Чанд рӯз қабл дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии Петр СегртҶоми Подшоҳӣ”-и Тайиландро соҳиб шуд. Баъди ин ғолибият сармураббии даста, Петр Сегрт муҳаббати зиёди мухлисони тоҷикро ба даст овард.

Сегрт ва дастаи ӯ ғолиби “Ҷоми Шоҳ-2022”, ки дар кишвари Тайланд баргузор шуда буд, гаштанд. Мутахассис ҳоло дар футболи Тоҷикистон дигаргунӣ ворид карда истодааст. Доир ба ин ғолибият ва дигар фаъолиятҳои Сегрт дар тими миллӣ саҳифаи “Sports.tj” бо ӯ мусоҳибаи ҷолибе оростааст, ки онро пешкаши хонандагони “Фараж” менамоем.

– Шумо дар Тоҷикистон хушбахт ҳастед?

– Роҳи мувафақияти мо дар Ҷоми “Наврӯз”, ки дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор шуда буд, оғоз ёфт. Дар он ҷо ман бо бисёриҳо шинос шудам. Албатта, дар шароити кунунӣ табъи мо болида аст. Дар тими миллии Тоҷикистон ҳама хурсанданд. Дар Тайиланд барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ мо тими миллии Тринидад ва Тобаго ва Малайзияро шикаст додем.

Мо 6-7 мағлубият доштем. Бозигарони асосиро аз даст додем. Мисол, Парвиз Умарбоев бо сабабҳои оилавӣ иштирок карда натавонист. Манучеҳр Ҷалилов ҷароҳат бардошт. Алишер Ҷалилов бо сабаби мушкилиҳои шахсӣ омада натавонист.

Каримов ва Камолов ҳам иштирок карда натавонистанд. Эҳсони Панҷшанбе, бо сабаби оила барпо карданаш, дар рӯзи бозӣ бо мо пайваст. Дар робита бо ин ҳама гуфтан мумкин аст, ки ғолибияти мо ҳангома буд.

Ман ҳам баъди ин ғалаба ба мисли футболбозон ва мардуми тоҷик хурсанд  ҳастам. Ман ба бозингарони даста мефахрам. Ба рушди футбол дар Тоҷикистон умеди бисёр дорам.

Ҳавасманд кардани бозингарон аз ҷониби Шумо пеш аз оғози бозӣ ва дар ҷараёни он, ҳамчунин, таври бозингаронро ташвиқ намуданатон, бисёр диққатҷалбкунанда аст. Ин корро дар таҷрибаҳои пеш ҳам анҷом медодед ё  фикр мекунед ба бозигарони тоҷик ҳавасмандкунӣ лозим?

– Ман ин корро баъзан вақт мекардам. Махсусан, ҳангоми ташриф ба Малдив. Бо ҳамроҳии ҷавонони Малдив мо Ҷоми Сузуки 2018-ро бурд кардем. Медонед, дар Осиё ба бозингарон ёрии мураббӣ лозим, махсусан ҳангоми бозӣ. Мо ҳамроҳи бозигарони тоҷик дар зинаи омӯзиш қарор дорем. Аммо ман бояд гӯям, ки футболбозони тоҷик олӣ бозӣ мекунанд ва чизи лозимиро дарҳол дар рафти бозӣ мефаҳманд.

– Сабаби асосии қабули муроҷиати Тоҷикистон барои ба дӯш гирифтани сармураббигии тими мунтахаб дар чӣ буд?

– Ман пеш медонистам, ки бозигарони тоҷик ояндаи бузург доранд. Бисёр мехоҳам мухлисон ва ҳаводорони футболи тоҷик аз бозӣ ва музаффариятҳои  дастаи мо хурсанд шаванд.

Қабл аз омадани Шумо тими миллии Тоҷикистонро Усмон Тошев роҳбарӣ мекард, Шумо ӯро мешиносед?

– Не, ман ӯро пеш намешинохтам. Аммо метавонам гӯям, ки Усмон Тошев одами хуб ва сармураббии хуб аст.

– Шумо дар Афғонистон низ фаъолият мекардед. Сабаби кор кардан дар он ҷо чӣ буд?

– Ман ба шумо дар мавриди худам нақл мекунам, то шумо ба ин савол ҷавоб ёбед. Вақте ки ман хурд будам, зиндагии мо на он қадар хуб буд. Падару модарам ба Олмон барои беҳтар кардани сатҳи зиндагиамон рафтанд ва маро ду сол дар Югославияи пешина гузоштанд. Ман ҳамроҳи бародари калониам меистодам. Ӯ бароям ягона  такягоҳе буд, ки ҳама мушкиламро ба ӯ мегуфтам .

Баъд аз 4 сол волидайнамон моро ба Олмон бурданд. Аммо мо чун пештара зиндагии хуб надоштем ва барои аҳли оила мушкил буд. Лекин ман зуд забони олмониро ёд гирифтам. Бо бачаҳои ҳар халқу миллат бозии футбол мекардем. Ин бозиҳо сабабгори шинос шудан бо фарҳанги якдигар гардид. Баъдан муносибати ман бо Олмон хуб шуд, чун ман футболбози хуб будам.

Фикр мекунам, барои ҳамин онҳо маро хуб пазируфтанд. Ин лаҳзаҳои беҳтарин дар ҳаёти ҳаёти ман буд. Баъдан маро ба Афғонистон даъват карданд. Ин даъвати нав буд барои ман. Аз ҳамон лаҳза инҷониб тими Афғонистонро дӯст  медорам, чун дар  Афғонистон  як чизи ғайримуқарарӣ аст. Ман афғонҳоро бисёр ҳурмат мекунам ва то ҳол бо онҳо дар алоқа ҳастам. Бо мураббиён ва футболбозони он ҷо сӯҳбат  мекунам. Бо он ки дар он ҷо давоми як сол ба футболбозон тамрин медодам, фахр мекунам.

– Дар воқеъ, Шумо душаҳрвандӣ доред?

– Ман дар Хорватия таваллуд шудаам ва дилам ҳамеша дар он ҷост. Иҷозатномаи касбии UEFA-ро дар Олмон гирифтаам. Дар умр ман олмонипм, аммо дилам ҳамеша дар Хорватия аст.

– Ба фикри Шумо беҳтарин тими миллии Осиё кадом аст?

– Дар ҳоли ҳозир ман метавонам тими Эрон, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбекистонро ба қатори беҳтаринҳо дохил кунам. Инчунин, мунтахаби АМА, Ветнам, Тайиланд ва Малайзия низ бозиашон дар сатҳи баланд аст. Австралияро ҳам метавон ба ин гурӯҳ  дохил кард.

– Шумо, ба фикрам, Суперлигаи Ӯзбекистонро тамошо мекунед, чун он ҷо бозингарони тоҷик ҳам ҳастанд?

– Албатта, ман Суперлигаи Ӯзбекистонро пайгирӣ мекунам, аммо таваҷҷӯҳи ман айни ҳол ба тими миллии Тоҷикистон равона аст.

– Барои чӣ Даврон Эргашевро аз “Бунёдкор” ба тими миллӣ даъват накардед?

– Даврон Эргашев футболбози беҳтарин аст. Ӯ ҳамеша дар рӯйихати ман ҳаст. Ман Эргашевро нағз мебинам. Бо вуҷуди 34 сол доштанаш, ӯ то ҳол касбияташро аз даст надодааст. Инчунин, ӯ инсони хуб аст. Аммо мо кӯшиш кардем ба ҳайати даста бозигарони ҷавонтарро ҷалб кунем.

– Эҳсони Панҷшанбе тими “Навбаҳор“-и Узбекистонро тарк карда, ба Эрон рафт. Оё кори ӯ дуруст буд?

– Росташро гӯям, ман дӯст намедорам тавассути ВАО оид ба ин мавзӯъ ягон чӣ гӯям. Аммо ҳамчун мурабии тими миллии Тоҷикистон онро гуфтаниам, ки Эҳсон яке аз беҳтарин бозингарони даста аст. Ман 100% ба ӯ боварӣ дорам. Ба ғайр аз ин ӯ одами хуб аст, ман бо ӯ мефахрам. Қариб 6-7 соат пеш аз бозӣ  бо мунтахаби футболи Тринанад ва Тобаго расида омад. Ӯ нав хонадор шуда буд, метавонист бо оилааш монад, аммо бозиро муҳим шуморида, ба назди мо омад.

Шояд бе иштироки ӯ мо бурд намекардем. Дастаи мо ҳоло дар аввали роҳ аст. Фаромӯш набояд кард, ки мо 6 бозингари худро барои лат хӯрданашон ба ҳайат ворид накардем.

Ҳадафи асосии Шумо барои тими миллии Тоҷикистон чист?

– 8 моҳи охир ёрдамчиёни ман – Гелай Шекиладзе, Тазо Бакерия, Владимир Крунич ва мураббиёни тоҷик – Алифбек ва Алишер бо ман кор карда истодаанд. Фикр мекунам, мо бисёр чизҳоро дар футболи тоҷик иваз кардем.Тими мо тавонист ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё барояд. Ман инро муваффақияти бузург арзёбӣ мекунам.

Мо кӯшиш мекунем натиҷаи хуберо дар Ҷоми Осиё нишон диҳем.То кадом марҳила рафтани мо низ хеле муҳим аст. Чун федератсияи футболи Тоҷикистон онро пурра дастгирӣ мекунад. Футболи муосир танҳо аз мураббиён ва бозингарон вобаста нест, балки 50 фоизи кор ба дӯши  федератсия ва менеҷерон вогузошта шудааст. Дар робита ба ин Федератсияи футбол ҳама корро ба сомон расонида истодааст.

Манбаъ: “Sports.tj”,

тарҷумаи Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here