Минтақаи Мовароуннаҳр ё худ Варорӯд (Варазрӯд) яке аз сарзаминҳои таърихии тоҷикон ва тоҷикнишин буда, дар тӯли таърих аз ободтарину пешрафтатарин маконҳо маҳсуб меёфт ва қисме аз бузургтарин марказҳои илму фарҳанг, тиҷорӣ ва маъмурии ниёкони мо дар ин қаламрав воқеъ гардида буд. Ин манотиқ дар роҳи Бузурги Абрешим қарор дошта, тавассути роҳҳои он тиҷорат аз Шарқ ба Ғарб давр мезад. Аз ин лиҳоз, тоҷикон, ки маскуни ин диёр буданд, дар хариду фурӯш миёнаравиро ихтиёр карда, аз ҳарду ҷониб суд ба даст меоварданд. Ин имкон медод, ки тоҷикон ҳарчи бештар сарватманд гашта, барои ободу зебо гардонидани Ватани хеш кушишу талош намоянд. Ҳамин буд, ки дар масири таърих шаҳрҳои зиёде сохтаву онро обод намуда, ба зеботарин маконҳо табдил гардонидаанд. Яке аз ин гуна шаҳрҳо, ки бо дасти аҷдодони мо бунёд гардида, дар дарозаи таърих ба бузургтарин марказҳои маъмурию сиёсӣ, тиҷорӣ ва илму фарҳанг мубаддал гардида, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тоҷикон нақши муассир гузоштааст, шаҳри Бухоро мебошад. Он дар дарозаи таърих аз ободтарин, пешрафтатарин, бузургтарин ва серҷамъияттарин шаҳрҳо маҳсуб меёфт. Муаллифи гумноми асари “Ҳудуд-ул-олам” ҳанӯз дар асри X Бухороро шаҳри бузург хонда, онро ободтарин шаҳр дар Мовароуннаҳр меҳисобад.
Бухоро яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон буда, таърихи 2500 сола дорад ва Нумиҷкат, Бумиҷкат ва Фохира дар гузашта номҳои он мебошад. Арабҳо онро “Мадинат-ут-суфрия” (“Шаҳри мис”) ва “Мадинат-ут-тиҷор” (“Шаҳри тоҷирон”) низ мегуфтанд. Мақдисӣ номи қасабаи онро Нумиҷкат хондааст. Истахрӣ бошад, Бумиҷкат зикр намудааст. Ричард Фрай шарқшиноси машҳури амрикоӣ назари дигаре дошта, Бухороро аз Бумиҷкат фарқ кунонида, дувумиро ба арк итлоқ мекунад[19. с.23-24]. Ричард Фрай дар идома нуқтаи ҷолиберо зикр карда, қайд месозад, ки “шаҳре бо номи Бухор дар иёлати Баҳори Ҳинд вуҷуд дорад ва решаи ҳарду исмро “Виҳора” гуфтаанд, ки бар дайрҳои буддоӣ мутааллиқ мешавад” ва ӯ назаре пешниҳод мекунад, ки шояд номи Бухоро муштақ аз Виҳора бошад. Донишманди машҳури эронӣ Аҳмад Ранҷбар дар китоби худ Хуросони бузург (бахше перумони чанд шаҳр аз Хуросони бузург) дар тавсифи решаи калимаи Бухоро андешаҳои олимони гуногунро баррасӣ намуда, ӯ низ пайдоиши воҷаи Бухороро аз номи “Виҳора” меҳисобад. Ба навиштаи Фрай қадимтарин маъхази таърихие, ки дар он номи Бухоро омадааст, сафарномаи зойири буддои чинӣ Ҳасюон Тисонг дар ҳудуди соли 230 баъд аз мелод аст.
Ба қавли Абулҳасан Муҳаммади Нишопурӣ дар “Хазоин ул-улум”, ки зикри он дар “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ рафтааст: “Ин мавзеъ, ки имрӯз Бухоро аст обгир будааст ва баъзе аз он найистону дарахтистон ва марғзор”. Наршахӣ дар идома зикр мекунад, ки “Мардумон аз ҳар ҷониб (ба Бухоро –С.М.) омаданд ва он ҷоро хуррамӣ гирифт… ва бад-ин вилоят об ва дарахтон бисёр… ва шикор бисёр будӣ… ва ба рӯзгор мардум гирд омаданд ва иморатҳо карданд”. Ин шаҳр, дар ибтидои асрҳои миёна ба қаламрави Суғд дохил шуда, тобеи давлати Ҳайтолиён буданд ва ба қавли Истахрӣ забони бухороиҳо низ забони аҳли Суғд аст. Ричард Фрай низ оғози равнақи шаҳрро ба замони Ҳайтолиён маҳсуб медонад. Вале, дар ҳамин ҳангом бо иттифоқи Сосониёну Ҳоқонати турк давлати Ҳайтолиён аз байн меравад ва ин мулкҳо ба тобеияти туркҳо мегузарад. Аз ин ҳолат дере нагузашта, худи ҳоқонат заъиф мегардад ва аз ин истифода бурда, аксар мулкҳои Варорӯд аз тобеият раҳоӣ ёфта, мустақилона мулкҳои худро идора мекарданд. Аз ҷумла, Бухоро низ мустацл гашта, ҳокими худро дошт, ки унвони Бухорхудотро соҳиб буд. Ба қавли Аҳмад Ранҷбар “Бухоро аз рӯзгорони пеш аз ислом мавриди таваҷҷӯҳ буда ва уламову донишмандон аз ин сарзамин бархостаанд ва домани пурбаракати Бухоро онҳоро парвариш додааст. Онон дар ҳамаи риштаҳо ва шуъбаҳои улум ва фунун ва адабу ҳукумат ва маъорифи башарӣ башарӣ осори арзандае аз худ ба ёдгор гузоштаанд. Зеро ин шаҳр равобити наздике бо Марв ва императории Сосониён дар Ғарб дошт ва дар натиҷа… яке аз марокази омӯзишии шарқ ва ғарби Эрон сарзамини Бухоро гардид. Бухоро дар роҳи калони тиҷоратӣ, ки аз Осиёи Шарқӣ ба мамлакатҳои баҳри Миёназамин, Ҳиндустон ва аз Осиёи Марказӣ ба соҳили волга мегузашт, воқеъ буда… дар Осиёи Миёна калонтарин маркази маданияту ҳунармандӣ ва савдо ба ҳисоб мерафт.
Аз миёнаи асри VII сар карда, ҳуҷуми арабҳо ба хиттаи Варорӯд, аз ҷумла шаҳри Бухоро оғоз гардид. Аъроб ҳанӯз қабл аз тасхири Бухоро бо номи он ошноӣ дошта, фазилати онро бармешумурдаанд. Наршахӣ дар асари худ аз Салмони Форсӣ ҳадисе нақл кардааст, ки бар асоси он се шаҳри Хуросон рӯзи қиёмат ороста мешаванд, ки яке аз онҳо Фохира (Бухоро) аст. Паёмбари ислом (С) сабаби Фохира ном доштани онро аз Ҷабраил мепурсад. Ҷабраил дар посух сабаби онро дар он медонад, ки Бухоро рӯзи қиёмат бар бисёрии шаҳид бар ҳамаи шаҳрҳо фахр кунад. Ба қавли Ибни Ҳавқал мардуми ин шаҳр “дар адабу донишу фиқҳу диндорӣ ва амонату сухан ва сирату хушмуомилагӣ ва камзарар будан ва некӣ расонидан ва бахшишу покии ният” аз дигар мардумон бартаранд.
Бояд гуфт, ки ибтидои таҳоҷҷуми арабҳо хусусияти ғоратгарона дошт. Аз ин лиҳоз, ҳар гоҳе ки онҳо барои забти Бухоро меомаданд, ҳокими Бухоро ба онҳо сарвати гароне дода, мулки худро наҷот мебахшид. То он замоне, ки Қутайба ибни Муслим волии Хуросон гардид, амалиёти арабҳо ҳамин гуна идома меёфт. Қутайба аз соли 705 ба ҳуҷуми қатъӣ гузашта, аз парокандагии мулкҳои Мовароуннаҳр истифода бурда, ин қаламравро тақрибан дар муддати 10 сол забт мекунад. Ҳокимони тоҷик ба ҷойи он ки аз ҳамнажодони худ кумак хоҳанду бо онон иттиҳод банданд, байни ҳам набард намуда, хештанро заиф гардониданд ва арабҳо тавонистанд, ки қаламрави моро ишғол намоянд. Қутайба дар соли 709 Бухоро низ ба даст меорад ва онро ба яке аз мулкҳои асосии қаламрави хеш табдил медиҳад. Ба нақл аз “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ ӯ ҳокими Бухоро Тағшодаро мегузорад ва ин ҳоким ва писаронаш то замони Абумуслим ин мулкро дар дасти хеш нигоҳ медоштанд.
Ҳуҷуми арабҳо ба шаҳри Бухоро гарчанде ки харобӣ ва қатлу кушторро ба бор оварда бошад ҳам, вале аз ҷониби дигар роҳи илму маърифатро дар ин шаҳр бозкушода, мавқеи шаҳрро ҳамчун марказҳои муҳими тиҷоратию маъмурӣ ва илмию фарҳангӣ боло бурд. Зиёд гардидани нуфузи илм мардумро низ дар роҳи омӯзиш бедор кард ва ба қавли Наршахӣ “агар уламои Бухороро зикр кунем дафтарҳо бояд” [5. с.10] навишт. Мардуми Бухоро низ ба илм таваҷҷӯҳ дошта, дорои хислатҳои наҷибона буданд. Истахрӣ дар асари худ “Масолик ва мамолик” аҳли онро аз ҷумлаи фозилон зикр медорад. Ба қавли Ричард Фрай гарчанде ки “Бухоро дар даврони Бухорхудотҳо аз мароказ шаҳре муҳим буд, аммо дар давраи исломӣ ба шаҳре ҷаҳонӣ бадал шуд, ки дар ақси нуқоти олам, аз Испониё гирифта то Чин маъруфи мардум буд”.
Бо суқути Умавиён ва ба қудрати сиёсӣ расидани Аббосиён вазъи мардуми Бухоро то андозе бад буд ва ин боиси сар задани шуриши Шарик ибни Шайх дар соли 751 гардид. Абумуслим, ки ба Аббосиён эътимод дошт, ин шуришро пахш кард, ки ин ҳодиса боиси харобиҳое дар шаҳр шуд. Муддати мадиде нагузашта, Абумуслим кушта шуд ва пасон дар Бухоро бузургтарин исёни зиддиарабӣ бо сарварии Муқанаъ ба вуқуъ пайваст. Мардуми зиёде аз ҳар гушаи Хилофат ба Муқанаъ пайваста, ба мубориза оғоз намуданд. Бо мушкилоти зиёд ҳам бошад, ба арабҳо муяссар гашт, ки ин исёнро пахш намоянд. Вале, ин шуриш арабҳоро маҷбур сохт, ки барои идораи мулкҳои тоҷикнишин аз худи онҳо истифода намоянд ва ин амал, албатта барои истиқлол пайдо намудани сарзамини тоҷикон имкони хуберо фароҳам овард.
Бо Исёни Муқанаъ ва шикасти ӯ шаҳри Бухоро муддате рӯ ба табоҳӣ афтод. Пас аз чанде, боз бо кушишу талоши худи тоҷикон шаҳр аз нав қомат рост кард. Дар ҳамин ҳангом, атрофи Бухороро низ деворе карданд, то аз ҳуҷуми қабоили бодиянишин эмин монанд. Наршахӣ дар ин бора нақл мекунад, ки халифа Маҳдӣ ҳокими Хуросон Абдулаббос ибни Фазли Тӯсиро дар соли 782-783 таъин кард. Аҳли Бухоро ба табрики ӯ рафтанд ва аз ҳоли худ гуфтанд, ки “моро, ки аз кофирони турк ранҷе аст, ки баҳар вақт ногоҳ меоянд ва деҳҳо ғорат мекунанд”. Амири Хуросон фармуд то атрофи Бухорор девор кунанд то аз ҳуҷуми туркон эмин бошанд. Шарқшиноси машҳури амрикоӣ Ричард Фрай бошад, замони бунёди онро қабл аз ҳуҷуми аъроб гуфта, бунёди соли 782-ро таъмири куллии девор баён доштааст.
То волии Бухоро таъин гаштани Исмоили Сомонӣ вазъи шаҳри Бухоро то андозае бад буд. Оммаи халқ рӯзгори начандон хуберо пушти сар карда, аз ҷониби ҳокимоне хеш ҳар гуна истисмор мешуданд, вале аз оғози асри IX сар карда шаҳр бисёр тавсеа ёфта, ҳамаи қисматҳои шаҳр бо ҳам пайвастанд. Бо волии Бухоро гаштани Исмоил вазъи сиёсию иқтисодии Бухоро боз ҳам боло рафт. Исмоил як қисми молиёте, ки бояд ба бародараш мефиристод, насупурда, барои ободии шаҳр талош намуд. Ҳамзамон, ҳамасола барои таъмири девори атрофи шаҳр аз мардум хироҷи гароне мегирифтанд. Исмоил ин андозро манъ намуда, ба мардум ваъда дод, ки “То ман зинда бошам бораи вилояти Бухоро ман бошам”. Ҳасудону ҷоҳталабон ва бадбинон аз пешрафти Исмоил ба ҳасрат афтода, ӯву бародарро миёни ҳам ҷанг андохтанд. Исмоил тадбири дуруст андешида, дар охир бар бародар пирӯз гашт ва аз худ бузурги нишон дода, “пеши ӯ омад ва бар дасти ӯ буса бидод ва аз вай узр хост ва ӯро … бо ҳамаи ҳашам ва ҳошият ба Самарқанд бозфиристод”.
Пас аз марги Насри I бо васияти ӯ Исмоили Сомонӣ амири Мовароуннаҳр мегардад ва маншури халифаро низ ба даст меорад. Бо амир шудани Исмоил марҳилаи тилоии шаҳри Бухоро оғоз меёбад ва он аз ҷониби Исмоил пойтахти давлат қарор мегирад. Бо пойтахти давлат дабдил ёфтани Бухоро нуфузу эътибори шаҳр афзун гашта, ба бузургтарин маркази маъмурӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфта, ниҳоят ободу зебо мегардад. Ибни Ҳавқал яке аз ҷуғрофидонони машҳури ҳамин давра дар асари худ “Сурату-л-арз” тавсифи ин шаҳр намуда, қайд мекунад, ки “Дар миёни сарзаминҳои исломӣ шаҳре босафотару зеботар аз Бухоро надида ва нашунидаам. Чун ба болои кӯҳандизи он биравӣ, беруни шаҳрро чунон мебинӣ, ки сабзаҳо ба осмони обӣ пайвастааст, гӯё осмони кабуд бар бисоти сабз хам шуда ва кохҳо чун сипарҳои тибетӣ ва милт-милтӣ менамоянд ё ба сони ситорагони осмонӣ дар миёни ободиҳо сафеду дурахшонанд”. Мақдисӣ низ онро ободу некӯ хондааст. Бухоро дар ҳамин давра, мисли дигар шаҳрҳои асримиёнагӣ аз се қисмат иборат буд: арк, шаҳристон, работ (рабаз). Ба навиштаи Наршахӣ Бухоро дорои рустоҳои Кармина, Нур, Тавоис, Искаҷкат, Вардона, Афшана, Рометан, Баркад, Варахша, Байканд аст. Сохтмони Бухоро ҳама ба ҳам пайваста ва ба андозаҳое муайян ва ба заминҳо муртафеъ аст ва ба василаи кӯҳандизҳо устувор гардидаанд ва дар андаруни девори шаҳр, кӯҳу биёбону замини вайрон вуҷуд надорад. Ричард Фрай дар асари худ “Бухоро дастоварди қуруни вустоӣ”, ҳамин давраи шаҳри Бухороро хело зебо ва дақиқ ба тафсил додааст. Ҳамзамон, асари Аҳмад Ранҷбар “Хуросони бузург” доир ба вазъи илму фарҳанг, ҳунармандӣ ва дигар масоили Бухорои асри IX-X хеле барҷаста нигошта шуда, ки хонандаи дақиқназар метавонад аз ин ду асар истифода намояд.
Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,
Самандар МАҲМАДАМИНОВ