Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) радабандии нави тимҳои миллии ҷаҳонро тартиб дод. Дар рӯйхати нав, ки санаи 22-юми июн нашр шуд, тими миллии Тоҷикистон мавқеашро беҳтар намуда, аз зинаи 114-ум ба зинаи 108-ум поин фаромад. Сабаби асосии беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар ин рӯйхат ба ҳунарнамоии муваффақонаи тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 арзёбӣ мегардад. Дастаи мо дар ин марҳила мунтахабҳои Мянмар (4-0) ва Сингапурро (1-0) шикаст дод. Инчунин, бо Қирғизистон мусовӣ (0-0) бозӣ намуд ва аз гурӯҳи “F”-и мусобиқа бо ишғоли ҷойи аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифт. Чунин комёбӣ барои касби имтиёз ва беҳтар шудани мавқеи тими миллии мо дар ФИФА замина шуд.

Бояд зикр намуд, ки тӯли фаъолияти ин созмони футболӣ беҳтарин мавқеъ барои тими миллии Тоҷикистон касби зинаи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи ношоиста бошад, мавқеи 180-ум дар соли 2003 ба ҳисоб меравад.

Аз лиҳози бештар касб намудани имтиёз дар радабандии нави ФИФА мунтахабҳои Бразилия, Белгия, Аргентина, Франсия, Англия, Испания ва Италия ҳафтгонаи аввали рӯйхатро ташкил медиҳанд.

“Хуҷанд” дар “AFC” қаҳрамонӣ нишон дода метавонад?

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми “AFC” (Конфедератсияи футболи Осиё) идома дошта, дастаҳои иштирокчӣ ду даври онро пушти сар намуданд. Тимҳои “КМВА” ва “Хуҷанд” Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ мекунанд. Дастаи “КМВА”, ки дар гурӯҳи  “Е” қарор дорад, дар бозии нахуст бо “Олтин Асир” (Туркманистон) мусовӣ (1-1) бозӣ намуд ва дар даври дуюм аз “Суғдиёна” (Ӯзбекистон) бо ҳисоби 3-2 шикаст хӯрд. Тими мо новобаста аз натиҷаи бозии сеюм бо дастаи “Нефтчӣ” (Қирғизистон) имкони аз гурӯҳ сууд карданро аз даст дод.

Дастаи “Хуҷанд” бошад, дар гурӯҳи “F” қарор дорад. Дар бозии нахуст онҳо тими “Копетдаг” (Туркманистон)-ро бо ҳисоби 3-1 шикаст доданд. Дастаи мо 30-юми июн бо “Дордой” (Қирғизистон) рақобат мекунад. Пирӯзӣ ё мусовӣ дастаи “Хуҷанд”-ро ба марҳилаи баъдӣ мебарорад.

Қобили зикр аст, ки аз дастаҳои Тоҷикистон натиҷаи беҳтарин ва қобили васфро дар Ҷоми “AFC”  танҳо тими “Истиқлол” нишон додааст. Дастаи пойтахт ду маротиба, солҳои 2015 ва 2017 ба бозии финалӣ роҳхат ёфта, ба гирифтани нишони нуқраи ин мусобиқаи қоравӣ даст ёфтааст. Ҳамакнун, “Истиқлол” иштирокчии бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё мебошад. Дар мусобиқаи “AFC” бошад, ба дастаҳои “Хуҷанд”, “КМВА”, “Равшан” ва дигар тимҳои қавии Лигаи олии Тоҷикистон умед мебандем.

Иштироки номуваффақи ҷудоварзони тоҷик дар Муғулистон

Рӯзҳои 24-ум то 26-уми июн дар Муғулистон, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши ҷудо, таҳти унвони “UlaanBattar Grand Slam-2022” баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ се ҷудоварзи тоҷик-Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, (ҳар ду -73 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90 кг) иштирок намуданд. Вале ба гирифтани унвонҳои фахрӣ даст наёфтанд.

Беҳрӯз дар даври аввал ҷудоварзи мизбон Уранбайар Одгерелро шикаст дода, дар даври дуюм аз Маҳмадбек Маҳмадбеков, тоҷиктабори намояндаи Русия шикаст хӯрд. Сомон Маҳмадбеков бошад, дар даври аввал аз варзишгари ӯзбек Шаҳром Аҳадов ва Амирҷони Насимҷон аз ҷудокори мизбон Мунхбайар Баттогтох шикаст хӯрда, мусобиқаро бидуни натиҷаҳои назаррас тарк намуданд.

Баҳодур Усмонов аз мусобиқаи байниқитъавӣ медали тилло гирифт

Баҳодур Усмонов, муштзани ҷавону умедбахши тоҷик дар мусобиқаи байниқитъавӣ, ки миёни Осиё ва Русия гузашт ба гирифтани медали тилло даст ёфт. Дар ин бора сомонаи расмии “varzishtv.tj” хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Баҳодур Усмонов, ки Осиёро зери вазни то -63 кг намояндагӣ мекард, дар қуваозмоии чаҳорумаш бар муштзани рус Александр девятов дар Суперфинали Ҷоми байниқитъавии бокс пирӯз шуд.

Муштзани тоҷик дар се рақобати гузаштаи ин мусобиқа низ ҳарифони худро шикаст дода буд. Манбаъ зикр мекунад, ки дар вохӯрии чаҳоруми ин мусобиқот Баҳодур ягона варзишгари осиёие буд, ки бар муштзани рус зафар ёфт. Дар чаҳор муҳорибаи дигар русҳо муштзанҳои осиёиро шикаст доданд. Ин пирӯзии чаҳоруми Баҳодур дар моҳи охир мебошад.

Левченко-сармураббии “Истиқлол” аз вазифааш канор рафт

Сармураббии дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе Виталий Левченко аз вазифаи худ канор рафт. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи “Истиқлол” хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими пойтахтро  Алишер Тӯхтаев муваққатан ба ӯҳда дошта, ин дастаро ба бозиҳои дар пешистодаи чемпионат ва Ҷоми кишвар омода менамояд.

Зери ҳидояти Левченко дастаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои дохилӣ бозии устувор нишон дод. Инчунин, бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё иштирок намуд то дар даври 1/8 ниҳоии ин мусобиқа бозӣ намуда, дар ин марҳила ноком шуд.

Ба навиштаи сомонаи тими пойтахт, роҳбарияти дастаи “Истиқлол” барои ҳамкориҳои судманд ба Виталий Левченко ташаккурӣ намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш комёбӣ хостаанд.

Равзанаи “гарм”-и тобистона барои футболбозон шурӯъ шуд

Равзанаи гузариши тобистонаи футболбозон ва ё бозори “гарм”-и олами футбол бомаром идома дорад. Дастаҳои муқтадири футболӣ дар пайи ба даст овардани футболбозони тавоно ва номвар шудаанд. Ин баҳри қавӣ гардонидани ҳайати худ ва нишон додани бозиҳои арзанда дар мавсими оянда ба ҳисоб меравад. Мисли анъанаҳои пешина “Топ-5” кишварҳои Аврупо дар пайи ҷалби футболбозони саршинос “остин барзадаанд”.

Аз ҷумла, санаи 22-июн сомонаи расмии дастаи “Бавария”-и Олмон собиқ ҳамлавари “Ливерпул” Садио Манеро ҳамчун бозингари нави худ муаррифӣ намуд. Мюнхениҳо барои ин бозингар 32 млн евро сарф намуданд. Ҳамлавари 30-солаи сенегалӣ то соли 2025 бо дастаи “Бавария” шартнома ба имзо расонда, зери шумораи 17 дар ин тим ҳунарнамоӣ мекунад.

Яке аз сабаби асосии ба “Бавария” ҷалб намудани Мане қавӣ намудани хати ҳамла мебошад. Чунки, ҳамлавари соҳибном Роберт Левандовский ҳайати тими олмониро дар ин равзанаи трансферӣ тарк карданӣ буда, ба дастаи “Барселона” гузариш кардан мехоҳад.

Агар аз бозингарони то андозае саршиноси олами футбол гӯем, месазад Гарет Бэйл, Луиз Суарез ва Ҷорҷо Келлиниро қайд кунем, ки аз маъруфият орӣ набуданд. Онҳо дастаҳои худро ҳамчун бозингарони озод тарк намуда, тимҳои Амрикои Лотиниро ихтиёр намуданд. Бейл, собиқ бозингари “Реал” ва Келлини сарбони содиқи “Ювентус”, ки аз соли 2005 инҷониб дар ин тим бозӣ мекард, ба дастаи “Лос-Анҷелес”-и Амрико гузариш намуда, ба муддати як сол шартнома ба имзо расониданд. Суарез, собиқ бозингари дастаҳои “Барселона” ва “Атлетико Мадрид” бошад, ба тими “Ривер Плейт”-и Аргентина пайваст.

Сомонаҳои варзишии аврупоӣ тахмин мезананд, ки дар ин равзанаи тобистона имкон ҳаст, ки бозингари фаронсавии “Манчестер Юнайтед” – Пол Погба, ба дастаи “Ювентус” гузариш намояд. Ӯ футболбози озод аст ва имкони бо дилхоҳ даста шартнома бастанро дорад. Погба таҷрибаи бозӣ дар дастаи “Ювентус”-ро дорад (аз соли 2012 то 2016). Дастаи шаҳри Турин низ хостори ба даст овардани ин бозингар мебошад. Инчунин, талабгорони Погба “Реал Мадрид” ва “ПСЖ” низ мебошанд.

Ояндаи Роналду то ҳол дар “МЮ” номаълум аст. Сомонаҳои варзишӣ дар бораи ин бозингар низ хабарҳои зиёд нашр мекунанд. Ва пайвастани ӯро ба дастаҳои гуногун тахмин мезананд. Аз бозиҳои бебарори дастаи “Манчестер Юнайтед” дар мавсими гузашта ва оғози гузаришҳои тобистона чунин хабарҳо боз ҳам бештар шуданд.

Шартномаи бозингари 37-сола бо “МЮ” то тобистони соли 2023 ҳукм дорад. Дастаи англисӣ пас аз касби зинаи 6-уми ҷадвал дар Лигаи бартари Англия ҳақи иштирок дар Лигаи қаҳрамонҳоро аз даст дод. Роналду дар “МЮ” боқӣ мемонад ва дар Лигаи Аврупо бозӣ мекунад ё ӯро ба бозори фурӯш мебароранд, то анҷоми ин тобистон маълум хоҳад шуд.

Нуриддин Давронов ба Ҳиндустон рафт

Нуриддин Давронов, ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон ва “Истиқлол” ба дастаи “Муҳаммедан”-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон гузариш намуда, корномаи варзишиашро дар он ҷо идома медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии тими ҳидустонӣ ва “Истиқлол”-и Душанбе хабар дод. “Муҳаммедан” дар Лигаи якуми дивизиони аввали Ҳиндустон бозӣ мекунад. Нуриддин Давронов чанд соли охир дар тимҳои кишварҳои Сербия, Булғория, Индонезия ва дигар дастаҳои осиёӣ бозӣ мекард. Ӯ соли 2022 ба ҳайати “Истиқлол” пайваст шуд.

Таҳияи Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь