Темур Раҳимов, ҷудоварзи тоҷик, аз мусобиқаи байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam 2022” медали биринҷӣ ба даст овард. Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 21-23 октябр дар шаҳри Абу-Забии АМА баргузор гардид. Темур дар вазни +100 кг Тоҷикистонро намояндагӣ карда, зинаи сеюми ин вазнро соҳиб шуд.

Темур рақобати худро аз даври 1\8 финал оғоз намуд. Ин варзишгар дар ду даври пайдарпай Бекмурод Олтибоеви ӯзбек ва намояндаи Озарбойҷон – Ҷамол Ғамзатхоновро шикаст дод. Вале дар даври нимниҳоӣ аз намояндаи Чехия – Лукас Крпалек шикаст хӯрд. Темур барои касби зинаи сеюм варзишгари Словакия Мариус Физелро мағлуб намуда, медали биринҷии вазни +100 кгро ба даст овард.

Маврид ба зикр аст, ки Темур Раҳимов дар соли 2022 мусобиқаҳои “Tel Aviv Grand Slam 2022” ва Antalya Grand Slam 2022”-ро низ бо медалҳои биринҷӣ ҷамъбаст намуда буд. Ҳамчунин, Темур дар Чемпионати ҷаҳон зинаи панҷум ва дар Чемпионати Осиё нишони нуқраро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2022” 11 варзишгари тоҷик иштирок намуд, вале танҳо Темур ба гирифтани нишони ин мусобиқа даст ёфт. Дар мусобиқаи мазкур 414 варзишгар (239 мард ва 175 бону) аз 65 кишвари олам иштирок намуд. Варзишгароне, ки мақомҳои фахриро соҳиб шуданд, барои иштирок дар бозиҳои олимпии Париж-2024 соҳиби имтиёз шуданд:  Зинаи аввал – 1000, мақоми дуюм – 700 ва мавқеи сеюм – 500 имтиёз.

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС ИШТИРОК МЕКУНАНД

Ҳашт нафар аз варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс иштирок мекунанд. Чемионати Осиё оид ба бокс, миёни мардҳо ва бонувон, 1-12 ноябр дар кишвари Урдун баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 30 кишвари қораи Осиё иштирок хоҳанд кард. Дар бораи ширкати муштзанҳои тоҷик дар ин мусобиқа Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.

Ба навиштаи манбаъ, кишвари моро дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар – 5 мард ва 3 – бону, инчунин, 2 мураббӣ намояндагӣ мекунанд:  Хусравхон Раҳимов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63, 5 кг), Шаббос Негматуллоев (-80 кг), Наврӯз Ҷафоев 9-86 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) миёни мардҳо, Рӯҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (-60 кг) миёни бонувон, Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев миёни мураббиён.

Ҷадвали баргузории Чемпионати Осиё оид ба бокс ба таври зайл аст: даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинали мусобиқа рӯзҳои 1-7, марҳилаи нимниҳоӣ 9-10 ва даврҳои финалии ҳар як вазн 11-12 ноябр баргузор мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки варзишгарони тоҷик дар замони истиқлоли кишвар, аз Чемпионати Осиё оид ба бокс 20 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 13 биринҷӣ ба даст овардаанд. Медалҳои тиллои варзишгарони тоҷик ба муштзанҳои зерин мансубанд.

Ҷаҳон Қурбонов (-75 кг, 2008 – Ветнам)

Мавзуна Чориева (-60 кг, 2010 – Қазоқистон)

Анвар Юнусов (-57 кг, 2011 – Кореяи Ҷанубӣ)

Баҳодур Усмонов (-64 кг, 2019 – Тайланд)

ПИРӮЗИИ САМАНДАР МУРОДОВ ДАР МУСОБИҚАИ “ROUD TO UFC”

Самандар Муродов, размкори ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи “Roud to UFC”, муқобили варзишгари Бразилия – Ҷиан Сикуэйра ғолиб омада, имкон пайдо намуд, ки бо ташкилоти UFC шартнома ба имзо расонад. Вале роҳ ёфтани ӯ ба ин ташкилот дақиқан маълум нест. 

Самандар Муродов 23 октябр дар шаҳри Абу-Забии АМА, дар мусобиқаи “Roud to UFC” бо намояндаи Бразилия – Ҷиан Сикуэйра мубориза бурда, дар сонияҳои охири раунди аввали муҳориба ғолиб омад. Самандар аз усули бӯғи кардан истифода бурда, рақибашро маҷбур намуд, ки таслим шавад. Ин размкори 23-солаи тоҷик то ин вақт ҳафт рақобат гузаронида, дар кулли он дастболо шуда буд. Ҳамакнун, ӯ ҳаштумин ғалабаро дар корномаи варзишии худ сабт намуд.

То ин ҷониб, Нурулло Алиев, намояндаи дигари Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки бо ташкилоти варзишии UFC шартнома ба имзо расонад. Нурулло баъди пирӯзӣ бар намояндаи Амрико – Ҷош Вик  ҳақи иштирок дар чаҳор муҳорибаи UFC-ро пайдо намуд. Дар сурати ду пирӯзӣ, Нурулло метавонад бо ин ташкилот шартномаи нав ба имзо расонад.

ЗАЙНИДДИН РАҲИМОВ САРМУРАББИИ “РАВШАН”-И КӮЛОБ ТАЪЙИН ГАШТ

Дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар дар даври 22-юми Лигаи бартари кишвар рақобат намуданд. Бозии мазкур бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расид. Ин нахустин бозии дастаи “Равшан” зери дастпарварии Зайниддин Раҳимов дар мавсими имсола мебошад. Ҳамакнун, Раҳимов дар аввалин бозии худ ҳамчун сармураббии дастаи “Равшан”, дар дербии Хатлон ба натиҷаи мусовӣ даст ёфт. 

21 октябр дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотии дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб баргузор гардид. Дар нишасти мазкур роҳбарияти клуб Зайниддин Раҳимовро ҳамчун сармураббии нави даста муаррифӣ намуд. Раҳимов дар ин вазифа, Боир Эгамбердиевро иваз намуд.

Маврид ба зикр аст, ки Боир Эгамбердиев баъди бохт аз дастаи “Истиқлол”, тарки вазифа намуд. Ин бозӣ 10 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо натиҷаи 2-0 бар суди дастаи “Истиқлол” хатм шуд.

Раҳимов дар нишасти хабарӣ гуфт, ки кӯшиш мекунем мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намеоем: “оғози кор барои мо мушкил аст. Дар идомаи мавсим кӯшиш мекунем, вазифае, ки роҳбарияти даста ба дӯши мо гузоштааст, иҷро кунем. Бояд мо мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намуда, роҳхати худро барои иштирок дар Ҷоми Канфедератсияи футболи Осиё таъмин намоем”.

Баъди гузашти 20 даври мусобиқа, дастаи “Равшан” 27 имтиёз дошта, дар зинаи дуюми ҷадвал ҷойгир аст. “Истиқлол” бо касби 38 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад.

Чанд рӯз қабл, майдони хонагии дастаи “Равшан” барои ба талаботи Лигаи олии кишвар ҷавобгӯ набудан, баста шуд. Дар ҳоли ҳозир ин даста, бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳҳои дигар мегузаронад. Директори дастаи “Равшан” – Ғайраталӣ Мираҳмадов дар нишасти матбуотӣ доир ба вазъи майдон чунин изҳори назар кард:

“Ҳолати ҳозираи майдони хонагии дастаи “Равшан” на он қадар хуб аст. Кӯшиш мекунем, то оғози мавсими нави Чемпионат варзишгоҳро азнавсозӣ кунем, то ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо намояд”.

Зайниддин Раҳимов, дастпарвари футболи минтақаи Кӯлоб буда, дар ҳайати дастаи “Равшан” низ бозӣ намуда, як муддат дар ин тим ҳамчун сармураббӣ фаъолият намудааст. Ин мутахассис чанд моҳ пеш аз симати сармураббигии мунтахаби то 16 солаи Тоҷикистон ба истеъфо рафт. Ӯ бо ҳайати ҷавонони тими Тоҷикистон дар соли 2018 мақоми дуюми Чемпионати Осиёро ба даст овард. Ҳамчунин, ҳайати ҷавонони то 17-солаи кишвар зери ҳидояти ин мураббӣ соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон иштирок намуд, вале аз гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифта натавонистанд.

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶИУ-ҶИТСУ МЕРАВАНД

Дар шаҳри Абу-Забии АМА Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор мегардад. Ба ин мусобиқа 11 варзишгари тоҷик низ сафарбар хоҳанд шуд. Дар ин бора сомонаи “Varzishtv.tj” бо такя ба Президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон аз ҳисоби устоди Варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади устоди варзиш, Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва қаҳрамонҳои ҷаҳону Осиё мукаммал шудааст: Сунатулло Одинев (46 кг), Муҳаммадҷон Хоҷаев (56 кг), Ибодулло Ибодов (56 кг), Рошид Нематов (73 кг), Назарзода Маъруфҷон (94 кг), Абдуманон Раҳимов (77 кг, ашхоси имконияти ҷисмонияшон маҳдуд ё пара ҷиу-ҷитсу).

Мусобиқаи мазкур дар ду равия, миёни мунтахабҳои расмӣ (аз 27 октябр то 8 ноябр) ва дастпарварони клубҳо ва Академияҳои ин намуди варзиш (аз 11 ноябр то 19 ноябр) сурат мегиранд.

Давлатҷон Абдуллозода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь