Дар саммити сарварони кишварҳои ҷаҳон, ки моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардида буд дар бораи фаъолияти неруҳои посдори сулҳи СММ, сарвазири Ҳиндустон Шри Нарендра Моди гуфта буд: “Пояҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар майдонҳои набарди Ҷанги дуввуми ҷаҳон сарбозони ҷасур гузошта буданд. То соли 1945, дар сафи онҳо 2,5 миллион сарбозони артиши Ҳиндустон, ки бузургтарин неруҳои ихтиёриён дар таърих шинохта шудаанд, шомил буданд. То имрӯз, зиёда аз 200 ҳазор ҳарбиёни Ҳиндустон дар 49 аз 71 сохторҳои СММ хизмат кардаанд. Ҳиндустон ҳамчун яке аз нахустин узвҳои бунёдгузори Созмони Милали Муттаҳид, ба даъвати СММ барои нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ посухи мусбӣ дода буд. Дар соли 1950, пас аз ба даст овардани истиқлолияти Ҳиндустон, 60 ҳавопаймои ёрии таъҷилии неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҳиндустон барои расонидани мадади тиббӣ ба ИМА ва неруҳои посдори сулҳи СММ, ки дар ҷанги Корея ширкат доштанд, фиристода шуд. Бахши мазкур дар Корея тӯли сеюним сол (аз ноябри соли 1950 то майи соли 1954) хизмат кардааст, ки тӯлонитарин фаъолияти неруҳои посдори сулҳ дар зери чатри СММ ба ҳисоб меравад.”
Тибқи маълумоти СММ аз 15 ноябри соли 1956 то 19 майи соли 1967, ёздаҳ баталиони пиёдагард аз Ҳиндустон бо навбат дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СММ барои баровардани шаҳрвандони Франсия, Британияи Кабир ва Исроил аз қаламрави Миср ва барои пойдории сулҳ миёни Исроил ва ҳамсоягони арабаш хидмат кардаанд. 27 нафар ҳарбиёни неруҳои посдори сулҳи Ҳиндустон дар рафти хидмат дар ин давлат ҷони худро аз даст доданд.
Дар соли 1960 давлати Конго хостори фиристодани неруҳои посдори сулҳи СММ барои муқовимат ба ҷудоихоҳӣ ва барқарор кардани кишвар пас аз ҳукмронии Белгия шуд. Аз 14 июли соли 1960 то 30 июни соли 1964 ду бригадаи Ҳиндустон дар ONUC UNPKO иштирок карданд. Дар ин давлат 39 тан ҳарбиёни неруҳои посдори сулҳи Ҳиндустон дар рафти хидмат ба ҳалокат расиданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки се принсипи асосии фаъолияти неруҳои посдори сулҳи СММ дар асоси таҷрибаи UNPKO дар ҷойҳо, муайян гардида буданд. Якум ин ҷойгиркунии ҳарбиён бо розигии тарафҳо, дуюм-беғаразӣ ва сеюм- истифода набурдани қувва, ба истиснои ҳолатҳои худмуҳофизатӣ ва ҳимояи мандат.
Ҳиндустон нахустин кишваре буд, ки самаранокии иштироки занонро дар фаъолияти неруҳои посдори сулҳи СММ бо ҷойгиркунии воҳиди аввалини занонаи (FFPU)-UNPKO дар Либерия (UNMIL) дар соли 2007 нишон дод. Вақте ки сохтори UNMIL-и СММ дар моҳи феврали соли 2018 барҳам дода шуд, президенти Либерия Сирлиф чунин иброз дошта буд: “Шумо саҳми назаррасро дар руҳбаланд кардани занони Либерия, омӯзонидани малакаи касбӣ ва ташвиқи онҳо ба амалиётҳое, ки миллатро муҳофизат мекунанд, гузоштед ва мо ҳамеша барои ин миннатдор хоҳем буд.”
Неруҳои посдори сулҳи Ҳиндустон дар ҳайати СММ дар кишварҳои ҷангзада ихтиёран хизмати тиббиро пешниҳод карданд, аз ҷумла дастгирии байторӣ ва муҳандисӣ дар UNPKO-ҳо, ки ин ба таъминоту беҳтаршавии рӯзгори ҷамоатҳои маҳаллии аз низоъ зарардида мусоидат кардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1948 то соли 2018 3802 афсару сарбоз аз давлатҳои аъзои СММ, ки дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СММ хидмат кардаанд, ба ҳалокат расиданд.
Дар чорчӯби ин барномаи сулҳҷӯёнаи СММ аз ҳама беш афсару сарбозони Ҳиндустон, яъне 164 тан дар рафти адои хидмат дар неруҳои посдори сулҳи СММ дар давлатҳои гуногун ба ҳалокат расиданд.
Ҳиндустон як девори виртуалии ёдбудиро барои сулҳпарварони худ созмон дода истодааст. Ассамблеяи Генералии СММ бунёди чунин девори ёдбудиро барои ҳамаи афсарони сулҳовари СММ, тасдиқ кардааст. Тавре ки сарвазир Шри Нарендра Моди мегӯяд: «Беҳтар мебуд, девори ёдбудии пешниҳодшуда барои сулҳҷӯёни ҳалокшуда, ҳарчи зудтар сохта мешуд”.
Таҳияи Гулҳайёи МАДИМАР