Мизбони Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян шуд

Федератсияи байналмилалии футбол хабар медиҳад, ки мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон миёни мунтахабҳо дар соли 2026-ро се кишвар аз қитъаи Амрико мизбонӣ хоҳанд кард. Ҷоми ҷаҳон-2026 дар 16 шаҳрҳои гуногуни ИМА, Канада ва Мексика баргузор мегардад. Дар таърихи Ҷоми ҷаҳон ин аввалин мусобиқаест, ки бо чунин шакл баргузор мегардад. Инчунин, бори аввал дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон иштироки 48 даста дар назар аст.

“Реал Мадрид” ҳайаташро дигаргун мекунад

Дастаи “Реал Мадрид” тобистони имсол дар ҳайати худ тағйироти зиёде ворид намуд. Ҳафтаи қабл бозингарони номвари ин тим Марсело, Иско ва Бейл ҳамчун бозингари озод ин тимро тарк намуданд. Инчунин, имкони аз ин даста рафтани ҳамлавар Марко Асенсио ва ниммуҳофизатгар Дани Себалос низ дар ин тобистон вуҷуд дорад.

Антонио Рюдигер бошад, аз дастаи “Челси” ҳамчун бозингари озод ба ҳайати ин тим пайваст шуда, ба мӯҳлати панҷ сол шартнома ба имзо расонд. Дар ин бора сомонаи расмии тими “шоҳона” хабар медиҳад. Рюдигер дар ин даста зери шумораи 22 ҳунарнамоӣ мекунад.

Инчунин, сомонаи варзишии “Marca” хабар медиҳад, ки роҳбарияти дастаи “Реал Мадрид” бо ҳамлавар – Карим Бензема то соли 2024 шартномаи нав ба имзо расонид. Мавсими гузашта барои бозингари фаронсавӣ хуб ба анҷом расид. Дар 46 рақобати иштирокдоштаи худ 44 гол ба ҳадаф расонда, 15 паси голӣ анҷом додааст.

Ӯ бо тими “шоҳона”-и “Реал мадрид” ҷоизадори Ла-Лига ва Лигаи қаҳрамонҳо гардид. Инчунин, унвони беҳтарин бозингари Лигаи қаҳрамонҳоро ба худ ихтисос дод. Бензема яке аз даъвогарони асосӣ баҳри ба даст овардани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар мавсими гузашта ба ҳисоб меравад.

Бензема аз соли 2009 инҷониб шарафи дастаи “Реал Мадрид”-ро ҳимоя мекунад. Бо задани 323 гол, баъд аз Криштиану Роналду (450 гол) дуюмин нишонзан дар таърихи дастаи “шоҳона” ба ҳисоб меравад.

 Иштироки ҷудокорони тоҷик дар Муғулистон

Аз 24 то 26-уми июн дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон мусобиқа оид ба гӯштини ҷудо таҳти унвони “UlaanBattar Grand Slam-2022” баргузор мегардад. Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки се ҷудокори тоҷик-Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, (ҳар ду -73 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90 кг) дар ин мусобиқа иштирок мекунанд.

Ин шашумин силсилаи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли равон мебошад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 259 варзишгар (158 мард ва 101 зан) аз 30 кишвари олам дар назар аст. Варзишгароне, ки зинаи аввалро соҳиб мешаванд, соҳиби 5000, зинаи дуюм бо 3000 ва мақомдорони ҷои сеюм соҳиби 1500 евро мегарданд. Ин нахустин мусобиқа баҳри касби хол ва роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 барои иштирокчиёни ин навъи варзиш мебошад.

Душанбе-мизбони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол

Аз 15 то 20-уми моҳи июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони то 23-сола ва мардҳо баргузор шуд. Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин мусобиқа варзишгарони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Мусобиқа ба таври системаи даврӣ баргузор шуда, ҳар як даста чор рақобатӣ гузарониданд.

Баъди анҷоми мусобиқа мақомдорон ва ҷоизадорон маълум шуданд. Мунтахаби Қазоқистон миёни мардҳо ғолиби ин мусобиқа дониста шуд. Тоҷикистон мавқеи дуюм ва Ӯзбекистон ҷойи сеюмро ба даст овард. Миёни ҷавонон бошад, Ӯзбекистон ғолиб шуд. Қазоқистон мавқеи дуюм ва Тоҷикистон зинаи сеюмро касб намуд.

Арабистони Саудӣ (U-23) ғолиби Ҷоми Осиё

 Мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022 миёни ҷавонони то 23-сола ба охир расид. Рақобатҳои мазкур аз 1 то 19-уми июн дар Ӯзбекистон доир шуда, ҷоизадорони мусобиқа муйян шуданд. Дар даври ниҳоии мусобиқа мунтахаби Арабистони Саудӣ мизбони мусобиқа – Ӯзбекистонро бо ҳисоби 2-0 шикаст дода, унвони қаҳрамониро ба даст овард. Барои ба даст овардани мақоми сеюм тимҳои Ҷопон ва Австралия рақобат намуданд. Дар ин бозӣ ҷопониҳо бо ҳисоби 3-0 зафар ёфта, зинаи сеюмро касб намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷавонони тими миллии Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа иштирок доштанд. Мунтахаби мо дар гурӯҳи “D” ҳамроҳ бо ду ҷоизадори мусобиқа А. Саудӣ, Ҷопон ва АМА қарор дошт ва дар се рақобат шикаст хӯрда, аз идомаи бозиҳо бенасиб монд.

Варзишгарони тоҷик дар Бишкек соҳиби медал шуданд

Варзишгарони тоҷик дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон ва 6 нафар миёни ҷавонон дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ дар шаҳри Бишкек иштирок намуданд.

Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рӯзи якум ва дуюми мусобиқа, ки 19 ва 20-уми моҳи июн баргузор шуд, ду варзишгари тоҷик -Ҳусейн Ҳасанов дар вазни -60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд. Суннат Абдуллоев бошад, дар вазни -65 кг медали нуқра ба даст овард.

Ба иттилоъи ин манбаъ, Суннат Абдуллоев дар даври интихобӣ бар варзишгари Ҷопон, Какиру Сакаӣ, дар чорякфинал бар намояндаи Туркманистон, Какабай Какабаев, дар нимфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ, Тиёнг Квон пирӯз шуда, ба финали мусобиқа баромад. Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон – Кутман Темирбеков мағлуб гардида, медали нуқраи мусобиқаро ба даст овард.

Гуфта мешавад, ки дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони дигари тоҷик -Нодир Турсунзода (55 кг), Ансор Раҳматзода (92 кг), Акрами Ҷаҳонгир (110 кг) гӯштин гирифта, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб шудаанд.

Қаҳрамони мавсим дар NBA муайян шуд

Силсиларақобаҳои финалии бозиҳои Лигаи миллии Баскетбол (NBA) миёни дастаҳои “Голден Стэйт Уорриорз” ва “Бостон Селтикс” ба охир расиданд. Дар рақобати шашум тими “Голден Стэйт Уорриорз” бо ҳисоби 103-90 ғолиб шуд ва чорумин пирӯзии худро муқобили “Бостон” ба даст оварда, қаҳрамони NBA дар ин мавсим дониста шуд. Бозингари 34-солаи тими қаҳрамон, Стефен Карри унвони беҳтарин бозингари рақобатҳои финалиро ба даст овард. Карри дар шаш бозии даври ниҳоӣ 187 имтиёз ба даст овардааст.

Дастаи “Голден Стэйт Уорриорз” бори шашум аст, ки ҷоизаи ин мусобиқаро соҳиб мешавад. Дастаи “штати тиллоӣ” қабл аз ин солҳои 1956, 1975, 2015, 2017 ва 2018 қаҳрамони NBA шудааст.

“КМВА” ва “Хуҷанд” намояндаи Тоҷикистон дар AFC

 Мавсими имсола ва даври гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) аз 24-уми июн оғоз мешавад. 37 дастаи иштирокчӣ ба 10 гурӯҳ тақсим шуда, барои ба даври ниҳоӣ баромадан рақобат менамоянд. Дастаҳои “КМВА” ва “Хуҷанд” Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ мекунанд.

Тими “КМВА” дар гурӯҳи “Е” қарор дошта, санаи 24-уми июн бо дастаи “Олтин Асир” (Туркманистон), 27-уми июн бо “Суғдиёна” (Ӯзбекистон) ва 30-юми июн бо дастаи “Нефтчӣ” (Қирғизистон)  нерӯ месанҷад. Бозиҳои гурӯҳи “Е” дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Намояндаи дигари кишвари мо-“Хуҷанд” бошад, дар гурӯҳи “F” қарор дошта, 24-уми июн бо тими “Копетдаг” (Туркманистон) ва 30-юми июн бо “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад. Баргузории рақобатҳои мазкур дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар назар аст.

Таҳияи Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь