Тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқи интихобии Ҷоми Осиё-2023 се рақобат мегузаронад. Бозиҳои мазкур дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мешаванд. Дастаи мунтахаби тоҷикистон дар гурӯҳи “F”-и мусобиқа бо дастаҳои Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) майдондорӣ хоҳад кард.

Қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мо бо мунтахаби Сурия бозии дӯстона мегузаронад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Бозии мазкур шоми 1-уми июн дар шаҳри Дубайи АМА доир мегардад.

Дастаи умеди кишвар умедҳои моро бароварда мекунад?

Дастаи умед (олимп)-и Тоҷикистон барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 30-юми май ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар намуд. Бо сабаби хуб набудани саломатии Мубин Эргашев, сармураббии тими умеди кишвар иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими моро Аслиддин Ҳабибуллоев, муррабии дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ба ӯҳда дорад.

Бояд зикр намуд, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои то 23-сола аз 1-ум то 19-уми июн дар кишвари ҳамсояи мо – Ӯзбекистон баргузор мегардад. Бозии аввалини ҳамватанонамон рӯзи 3-июн бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ хоҳад буд. Рақобатҳои дигар бо АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) дар назар аст.

Дар ҳайати дастаи умеди мо исми ҳамлавари шинохта, Рустам Соиров ҷой дода нашудааст. Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки дар он гуфта мешавад, Соиров барои шабгардӣ аз ҳайати дастаи мунтахаби 23-солаҳо хориҷ карда шудааст.

Футболбози тоҷик беҳтарин бозингари Лигаи якуми Русия

Муҳаммад Султонов, бозингари тоҷик, ки дар дар дастаи “Торпедо”-и Лигаи аввали Русия бозӣ мекунад, беҳтарин бозингари мавсим эътироф шудааст. Дар ин маврид сомонаи “Sport tj” хабар медиҳад. Бозингари тоҷик дар мавсими хатмёфта ба дарвозаи ҳарифон 15 гол зада, ҳамзамон 12 паси голӣ анҷом додааст.

Муҳаммад зодаи Тоҷикистон аст. Вале аз наврасӣ ва оғози корномаи варзишии худ дар дастаҳои Русия бозӣ мекунад. Ин бозингар 29 сол дошта, дар хати ниммуҳофизаи майдон ҳунарнамоӣ мекунад. Футболбози мазкур шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия аст, вале то ҳол ба тими миллии Тоҷикистон даъват нашудааст.

9 медали варзишгарони тоҷик аз Ӯзбекистон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба навъи варзиши таэквондо (WT) дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 9 медал ба даст оварданд. Ин мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон аз 21-ум то 24-уми май дар шаҳри Ташканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид ва дар он беш аз 1200 варзишгар аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 46 нафар – 36 варзишгар, 4 довар ва 6 мураббӣ дар мусобиқа иштирок карда, ба гирифтани 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

Абдуҷаъфари Баҳодур ва Мино Шарифова миёни наврасон, Фарида Ғуломова ва Муниса Ойматова миёни калонсолон ба гирифтани медали нуқраи ин мусобиқа даст ёфтанд.

Медалҳои биринҷии варзишгарони тоҷикро Хосият Сафарова ва Нурина Алиназарова миёни наврасон, Муниса Исматова, Абумуталиб Мирзоев ва Муҳаммадҷон Сунатов миёни калонсолон ба даст овардаанд.

Шоҳкории дигарбораи “Реал Мадрид” дар Лигаи қаҳрамонҳо

Мавсими имсолаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ба поён расид. Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои “Реал Мадрид”-и Испания ва “Ливерпул”-и Англия барои унвони қаҳрамонӣ мубориза бурданд. Рақобати мазкур дар майдони “Стад де Франс”-и шаҳри Парижи Фаронса доир гардида, бо ҳисоби 1-0 бар суди дастаи “шоҳона” ба анҷом расид. Голи ягонаи ин майдондориро дар дақиқаи 58-ум бозингари бразилягии дастаи “Реал”, Винисиус Ҷуниор ба ҳадаф расонд.

“Реал Мадрид” дар таърихи мавҷудияти худ маротибаи 14-ум аст, ки ҷоми мусобиқаи мазкурро ба даст меорад. То кунун ягон даста ба чунин нишондод даст наёфтааст.

Дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Ливерпул” дар таърихи бозиҳои финалии мусобиқаи мазкур се дафъа бо ҳам вохӯрдаанд. Бозии нахусти онҳо дар мавсими солҳои 1980-1981 доир шуда, бо ҳисоби 1-0 бар нафъи “Ливерпул” хатм шуда буд. Дар рақобати дигари даври ниҳоӣ соли 2018 “Реал” пирӯзӣ ба адаст овард.

Иско ва Марсело бо “Реал” хайрухуш карданд

Ниммуҳофизатгари дастаи “Реал Мадрид”, Иско дар шабакаи иҷтимоии Инстаграми худ хабар дод, ки тими “шоҳона”-ро тарк мекунад.

Шартномаи бозингар бо даста тобистони ҳамин сол ба анҷом мерасад. Вале роҳбарияти клуб бо бозингари испанӣ барои дароз намудани қарордод ба мувофиқа нарасидаанд.

Иско соли 2013 аз дастаи “Малага”-и Испания ба “Реал” пайваста буд. Дар ҳайати клуби шаҳри Мадрид  Иско 353 бозӣ гузаронида, ба задани 53 гол ва 56 паси голӣ даст ёфтааст. Футболбози испанӣ дар ин муддат бо дастаи “шоҳона” 19 ҷоиза ба даст овардааст. Аз ҷумла панҷ дафъа ҷоизадори мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо гардидааст. Коршиносон ҳадс мезанад, ки дастаи ояндаи ӯ тими дигари испанӣ, “Реал Бетис” хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки чанд рӯз пеш дастаи “Реал”-ро серҷоизатарин футболбози ин тим, Марсело низ тарк кард.

Соҳиби нави “Челси” муайян шуд

Расман миллиардери амрикоӣ, Тодд Боули  дастаи “Челси”-ро харидорӣ намуд. Ҳамакнун, давраи Абрамович дар ин дасата ҳам ба фарҷом расид.

Ҳукумати Бритония барои фурӯхтани дастаи “Челси” розӣ шуд.
Мақомоти кишвар, ПЛА ва дигар мақомот аллакай ҳама чизро ба мувофиқа расонидаанд. Ҳамчунин, тими “Челси” ҳам расман тасдиқ кард, ки гурӯҳе зери роҳбарии Тодд Боули ва Клирлейк Капитал созишномаи хариди дастаро ба анҷом расонидаанд.

Таҳияи Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here