Амрӣ Амин бисту дуввуми октябри соли 1966 дар    деҳаи Ғусари ноҳияи Панҷакент дар хонаводаи Усто Қӯшмуроди Амин ба дунё омад. Бибиаш ӯро Амриддин ном гузоштааст. Вай фарзанди панҷумини хонадон буд. Баъди Амриддин модар боз ду фарзанди дигар ба дунё овард. Падараш, ки оҳангар буд, аз пораи оҳан ҳар гуна олот ба монанди дос, наъл, теша, табар месохт.

«То ҷое дар ёд дорам, падару модарам ҳамеша андармони иҷрои ягон кори муфиде буданд. Рӯзҳои ҷумъа падар ба Самарқанд мерафт, то намози ҷамоатро ба ҷой оварад. Пас аз намоз, вай маро ба маконҳои таърихии шаҳр: «Регистон», мақбараи «Гӯри зинда», маҷмааи “ Шоҳи зинда”, масҷиди «Бибихонум», расадхонаи «Улуғбек», осорхонаи «Афросиёб» мебурд. Ин сафарҳо дар хотираи ман нақши бузург гузоштанд. Ман ба якборагӣ ва барои ҳамешагӣ ба адабиёт, ҳунар ва меъморӣ ошиқ шудам. Ба падар ёрӣ дода, ман ба ҳунари муъҷизаофари оҳангарӣ дил бастам.  Муҳаббати мазкур маро пас аз хатми синфи ҳаштум, соли 1982 ба коллеҷи ҳунарҳои ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе овард. Ман умре ба қисмати хеш розӣ ҳастам. Аз волидони накӯрой ва меҳрубони хеш, ки ба ман дар пайроҳаи зиндагӣ дуои нек доданд, сипосгузорам. Сар аз шонздаҳсолагӣ ман бо сангҳои хорою мармар ва биринҷӣ сару кор дорам. Вале бештари асарҳои ман дар биринҷӣ офарида шудаанд.   Бешак, ишқу алоқаро дар ниҳоди ман ба биринҷӣ, ба филизи падарам ҷой дода буданд», – қисса мекунад бо ёдоварии кӯдакии хеш Амрӣ Аминов дар сӯҳбат бо рӯзноманигор Тилав Расулзода.

Солҳои таҳсил

Дар пойтахт ба шогирдии муҷассасози шуҳратманд Игор Гурйевич Иванов, – муаллифи фаввораи беназири назди бинои Маҷлиси Намояндагони кишвар, воқеъ дар рӯ ба рӯи муҷассамаи Исмоили Сомони маркази Душанбе пазируфта шуд.  Дарсҳо бо забони русӣ баргузор мешуданд.  Амриро лозим омад, то корҳои кироягӣ бикунад, то китобҳои ҷолиби бо забони русӣ навишташуда бихарад.  Тавассути ин китобҳо вай саъй мекард, то бо забони Пушкину Достоевский ҳарф задан ва хонданро ёд бигирад. Волидон низ пул мефиристоданд, то онро барои иҷораи манзил, харидани либосу попӯш ва ҳамчунин абзору маводи барои таҳсил лозим, сарф кунад.

Ба ғайр аз забони русӣ   ӯ бо кӯмаки ҳамсабақони ӯзбекистонияш забони ӯзбекиро низ аз худ кард.  Вай ният дошт, то ифтихори шогирдии яке аз машҳуртарин муҷассамасозони шӯравӣ, муаллифи муҷассамаи Пушкин дар Санкт- Петербург, академик ва Қаҳрамони меҳнати сотсиёлистӣ Михаил Константинович Аникушинро ба даст оварад.

«Ҳамин тавр, ман ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ дар Фаронса қарор гирифта, ҳамакнун наздик ба сӣ сол мешавад, ки дар Париж кору фаъолият менамоям.  Ман узви созмони эҷодии фаронсавии Конуни ҳунармандон ҳастам. Офаридаҳои маро асосан соҳибони коллексияҳои шахсӣ, шаҳрдориҳои Фаронса харидорӣ мекунанд. Ҳамзамон узви Иттиҳоди наққошони Санкт- Петербург мебошам», -таъкид медорад Амрӣ Аминов.

Дар Аврупо асарҳо ӯ бори нахуст соли 1992 дар Берлин дар маърази тамошо қарор дода шуданд. Сипас онҳо ҳар замон дар Берлин, Прага, Порис ба намоиш гузоштанд. Нахустин пайкараи монументалиашро соли 2005 дар Фаронса, дар шаҳри Шосбурсии наздики Порис гузоштанд. Асарҳои Амриддин дар осорхонаи илмию пажуҳишии Академии ҳунарҳои Санкт- Петурбург, дар осорхонаи шаҳрии Флорида ва дигар осорхонаҳои дунё муаррифӣ шудаанд

Амрӣ Аминов тайи чандин сол бо хоҳиши сарвари донишкадаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Санкт- Петурбург Михаил Пиотровский тарҳи чаҳордаҳ мутафаккири барҷастаи халқи тоҷикро, аз қабили Рӯдакӣ, Ибни Сино, Хайём, Фирдавсӣ, Берунӣ, Анварӣ, Саъдӣ, Закариёи Розӣ, Ҳофиз, Аттор, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) омода кард.

Соли 2008 Амрӣ Аминов унвони «Ҳунарманди сулҳофари  ЮНЕСКО»-ро ба даст овард. Ӯ нахустин нафаре аз ҷумлаи зодагони Осиёи Марказӣ буд, ки ба ин унвон мушарраф гардид.  Ба ҳамагон маълум аст, ки унвони мазкур ба намояндагони ҳунар ва эҷоди бадеъ чун аломати эътирофи саҳмашон дар интишори идеяҳои сулҳу таҳаммулпазирӣ, садоқаташон ба идеалҳо ва ҳадафҳои ЮНЕСКО дода мешавад.   Шаҳодатномаро ба барандаи он собиқ Мудири кулли ЮНЕСКО Коитиро Матсуура дар ҳузури собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Саймумин Ятимов тақдим дошт.  Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ дар ситоди дафтари марказии ЮНЕСКО дар Париж баргузор гардид.

“Рисолати асосии ман аз ширкат дар фаъолияти ЮНЕСКО иборат аз ҳифз ва ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ҳамчунин ҳунарҳои анъанавии (суннатии) Осиёи Марказӣ буд.  Дар чаҳорчӯбаи ин барнома маро саодати сафар кардан ба бисёр кишварҳо ва ширкат дар тадобири гуногун даст дод”, мегӯяд Амрӣ Аминов.

Амрӣ Аминов ақида дорад, ки барои муҷассамасози ҳирфавӣ шудан бояд фарҳангу таърихи ватанӣ ва ҷаҳониро хуб донист. Бояд забони модарии хеш ва забонҳои хориҷиро хуб аз худ намуд. Ҳунари муҷассамасозӣ ин корест дардовару сангину заҳматталаб ва муҳаббати фавқулодаест  ба кор,  ва пешаи хеш.

Асарҳои ҳайкалтарош дар намоишгоҳҳои Flac, Mouvons, Feyontin, Arts, Bijou, Miro in Paris, Berlin and Prague доимо намоиш дода мешавад. Асарҳои ҳайкалтарош дар Осорхонаи миллии тадқиқотии Академияи санъати Русия дар Санкт-Петурбург, дар Осорхонаи шаҳри Флорида ва дигарҳо нишон дода мешавад. Дар яке аз мусоҳибаҳояш аз ӯ пурсон шуданд:

– Дар Точикистон ягон асари шумо вучуд дорад?

– Бале, ман дорам. Аммо инҳо танҳо корҳои камеравӣ, ҳайкалҳои хурд дар коллексияҳои шахсӣ мебошанд. Бинобар ин ман бисьёр мехостам, ки ҳайкалхои монументалии худро натанҳо дар Фаронса, балки дар ватани худ хам бубинам.

Воқеан ҳам чунин шахсиятҳое ба монанди Амрӣ Аминов ҳастанд, ки номи Тоҷикистонро дар сар то сари ҷаҳон маълуму машҳур мекунанд! Вақт аст то бештар аз онҳо гӯему дар замони зиндагиашон ба қадри эшон расем.

(Бо истифода аз маводи Интернет)

Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова, хабарнигори мактаби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here