Аз зилзилаи мудҳиш даҳҳо ҳазор нафар ҳалок шуда ва шумори зиёди биноҳо хароб гардиданд. Оё имконе вуҷуд дошт, ки аз онҳо пешгирӣ кард? Дар  ин фоҷиа кӣ гунаҳкор аст ва аз ин дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, бояд чӣ сабақе гиранд?

Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи силсилаи заминларзаҳои беш аз 7,7 дараҷа, ки рӯзи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия ба амал омад, 41156 нафар ҳалок ва 108068  нафар маҷруҳ гардиданд. Ин рақамҳо  ниҳоӣ нестанд, зеро то ҳол зери харобаҳо одамони зиёде боқӣ мондаанд. Паёмадҳои ин ҳодиса ҳатто аз паёмадҳои охирин заминларзаи шадиди 7,4 дараҷа, ки соли 1999  дар Туркия ба амал омада буд ва дар натиҷаи он дар шаҳри Измити кишвар беш аз 17 ҳазор нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 250 ҳазор нафар бесарпаноҳ монда буданд, шадидтар аст. Ин ҳодиса як фоҷеаи бузурги миллӣ гардид, ки зарурати таъмини омодагӣ ва устувориро дар муқобили чунин офатҳо нишон дод. (Бахусус дар ҳоле, ки кишвар дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол ҷойгир буда, заминҷунбӣ падидаи хеле маъмул мебошад) Новобаста аз ин, бо назардошти миқёси фоҷиаи дар моҳи феврали соли 2023 бавуқӯъомада метавонем бигӯем, ки аз гузашта сабақе гирифта нашуд.

Кишвари Туркия дар тӯли таърих беш аз 114 заминларзаро аз сар гузаронидааст, ки бар асари он зиёда аз 140 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Пас аз заминларзаи харобиовари соли 1999, ҳукумати Туркия нисбат ба қонунгузории марбут ба коҳиши паёмадҳо ва омодагӣ ба зилзила чораҳо андешид. Махсусан, пурзӯр кардани меъёрҳои сохтмонӣ аз қабили он буд ва тавре воқеаи руйдода нишон медиҳад, он дар амал хуб ба роҳ монда нашудааст. Рӯзноманигори маъруфи турк Аслӣ Айдинтасбас дар ин бора чунин навиштааст: «Қонунҳои Туркия дар бораи зилзила хеле сахтгиранд, вале онҳо дар давоми даҳ соли охир ба пуррагӣ татбиқ нашудаанд».

Дар Туркия аз хишти барои озмоиш гирифташуда пенопласт, рӯзномаҳо ва тӯмори зидди чашм пайдо шуданд.

Кӣ гунаҳкор аст?

Ҳанӯз соли 2013, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар “Твиттер”  чунин навишта буд: «Одамро бино мекушад, на заминларза» ва ин ибора хеле машҳур гардид. Дар Туркия масъалаи сифати сохтмони биноҳои дар натиҷаи офати табиӣ харобшуда ва маҳоратнокии пудратчиён хеле тезутунд гардидааст. Пас аз фоҷеа дар шабакаҳо аксу наворҳои зиёди хонаҳои пуррахаробшуда пайдо шуданд, ки дар онҳо нуқсонҳои ошкори сохтмон мушоҳида карда мешуданд. Барои мисол, дар сутунҳои борбардор  ба ҷои бетон реги дарёӣ истифода шудаанд.

Ҳукумати Туркия дар посух ба ин дар 10 вилояти осебдида тафтишоти оммавӣ  ташкил кард. Тадқиқотҳо нуқсонҳои ҷиддии масолеҳи сохтмониро нишон доданд, ки мустаҳкамии бетонро хеле заиф менамоянд. (Таркиби хоку шағал дар бетон ба талабот ҷавобгӯ набуда ва бахусус, пораҳои ёфтшудаи шағалҳо  ба андозаи як мушт  ба меъёрҳои 3 сантиметрӣ мувофиқ набуданд)

Боиси таассуф аст, ки Туркия на танҳо бо суръати баланд ва тавре ки тадқиқот нишон дод, сифати пасти сохтмони биноҳо дар мамлакати худ фарқ мекунад, балки ҳамчун пудратчии муваффақ дар дигар кишварҳо низ обрӯ дорад.

«Сабаби чунин харобиҳо беназоратӣ мебошад, зеро раванди сохтмон ба як василаи пулкоркунӣ табдил ёфтааст. Баъзе биноҳо ба ду қисм ҷудо  шудаанд ва ин нишон медиҳад, ки то чӣ андоза сифати масолеҳи сохтмон паст будааст» – мегӯяд раҳбари бахши Палатаи меъморони Туркия дар Анқара Тезҷан Каракуш Ҷандан.

Прокуротура тасдиқ намуд, ҳадди аққал дар як вилояти Туркия, ки бо унсурҳои табиат фаро гирифта шудааст (зери таъсири унсурҳои табиат қарор дорад), хонаҳо ба таври оммавӣ бо вайрон кардани талаботу меъёрҳои биносозӣ сохта шудаанд. Нисбати чандсад нафар иморатсозон, меъморон ва дигар мансабдорон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аллакай беш аз 150 нафари онҳо боздошт шудаанд. Аз ҳаромкории пудратчиён далели асосӣ ин аст, ки бисёре аз онҳо дарҳол кӯшиши фирор аз Ватанро карданд. Аз ҷумла Омер Ҷиҳан (Kule Apartmani) дар яке аз меҳмонхонаҳои гаронбаҳо дар Анталия паноҳ бурда, худро қурбонии заминларза муаррифӣ кард, Ёвуз Каракуш (пудратчӣ дар шаҳри дар Адияман) бо ҳамсараш кӯшиши фирор ба Гурҷистонро намуд, Ҳасан Алпаргун (пудратчӣ дар шаҳри Адана) кӯшиш дошт аз Туркия маблағҳои калонро барои хариди манзил дар Қибри Шимолӣ интиқол диҳад, Меҳмет Яшар Ҷошкун (маҷмааи истиқоматии “Ренессанс” дар Ҳатай) дар майдони ҳавоӣ бо пули бисёр ва чиптаи ҳавопаймо ба самти Черногория боздошт шуд ва ғайра.

Зилзилаи мудҳиш на танҳо соҳибкорони бевиҷдонро фош намуд, балки дар пасманзари он соҳибкорони ҳалолкор ва бовиҷдонро аз ҳисоби муайян кардани қонунияти байни дараҷаи харобшавии биноҳо ва пудратчии онҳо ҷудо кард. Масалан, ҳамаи биноҳое, ки аз ҷониби Раёсати сохтмони манзилии Туркия бунёд шудаанд (134 ҳазор мактаб, масҷид ва дигар биноҳо дар 10 вилояти зарардида) қобили истифода боқӣ мондаанд. Зеро онҳо бо истифодаи технологияҳои сейсмоустувор бунёд ёфтаанд. Масалан, дар шаҳри Эрзини музофоти Ҳатай ягон бино фурӯ нарафтааст. Ба гуфти раиси шаҳри мазкур, дар давоми фаъолияташ ӯ ҳатто ба ягон амволи ғайриманқули ғайриқонунӣ, ки ба талаботи сохтмон ҷавобгӯ набуда, иҷозат надодааст.

Заминларза дар Туркия ба иқтисодиёти ин кишвар ба маблағи 84 миллиард доллар ё тақрибан 10 фоизи ММД хисорот ворид кардааст.

Чаро назорат аз болои риояи меъёрҳои биносозӣ ин қадар бесамар буд? Ҷонибдорони нерӯҳои мухолифини кишвар мегӯянд, ки протоколҳои сохтмон хеле сабуктар шудаанд, зеро бисёре аз иморатсозони бузург бо президент Эрдуғон робитаҳои хешовандӣ ё дӯстона доранд. Баъзеи онҳо хатто барои вайрон кардани меъёрҳои биносозӣ аз ҷарима озод карда шуданд.

Ин ҳолат ба сиёсат чӣ гуна таъсир мерасонад?

Дар пасманзари мубориза бо оқибатҳои заминларза дар Туркия омодагӣ ба интихобот идома дорад. Ҳодисаи рухдода ба нафъи Эрдуғон нест, зеро  рақибонаш ӯро гунаҳкори аслии фоҷеа медонанд. Ба гуфти онҳо ҳукумати ӯ дар тӯли 20 соли ҳукмрониаш чораҳои зарурии  ҳифзи сейсмологиро наандешидааст. Бо вуҷуди дастури Эрдуғон дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи даҳҳо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, бисёриҳо бар ин боваранд, ки гунаҳкорони аслӣ дар сари давлат ҳастанд. Илова бар ин, интизор меравад, ки Эрдуғон дар интихоботи дарпешистода аз ҷониби Ғарб дастгирӣ нахоҳад ёфт, зеро Ғарб сиёсати мустақили Туркияро дар муносибат бо Русия дӯст намедорад – Туркия ягона кишвари узви НАТО аст, ки ба таҳримҳои алайҳи Русия ҳамроҳ нашуда ва ҳамкориашро бо Москва тақвият медиҳад.

Иқтисодиёти заифгардидаи Туркия як талаби иловагӣ барои Эрдуғон   гардид, зеро оқибатҳои таъсирбахши иқтисодӣ такаббурҳои кишварро ҳамчун як бозигари фаъол дар минтақа ба таври аён кам хоҳад кард. Ҳанӯз соли 2022 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир изҳор намуда буд, ки «Тоҷикистон мехоҳад аз таҷрибаи Туркия дар бисёр бахшҳо, бахусус дар бахши иқтисодӣ истифода барад». Дар ҳамин ҳол, иқтисодиёти Туркия  бояд аввал худаш аз хисороти воридшуда барқарор шавад. Оқибатҳои заминларза боиси 10,4 миллиард доллар кам шудани даромади буҷети кишвар гардида,  талафоти қувваи корӣ ба иқтисодиёти Туркия 2,9 миллиард доллар зарар меоварад.

Фаридун Усмонов, муовини раиси Маркази омӯзиши Туркияи муосир  паёмадҳои иқтисодии заминларза дар Туркияро чунин арзёбӣ намуд: «То ҳол ҳисобҳои дақиқи хисороти иқтисодӣ ба охир расонида нашудаанд ва раванди муайян кардани амволи гумшуда ҳанӯз идома дорад. Пешгӯии бархе аз коршиносони байналмилалӣ дар мавриди он, ки хисорот  10 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад, албатта маблағи калон аст, аммо агар оқибатҳои ин заминларза ва ҳодисаҳои соли 1999-ро муқоиса кунем, пас мебинем, ки он замон фоҷиа шумори камтари минтақаҳоро фаро гирифта буд, вале дар ин минтақаҳо корхонаҳои истеҳсолӣ зич ҷойгир шуда буданд  ва пайомадҳои он  назар ба имрӯз ҷиддитар буданд. Аз 10 минтақае, ки аз заминларза осеб дидаанд, Адана шояд минтақаи аз ҳама рушдкарда аз ҷиҳати саноатӣ  бошад, дигар минтақаҳо бештар ба кишоварзӣ, чорводорӣ тамаркуз кардаанд – иқтидори истеҳсолии минтақаҳои зарардида қариб 3 фоизи тамоми иқтидорҳои истеҳсолии Туркияро ташкил медиҳад.

Минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида 15 фоизи маҳсулоти кишоварзии Туркия ва 8,5 фоизи содиротро таъмин намуда, ба хазина 7,5 фоиз даромади андозро ворид менамуданд.

Албатта, бар асари зилзила фишори таваррум ба лираи турк ба вуҷуд меояд ва қурби он паст мешавад, вале дар баробари ин, худи лоиҳаи барқарорсозии минтақа бояд ба нишондиҳандаҳои иқтисодии Туркия таъсири мусбат расонад. Нигаронии аслии ҳукумати кишвар аз сарнавишти сокинони минтақа аст, зеро дар натиҷаи заминларза миллионҳо шаҳрвандони Туркия на танҳо бехонумон, балки бекор низ мондаанд. Бинобар ин,  муҳим аст, ки ҳукумати Туркия дар соли оянда барои барқарор кардани зиндагии  муқаррарии шаҳрвандон тамоми шароитҳоро фароҳам оварад».

Кӣ ба Туркия  кӯмак кард?

Фоҷиае, ки дар Туркия рух дод, ягон касро бетараф нагузошт ва омодагӣ ба  кӯмак расониданро ҳам дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам шаҳрвандони оддии бисёр кишварҳо изҳор карданд. Сокинони Тоҷикистон ба намояндагии дипломатӣ сарулибоси гарм, кӯрпа, доруворӣ ва дигар чизҳои зарурӣ оварданд, аз ҷумҳурӣ ба минтақаҳои зарардида 25 тонна кӯмаки башардӯстона фиристода шуд.

Наҷотдиҳандагони тоҷик тайи 10 рӯз 3 нафар – 2 кӯдак ва як мардро наҷот дода, ҳамчунин 214 ҷасади мурдагонро берун оварданд.

Илова бар ин, Тоҷикистон пас аз 3 рӯзи ин фоҷиа ба Туркия 50 наҷотдиҳандагони касбӣ фиристод, ки нахуст дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия, ки дар маркази заминларза қарор гирифта буд, кор карда, сипас ба корҳои ҷустуҷӯӣ ба Ҳатай интиқол дода шуданд.

Дар соатҳои аввали пас аз фоҷеа ҳукумати Русия низ омодагии худро барои фиристодани наҷотдиҳандагон бо таҷҳизоти зарурӣ ба минтақаи офат изҳор намуд ва ҳамчунин, бунёдҳои хайрия, соҳибкорон ва мардуми оддӣ ба ташкили кӯмакҳои башардӯстона шурӯъ карданд. Рӯзи 7-уми  феврал ҳавопаймоҳо бо 150 наҷотдиҳандагони  рус  ва табибон ба Қаҳрамонмараш, ки аз заминларза бештар осеб дидааст, парвоз карданд. Онҳо бо худ таҷҳизоти муосири садамавию наҷотдиҳӣ доштанд, ки тавассути он дар чуқурии то 4,5 метр пайдо намудани одам имконпазир буд.

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ҳамчунин, як ҳавопаймои амфибияро барои хомӯш кардани сӯхтор дар бузургтарин бандари Искандаруни Туркия, ки муҳимтарин иншооти логистикӣ ва тиҷорати байналмилалии ин кишвар ба ҳисоб меравад, равон кард.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки дастгирии фаъоли кишварҳои дигар пурсишҳои аҳли ҷомеаро дар мавриди омодагии Туркия ба чунин рӯйдодро ба вуҷуд овард: Чаро дар кишвар муаммои  норасоии гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ, таҷҳизот барои тоза кардани харобаҳо, чархболҳои оташнишонӣ ва ғайра вуҷуд надорад?  Ба ғайр аз заминларзаҳои пайваста Туркия мунтазам бо сӯхторҳои ҷангал дучор мешавад, ки аксар вақт барои бартараф кардани он давлатҳои дигар низ кӯмак мекунанд.  «Барои кишваре, ки тӯли ду даҳсола ба истиқлолияти худ такя мекунад, чунин ҳаҷми кӯмаки хориҷӣ хеле зиёд аст», – мегӯяд муовини директори Маркази омӯзиши Туркияи муосир.

Дар маҷмуъ ҳудуди 75 кишвари ҷаҳон ба Туркия кӯмакҳои мухталиф расониданд ва қисми асосии онро кишварҳои ИДМ ва кишварҳои арабӣ таъмин намуданд. Ин дар ҳоле, ки Амрико ва дигар «ҳамкорон»-и Туркия дар НАТО бо кӯмаки ночиз худро халос карданд.

Тоҷикистон аз ин бояд чӣ сабақ гирад?

Фоҷиаи Туркия ва Сурия бисёре аз кишварҳои минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъолро водор кард, ки ба масъалаи омодагӣ ба заминларзаҳои сахтро ҷиддӣ гиранд. Аз ҷумла, барои мақомотҳои салоҳиятдори Тоҷикистон низ  ҳодисаи дар Туркия рухдода дарси ибрат гардид. Пас аз 2 рӯзи ин заминларза дар Тоҷикистон эълом карда шуд, ки ба тарҳрезии биноҳо дар кишвар таваҷҷуҳи боз ҳам бештар дода шавад. Бахусус, ба нақша гирифта шуд, ки дар назди департаменти санҷиши Кумитаи меъморӣ ва сохтмон шӯъбаи махсуси санҷишӣ таъсис дода шавад. Раиси Кумита Низом Мирзозода иброз намуд, ки Душанбе ба заминларзаҳои 8,5 ва 9 дараҷа тобовар аст. Ҳамчун мисол  заминларзаи 6-балаи чанд соли пеш дар Душанбе баамаломадаро ёдоварӣ намуд.

Коршинос Фаридун Усмонов дар мавриди эътимоднокии биноҳо дар Тоҷикистон чунин ибрози назар дорад: «Агар дар бораи Тоҷикистон ҳарф занем, пас барои мо  на ин ки заминларзаи дар Туркия баамаломада, балки заминларзаи соли 1966, ки дар Тошканд ба вуқӯъ омад буд ва бар асари он қариб  тамоми шаҳр хароб гардид, бояд сабақ гардида бошад. Баъд аз ин заминларза таваҷҷӯҳи ҳокимияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба он равона карда шуд, ки дар ҷумҳуриҳои  фаъолнокии сейсмикиашон баланд  устувории биноҳои сохташаванда зери назорат гирифта шавад.

То соли 2008  дар Душанбе нақшаи генералии шаҳр таҳия мешуд, ки дар он  афзоиши аҳолӣ ва афзоиши майдонҳои истеҳсолӣ бояд ба назар гирифта мешуд. Аз ин рӯ, то он вақт мо сохтмони зиёди биноҳои баландошёнаро мушоҳида намекардем – танҳо маҷмӯаи истиқоматии «Пойтахт-80» пайдо шуд, ки аз  ҷониби бинокорони москвагӣ бо назардошти меъёрҳои зарурии сейсмоустуворӣ бунёд ёфтаанд. Вале аз соли 2015 сар карда, сохтмони биноҳои баландошёна, махсусан зиёд шуд. Дар ҳоле ки меъёрҳои бехатарӣ ба андешаи ман, на ҳама вақт риоя карда мешуданд, хоҳ ҳангоми омода кардани майдони сохтмонӣ ва хоҳ ҳангоми ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ истифода бурдан. Масалан, дар наздикии “Гипрозем”, “7-ум километр”, худи марказ дар наздикии кинотеатри «Ватан» биноҳои 2—3-сола ба чунин ҳолати ногувор расидаанд, ки гуё 70—80 сол  пеш сохта шуда бошанд. Ҳамчунин, минтақаи “Зарафшон”-и шаҳр бо биноҳои баландошёна, ки хеле зич сохта шудаанд, машҳур мебошанд.

Раиси нави вилояти Хатлон сохтмони  биноҳои баландро дар дохили маҳаллаҳои камошёна манъ кард ва ин  иқдоми хеле дуруст аст, ки бояд дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ татбиқ карда шавад. Зеро сохтмони биноҳои баландошёна бояд ба таври комплексӣ анҷом дода шаванд, ки ин назоратро аз болои риояи тамоми стандартҳо осон мекунад.

Пас аз ин ҳодиса санҷишҳо дар дигар шаҳрҳои осебнадидаи Туркия оғоз шуданд. Раиси шаҳри Истанбул гуфт,  дар миқёси шаҳр даҳҳо ҳазор биноҳо мавҷуданд, ки ба заминларза тоб оварда наметавонанд. Аз рӯи ҳисоби коршиносон, барои ба стандартҳои бехатарӣ мутобиқ кардани шаҳр тақрибан 100 сол лозим аст. (Яъне Истанбул то ба ин дараҷа пур аз биноҳои нобовар аст) Дар Тоҷикистон  кор ҳанӯз то ба ин дараҷа нарасидааст ва дар шаҳрҳои мо  биноҳои наве, ки ба меъёрҳои бехатарӣ ҷавобгӯ набошанд он қадар зиёд нестанд, вале албатта вуҷуд доранд.

«Зарур аст, ки мақомотҳои шаҳрии кишвар тафтиш гардида, ҳарчи зудтар ба мустаҳкам намудани биноҳои беэътимод шурӯъ кунанд, ё ки онҳоро вайрон карда, биноҳои нав созанд. Бале, имрӯз ин хеле гаронхарҷ ба назар мерасад, вале дар ояндаи дарозмуддат як роҳи ҳалли ногузири ин муаммо мебошад», мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.

Умедворам, ки дар Тоҷикистон соҳаи сохтмони манзил ба танзим дароварда мешавад. Ва ин на танҳо ба тафтиши ҳамаи биноҳо ба сейсмоустуворӣ, балки ба қоидаҳои ба расмият даровардани ҳуҷраҳо, қабули давлатӣ ва супоридан тааллуқ мегирад. Бисёр ҳолатҳои фиреб хӯрдани саҳмдорон ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ вобаста то ба чӣ андоза солим будани бозори сохтмони манзилии мо вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, шояд фоҷеа дар Туркия барои мақомотҳои салоҳиятдори Тоҷикистон барои таҳти назорати комил гирифтан ва ба танзим даровардани тамоми равандҳо баҳонае гардад».

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь