(Ба пешвози 90- солагии устод Мӯъмин Қаноат бахшида мешавад)

Дар бораи достони шӯҳратёри адабиёти тоҷику адабиёти сермиллати шӯравӣ, достони «Сурӯши Сталинград» зиёд гуфтаанду навиштаанд. Аминам, ки ин амал баъдан низ, хосатан аз тарафи мардуми кишварҳои пасошӯравӣ ва миллатҳои фарҳангпарвари ҷаҳон оянда идома хоҳад ёфт. Ин достон, шоҳкории бузурги устод Мӯъмин Қаноат ва адабиёти ҷаҳонист ва  инак, 50 сол боз дар дар ҳаёти фарҳангиву адабии халқҳо, пеш аз ҳама, халқҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ нақши муҳиме дорад. Он ҳама вақт байни ҷавонон ва пирони рӯзгордида, қироат гашта, намоишномаи «Сурӯши Сталинград» дар асоси сюжаи ин достон дар шаҳрҳои хурду бузурги Русия ва дигар кишварҳо намоиш дода мешавад. Мусиқаи композитсионии он ва оҳанги бастакори итолиявӣ дар дайрҳою калисоҳои насронии русу дигар халқҳо, дар толорҳои боҳашамати Маскаву Пекин, Дехлӣ  ва Санкт-Петербург…танинандоз ҳаст ва умед мебандем, ки садсолаҳо садо хоҳад дод. Ин достону сужаи мусиқавию фоҷиа-намоиши он, ҷавонону пирон, тифлону занон, мардуми башариятро ба оромиш, сулҳу ваҳдати умумибашарӣ ҳама вақт даъвату наслҳоро тарбият кардааст ва хоҳад кард. Ҳамасола дар вилоятҳои Русия, хостана дар Волгоград, Астрахан, Омск, Томск, Челябинск, Свердловск ва ғайраҳо озмуну хониши достони «Сурӯши Сталинград» доир мегардад ва насли ҷавон бо қироати волои худ мардумро ба ҳаяҷон меоваранд. Насли ҷавони рус аз ғояҳои ин достон тарбияи аълои ҳарбӣ-ватандӯстӣ мегирад. Бояд гуфт, ки қаҳрамонони достони «Сурӯши Сталинград» ҳамагӣ шахсони воқеъии ин набарди бузургтарини башарият мебошанд. Дар садҳо ва ҳазорон сомонаҳои фарҳангию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳарбию ҳуқуқию таърихӣ, ҷуғрофию адабӣ дар ин хусус сарчашмаҳои фаровоне мавҷуд ҳаст (бояд гуфт, ки дар бисёре аз ин сарчашмаҳо аз устод Қаноату достонаш ҳама вақт ёд карда мешавад ва ҳатман ибораи шоири номвари СССР ва Тоҷикистон дар ин сомонаҳо бо номи ӯ ҳамнавост).

Мушоҳидаҳои банда нишон медиҳанд, ки насли ҷавони мардуми тоҷик агарчанде дар бораи достону мундариҷаю мазмуни он чизеро ҳам донанд ҳам, лекин дар бораи қаҳрамонони он бар асари мутолиаи кам доштан, камтар маълумот доранд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки ба ин масъала каме ҳам бошад равшани андозам то хонандаи тоҷик, хостан ҷавонону наврасон бо дарку масъулиятшиносӣ оиди ин воқеъаи таърихӣ, набарди мудҳиштарини олам чизеро дониста ва фаҳмида гирифта тавонанд. Нахуст мехостам дар хусуси муҳорибаи Сталинград каме ҳам бошад иттилло диҳам.

Муҳорибаи Сталинград

Муҳорибаи Сталинград яке аз муҳимтари набарди генералии Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҶБВ маҳсуб меёбад, ки байни Артиши Сурх ва Артиши Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёнаш аз санаи 17-уми июли соли 1942 то санаи 2-юми феврали соли 1943 давом карда, бо ғалабаи Артиши Сурх ва шикасти фоҳиши артиши фашистӣ анҷом ёфт. Муҳорибаи мазкур дар марзҳои вилоятҳои Воронеж, Ростов, Волгоград ва Ҷумҳурии Қалмоқистони ҳозираи Федератсияи Русия ба вуқӯъ омадааст. Ҳуҷуми пйвастаи артиши фашистӣ ва иттифоқчиёнаш чи тавре, ки ишора намудем, аз санаи 17.07  то 18.11.-и соли 1942 давом намудааст. Мақсади онҳо дар ин мӯҳлат ба даст овардани хамгашти калони дарёи Дон ва марзи гузариши байни Волгаю Дон ва Сталинград буд. Иҷрои ин нақша метавонист ки ба раванди ҳаракати нақлиёт байни марказ ва минтақаҳои Қафқоз монеъа эҷод намояд ва барои ғасби ояндаи манбаъҳои нафтии Қафқоз майдони мувофиқ барои набарди минбаъда кушояд. Байни моҳҳои июл-ноябри соли 1942 Артиши Сурх тавонист, ки душманро ба ҳалқаи таслимшавӣ маҷбуран танг карда дарорад. Артиши 6-уми Олмонро бо сарфармондеҳии фелдмаршал Фон Паулюс ва боз 24 генерали дигари Вермахт дар муҳосира қарор диҳад ва санаи 2.02. 1943 ба таслимшавӣ мувоҷеҳ гардонад. Ин ғалабаи муҳими Артиши Сурх баъди чандин бохтҳо тавонист, ки вазъро ба таври дигар тағйир диҳад, гардиши куллиеро ба вуҷуд оварад ва ташаббуси стратегиро Артиши Сурх на танҳо дар ҶБВ, балки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон низ ба даст биёрад. Муҳорибаи Сталинград , яке аз набардҳои мудҳиштарин ва хунин дар таърихи башарият шинохта шудааст. Дар он қурбоншудагон аз ҳисоби Артиши Сурх бештар аз 1 миллиону 130 ҳазор нафар ва аз тарафи Артиши Вермахт бо итифокчиёнаш (итолиёвиҳо, руминҳо, венгерҳо, хорватҳо) ҷамъан 1 миллиону 500 ҳазор нафар қурбониро ташкил менамоянд. Қурбонии шаҳри Сталиград бошад ба даҳҳо ҳазор нафар аз ҳисоби мардуми осоишта мерасад. Натиҷаи ғалаба дар муҳорибаи мазкур ба он оварда расонид, ки Туркия аз ҳуҷум ба СССР даст кашид. Ҷопон бошад нақшаи «Юриши Сибир»-ро амалӣ накард. Италия, Руминия, Венгрия ба ҷустуҷӯи роҳҳои аз ҷанг баромадан шурӯъ намуданд. Хотиррасон бояд намуд, ки ҷабҳаи Сталинград санаи 12.07. 1942 ташкил ёфта, санаи 30.09.1942 ҷабҳаи Ҷанубӣ ном гирифт, худи ҳамон рӯз бо як фармони Сарфармондеҳи Олӣ И.В.Сталин ,Ҷабҳаи Ҷануби-Шаркӣ номи Ҷабҳаи Сталинградро гирифт, санаи 1.01.1943 бо салоҳдиди Қароргоҳи Сарфармондеҳи Олӣ (Ставка) он барҳам хӯрда, номи Ҷабҳаи  Ҷанубиро гирифтааст. Дар ин ҷабҳаҳо 15 артиш (азҷумла, 1 артиши ҳарбӣ-ҳавоӣ, 2 артиши танкӣ) амал мекарданд. Фармондеҳони  ҷабҳаҳо ва артишҳо қумондонҳои машҳури шӯравӣ Тимошенко С.К., Гордеев В.К., Еременко А.И.  А.И.Василевский, Воронов Н.Н., Ватутин К.К., Рокосовский Р.И., Чуйков В.И. ва дигарон буданд. Аз ҷониби фашистон бошад лашкаркашоне чун Э.Фон Манштейн, Ф.Паульюс, В.Павич, Г.Гот ва дигарон дар ин набарди ҷаҳонӣ ширкат доштанд.

Шаҳри Сталинград

Маркази асосии даргириҳои набарди Сталинград бешубҳа ин шаҳри Сталинград буд. Артиши бузурги Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёнаш мехостанд, ки ин шаҳри муҳими стратегиро бо марзҳои муҳимаш ба даст оваранд ва кишвари шӯроҳоро аз минтақаи муҳими саноатии Қафқоз маҳрум намоянд. Баъдан балоҳои азимеро тибқи нақшаҳои кашидаашон ҳамроҳи иттифоқчиёнашон ба сари мардуми шӯравӣ ва башарият биёранд.

Шаҳр мавқеъи хуби ҷуғрофӣ дошта, дар соҳили дарёи бузурги Волга қомат афрохтааст. Аз Волгорад то баҳри Каспий низ роҳ хело наздик ҳаст. Бояд гуфт, ки номи шаҳр тибқи сарчашмаҳо, бо номи Саритсин ба назар мерасад ва тибқи бархе аз назарияҳои олимони рус он решаи иронӣ шояд дошта бошад. Бинобар мавқеъи хуби тиҷорати ва стратегӣ доштанаш, ин шаҳр ҳама вақт дар ҳолати рушд қарор доштааст. То замони инқилоби Ӯктабр ин шаҳр маркази уезди калони Саритсин будааст. Баъди инқилоб бинобар бузургию фарохию рушди шаҳр, он ба маркази губернияи Саритсин ва баъдан вилоят табдил дода мешавад. Шаҳр соли 1925 номи Сталинградро гирифта, соли 1961 зер сиёсати роҳбари даври шӯравӣ Н.С.Хрушёв номи Волгоградро гирифтааст. То ҳанӯз мардуми ин шаҳр даъвои ба номи Сталинград баргардонидани номи шаҳрро доранд ва ин даъвои онҳо мантиқан дуруст низ ҳаст. Имрӯз ба шарофати ҳамон набарди машҳури Сталинград, дар тамоми қитъаҳои олам номи кӯчаву шаҳракҳо, хиёбону гулгаштҳо номи Сталинградро доранд. То соли 1941 ин шаҳр беист тараққӣ  карда, ба як маркази калони фарҳангию саноатии кишвари Шӯроҳо табдил ёфта буд. Дар онҷо корхонаи азиму овозадори тракторбарорӣ ва дигар корхонаҳои машҳури  шӯравӣ ба кор шурӯъ намуда буданд. Дар арафаи ҶБВ дар ин шаҳр бештар аз 450 ҳазор аҳолӣ зиндагонӣ мекард (барои мисол, шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) ҳамон вақт 83 ҳазор аҳолӣ дошт, ки ин 18%-и аҳолии Сталинградро ташкил менамуд. Дар натиҷаи ҷанги 200 рӯзаи фашистон ва набарди ин шаҳр аз моҳи июли соли 1942 то аввали феврали соли 1943, аз тарафи артиши ҳарбӣ-ҳавоии Олмони фашистӣ ва дигар қувваҳои хонумонсӯзаш шаҳр ба харобазор табдил ёфта, аз 450 ҳазор аҳолии то замони ҷанг доштааш, соли 1943 баъди ғалаба ва баромадан аз муҳосираи душман дар ин шаҳр ҳамагӣ 32 ҳазор аҳолӣ ва ё  тахминан 7%-и аҳолӣ боқӣ монда буд. Аз 42 ҳазор биноҳо, бештар аз 90%-и он комилан вайрону валангор карда шуда буданд. Баъди набардҳо тахминан 200 ҳазор ҷасади одамӣ ва боз ҷасади зиёда аз 10 ҳазор асп дар шаҳри валангор боқӣ монда буд. Баъди аз муҳосира баромадани шаҳр, боз муддати зиёде лозим шуд, ки ин ҷасадҳо дафн карда шаванд. Шаҳри Сталинград ва муҳорибаи қаҳрамононаи он, дар таърихи башарият назир надорад ва дар бораи ин шаҳр нависандагону шоирон, бастакорону кинорежисёрон, ҳайкалтарошон, рассомону оҳангсозони миллатҳои гуногуни олам асарҳо эҷод кардаанд. Дар ин асос сӯжаи асосии достони «Сурӯши Сталинград» маҳз воқеъаҳою набарду қаҳрамониҳои аз худ ба ҷойгузоштаи сарбозони шӯравӣ дар ин шаҳрро фарогир мебошанд. Боиси хурсандист, ки аз байни садҳо достону ашъори назмии ба ин набард бахшидашуда, достони хаммосӣ-равонии «Сурӯши Сталинград»-и устод Мӯъмин Қаноат ба худ назир надорад ва он беҳтарин достони асри ХХ – и вобаста ба ин мавзӯъ бахшидашуда аз тарафи мутахассисони аврупоӣ ва ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Солҳо боз аз замони шӯравӣ то ҳол дар мактабҳои шаҳри Волгорад ва умуман вилояти Волгоград озмуни қироати достони «Сурӯши Сталинград» гузаронида мешавад. Дар ин озмунҳо мактаббачагони шаҳру вилояти Волгоград, дигар минтақаҳои Русия ҳадафмандона иштирок менамоянд. Замони шӯравӣ ба ин шаҳр бо Укази Президиуми Шӯрои Олии СССР номи олии «Шаҳри Қаҳрамон» дода шуда, дар парчами шаҳр медали «Ситораи тилло»-и қаҳрамонӣ ва ордени олии СССР, ордени Ленин насб гашта буд.

Дар ин асос дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии мактаббачагон ва ҳамчунин артиши пуриқтидортарини олам, Артиши Федератсияи Русия, шарики №1-и стратегиямон, навиштаҳои устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат нақши мондагор доранд. Шаҳри Волгорад ҳоло яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ, варзишӣ ва иқтисодии Федерасияи Русия ва Аврупои Шарқӣ ба ҳисоб меравад ва бештар аз як миллион аҳолӣ дошта, ба 8 ноҳияи маъмурӣ тақсим гашта, қариб 860  км.кв. марз дорад.

Варқаи ЗАЙНИДДИН,

узви ИЖ ҶТ, корманди фахрии прокуратураи ҶТ, шаҳри Бохтар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь