Ҳафтаи охир сару садо дар бораи аз дастаи “Манчестер Юнайтед” рафтани Криштиану Роналду боз ҳам зиёд шуд. Сомонаҳои варзишии қораи Аврупо хабар медиҳанд, ки Роналду дар ин тобистон ҳайати “девҳои сурх”-ро тарк мекунад. Ҳамчунин, дастаи “Челси”, яке аз рақибони сарсахти “МЮ”-ро аз довталаби асосӣ барои ҷалби футболбози португалӣ меҳисобанд.

Дар бораи он ки дастаи “МЮ”-ро Роналду тарк мекунад баъди он зиёд шуд, ки ин тим ба Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо роҳхат гирифта натавонист. Ва танҳо ҳақи иштирок дар мусобиқаи Лигаи Аврупоро баҳри худ таъмин карду халос. Роналду ҳам чандин маротиба дар суханрониҳои худ низ қайд намуда, ки ӯ дар тиме, ки дар Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ намекунад, ҳунарнамоӣ кардан намехоҳад. Ҳамин гуфтаи Роналду барои аксар расонаҳои варзишӣ дастак шуда, ки сару садоро нисбат ба ояндаи ӯ бештар мекунанд.

Инчунин, хабарҳое низ паҳн мешаванд, ки Роналду ба ҳайати тими “Манчестер Юнайтед” дар машқу тамринҳои дастаҷамъи иштирок намекунад. Дар ҳоле, ки ҳамдастаҳои ӯ тайи чанд рӯзи охир ба тамринҳо пардохтаанд. Пас аз ин маврид гуфтаи худи ӯ, ки дар дастаи иштирокчии Лигаи Аврупо хоҳиши бозӣ карданро надорад, дуруст мебарояд. Вале ин ҳам бояд ба назар гирифта шавад, ки ӯро дастпарвари “МЮ” медонанд.

Агар Роналду “МЮ”-ро тарк кунад, пас ба кадом даста меравад. Дар ҳоле, ки хосторҳои ӯ нобоварона ҳам бошад, “ПСЖ” ва “Бавария” гуфта мешаванд. Ё дастаҳои сердаромади амрикоию арабӣ, ки дар ҷалби ситораҳои тобноки футбол ҳамто надоранд, ӯро ба тарафи худ мекашонанд. Ё ӯ барои чанд мавсими охири фаъолияти футболбозии худ дастаҳои ватани худ – Португалияро интихоб мекунад. Ё “Реал Мадрид” мӯъҷиза нишон медиҳаду ӯро ба ҳайати худ даъват мекунад. Ва чандин “ё”-и дигар вуҷуд дорад, ки то анҷоми равзанаи трансферӣ ҷавоби худро пайдо хоҳанд кард. Дар охир саволе ба миён меояд, ки оё дӯстдорони ҳунари волои Роналду ба анҷом ва ғуруби фаъолияти футболбозии ӯ наздик шудаанд, ё на?

 “Хуҷанд” қаҳрамонӣ нишон дод

Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд баъди иштироки муваффақона дар Ҷоми АFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ба Ватан баргашт. Ин даста бори аввал ба даври “плей-офф”-и ин мусобиқаи қоравӣ роҳхат гирифт. “Хуҷанд” баъди мусовӣ дар даври дуюми мусобиқа бо тими “Дордой”-и Қирғизистон марҳилаи гурӯҳиро бо ишғоли мавқеи аввал пушти сар намуд.

“Хуҷанд” дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои “Копетдаг” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) қарор дошт. Бозиҳои гурӯҳи мазкур дар Қирғизистон гузашт. Дастаи “Хуҷанд” дар даври аввал тими “Копетдаг”-ро бо ҳисоби 3-1 шикаст дода буд ва баъди мусовӣ дар рақобати дуюм бо касби чор хол марҳилаи гурӯҳиро муваффақона гузашт.

Дастаи дигари Тоҷикистон – “КМВА” низ иштирокчии марҳилаи гурӯҳӣ буд. Вале бо ду мусовӣ ва як шикаст натавонист ба марҳилаи дигар суъуд кунад. Ин тим дар гурӯҳи “Е” қарор дошт ва дар даври аввал бо “Олтин Асир” (Туркманистон) мусовӣ (0-0) бозӣ намуд. Дар даври дуюм аз тими “Суғдиён” (Ӯзбекистон) бо ҳисоби 3-2 шикаст хӯрд. Даври сеюмро муқобилӣ “Нефтчӣ” (Қирғизистон) мусовӣ бозида, бо ишғоли мавқеи сеюм марҳилаи гурӯҳиро ҷамъбаст намуд.

Ҷудоварзони тоҷик ба Будапешт мераванд

Аз 8-ум то 10-уми июл мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар шаҳри Будапешти Маҷористон таҳти унвони “Grand Slam Hungary-2022” доир мегардад. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро панҷ варзишгар намояндагӣ мекунанд: Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Комроншоҳ Устопирён (-90кг).

Дар назар аст, ки 463 ҷудоварзи олам (265 мард ва 198 зан) аз 66 кишвари ҷаҳон ба шаҳри Будапешти Маҷористон сафарбар гарданд. Ин дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо аст, ки ҷудочиёни олам барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 касби хол мекунанд. Радабандӣ барои касби хол ва иштирок дар бозиҳои олимпӣ барои ҷудочиён пас аз доир шудани мусобиқаи “UlaanBattar Grand Slam-2022” шакл гирифт, ки дар он се ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, (ҳар ду -73 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90 кг) низ ворид шуданд.

Чун анъана бо ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи “Grand Slam Hungary-2022” медал ва мукофотпулӣ тақдим мешавад. Ҷоизадорони ҳар вазн мутаносибан соҳиби 5000 (зинаи аввал), 3000 (зинаи дуюм) 1500 (зинаи сеюм) евро мегарданд.

Муштзани тоҷик соҳиби медали байналмилалӣ шуд

Шаббос Негматуллоев, муштзани маъруфи кишвар ва иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, таҳти унвони “Ҷоми Элорадо” дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба навиштаи Кумитаи олимпии Тоҷикистон Шаббос дар вазни -80кг кишвари моро дар ин мусобиқа намояндагӣ кард. Ӯ дар ду муҳорибаи худ варзишгари мизбон Баиржан Баигоншеков ва Салгадо Брайан аз Кубаро мағлуб кард, вале дар даври ниманиҳоӣ аз Танглатиан Аербекеи чинӣ шикаст хӯрда, мақоми сеюмро ба даст овард.

Варзишгари дигари тоҷик Хусравхон Раҳимов низ дар ин мусобиқа иштирок дошт, вале дар рақобати нахусташ аз варзишгари ӯзбек Дилшод Абдумуродов шикаст хӯрд.

Наврасони тоҷик дар Баҳрайн медал ба даст оварданд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё аз рӯи ду навъи варзиш –  гуштини тарзи озод ва юнонӣ-румӣ се медал – ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Ин мусобиқаи қоравӣ дар шаҳри Манамаи Баҳрайн идома дорад.

Ба гуфтаи Кумитаи олимпии кишвар  дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба намуди варзиши юнонӣ-румӣ Исо Нурмаҳмадов (68кг) медали нуқра ба даст овард. Қувваозмоии ин вазн даврӣ сурат гирифт. Исо дар даври аввал варзишгари Эрон Имад Ризо Муҳсиннажодро шикаст дод, вале дар қувваозмоии дуюм аз аз намояндаи Ҳиндустон Кумар Сачин шикаст хӯрд. Сипас, дар ду даври дигар варзишгари қирғиз Ержан Оқилбек ва намояндаи Қазоқистон-Еркебулан Анапиаро шикаст дода, медали нуқра ба даст овард.

Инчунин, ин манбаъ хабар медиҳад, ки дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгари дигари тоҷик Муҳаммад Абдуҳакимзода низ аз намуди юнонӣ-римӣ дар вазни -62 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои Кумитаи олимпӣ дар ин мусобиқа Алиризо Баҳромов аз намуди гуштини тарзи озод медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар вазни -68кг Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ мекард. Алиризо варзишгарони Қирғизистон (Элхан Эрмаков), Қазоқистон (Ербол Маратулӣ) ва Ҳиндустон (Нишант Руҳил)-ро шикаст дод, вале дар финал аз варзишгари Эрон Ризо Алиакбар шикаст хӯрда, соҳиби медали нуқра гардид.

Маврид ба зикр аст, ки кишвари моро дар ин мусобиқаи қоравӣ панҷ нафар миёни наврасон ва се нафар миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд. Ин мусобиқа то 10-уми июл идома хоҳад кард.

Ҷашни Ваҳдат гӯштингиронро ба ҳам овард

Бахшида ба 25-умин солгарди ҷашни Рӯзӣ Ваҳдати миллӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Гӯштингирӣ баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо ҷалби варзишгарон ва гӯштингирони номвари кишвар дар МД “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе доир шуд.

Сомонаи “Varzishtv.tj” хабар медиҳад, ки ин мусобиқа бо иштироки 8-даста аз минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардидааст. Дастаҳои Хатлон-1 ва Хатлон-2, вилояти Суғд, ШНТМ, ВМКБ, минтақаи Рашт, шаҳри Душанбе ва дастаи Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон барои ба даст овардани мавқеъҳои фахрӣ талош намуданд. Ин мусобиқа дар панҷ вазн (65 кг, 75кг, 85кг, 95кг, ва +95кг) миёни мардон ва як вазн (60кг) миёни бонувон доир шуд.

Дар даври финалии вазни 60 кг миёни бонувон Ҷонона Назарова аз дастаи Хатлон-2 Фазилат Гулбоеваро шикаст дода, ҷои аввал ва сазовори мукофотпулӣ шуд. Ғолибон ва ҷоизадорон миёни мардон инҳоянд: Муллораҷаб Халифаев (65 кг), Масъуди Аҳмадзод (75кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (85кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-95кг), Темур Раҳимов (+95кг).

Дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол ба таътил баромаданд

Даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Баъди анҷоми ин давр тими “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бо касби 19 имтиёз садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Бозингарони “Равшан” дар даври охирин дастаи “Эсхата”-ро бо ҳисоби 2-0 шикаст доданд. Абдухалил Боронов ва Шодиҷон Муродов ғалабаи ин тимро таъмин намуданд.

Дар бозии дигари ин давр “Истиқлол”-и Душанбе “Регар-ТадАз”-ро бо ҳисоби 3-1 шикаст дод. Шервонӣ Мабатшоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров голҳои дастаи “Истиқлол”-ро ба ҳадаф расониданд. Ягон голи мизбононро Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Рақобати дигари даври 11-ум миёни ду дастаи вилояти Суғд – “Истаравшан” ва “Хуҷанд” баргузор гардид. “Хуҷанд” бо ягона голи Далер Ёдгоров пирӯзии худро таъмин намуд. Дар бозии дигари даври мазкур КМВА аз тими “Файзканд”-и Восеъ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Ба голи задаи Абдулло Шарипов аз тими Артиш бозингарони мизбон бо ду гол ҷавоб доданд. Алишер Холмуродов ва Артур Боугнон голҳои тими “Файзканд”-ро ба ҳадаф расониданд.

Пас аз анҷоми даври 11-ум дастаҳои иштирокчии Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол ба танаффуси як моҳа баромаданд ва оғози дари навбатӣ 12-уми август дар назар аст. Дар ин миён равзанаи трансферӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Дастаҳои футболи Тоҷикистон метавонанд, ки бо ҷалби бозингарони бомаҳорат аз дохил ва хориҷи кишвар ҳайати худро қавӣ гардонанд.

Тими миллии футзали Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозии дӯстона баргузор мекунанд

Тими миллии футзали Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона доир менамоянд. Ин бозиҳо дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 анҷом меёбанд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ рақобати тими футзали Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзҳои 14, 15 ва 17-уми моҳи июл дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон доир мегарданд. Тими миллии Тоҷикистон ба ин бозиҳо таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов сафарбар мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон сар аз 7-уми июл дар шаҳри Гулистон омодагӣ ба ин бозиҳоро оғоз мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Қувайт баргузор мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” қарор дошта, бо тимҳои Баҳрайн, Ӯзбекистон ва Туркманистон рақобат мекунад.

Таҳияи Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь