Насли либерале, ки дар Осиёи Марказӣ бо кӯмакҳои молии ғарбӣ бузург шуд, дастёри сиёсати хориҷии таҳоҷумии ҷадиди Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд
Таври маълум, дар Иёлоти Муттаҳида як раисҷумҳури ҷадид сари қудрат аст. 47-мин бути ҷадиди сиёсати ҷаҳонӣ. Журналистон даҳон пора мекунанд, ки ӯ 80 қонуни раисҷумҳури қаблиро лағв ва 200 қонуни худро муаррифӣ кардааст. Тамоми расонаҳо ва сиёсатмадорони ҷаҳон аз қабл ва баъд аз таҳлифи Трамп сӯҳбат мекунанд. Ҷаҳон бипазирад ё напазирад, ҳатто бигӯяд, ки Амрико заиф аст, расонаҳои ҷаҳонӣ маҳз аз он таҳлиф сӯҳбат мекунанд.
Фақат ин аст, ки мо бояд ба чиниҳо эҳтиром қоил шавем: минбари расмии ҳукумати онҳо, рӯзномаи “Женмин жибао”, хабари ин рӯйдодро дар сафҳаи 8-ум мунташир кард. Дар ҳақиқат, он ба номи худ, ки “рузномаи ҳаррӯзаи мардум” тарҷума мешавад, мутобиқат дорад. На дар сафаҳоти аввал, тавре ки, аз ҷумла дар Русия, иттифоқ афтид. Дар сафҳаи 8-ум. Чиниҳо инро возеҳ сохтанд, ки онҳо ин рӯйдоди он тарафи уқёнусро фақат аз нуқтаи назари манофеъи миллии худ мебинанд.
Чӣ мешавад гуфт? Дар расонаҳои русӣ – дар сафаҳоти аввал ин хабарро нашр карданд. Ба назар мерасад, ки Федератсияи Русия наметавонад аз он эҳсоси “ҳамгомасозии соатҳои худ” бо онҳо, ки дар даҳаи 90 дар худ парварида буд, халос шавад. Эҳсосе, ки пас аз фурӯпошии рӯҳияи рақобатие, ки дар солҳои ҳукумати Шӯравӣ вуҷуд дошт, падид омад. Ба ҳар ҳол, ёдам меояд, ки дар замони Шӯравӣ дар саҳафоти аввали ахбори расмӣ аввал аз умури кишвари азизи худ мегуфтанд ва сипас чанд сатри содаву парешону камаҳмият дар мавриди умури хориҷ аз кишвар. Дар ҳақиқат, ин як усули таблиғотӣ буд, ки ба тақвияти меҳанпарастӣ кӯмак мекард.
Акнун чеҳраҳои ҷадид, мубаллиғони сиёсату иқтисоди ҷаҳони нав, дар хориҷ аз кишвар ҳузур ёфтаанд. Аврупо ва кишварҳои Шарқ бо нафаси гирифта тамошо мекунанд то бубинанд Трамп, як навъ Жириновскийи амрикоӣ, чӣ фармони баъдиро имзо хоҳад кард. Русия ба як ҳисси ғурур, эҳтиром ба худ ва қудрат ниёз дорад, то бар, он гуна ки дар замонҳои сотсиалистӣ мегуфтанд, компрадоризм пирӯз ояд.
Давлати ҷадиди Амрико барои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ паёми хубе надорад. Трамп камтар либерал, сахтгир ва бештар амалгаро аст. Ӯ он Байден нест, ки бо ҳаво даст медиҳад, балки як муҳофизакори ҷамъии амрикоист, ки омода аст “Амрикоро дубора бузург кунад”, ҳамон шиори интихоботии Трамп.
Давлати ҷадиди Иёлоти Муттаҳида, ки корро аз наздиктарин ҳамсояҳои худ – Панама, Мексика ва сипас Канада – оғоз кардааст, қасди таваққуф дар он ҷоҳоро надорад. Дар теъдоде аз расонаҳо дида мешавад, ки аз фурӯпошии созмони давлатии радикалии машҳури USAID – Агентии тавсеаи байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида аз сӯи Илон Маск хушҳолӣ мекунанд. Маълум аст, ки ин созмон дар кишварҳое, ки манофеъи Амрико ба унвони як авлавият дар фаъолиятҳои USAID таъриф шуда буд, чӣ навъ тавсеае анҷом дод. Шуруъ аз иқдомоти безарари башардӯстона, ки таҳти пӯшиши он гоҳе дахолати фоҳиш дар умури дохилии кишварҳои муайян сурат мегирад. Ниёзе ба ҷустуҷӯи як мисол дар дуриҳо нест: мушорикати ин идора дар ташкили Қонуни Асосии соли 1993-и Русия ва ҳаводиси ғамангези перомуни он тақрибан сабаби як ҷанги дохилӣ шуд. Либералҳои русӣ он замон омода буданд ба хотири пирӯзии идеяашон хун бирезанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, низ ҳамеша таҳти фишори танишҳои доимии сиёсӣ қарор доштанд. Равишҳои мудирият ва нуфуз бар сиёсатҳои маҳаллӣ ба таври фаъол дар ин минтақаро намояндагони USAID эҷод ва озмоиш мекарданд. Ҷавҳари таҳаввулоти кунунӣ дар сиёсати хориҷӣ дар матни ин идора, бозсозии аҳдоф ва бозбинии он бахше аз фаъолият аст, ки радикализмро баён мекунад. Иёлоти Муттаҳида талош мекард ҳамаро ба истисно будани худ ва ҳаққи худ барои тасмимгирӣ дар мавриди сарнавишти кишварҳо ва мардуми дигар бовар кунонад. Ҷаҳон бояд сиёсати инзивоталабонаеро, ки Трамп дар суханрониҳои худ таблиғ мекард, фаромӯш кунад.
Талошҳо барои эҷоди як “минтақаи ҳоил” аз Осиёи Марказӣ барои муқобила бо Русия ҳеҷ гоҳ аз дастури кори сиёсати Ғарб маҳв нашудааст. Ин ҳақиқатро, ки Иёлоти Муттаҳида қодир ба бозсозии амиқи зиндагии ҷомеаҳои маҳаллӣ аст, чунин падидаи низомӣ-сиёсие ба монанди Толибон, ки худро дар Афғонистон маҳкам кардааст, ба вузуҳ нишон медиҳад. Амрико бо истифода аз нерӯҳои радикали маҳаллӣ, на танҳо Толибон, балки Алқоида ва ДОИШ (мамнуъ дар Федератсияи Русия)-ро дар ҷаҳони араб ба вуҷуд овард. Бидуни кӯмаки созмонҳои вобаста ба ҳамон USAID, ин проектҳо қобили иҷро набуданд.
Табиист, ки нуфузи хориҷӣ фақат он замон шанси муваффақият дорад, ки як пояи ғизоӣ дошта бошад. Бо бузург кардану тағзияи радикалҳо дар маҳалҳо, албатта, дур аз худ, Амрико моҳирона бо орзуҳои ҳамон ҷумҳуриҳои осиёӣ барои тақвияти ҳокимият ва пояҳои демократии худ дар пайи фурӯпошии қудрати Шӯравӣ дар даҳаи 90 бозӣ кард. Аммо амрикоиҳо аҳдоф ва манофеъи худро доранд…
Дар тӯли ин солҳо, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ таҷрибаҳои ғанӣ дар равобит бо Иёлоти Муттаҳида ба даст оварданд. Аз шавқу шӯри собиқ дар даҳаи 90 ба сабки “Ғарб ба мо кӯмак хоҳад кард!” ҳеҷ чиз боқӣ намонд, ба истиснои шояд насли либерал, ки бо кӯмакҳои молии ғарбӣ бузург шуд. Дақиқан ҳамин даста аз мардум аст, ки ба баҳонаҳои мухталиф омода хоҳад буд то як бори дигар дастёри сиёсати хориҷии таҳоҷумии Иёлоти Муттаҳида шавад. Таҷрибаи талхе, ки Осиёи Марказӣ ба даст овардааст, мумкин ба унвони масуният дар муқобили анвоъи мухталифи таҳоҷумоти хориҷӣ муфид тамом шавад.
Нависанда: Ҷамбулот Сардолов, коршиноси сиёсат, дин ва терроризм (Чеченистон, Русия)