Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ёдгори Имом Хумайнӣ – бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Эшон дар рӯзи 7 августи соли 1979, ки баробар бо 16 мурдоди 1358, ё 23 рамазони соли 1399 ҳиҷрии қамарӣ буд ва бо аз сар гирифтани ҳамлаҳои режими ишғолгар ба ҷануби Лубнон ҳамзамон шуда буд, паёме дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва ормони Қудси шариф содир карданд ва охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазонро рӯзи ҷаҳонии Қудс ном ниҳоданд.
Ҳадди ақал се омили аслӣ боис шуда, то Қудси шариф, аввалин қиблаи мусулмонон ба унвони муҳимтарин масъалаи ҷаҳони ислом дар садр қарор гирад: нахуст, моҳияти сарзамини Фаластин, тақаддус (покӣ) ва ҷойгоҳи он назди пайравони дини ислом; Дувум, моҳияти душманӣ ва иддаоҳои мазҳабиву таърихӣ ва рӯҳияи тавсеаталабона ва ишғолгарии он (талош барои моликият бар сарзамини Фаластин ва маконҳои муқаддаси исломӣ); Сеюм, моҳияти иттиҳоди ғарбӣ – саҳюнистӣ, ки ба думболи тафриқа ва дудастагӣ миёни кишварҳои исломӣ ва заъиф намудани онҳо аст, то ҳамчунон вобаста ба қудратҳои бузург боқӣ бимонанд.
Тайи 7 даҳаи гузашта Фаластин ҷиноёти бешумореро аз қатли ом, поксозии қавмӣ, тағйири бофти ҷамъият, шиканҷа, қатли худсарона, боздошт ва тамоми шаклҳои ҷиноёти ҷангӣ, наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башариятро дар ҳоле таҳаммул кардааст, ки ин масъала ба равиш ва шеваи амали Исроил аз ибтидои ишғоли Фаластин табдил шудааст.
Дар солҳои ахир режими мазкур иқдомоти худро алайҳи фаластиниён шиддат бахшидааст. Аз ҷумлаи ин иқдомот метавон ба «танбеҳоти дастаҷамъӣ», ки муҳимтарин омили нақзи «асли таъйини сарнавишт» тавассути фаластиниён аст, муҳосираи Ғазза, такмили девори ҳоил (буферӣ), хориҷ ва кӯчондани маҷбурии фаластиниён аз ватани аслиашон ва дар муқобил даъвату ҷойгиркунии исроилиҳо ба минтақаҳои ҳосилхез, террори фармондеҳону муҷоҳидини фаластинӣ ва дигар кишварҳои арабӣ ва исломӣ, нобудии заминҳои кишоварзӣ дар навори Ғазза, иҷрои тарҳи яҳудисозии Қудс бо идомаи шаҳраксозиҳо, хароб кардани манзилҳои фаластиниҳо, афзоиши ҳузуру назорати низомӣ-амниятӣ бар шарқи Байтулмуқаддас, манъи рафту омади шаҳрвандони фаластинии сокини Қудс ва ботил кардани корти шиносоии эшон ва бекор кардани иҷозатномаи иқомати доимии фаластиниҳои сокин дар Қудс, ки дар ихтилоф бо қонунҳо ва тавофуқномаҳои байналамилалӣ, ба вежа моддаи 43 Конвенсияи Гаага ва Конвенсияи чаҳоруми Женева аст, тасвиби қонуни «давлат-миллати қавми яҳуд» дар Кнесети ин режим дар соли 2018; Ривоҷи шаҳракнишинӣ ба унвони «арзиши миллӣ» дар Исроил; Ҷудосозии фаластиниёни каронаи Бохтарӣ ва Ғазза; Ва яҳудисозии Қудс, Ҷулон ва Нақб, муҳокимаи фаластиниён дар додгоҳҳои низомӣ ва ғайра аст.
Режими Исроил бояд ба хотири нақзи ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва ҳуқуқи башардӯстона дар сарзамини ишғолии Фаластин посухгӯ бошад. Чунин ҷиноёте набояд бидуни муҷозот бимонад. Ҳалли буҳрони Фаластин танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҳуқуқи мусаллами мардуми Фаластини ишғолӣ ба таври комил ба расмият шинохта шуда, эҳё ва барқарор шавад.
Ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мардуми таҳти зулму ситамдидаи Фаластин як сиёсати кӯтоҳмуддат ва тактикӣ нест ва ин амр натанҳо реша дар эътиқодоти динӣ дорад, балки аз ҳама муҳимтар вазифае инсонӣ ва башардӯстона аст, ки бунёди он ба фитрату зоти ҳар инсони озода аз ҳар дину нижод боз мегардад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои ҳаллу фасли буҳрони Фаластин тарҳе демократӣ ва одилона таҳти унвони «Баргузории ҳамапурсии миллӣ дар Фаластин» пешниҳод дода, ки дар дабирхонаи Созмони Милал низ ба сабт расидааст. Ба эътиқоди Ҷумҳурии Исломии Эрон, бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзамини аслии худ ва баргузории ҳамапурсӣ дар миёни мардумони асили ин сарзамин барои таъйин сарнавишт ва навъи низоми сиёсии мавриди назар, муассиртарин роҳкор барои ҳалли ин муноқиша аст. Бар асоси ин тарҳ, мусулмонон, яҳудиён ва масеҳиёни Фаластиниуласл қодир хоҳанд буд, навъи низоми қонунии ҳоким бар хешро баргузида ва ба сурати озод ва баробар аз ҳуқуқи он баҳраманд гарданд. Ин тарҳ ҷойгузини муносибе дар баробари тарҳҳои шикастхӯрдаи қаблӣ хоҳад буд.
Муҳаммадтақӣ Собирӣ,
сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон