Аз оғози ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон чиҳил сол сипарӣ мешавад. Ҷанге, ки бо ҳамон шуруъ шудан ҳатто баъди хуруҷи Шӯравӣ ҳам поён наёфт ва то кунун идома дорад. Саҳна борҳо иваз шуд, вале бозингарони минтақавӣ ҳамонҳое буданд, ки монданд: ИМА, Покистон, Ҳинд, Русия, кишварҳои Аврупо, Арабистони Саудӣ ва чанд мамолики арабии дигар… Касе оташи ин ҷангро хомӯш накард ва вазъ гунаест, ки он метавонад боз солҳо бо алангаи худ хушку тар бисӯзад.

Аммо матлаби ҳозир аз чигунагии ин ҷанг дар гузашта ва имрӯз нест. Аз сарнавишти касонест, ки бо берун рафтани Шӯравӣ дар Афғонистон монданд, издивоҷ карданд, соҳиби фарзандон шуданд, Афғонистонро барои худ Ватан карданд. Чанде аз онҳо баъдан ба ватани бобоии худ бо ҳамон зану фарзандони афғонии худ баргаштанд ва ҳоло як зиндагии муқаррарӣ доранд.

Сарбозони асир дар Афғонистон кам кушта шуданд. Бахусус онҳое, ки асирони Аҳмадшоҳи Масъуд буданд, солим озод шуданд, афроде аз онҳо бо муҷоҳидин монданд. Шеваи асиргириву асирнигаҳдории Масъуди шаҳидро ҳатто худи генералҳои рус сутуда буданд. Ӯ ҳеч асиреро намекушт, баъди муддтае озод мекард.

 

417 нафар ё зиёд?

Тибқи иттилои расмӣ дар ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон дар солҳои 1979-1989 620 ҳазор сарбозону афсарон ширкат карданд. 15 ҳазор нафар кушта шуданд, 417 нафар бенишон ғайб заданд ва тибқи маълумоти хадамоти ҷосусӣ ҳамаи онҳо ба асорат афтода буданд. 130 нафарро муҷоҳидон озод карданд, 100 нафарро куштанд ва 64 тани дигар ба муқобили Шӯравӣ ҷангиданд. Самир Бобоуғлӣ дар бораи чанд нафари онҳо ҳикоят мекунад.

Дар мақолаҳои таҳлилие, ки  ҳанӯз аз солҳои аввали анҷоми ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон дар расонаҳо интишор ёфт, теъдоди бенишон ғайбзадагон  ба маротиб бештар аз маълумоти расмӣ гуфта мешуд. Кумитаи ҷанговарони интернатсионалистии назди Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ саргарми ҷусутҷӯ ва баргардонидани сарбозони зиндамонда ба ватан аст. Ин Кумита аз замони фаъолияти худ 29 нафарро пайдо кардааст ва 22 нафари онҳо бозгаштаанд.

Генерал Громов-фармондеҳи охирини неруҳои Шӯравӣ дар Афғонистон замоне, ки Артиши ин кишвар аз хоки Афғонистон берун мешуд, дар аввалин суҳбаташ бо хабарнигорон гуфта буд, ки пушти сари вай дигар ягон сарбози Шӯравӣ боқӣ намонд. Вале мутаассифона, ин танҳо як ҳарфи бидуни таҳқиқи генерали Шӯравӣ буд ва на аз ин беш.

ВАО дар Русия ва дар кишварҳои дигар дар бораи сарбозони боқимонда дар қаламрави Афғонистон борҳо навиштанд ва ҳатто баъзе ширкатҳои телевизионӣ гузоришҳо ва мусоҳибаҳои зиндае бо онҳо пахш карданд. Ҳатто иидае аз ширкатҳои телевизионии соҳибсармояву имкониятдор сафари онҳоро ба зодбумашон ташкил намуданд.

Дар бораи баргаштагон ва озодшудагон гумагуҳо аз аввал зиёд буд. Мегуфтанд, ки ҳар асире агар ислом меовард ва калима арза мекард, аз асорат озод мешуд. Ҳарчанд баъзе аз ин афрод мегуфтанд, ки комилан хушбахтанд, иддае аз он ки ба симову сурат аз афғонҳо фарқ мекарданд, эҳсоси нороҳатӣ мекарданд.

 

Николай Бистров – Исламуддин

Николай Бистров соли 1984 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд ва барои иҷрои қарзи интернатсионалӣ ба Афғонистон фиристода шуд. Ним сол баъд ба асорат даромад ва исломро қабул кард. Ба Бистров муяссар шуд, ки ба боварии афғонҳо дарояд. Ӯро озод карданд, вале нахост баргардад, гумон мекард агар ба ватан ояд, зиндонӣ мешавад. Аз ҷумлаи муҳофизони шахсии Аҳмадшоҳ Масъуди овозадор шуд ва бо хеши дури қаҳрамони Афғонистон ақди никоҳ баст. Соли 1995 Николай бо аҳли оилааш ба Русия баргашт. Ҳоло се фарзандро бузург мекунанд. Аммо зуд-зуд бо супориши Кумитаи ҷанговарони интернатсионалист ба Афғонистон рафта меояд.

 

Юрий Степанов – Муҳибуллоҳ

Юрий Степанов соли 1988 ба асорат афтод. Он замон вай нав 18-ро пур мекард. Ислом овард ва соли 1990 озод гардид. Чор сол баъд талош кард ба ватан баргардад, вале натавонист дар ватан бимонад ва дубора ба Афғонистон баргашт. Чун мутахассиси барқ буд, бо пур кардани аккумляторҳо рӯзашро мегузаронд. Барои ин дар назди хонааш як нерӯгоҳи хурди барқӣ ҳам бунёд намуд. Соли 2006 Юрий барои ҳамеша ба ватан баргашт ва ҳоло бо аҳли оилаи худ дар шаҳраки Приютови Башқирдистон зиндагонӣ мекунад.

 

Сергей Красноперов – Нурмуҳаммад

Замони ҷанг бо афғонҳо коло табодул мекард. Гӯё ба онҳо ҷузъҳои автомат ва силоҳҳои артилерӣ мефурӯхт. Ва баъд ихтиёрӣ ба афғонҳо пайваст. Муҳофизи шахсии генерали ӯзбак Абдурашиди Дӯстум шуд. Бо як духтари маҳаллӣ издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби 6 фарзанд мебошад. Дар бораи бозгашт ба ватан аслан намеандешад. Челонгар дар вазорати энержии маҳаллист. Дар як рустое воқеъ дар вилояти Балх ҳаёт ба сар мебарад.

 

Геннадий Севма – Некмуҳаммад

Геннадий Севма мегӯяд аз беақлӣ ба асорат уфтод. Барояш марг ва ё исломро шарт гузоштанд. Ва ӯ дуюмиро пазируфт. Соли 2016 як ширкати телевизионӣ ба бозгашти Генадий ба зодгоҳаш Донетск мусоидат намуд. Вай қабри волидонашро зиёрат кард. Ҳамсар ва се фарзанди вай дар шаҳри Кундузи Афғонистон мегиристанд, ки дигар барнамегардад. Вале Севма баъди аёдати хешовандонаш боз ба Афғонистон, ба назди зану фарзандаш баргашт.

 

Николай Виродов – Насратулло Маҳмадуллолоҳ

Николай хатмкардаи академияи ҳарбӣ буд ва ихтиёрӣ ҷанговари интернатсионалист шуд. Вай бо чашмони худ қатлҳои ваҳшатнок ва бераҳмиҳои сарбозону афсаронро дид ва ба қароре омад, ки ихтиёрӣ ба афғонҳо пайвандад ва аз ҷониби онҳо зидди артиши рус биҷангад. Вай ҳамроҳ бо неруҳои Гулбиддини Ҳикматёр буд ва аз ҷониби ҳукумати Афғонистон барои тамоми умр соҳиби нафақа гардид. Соли 1996 хост ва талош кард ба ватанаш Харков баргардад, рафт, вале дер намонд, дубора ба Афғонистон баргашт. Ҳоло дар Бағлон афсари пулис аст.

 

Александр Левенетс – Аҳмад Александр

Соли 1984 қисми ҳарбиро тарк кард ва ба назди муҷоҳидин рафт ва ихтиёрӣ зидди артиши Шӯравӣ ҷангид. Ҳоло таксӣ меронад, аз зиндагии худ розист ва ҳавои бозгашт ба ватани таърихии худро дар сар намепарварад. «Ман соҳиби хонаам, мошин дорам, оилаи хуб ҳам дорам, ба ман боз чӣ лозим?»-мегӯяд вай.

Дар қатори русҳо, украинҳо ӯзбекҳо ва тоҷикон низ ба асорат уфтода буданд. Вале онҳо хеле ба осонӣ ба ҳаёти афғонӣ мутобиқ шуданд, чун динашон, забонашон ва симову сураташон як буд.

 

Таҳияи Б.Шафеъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь