(Тоҷикистон- 9-уми сентябр, Ҳиндустон- 15-уми август ва Покистон 14-уми август)

Туро расад ба ҷаҳон сарварӣ ба истеҳқоқ,

Туро расад ба ҷаҳон хоҷагӣ ба истиқлол.

Убайди Зоконӣ

Минтақаи Осиё аз қораи бузуртарин дар ҷаҳон буда, шомили  арзишҳову манобеии табиӣ ва дорои аҳамиятҳои стратегӣ мебошад. Баррасии масоилу ҳаводиси таърихии он хело муҳим арзёбӣ гашта, фарозу нишебҳои ҳаводиси геополитикии минтақа ва сулҳу субот ягона воситаи беҳбудӣ дар рушди иқтисодиву тиҷорат дар минтақа мебошад. Минтақаи Осиё ва арзишу масоили мубрами он аз диду назари донишмандон ва арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо Мирзо Турсунзода бо зикри санадҳои таърихӣ ва сафарҳои илмиву адабӣ бештар Осиё Марказиву Осиёи Ҷанубӣ хусусан Тоҷикистону Покистону Ҳиндустонро мавриди баррасии хос қарор дода, хело хуб баён кардааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои башардӯстӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.

Дар ин зимн, минтақа бо тақсимбандии ҷуғрофии худ ба давлатҳои гуногун ҷудо шуда, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани  пайвандҳои муштараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи  худ  дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ  мебозанд. Тибқи санадҳо робитаи Шибҳи Қораи Ҳинд бо Осиёи Марказӣ ба асри III пеш аз милод рост омада, ҳарду ба воситаи Роҳи Абрешим, ки на танҳо шоҳроҳи воситаи ҳамлу нақли мол хидмат мекард, балки ба нашру таблиғи андешаву ақидаҳои фалсафӣ, динӣ ва тафаккурро мусоидат менамуд, пайванди қадимӣ доранд.

Ба андешаи донишманд ва адабиётшинос, собиқ ходими намоёни Институти Осиё ва Аврупо ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шодравон Мирзо Муллоаҳмад равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ҳинд дорои таъриху суннатҳои бою бостонӣ буда, решаи онҳо ба давраҳои хеле қадим мерасад. Роҳи Абрешим, ки аз Осиёи Миёна ва Ҳинд мегузашт, ҳам ба инкишофи муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар ва ҳам ба ривоҷи робитаҳои фарҳангии байни онҳо мусоидат мекард.

Суботи минтақавии Осиёи Ҷанубӣ заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро афзоиш дода, зиндагии мардумро беҳтар хоҳад гардонид. Кишварҳои мазкурузви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид буда, дар аксари барномаҳои иқтисодӣ ва мадании он саҳми чашмрас доранд. Созмони ҳамкории минтақавии бо номи Созишномаи Ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (SAARC) низ аз муҳимтарин ниҳод ба назар мерасад , чун пайвандгар бар асоси рушд ва нумуи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин манотиқ маҳсуб меёбад. Ҳамин тариқ, интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё CASA-1000 ва интиқоли лулаи газ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё TАPI (Туркманистан, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) низ аз созмонҳои муҳими иқтисодианд, ки дар рушд ва тиҷорати минтақавӣ кумак мерасонанд.

Бояд гуфт, ки мақсаду ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин васила равобити минтақавиро боз ҳам бештару хубтар тақвият мебахшад.

Нимаи моҳи август ҷашни солгарди истиқлолияти Ҳинду Покистон мебошад, ки тавонистанд баъд аз дусад сол аз асорати Бритониё озод шуда, соҳибхтиёр гарданд.

Давлати Бритонияи Кабир корбарии худро дар Ҳиндустон аз асри 17 оғоз кард, ки он замон император Ҷаҳонгир дар соли 1617 ба ширкати бритониёии Шарқӣ Ҳиндустон иҷоза дод, то дар ин ҷо кору тиҷорат кунад. Ҳамин тариқ, ширкати мазкур тавонист бо истифода аз  ибораи “тақсим карда, ҳукмронӣ намо”  то соли 1850 қисми зиёди минтақаро зери назорати худ гирифт.

Ҳамин тариқ, соли 1857 сарбозони ҳинду, ки дар ин ширкат кор мекарданд, ба таври оммавӣ ба ошубҳо даст заданд, ки ҳамчун шӯриши Ҳиндустон машҳуру маълум аст. Дар ин зимн, таҳти сарварии малика Виктория ширкати “Бритиш Ҳинд” ба давлатҳои мустаъмираи худ чун шоҳзодаи минтақа нуфуз пайдо кард.

Дертар дар нимаи дуюми асри 19 ва нимаи аввали асри 20, Бритониё манобеъ ва захираҳои Ҳиндро зери назорат гирифта, сармоягузории зиёд ба инфрасохтор, сарвату лоиҳаҳои он дода мешуд.

Аммо дар натиҷа, аҳолии Ҳинд ба фақру гуруснагӣ дучор шуда, даҳҳо миллион нафар кушта шуданд. Дар ҷараёни тазоҳуроти осоишта дар боғи Ҷаллианвала Боғ дар Амритсар, нерӯҳои бритониёӣ тамоми баромадгоҳҳоро баста оташ кушоданд, ки дар  натиҷаи он беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳамин тариқ, дар аввали асри 20 муқовимат ба ҳукмронии Бритониё дар саросари Ҳинд ташаккул меёфт, аммо ҳаракати сулҳомези Маҳатма Ганди дар бораи ҳамкорӣ накардан ва муқовимат дар сатҳи байналмилалӣ маъруфият пайдо мекард.

Дертар соли 1942 конгресси миллии Ҳинд муборизаи тарки Ҳиндро оғоз карда, аз ҳамкорӣ бо бритониёиҳо дар давраи ҷанг то ба даст овардани истиқлолият  худдорӣ кард. Сипас шӯришҳо қисмҳои Ҳиндустони артиши Бритониёро фаро гирифта, гоҳу ногоҳ саркӯб карда мешуданд.

Давлати Бритониё ноилоҷу ночор талабатҳои Ҳиндро барои озодиву истиқлолият дар оғози соли 1947 пазируфта эълон кард. Вале дар ин мароҳил кашмакашу ихтилофоти миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла ҳиндуҳо ва мусулмонон зери ибораи “тақсим карда, ҳукмронӣ намо” ташвиқу тарғиб мешуд. Зимнан Маҳатма Гандӣ чун роҳбари ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Ҳинд ва Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ба ҳайси роҳбари Лигаи мусулмонон мубориза мебурданд. Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ боварӣ дошт, ки қавму қабилаи мусулмонтабор дар  Ҳинд бахши муҳимро ташкил дода, ҳуқуқашон одилона риоят шавад.

Ҳамин тариқ, баъд аз машварату маслиҳатҳои муҳиму муфиди қавмӣ миёни роҳбарони Ҳинд дар натиҷа соли 1947  Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ба ҳайси нахустин генерал-губернатори кишвари Покистон шуд ва Ҷавоҳирлол Неҳру чун нахустин президенти Ҳиндустон таъйин шуданд. Ҳамин тариқ, соли 1947, 14-уми август (Покистон) ва 15-уми август (Ҳиндустон) ҳар ду кишвар  истиқлолияти худро расман дарёфт карда, соҳибихтиёрӣ ба оварданд.

Дар ин зимн, бо пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  дар солҳои 90-ум кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон  озод гардида, соҳибистиқлол шуд. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар овохири асри 20-ум ба даст омад. Он нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардум фароҳам овард ва чун шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад, арзи вуҷуд кард. Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Тусунзодаву Айнӣ, Рӯдакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад. Ин кишвар макони бузургону сарзамини фарҳангдустон аст, ки дорои мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст.

Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру шуҳратманд шудани Тоҷикистон ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд.

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд. Тоҷикистон талош кард то бо бунёди мактаби сулҳу созандагӣ дар даврони 33 соли Истиқлол ба Озодӣ, Оромӣ ва Ободӣ дастрас шавад ва бо ташшаббусҳои созандаи худ дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи хешро пайдо намуда, мавриди эътирофу эҳтиром қарор гирифта, дар ин ё он масоили байналмилалӣ нақши калидӣ бозад.

Бояд таъкид кард, ки Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолият санаи 9-уми сентябри соли 1991 ҳамкориҳои дипломатии худро бо Ҳиндустону Покистон хуб ба роҳ монда, дар чаҳорчубаи созишномаҳову лоиҳои минтақавӣ муносибатҳои ҳасана дорад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар тӯли беш аз 30 соли истиқлолият тавонист ҳамкориҳои худро бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хуб роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногун созишномаҳо дорад. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои “Осиёи Марказӣ–Ҳиндустон”, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Моди дар шакли видеоӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти Тоҷикистон, зимни ёдоварӣ аз таҷрибаи хуби ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО, муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” муҳим шуморид.

Дар ин зимн, Тоҷикистон аз мамлакатҳоест, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ байни ҳар ду давлат 6 июни 1992 барқарор гардид. Аввалин маротиба соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд.

Хулоса дар нимаи моҳи август ё дақиқтар санаи 14-уми август дар  Покистон, 15-уми август дар Ҳиндустон ва ҳамин тариқ 9-уми сентябр дар Тоҷикистон ҷашни истиқлолият  бо як шаъну шукӯҳи миллӣ таҷлил мегардад, ки он чун неъмати бебаҳову волои қавму миллатҳо маҳсуб ёфта,  барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ кор гирифта, роҳбарону мардум саҳм мегузоранд. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ва истиқлолият, ин доштани роҳбарони хирадмандест, ки миллатҳоро месозанду роҳнамоӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар замони ҳозир кишварҳои Тоҷикистону Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СММ, МҲТБО, СҲШ ва СТҶ дар масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон нақши муҳиму созанда мебозанд.

Ҳамин тариқ, Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СҲШ метавонанд муноқишаҳоро канор гузошта дар партави эҳтироми ҳамсоягӣ, дӯстии хуби роҳбарону муборизони роҳи озодӣ аз қабили Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва Маҳатма Ганди бо таҷрибаҳои созандаи иқтисодиву саноативу тиҷоратии ҷаҳонии худ бо истифода аз мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон ҳамкориро хуб ба роҳ монда, мардумони минтақаро озоду орому обод ба суи фардои дурахшон роҳнамоӣ хоҳанд кард.

Кишварҳои минтақаи Осиё дорои имконот ва иқтидори зиёде ҳастанд, ки метавон дар ояндаи  наздик аз онҳо истифода кард. Як нуктаро бояд зикр кард, ки мардумони сарзамини Осиёи Ҷанубӣ ба сабаби  васл ва часпиши  забони урду, ки духтари нозанини  забони тоҷикӣ-форсӣ  мебошад, ба мардуми Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон пайванди ногусатанӣ доранд, ки  ин барои равобити иҷтимоӣ, адабӣ ва фарҳангӣ байни тамоми мардуми минтақа чун манбаи иртиботии дипломатияи мардумӣ нақши калидӣ мебозаду минтақаро дар  партави озодиву  осоиштагиву оромӣ ва рушди иқтисод, тиҷорат ва саёҳат миёни мардумони ҳамдигар нигоҳ медорад.

Ҳамин тариқ, кишварҳои Осиё аз ҷумла Тоҷикистону Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли форуму созмонҳои байналмилалӣ ба хусус СММ ва СҲШ зери модели  “PEACE” ё ба ибораи дигар Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу суботу созандагӣ Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ ва рушди микроэкономика ва макроэномикаи он Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳову ташаббусҳо Cooperation-ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ҳамзистӣ Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа мардумони минтақа ва ҷаҳон нигоҳ дошта ҳамкориҳоро тавсеаву тақвият бахшанд.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

таҳлилгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь