Дар бораи тиҷорати электронӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи Ready4Trade – Осиёи Марказӣ (R4TCA), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, гомҳои устуворе бардошта шуд.

Лоиҳаи Ready4Trade – Осиёи Марказӣ (R4TCA) барои дастгирии рушди савдои дохилиминтақавӣ ва байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ –  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон нигаронида шуда, шаффофияти талаботи танзими фаромарзӣ, аз байн бурдани монеаҳо дар тиҷорат ва таҳкими иқтидори корхонаҳоро барои риояи расмиёт ва стандартҳои тиҷоратӣ ва беҳтар кардани тиҷорати электронии фаромарзӣ ба вуҷуд меоварад.

Маркази тиҷорати байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба тиҷорати электронӣ ва васл намудани минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҷаҳон дар доираи лоиҳаи Ready4Trade – Осиёи Марказӣ Маркази иттилооти тиҷоратӣ барои ҳамгироии минтақавӣ ва рушди фарогири иқтисодиро бо номи Central Asia Gateway фароҳам овард, ки  он беҳтарин ва муосиртарин роҳнамои иттилооти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Роҳнамои иттилооти тиҷоратӣ дар суроғаи зерин дастрас аст:

https://infotradecentralasia.org/?lng=ru.

Портали Central Asia Gateway  ба тиҷорати минтақа барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бозорҳои байналмилалӣ кумак хоҳад кард. Бар назари коршиносон он як василаи муҳимми ҷалби сармоягузорӣ, рушди тиҷорат ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳибкорӣ дар минтақа хоҳад шуд.

Портал аллакай дар кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ба кор шурӯъ карда ва ҳоло ба зиёда аз 277 ҷараёни савдои ва аллакай ба зиёда аз 160 ҳазор корбарон хизмат расонидааст.

Роҳнамои иттилооти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ба порталҳои миллии савдои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар як торнамо ҷамъ мекунад, то дастрасии осони истифодабарандагонро ба маълумот дар бораи расмиёти савдои фаромарзӣ таъмин намояд.

Роҳнамои иттилооти тиҷоратии Осиёи Марказӣ шаффофияти пурраи ҳар як марҳаларо таъмин мекунад, хароҷот, вақт ва талошҳои марбут ба ҷустуҷӯи маълумот доир ба тиҷоратро коҳиш медиҳад, хавфи таъхири интиқоли борҳоро аз тариқи сарҳад ба ҳадди аққал мерасонад ва долонҳои тиҷоратӣ ва ҳамгироии тиҷорати минтақавиро дастгирӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки ҳоло порталҳои миллии савдо ба мақомоти марбутаи миллӣ дар пешбурди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар асоси қоидаҳо ва тартиботи шаффоф хизмат мекунад.

Қисмати асосии Роҳнамои иттилооти тиҷоратии Осиёи Марказӣ аз фароҳам овардани фазои муколама барои сиёсатгузорон ва иҷрогарон дар асоси Нишондиҳандаи мусоидат ба тиҷорат, ки мувофиқи шароити минтақа тарҳрезӣ шудааст, иборат мебошад.

Портали Central Asia Gateway  аллакай дар минтақа эътироф гардида ва тавсеаи идомаи он ваъда дода мешавад, ки дастрасии хадамот ва иттилоотро барои соҳибкорон ва сармоягузорон дар Осиёи Марказӣ беҳтар хоҳад кард. Ба назари иқтисоддонон ҳамчунин, он метавонад як имконияти хубе барои рушди иқтисоди минтақа ва ҷалби сармояи нав бошад.

Дар ин бора Юрий Скаскевич, менеҷери барномаи мазкур ва  Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон, чунин гуфт: «Ифтитоҳи Gateway Info Trade Осиёи Марказӣ як марҳилаи муҳим барои минтақаи Осиёи Марказӣ аст ва мувофиқи нақшаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии сармоягузории муассир ба инфрасохтори сифат мебошад. Ташаббуси дуюм – барномаи таълими идоракунии содирот – калиди кушодани иқтидори бахши хусусӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳаракат ба диверсификатсияи содирот аст”.

Ҳамчунин, чанде пеш (17-уми май) дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Алма-Ато конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тиҷорати электронӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани ҳамгироии минтақавӣ баррасӣ гардид.

Дар конфронс як қатор коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои давлатӣ, таҳлилгарон ва рӯзноманигорон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок доштанд. Конфронс ба таври виртуалӣ баргузор гардида ва бархе коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он ба шакли онлайнӣ ҳузур пайдо намуданд.

Конфронси мазкурро Маркази байналмилалии тиҷорати (МБТ) зери Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси лоиҳаи Ready4Trade – Осиёи Марказӣ (R4TCA), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад баргузор намуд. Лоиҳаи Ready4Trade – Осиёи Марказӣ (R4TCA) барои дастгирии рушди савдои дохилиминтақавӣ ва байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ:  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон нигаронида шуда, шаффофияти талаботи танзими фаромарзӣ, аз байн бурдани монеаҳо дар тиҷорат ва таҳкими иқтидори корхонаҳоро барои риояи расмиёт ва стандартҳои тиҷоратӣ ва беҳтар кардани тиҷорати электронии фаромарзӣ ба вуҷуд меоварад.

Дар қисмати ифтитоҳии конфронси виртуалӣ нахуст Елена Бутримова – масъули Маркази тиҷорати байналмилали доир ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Кестутис Янкаускас – сафири Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон ва Пйер Бонтоно – мушовири калон оид ба мусоидат ба савдои Маркази тиҷорати байналмилалӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои пайвастани минтақаро ба бозири ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар бахшҳои дигари конфронс оид ба имкониятҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои ҳамгироии минтақавӣ дар заминаи тиҷорат дар баробари дигарон, аз чумла, намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаронӣ намуданд.

Зимни конфронс масъалаҳои дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ва нақши платформаҳои онлайнӣ дар таҳкими экосистемаи тиҷорати электронӣ тавассути коршиносон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ппорталҳо як қисми шабакаи воситаҳои иттилоотии тиҷоратӣ мебошанд, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун беҳтарин намуна дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором эътироф шудаанд. То имрӯз, шабака зиёда аз 26 кишварро дар бар мегирад ва дар соли 2022 ба зиёда аз 2 500 000 истифодабаранда маълумот пешниҳод кардааст. Ин шабака пайваста тавсеа ёфта, ҳарчӣ бештар эътироф мегардад ва таваҷҷуҳи бештарро ба худ ҷалб менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь