Владимир Путин – президенти Русия баъди 12 сол бори дигар вориди Арабистони Саудӣ шуд ва бо мақомоти ин кишвар дар масоили густардаи тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва албатта амниятӣ гуфтугӯ кард. Путин замоне вориди Риёз шуд, ки вазъ дар Ховари Миёна, бахусус Сурия баъди ҳамлаи Туркия болои мавзеъҳои курдҳои ҷудоихоҳ дубора печидатар мешавад. Вале таҳлилгарон ин сафари Путинро бурде барои давлати Русия меноманд. Ҳарчанд муоҳадаҳои ҳарбиву амниятӣ имзо нашуданд, вале як даста шартномаҳои иқтисодие ба имзо расиданд, ки барои ду кишвар судманданд.
Путин муваффақ нашуд силоҳҳои худро барои Арабистон муарифӣ кунанд ва ҳатто дар бораи К-300 ҳам пеш аз сафар атрофаш ҳарф зада мешуд, мувофақае ба даст наёмад. Холид Иброҳим, таҳлилагри умури Ховари Миёна мегӯяд Арабистон бе иҷозати Вашингтон як тир ҳам аз Маскав намехарад.
Аммо чаро ин шабу рӯз Путин тасмим гирифт ба Риёз равад ва ин сафар чӣ бурду бохтҳое дошт?
Константин Соколов – коршиноси геополитика аз Русия мегӯяд, Путин ба он хотир ба Арабистони Саудӣ сафар кард, ки Русия ҳамроҳ бо кишварҳои дигар “мухолифони ҷаҳонӣ”-ро бунёд гузоштанист, ки ҳадафи он муқовимат бо султахоҳиҳои Амрикост. Ба гуфтаи ӯ дар айни замон Русия бо он мамолике риштаҳои дӯстӣ васл мекунад, ки таърихан бо ҳам иртибот надоштанд. Ин коршинос мегӯяд сабаби талошҳои Путин он аст, ки эҳсос мешавад ИМА мехоҳад оламро тибқи дидгоҳ ва манфиатҳои худ дигаргун созад.
«Ҳар андоза, ки марзи амалисозии ғояҳои геополитикии элитаи ҷаҳонӣ – бунёди тартиботи нави ҷаҳонӣ наздиктар мешавад, ҳамон қадар маълум мегардад, ки ин тартиботи нави ҷаҳонӣ на танҳо барои баъзе аз сарватмандтарин мардуми ҷаҳон таъин шудааст, балки он дари вуруд барои элитаҳои миллиро низ мебанданд”, мегӯяд Соколов.
Ва мисол меорад. “Мо аллакай медонем, ки Муаммар Қаззофиро чӣ сарнавиште пеш омад ва боз дигарон, ки ба ин гуна фоҷеаҳо рӯ ба рӯ гардиданд. Ва ҳоло инро бисёр кишварҳое, ки таърихан бо Амрико пайвстанд, ҳис мекунанд”.
Ҳоло Арабистони Саудӣ аз ояндаи худ бим дорад, зеро ИМА борҳо дар мисоли кишварҳои дигар нишон додааст, ки наметавонад нақши муттаҳиди содиқро бибозад. Вашингтон талош мекунад манфиатҳои худро дар қадами аввал гузорад. Соколов ба ёд меорад, ки ҳам Арабистони Саудӣ ва ҳам дигар кишварҳои ҳавза мамолики сарватманданд, ки боигариҳои худро дар бонкҳои Ғарб нигоҳ медоранд.
Аз назари Соколов ҳоло олам шоҳиди он аст, ки кишварҳое, ки пештар аз муттаҳидони ИМА буданд, ба мисли Туркия, мавқеъи худро дигаргун мекунанд.
«Америкоиҳо бо ҳама чун бо деҳқонони крепоснойи худ менигаранд. Аз ин рӯ раванди сардии муносибатҳо ногузир аст”. Ин таҳлилгар ҳамчунин ба ин назар аст, ки иртиботҳо миёни ин кишварҳо минбаъд танҳо иқтисодиву тиҷоратӣ нахоҳанд буд, балки сиёсӣ низ мешаванд.
Арабистони Саудӣ ниёз ба пуштибонии Русия дорад ва як ҳадафи он таъмини амнияту бехатарии он аст. Доктори илм Шаҳир Наҳорӣ, ки муаллифи бештар аз ду ҳазор мақолоти таҳлилӣ дар мавзуъи байналмилалист, мегӯяд, ки “Арабистони Саудӣ бо назардошти вазъи душвори минтақа, вазъ дар атрофи Эрон, Сурия ва сиёсати Туркия ба ҳамкорӣ бо Русия дар Шарқи Наздик ниёз дорад. Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар минтақае қарор дорад, ки муноқишаҳо ва мушкилот дар тӯли солҳои дароз ба ҳам печидаанд, бинобар ин, Риёз ба дастгирии Русия барои кафолати амнияти худ ва минтақаи халиҷи Форс эҳтиёҷ дорад, бо назардошти он ки Русия давлати пуриқтидор аст ва мавқеи он ба дастгирии шарикон нигаронида шудааст.
Одил ал-Ҷубайр, сиёсатмадор ва дипломати Арабистони Саудӣ сафари Путин ба Арабистонро як иттифоқи таърихӣ хонд. Ӯ барои ин тавсиф ангезаҳои сиёсӣ дорад. Арабистони Саудӣ ва Русия дар таърихи 90 соли таъсиси ин кишвар шабеҳи обу равған буданд. Аммо ҳоло он замоне, ки арабистониҳо бо Русияи “бехудо” намехостанд сари як миз биншинанд, гузаштааст. На Русияи имрӯз шабоҳате ба даврони бехудоии Шӯравӣ дорад ва на Арабистон.
Русия зарфи як даҳа бештар чун мушоҳид рӯйдодҳои Ховари Миёнаро пайгирӣ мекард ва агар гоҳу ногоҳ мавзеъгириашро ба муқобили сиёсатҳои амрикоӣ эълон менамуд, вале амалан дастбакор набуд. Маскав танҳо баъди иртиботаш бо Башор Асад ҷиддан мутаваҷҷеҳи Ховари Миёна шуд ва ёрии ҳарбиву мустақиман вориди ҷанг шудан бо мухолифони Башор Асад дар Сурия сарнавишти диктатори Ховари Миёнаро барои тӯлонитар шудани салтанаташ мушаххастар кард. Аз сӯйи дигар вуруди Русия ба Сурия як сабаби аслии саркӯбии ДОИШ шуд.
Таҳлилгари ВВС менависад: “Ин ки Чин дар миёни қудратҳои арабӣ ҳанӯз ба иҷрои нақши геополитикӣ фаротар аз ҳавзаи нуфузаш дар шарқи Осиё алоқа нишон надода ва Русия ҳам бештар нигарони аз даст додани ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва афтодани онҳо ба домани Ғарб аст”.
Абдулбории Атавон-нависанда, таҳлилгар ва журналисти фаластинӣ мегӯяд президенти Русия Владимир Путин ба шарофати се омили аслӣ беҳтарин рӯзҳои худро дар Ховари Миёна мегузаронад. Якум, дурандешӣ ва донистани санъати стратегӣ, хештандорӣ ва оромиш.
Дуюм: иттиҳодҳои ҳушманду дақиқи минтақавӣ, бахусус бо Сурия, Эрон ва Туркия.
Сеюм: ҳамоқати амрикоӣ ва харҷу марҷи сиёсӣ, ки дар ҳоли ҳозир Вашингтон ба далели ихтилофоти ҷиддӣ байни Кохи Сафед ва Конгрес мегузарад.
Ба андешаи ин таҳлилгар худи президент Доналд Трамп ҳадяи беҳтарини Худованд барои Путин ва Русия аст. Ин марди ҳарис, ғайр аз забони муомила, ҳеҷ чизеро ба кор намеовард ва дар тӯли се соли раёсати худ ҳеҷ коре анҷом надодааст ва тамоми сиёсатҳои ӯ, аз ҷумла таҳримҳои аз ҳад зиёди иқтисодӣ, натиҷаҳои баръакс доданд. Сиёсати ноком ба манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида дар минтақа таъсири манфӣ расонд, обрӯ ва нуфузи Амрикоро такон дод ва муттаҳидонашро маҷбур сохт, ки аз онҳо рӯй гардонанд. Ин шояд як баҳс ба манфиати назарияи тавтиъа бошад, ки тибқи он Русия дар интихоботи охирини президентии ИМА барои пирӯзии Трамп дахолат кардааст.
Президент Путин ба Риёз ва Абу-Дабӣ, муҳимтарин шарикон ва воридкунандагони бузургтарини Амрико, ташриф меорад. Дасташ аз имзои созишномаҳои тиҷорӣ, ҳарбӣ ва нафт хаста шудааст. Вай хушбахт аст ва ба иттифоқчии эронии худ барои бозиаш, ки гуруҳҳои мусаллаҳ дар Яман, Ироқ ва Лубнон дар ин тағйири ҷиддии стратегӣ нақши муҳим доштанд, сипосгузорӣ мекунад. Маҳз ҳамон қадами эрониҳо буд, ки дар ниҳоят роҳи таҳоҷуми Русияро ҳамвор карданд.
Ин муваффақиятҳое, ки президент Путин дар халиҷи Форс ба даст овардааст, танҳо бо тиҷорат ва амалиёти ҳарбӣ маҳдуд намешаванд. Ба зудӣ онҳо ба соҳаи сиёсӣ таъсир мерасонанд ва ба манфиатҳои иттифоқчиёни вай дар Сурия, ки ҳоло дар ҷараёни барқарорсозии пас аз ҷанг саҳм доранд, хизмат хоҳанд кард. Мо истисно намекунем, ки онҳо баргардонидани Сурияро ба нақши пешбар дар Лигаи давлатҳои араб ва эҷоди каналҳо барои ба эътидол овардани муносибатҳои байни иттифоқчии эронии он кишварҳо ва кишварҳои араб мехоҳанд,-мегӯяд дар идома Абдулбории Атавон.
Ба сурати умум сафари Владимир Путин ба Арабистони Саудӣ дар пасманзари хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Сурия як сафари муваффақонаест, ба Маскав имкон медиҳад, ки мавқеъи худро дар минтақа боз ҳам мустаҳкамтар кунад.
Таҳияи Б.Шафеъ