Мо аз ин кишвар қарзи пулӣ надошта бошем ҳам, чизҳое барои омӯхтан қарз дорем

Ин танҳо Ҳамрохон Зарифӣ буд, ки 28 июл, вақти изҳори сипос ба ҷониби Ҷопон мегуфт ӯро “барои хизматҳои ночиз” – аш бо Ордени Тулӯи Офтоб (“Орден восходящего Солнца”) -и дараҷаи яки Императори Ҷопон қадрдонӣ намудаанд.

Дар асл, он ордени қадимтарини Ҷопон аст, ки бисёр мӯътабар буда, бо декрети Шӯрои Давлатии ин кишвар ҳанӯз 10 апрели соли 1875 таъсис ёфтааст. Бо ин ки то соли 2003 танҳо мардонро ҳам аз бахши низомӣ ва ҳам аз мулкӣ бо ин орден қадрдонӣ мекарданд, метавон ҳикмат ва қурби баланди онро ҳадс зад.

“САҲМИ НОЧИЗ”И ЗАРИФӢ

Дуруст аст, ки шаҳрвандони хориҷиро бо ин орден ҳанӯз аз соли 1876 қадрдонӣ мекунанд ва сафири рус дар Ҷопон Кирилл Василевич Струве аз аввалинҳост, ки ҳамон сол бо ин орден мукофотонида шуд.

Аммо аз Тоҷикистон то соли 2019 касе ин ордени дар ҷаҳони дипломатӣ муҳимро сазовор нагашта буд. Марти ҳамон сол собиқ вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров нахустин тоҷике гашт, ки Ордени Тулӯи Офтобро соҳиб шуд.

Воқеан, дар маъракаи қадрдонии Ҳамрохон Зарифӣ устодаш Талбак Назаров ҳам ширкат дошт ва “саҳми ночиз” -и ӯро зикр кард:

– Дар таҷрибаи беш аз 30 солаи фаъолияти дипломатиаш Ҳамрохон Зарифӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо бисёр кишварҳо саҳми арзанда гузоштааст. Солҳои аввали истиқлолият ва замони душвор барои Тоҷикистон ҳамкориҳои дипломатӣ, аз ҷумла бо Ҷопон шакл нагирифта буданд. Онҳо дар ибтидо сафорат ва баъдан сафири хос барои Тоҷикистон надоштанд. Сафире доштанд, ки барои чанд кишвар буд ва соле ҳамагӣ як ё ду бор меомад. Зарифӣ он вақт дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон масъулияти муҳим дошт ва мо ҳамроҳ тавонистем барои фаъол шудани сафорати Ҷопон дар кишварамон муваффақ шавем, – гуфт пири дипломатҳои тоҷик.

Зимнан, гуфта шуд хидматҳои Зарифӣ бо ин тамом намешаванд. Ҳамон тавре баъдан дар ин маърака таъкид доштанд, маҳз замоне, ки Зарифӣ сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъин гардид, аввалин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар ташкил шуд. Ҳамин тавр, ҳамкориҳои байни ду кишвар, ки то он вақт аз ҷумла дар бахши иқтисод чандон ризоиятбахш набуд (масалан соли 2017 чизе дар атрофи 30 миллион доллар), то андозае шакли фаъол гирифт.

Ин ҳам як далели дигар, ки Зарифӣ “хизматҳои ночиз” надошт. Аслан, Ҷопон кишваре нест, ки як мукофоти муҳиму таърихии худро “ҳамту” тақдим намояд.

Солҳои охир Ҷопон талош дорад бо Ордени Тулӯи Офтоб шахсиятҳои таъсиррасони ҷаҳониро қадрдонӣ намояд. Масалан соли гузаштаи 2022 муассиси Microsoft Билл Гейтсро “ба хотири кӯмак дар таҳкими низоми тандурустии кишварҳои дар ҳоли рушд” бо ин орден мукофотонида буданд ва умед карданд, ки “дар оянда ҳам саҳми худро дар рушди тандурустии ҷаҳонӣ мегузорад”.

Маълум аст, ки дар симои Зарифӣ ҷониби Ҷопон як шахсияти муҳимро пайдо кардааст. Ба ҳар сурат, маҳз пас аз сафирии ӯ лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷопон дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ авҷ гирифтанд.

СЕ ҲИКМАТИ ЗАРИФӢ АЗ ҶОПОН

Ҳамрохон Зарифӣ, ки пас аз курсии муҳими вазири корҳои хориҷӣ сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъин шуд, зимни суханрониаш пас аз қадрдонӣ бо орден лаҳзаҳои аввали фаъолияташ дар ин кишварро ба хотир овард:

– Вақте ба Ҷопон рафтам, сафорати кишварро аз маркази шаҳр ба канортар бурдам. Мехостам дар дохили ин мардум бошам, то барои худ асрори муваффақияти онҳоро аз худ намоям, – гуфт ӯ.

Чизҳои омӯзанда, албатта кам набуданд, аммо сафири тоҷик се ҳолатеро ба хотир овард, ки барои аксарият фавқулодда ва такондиҳанда буд:

– Ҳамон тавре гуфтам, мехостам барои сафорат бинои дигаре аз маркази шаҳр дуртар ва байни мардум пайдо намоям. Ахиран агенте, ки ба ин кор машғул буд, бинои хуберо пайдо намуд. Нарх кардем, аммо дертар соҳиби бино аз қарордод бо мо даст кашид ва нафари дигареро интихоб кард. Аз зеҳнам гузашт, ки шояд ба хотири пули бештар чунин мекунад. Барои ҳамин пули зиёдтар аз рақиб пешниҳод намудам. Боз ҳам посух рад шуд. Дертар, вақте аз агент сабаб пурсидам, ӯ посух дод: “Соҳиби моликият гуфт, ки мо ҷопониҳо дар шароити душвори табиӣ зиндагӣ дорем. Ҳар лаҳза имкони обхезиву вулқону дигар ҳодисаҳои фавқулодда ҳаст. Аз ин хотир, мо дар интихоб ҳамеша ба ҳамватани худ авлавият медиҳем, то ӯ кори муҳиме барои ҳамватанон анҷом диҳад”.

Воқеан, мо тоҷикистониёни зиёде дорем, ки маҳз аз рӯи ин формула кор мекунанд? Нашунидаем, ки ба хотири маблағ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар муҳоҷират ҳам, ҳамватани худро фиреб додаанд? Аммо ба хотири ду тангаи бештар “муҳаббати хос” –ро бо хориҷиён изҳор намекунанд?

Ҳолати дигар низ ҳикмати бештару муассиртар махсус барои мо дорад, ки онро Зарифӣ ёддошт кардааст:

– Дар Ҷопоне, ки беш аз 125 миллион нафар зиндагӣ мекунад, тақрибан партову ифлосӣ намебинед. Аммо ман ҳиҷ гоҳ надидам, ки кадом як ширкат,ё мисли мо аксаран бонувон ба тозакории кӯчаҳо машғул бошанд. Ҳайрон шудам ва хостам асрори инро донам. Аз як масъул боре дар ин бора пурсидам. Ӯ ҳайрон шуд: “Чӣ хел ширкат? Чӣ хел партов? Дар Ҷопон касе партовро дар кӯча ҳаво намедиҳад. Ҳар кас худаш дар ҷои муқарраршуда бурда мерезад. Аз ин хотир, зарурати таъсис додани ширкати ҷамъоварии партов боқӣ намемонад”.

Тасаввур кунед, ки агар ин кор дар Тоҷикистон иттифоқ афтад, чӣ қадар манфиат мебинем. Ҳам пулӣ ва ҳам маънавӣ, чун дигар моро таъна намекунанд, ки дар ин кори душвор занону бонувонро истифода мекунем.

Ҳолати сеюме, ки Ҳамрохон Зарифӣ нақл кард, бозгӯӣ аз бовиҷдониву адолати ҷопониҳо мекунад ва шояд барои мо нав нест. Аммо хеле муҳим аст:

– Дар Ҷопон одатан пиёдагардӣ мекардам, ё бо велосипед мегаштам. Як вақт телефони дастии худро, ки гаронарзиш буд, гум кардам. Чанд бор аз кӯчае, ки одатан қадамзаниву великсаворӣ мекардам, ба нияти ёфтани он гузаштам, вале телефон пайдо нашуд. Ахиран ба полис муроҷиат намудам. Аммо пайдо кардани он тӯлонӣ шуд. Дуруст аст, ки онро ёфтанд, аммо хеле дер. Сабаб пурсидам. Маълум шуд, ки телефонро нафаре пайдо кардаву ба хонаи нафаре супурдааст, ки дар наздикиаш онро ёфтааст. Соҳиби хона дар паҳлӯи дарвоза онро мегузорад, то дар сурати пайдо шудани соҳибаш, бигирад. Аммо ман он ҷоро надидам. Пас, онро ба пулиси минтақа медиҳанд. Чун ба он ҷо ҳам касе муроҷиат намекунад, баъд ба пулиси шаҳр месупоранд. Агар то он замон ҳам ман муроҷиат намекардам, телефон ба пулиси кишвар супурда мешуд, то соҳибашро ёбанд.

Пас, мо ҳам бояд дар ин бора фикр кунем, ки яке аз сабабҳои баракату пешрафти ҷопониҳо маҳз дар бовиҷдониву инсофу адолати онҳост…

Воқеан, дар охири суханронии худ Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ҳарчанд Ҷопон бо кишвари мо ҳамкориҳои хуб дораду мактабу муасссисаҳои тиббӣ месозад, Тоҷикистон аз онҳо ҳеҷ қарзе надорад. Онҳо ҳамчун кӯмак ин корҳои савобро мекунанд.

Вале ҳоло бояд мову Шумо сари ин фикр накунем, ки дар асл аз ин кишвар қарздорем?

Қарзи чӣ? Таҷриба, адолат, виҷдон ва инсоф.

Не?

Раҷаб Мирзо, махсус барои “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here