамини Мовароуннаҳр дари илму маърифат дар ин минтақа боз гардид ва дар андак замон дар тамоми илмҳо садҳову ҳазорҳо донишмандону олимон, ки ирқан тоҷик буданд, ба майдони илму адаб ворид гардида, осори мондагоре аз худ ба ёдгор гузоштаанд. Аввалин шуарои форсигуй ба монанди Абуҳафси Суғдӣ ва сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳз аз ҳамин сарзамин ба майдони шеър омаданд. Амирони Сомонӣ, ки худ аз аҳли илму фазл буданд, китобхонаи бузургеро бо номи “Савонеҳ-ул-ҳикмат” (Ганҷинаи ҳикмат) бунёд намуда, тамоми шароиту имконотро барои аҳли эҷод фароҳам сохтанд. Дар баробари ин дар аксар шаҳрҳо китобхонаҳо ва марказҳои хурди илмию адабӣ ташкил мешавад. Ҳамин буд, ки аз ҳар гушаву канори олам ба шаҳрҳои Мовароуннаҳр барои таҳсил меомаданд. Шаҳрҳое чун Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Тирмиз ва дигарон аз ҷумлаи бузургтарин марказҳои илму фарҳанг ба шумор мерафтанд. Дар як муддати кутоҳ тамоми риштаҳои улум тараққӣ намуда, баъзе онон аз ҷониби тоҷикон асос гузошта шуданд. Донишманди эронӣ Доктар Аҳмад Ранҷбар дар китоби худ Хуросони Бузург (бахше перомуни чанд шаҳр аз Хуросони Бузург) доир ба чанде аз шаҳрҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Фарғона, Уструшана иттилоъ дода, дар мавриди ҷуғрофияи шаҳрҳо ва бузургону донишмандони ҳар яке аз ин шаҳрҳо ба таври мушаххас иттилоъ додааст, ки аз рушди илму адаб дар ин шаҳрҳо ва намояндагони халқи тоҷик будани онҳо башорат медиҳад, ки овардани он ҳамаро мо зарур намешуморем.

Бо инқирози Сомониён ва ба қудрат расидани Қарахониён дар Вароруд то андозае ба ҳаёти илмию адабӣ дар ин минтақа таъсири манфӣ расонид. Қарахониён ба илму маърифат он қадар таваҷҷӯҳ надоштанд ва ҳамоно хислатҳои бодиянишинияшон бартарӣ дошт. Новобаста ба ҳамаи ин, мардуми ин сарзамин, ки аксарияташон тоҷикон буданд, берун аз ҳаёти дарборӣ ба эҷод машғул мешуданд. “Чароғи адабиёт ҳарчанд дар дастгоҳи хонҳо фурӯзон набуд, вале дар сарзамини Мовароуннаҳр ҳаёти адабӣ равнақ дошт” ва адабиёти ин давр дар қаламрави Қарахониён асосан берун аз дарбор, дар байни мардуми шаҳр тараққӣ мекардааст. Дар давраҳои баъди низ, тоҷикон мақоми пешсафии худро дар илму адаб нигоҳ дошта, ба рушди он ҳамаҷониба кӯмак мерасониданд ва устод Садриддин Айнӣ низ бедалел чунин гуфтааст: “Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр…, чунон ки як қавми муаззам бо номи “тоҷик” ё ки “тозик” истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр… махсус ба асре ё тасаллути подшоҳеву амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чи қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингизхон, Темур, шаёбонӣ, аштархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбек ҳастан, ҳамон қадар ривоҷёфта аст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи “тоҷик”, ки мансуб ба ирқи ориёист, дар ин ҷоҳост”.

Мардуми Мовароуннаҳр аз азал ҷасуру диловар, муборизи ростину фидокори роҳи Ватан буда, бар зиди ҳар душмани бузурге бидуни ҳарос ва тарсу ваҳм далерона мубориза бурдаанд. Дар тамоми давраҳои таҳоҷумӣ истилогарон ба ин сарзамин, мардуми ин минтақа, яъне тоҷикон бо шуҷоату диловарии хеш зидди аҷнабиён мубориза мебурданд. Ба қавли ибни Ҳавқал “нерӯмандӣ ва далерии онон чунон аст, ки дар билоди ислом мардуме ҷанговартар аз онон нест”. Дар “Ҳудуд-ул-олам” низ омадааст, ки онҳо “мардумонеанд ҷангӣ ва ғозипеша ва тирандоз”. Аммо, мутаассифона дар тамоми мароҳили таърихӣ баъзе аз сифотҳои онон, аз қабили нобоварӣ ба якдигар, пароканда амал намудан, бартариҷӯйи хеш, эътимод ба бегонагон моро шикасту дур аз ҳамдигар сохт.

Мардуми Мовароуннаҳр халқи саховатпеша, накукор, меҳрубон, меҳмоннавоз ва донишманду мутамаддин буданд. Ин хислатҳои онҳоро чандин сарчашмаҳои асримиёнагӣ тасдиқ мекунанд. Чунончӣ, муаллифи “Сурат-ул-арз” ибни Ҳавқал нигоштааст, мардуми ин сарзамин “ба некӣ роғиб ва дорои ҳадафи муқаддасанд. Ба зердастону бандагон бахшиш мекунанд ва дорои шавқату муноҷоту қувват ва далериву бузургворӣ ва донишу салоҳанд ва афроди бисёр ва созу барг доранд… бахшиши онҳо чунон аст, ки гӯё ҳама афроди як хонаанд ва касе, ки ба хонаи дигаре ворид шавад, гӯё ба хонаи худ дармеояд. Бисёр меҳмоннавозанд ва аз меҳмоне, ки шабона бад-онон ворид шавад, нохурсанд нестанд, балки аз вай пазироӣ мекунанд, бе он ки вайро бишносанд…ҳангоме, ки меҳмоне ба ноҳия ворид шавад, мардуми он ҷо дар пазироии ӯ ба якдигар пешӣ меҷӯянд ва дар ин бора ба низоъ бармехезанд”. Мақдисӣ низ ин сарзаминро “Зархезтарин заминҳои Худо” дониста, қайд мекунад, ки ин ҷо “саршор аз некиҳо, ободонӣ, донишпарварӣ,…диндорӣ, нерумандӣ,…дилпокӣ, ҳамзистӣ мебошад. Мардум сарватманд, покдоман, некхоҳ, меҳмоннавоз, донишмандпараст ҳастанд. Хулоса, ислом дар онҷо шодоб, давлат нерӯманд, додгари устувор, …пешаворони моҳир…он ҷо акнун маркази илмӣ ва ҷойгоҳи иршод аст… Конҳои онҷо гаронбаҳо, корвонсароҳояш фаровон, обҳояш сабук, беҳдошташ солим аст. Истахӣ низ Мовароуннаҳрро “аз ҳама иқлимҳо пурнеъматтарин дар доираи Ислом” хонда, мардумашро аҳли хайр, саломат, дастгушода, шермард, меҳмоннавоз ва салоҳдӯст баён доштааст. [4. с. 221-228] Дар “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод”-и ҷуғрофидони машҳури асри XIII Закариёи Қазвинӣ низ омадааст: “Аҳлаш аҳли хайр, дар диндорӣ ва илму мурувват накӯкор мебошанд. Дар аксари Мовароуннаҳр одамон чунонанд, ки гӯё дар як ҳавлӣ зиндагӣ менамоянд. Ҳар як шаҳрванд ё ғарибе, ки он ҷо ба меҳмонӣ меояд, гӯё, ки ба хонаи худ омадааст. Ҳиммати ҳар яки онҳо дар кушодадастию саховатмандӣ аз дороӣ шинохта надорад ва онҳо дар ивази саховати худ нигарони мукофоте нестанд. Муаллифи асари ҷуғрофии “Ҷаҳоннома” Муҳамад ибни Наҷиби Бакрон доир ба шаҳрҳои Мовароуннаҳр иттилоъ дода, ҳамзамон қайд мекунад, ки “аҳли Мовароуннаҳр шаробдӯсту тозамизбон бошанд ва ба хайрот майл кунанд”. Воқеан, ин ҳама хислатҳое, ки мардуми Варорӯд-тоҷикон дар қуруни вусто доштанд, имрӯз ҳам аксарияташон дар тинати тоҷикон побарҷост.

Табиати Мовароуннаҳр низ хеле ҷолиб аст. Ин сарзамин дорои обҳои фаровон, заминҳои ҳосилхез ва кону маъданҳои бешумор буд. Чи тавре ки сарчашмаҳои ҷуғрофӣ табиати ин манотиқро тасвир намудаанд “Обҳои он ҷо ширинтар ва гуворотару сардтар ва сабуктарин обҳост. Дар ин сарзамин маъодани оҳан…, тилло ва нуқра… фаровон аст” ва андар кӯҳҳои вай маъдани сим аст ва зар сахт бисёр, бо ҳама ҷавҳарҳои гудозанда, ки аз кӯҳ хезад, бо ҳама доруҳо… чун зогу зарних ва гӯгирду навшодир. Истахрӣ ҳам обҳои ин ҷоро “хуштарину сабуктарини ҳамаи обҳо” гуфта, фаровонии об ва маъдани оҳану симу зарро баён доштааст. Қазвинӣ низ айнан ин нуқтаро баён дошта, қайд мекунад, ки Мовароуннаҳр “навоҳии ободу ҳосилхез ва дорои хайри зиёд аст. Дар он ҳеҷ шаҳру деҳа ё киштзору чарогоҳе нест, ки обод набошад. Ҳавояш беҳтарин ҳавою обаш гуворотарин об ва ниҳоят гуворо аст. Оби шири тамоми кӯҳҳо ва гирду атрофи онро фаро гирифта. Хокаш ҳам хуштарин хок мебошад”.

Ҳамин тариқ, Мовароуннаҳр муҳимтарин сарзаминҳои таърихи тоҷикнишин буда, аз бузургтарин марказҳои илму адаб дар қуруни вусто ба шумор меравад. Он манотиқи фарохеро дар бар гирифта, аз ноадолатиҳои таърих имрӯз дар ҳудуди чанд давлат қарор дорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки тоҷикон сокинони аслӣ ва бумии ин сарзамин буда, қавму халқиятҳои дигар дар мароҳили гуногуни таърихӣ вориди ин сарзамин гардиданд. Маҳз тоҷикон дар ин ҷо тамаддуни бузургеро ба вуҷуд оварда, шаҳрҳое чун Самарқанду Бухоро ва Хуҷандро ба пешрафтатарин шаҳрҳои замон табдил доданд ва дар ин манотиқ ҳазорҳо олимону донишмандонро тарбия намудаву ба камол расонида, ба майдони илму адаб ворид намуданд, ки имрӯз ҳам номи онҳо шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҳамакнун, миллати моро зарур аст, ки рӯй ба таърих оварда, аз он беҳтарин лаълу дурдонаҳои маърифатро ҷудо намуда, ба худ интихоб намоем ва тоҷик будани худро собит созем. Рӯ овардан ба таърих шояд он ҳама сарзаминҳои аз дастрафтаамонро ба мо боз пас нагардонад, аммо дар роҳи дифоъ ва аз даст надодани сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон ба мо дарси ибрате хоҳад дод.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,

Самандар МАҲМАДАМИНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь