Аз 25-ум то 29-уми марти соли равон дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмиллалии футбол бо номи “Ҷоми Наврӯз” баргузор гардид. Дар он чаҳор даста: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда барои ба даста овардани мақоми қаҳрамонӣ байни ҳам мубориза бурданд.
Охирин бозии Тоҷикистон дар интиҳои моҳи ноябри соли 2021 бо дастаи мунтахаби футболи Қазоқистон буд, ки дар варзишгоҳи “Остона-Арена”-и шаҳри Нурсултони Қазоқистон доир гашта, бо натиҷаи 1:0 бо шикасти тими миллии мо ба анҷом расид. Дар ин рақобат дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро сармураббии тими миллии 23-солаҳо, Мубин Эргашев ба майдон бароварда буд.
Баъди барканории Усмон Тошев аз симмати сармураббигии дастаи мунтахаби футболи кишвар дар моҳи июни соли гузашта, Тоҷикистон тӯли ҳафт моҳ бидуни мураббии асосӣ монд. Ахиран, дар анҷоми моҳи январи соли ҷорӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии нави дастаи мунтахабро интихоб ва муаррифӣ кард. Сармураббии нав мутахассиси хорватӣ Петр Шегрт таъин шуд.
“Ҷоми Наврӯз-2022” – омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми осиё-2023
Петр Шегрт қабл аз бозиҳо иштирок дар мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022”-ро давраи хуби омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми осиё-2023, ки моҳи июни соли ҷорӣ доир мешавад, эълом кард. Рӯзи 22-юми март ҳайати футболбозон ва мураббиёни тими миллии футболи кишвар ба Ӯзбекистон рафтанд. Дар он ҷо аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи ин мамлакат бо шаҳомати хоса ва монанд ба тоҷикон пешвоз гирифта шуданд. Истиқболи тими миллии мо аз ҷониби мизбонон бо ҳамон духтарони нону кулча ба даст, пешвозгириҳои одатии солҳои охири кишвари моро мемонд. Дар навору аксҳо дида мешуд, ки чун футболбозону мураббиён аз нақлиёт пиёда мешаванд, аз кулчаҳои дасти бонувони истиқболгиранда як-ду бурда таъми ҷон карда, пасон мераванд. Маълум мешавад, ки мардуми ҳамсоякишвар ҳам, “расми хуби тоҷикон”-ро гум кардан намехоҳанд. Метарсам, ки онро ба мерос нагиранду мисли даҳҳо арзишҳои дигари миллати мо моли худашон накунанд.
Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба ин мусобиқа 25 футболбоз, 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлаварро ба ҳайат ҷалб карда буд. Норозигиҳои зиёди мухлисон аз нодуруст интихоб шудани ҳайати тими миллӣ ва инчунин даъват нашудани баъзе футболбозони маъруфи кишвар ба мисоли Фатҳулло Фатҳуллоев ва Нуриддин Давронов бисёр ба гӯш мерасид.
Мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз” аз марҳилаи нимниҳоӣ оғоз гашт. Баъди қуръакашӣ муайян шуд, ки дар ин марҳила рақиби мунтахаби Тоҷикистон дастаи Уганда хоҳанд буд. Ҳарифи мизбони мусобиқа – Ӯзбекистон бошад, рақиби Қирғизистон гардид. Бозиҳои марҳилаи нифинали рӯзи 25-уми март доир гаштанд.
Ғолиби рақобатро миёни Тоҷикистон ва Уганда зарбаи ёздаҳметра муайян кард
Дастаи мунтахаби футболи кишвар бо яккачини Уганда, ки дар раддабандии Федератсияи ҷаҳонии футбол (FIFA) 34 зина аз мо болотар қарор дорад, вориди майдони набард шуд. Ин дастаи Африқои шарқӣ дар рӯйхати FIFA дар мавқеи 82-юм ҷой гирифтааст. Тоҷикистон бошад, дар ин рӯйхат зинаи 114-умро ба худ ихтисос додааст.
Бозии футболбозони тоҷик дар муқобили ин рақиб чандон бад набуд. Рақобат бо ҳуҷуми африқоиҳо оғоз ёфт. Ҳамлаҳои пай дар пайи онҳо футболбозони моро маҷбур кард, ки даст ба қойидавайронкунӣ зананд. Баъди ин ҳолат довар ҷониби дарвозаи тими миллии кишвари мо зарбаи ҷаримавӣ таъйин кард. Як заъфияти футболбозони тоҷик дар ин дидор он буд, ки дар ҳолати партобҳои ҳавоӣ рақобати баробар нишон дода наметавонистанд. Дар ин вазъият ҳам ҳамин камбудии футболбозони тими милли кишвар боис гардид, ки футболбози дастаи ҳариф, Арнолд Окви бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвозаи Рустам Ятимов кунад. Ин ҳолат дар дақиқаи 8-уми бозӣ сурат гирифт ва дастаи Уганда дар ҳисоб ба пеш баромад.
Дере нагузашта футболбозони тоҷик ба дарвозаи Уганда як гол заданд, вале маълум шуд, ки он ҷо ҳолати нобозӣ будааст ва гол бекор карда шуд. Дар рафти бозӣ ҳамлагарони тоҷик аз фурсати мусоид истифода бурда наметавонистанд. Инчунин, дар хатти муҳофиза низ бисёр амалкардҳои суст доштанд. Бахусус боли чапи қисмати муҳофизаи дастаи мо, ки он ҷо Аҳтам Назаров бозӣ мекард, хеле суст буд. Аз бозии Аҳтам мухлисону коршиносон нигаронии зиёд карданд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин дар дақиқаи 39-уми майдондорӣ ба ҳамлагари тими миллии кишвари мо Алишер Ҷалилов муяссар шуд, ки дарвозаи рақибро рахна намуда натиҷаи бозиро мусовӣ (1:1) кунад. Қисми якуми рақобат бо ҳамин натиҷа поён ёфт.
Дар нимаи дуюми бозӣ тими миллии Тоҷикистон бештар аз дифоъ кор гирифт ва бо мушкилии зиёд ҳам рӯ ба рӯ шуд. Аз ҳама бозии хубро дар ин дидор Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи мунтахаби кишвар анҷом дод, гӯем, хато нахоҳад шуд. Зеро ӯ на як бору ду бор, балки чандин маротибаи ҳолатҳои сад дар сади голзании футболбозони рақибро бартараф кард. Камбудии сармураббӣ дар ин рақобат он буд, ки футболбозони хастаи моро зуд иваз накард. Тағйирот албатта сурат гирифтанд, вале хеле дер. Ҳарду ҷониб имкони пирӯзӣ доштанд, ба шарте, ки аз фурсатҳои ба миён омада, самаранок истифода мебурданд.
Ҳамин тавр то поёни бозӣ ба футболбозони ҳарду даста дигар имкони голзанӣ фароҳам наомад ва рақобат бо натиҷаи тасовии 1:1 хотима ёфт. Тибқи муқаррароти мусобиқа, дар сурати мусовӣ хатм шудани бозиҳо вақти изофӣ (Экстра-тайм) муайян нашуда буд. Барои ҳамин баъди поёни қисмати асосии вохӯрӣ дастаҳо бахти худро дар задани силсилазарбаҳои пеналтӣ санҷиданд.
Дар задани зарбаҳои 11-метра футболбозони тоҷик камтар муваффау шуданд. Аввалан, ҳамлагари ҷавони дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Алиҷони Айнӣ, ки зарбаи дуюм ба дӯши ӯ буд, иштибоҳ намуд ва тӯбро вориди дарвозаи рақиб карда натавонист. Аммо ин иштибоҳро дарвозабони тоҷик, Рустам Ятимов пӯшонид, зеро зарбаи панҷуми футболбозони Угандаро баргардонид. Иштибоҳи дуюмро аз ҳайати тими милли мо Зоир Ҷӯрабоев анҷом дод ва дар задани пеналтӣ муваффақ нашуд. Ин бор Рустам Ятимов ҳам аз баргардонидани пеналтии футболбози дастаи ҳариф оҷиз монд.
Ҳамин гуна, дар задани зарбаҳои пеналтӣ футболбозони дастаи мунтахаби Уганда бартарӣ нишон дода, бо натиҷаи 5:4 Тоҷикистонро дучори шикаст намуданд ва ба марҳилаи финалии мусобиқа роҳхат гирифтанд. Дар финал Угандаро мизбони мусобиқа, дастаи мунтахаби Узбекистон, ки бо натиҷаи 3:1 Қирғизистонро ноком кард, мунтазир буд. Дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бошад, барои зинаи сеюми мусобиқа бояд вохурӣ анҷом медоданд.
Умеду ноумедиҳо
Баъди анҷоми ин дидор сармураббии дастаи мунтахаби кишвар, Петр Шегрт бозии дастаро хуб арзёбӣ кард, аммо барои бохт аз мухлисон узр пурсид. Инчунин Шегрт гуфт: “Агар касе хоҳиши интиқод кардани тими миллии Тоҷикистонро барои шикасти имрӯза дар зарбаҳои пеналтӣ дошта бошад, омада маро интиқод кунанд, зеро китфи васеъ дорам ва ба интиқод тоб оварда метавонам”.
Баъди бозии якум назари коршиносон дар мавриди бозӣ гуногун буд, аммо ағлаби онҳо нуқси асосиро дар Федератсияи футболи Тоҷикистон медиданд, ки аввалан курсии сармураббиро аз ҳад зиёд холӣ монданд, пасон барои тими миллӣ бозиҳои санҷишӣ ва дӯстонаро фароҳам наоварданд. Маслан, ҳамин Уганда танҳо дар моҳи январ чор бозиии тадорукотӣ дар маконҳои гуногун анҷом дода буд. Дастаи мунтахаби мо барои рақобат бо ин даста каме беш аз як ҳафта тамрин карда буду халос. Нигаронии дигари коршиносон аз он буд, ки ҳайати даста дуруст ҷобаҷогузорӣ нашуда буд. Аммо аз кори мураббӣ дар ин бозӣ он қадар ҳам интиқод накарданд, балки оғози кори ӯро баҳои хуб ҳам доданд.
Ғалабаи ноумедкунандаи Тоҷикистон, ки ҳамаро ба ташвиш овард
Рақобати даври финалӣ ва инчунин бозӣ барои ҷойи сеюм рӯзи 29-уми март доир гардиданд. Қабл аз бозии Тоҷикистону Қирғизистон маълум буд, ки ин бозӣ тезу тунд хоҳад шуд. Дар ин вохӯрӣ дастаи мо тақрибан бо ҳамон ҳайате вориди майдон шуд, ки дар бозии қаблӣ буд. Футболбозони тоҷик якдигарфаҳмӣ надоштанд ва аз тарси он ки мағлуб нашаванду зери интиқод қарор нагиранд, ба самти пеш кам ҳаракат мекарданд. Ҳатто дар қисми якуми бозӣ чунин ба назар мерасид, ки футболбозони мо самти дарвозаи ҳарифро гум кардаанд. Баръакси бозингарони мо футболбозони қирғиз амалкарди хуб ва ҳамдигарфаҳмии назаррас доштанд. Дар нимаи якуми бозӣ онҳо чаҳор-панҷ маротиба имкони сад дар сади задани голро доштанд, вале боз ҳам дарвозабони тими милли мо, Рустам Ятимов монеи ворид шудани тӯб ба дохили дарвоза мешуд. Дар дақиқаи 23-юми майдондорӣ пас аз як ҷанҷоли қисме аз бозингарони мову Қирғизистон довар ба як бозингари қирғиз ва инчунин ба футболбози тоҷик Манучеҳр Сафаров баргаи сурх нишон дод ва аз майдон хориҷашон кард. Қисми аввали майдондорӣ бо натиҷаи мусовии 0:0 ва аммо бо тарсу ҳароси футболбозони мо ба анҷом расид.
Нимаи дуюми майдондорӣ шурӯъ шуд, вале бозии мо боз ҳам тағйир наёфт. Дар дақиқаи 54-ум баъди он ки қирғизҳо қоидаи бозиро дар дохили ҷаримагоҳи худ вайрон карданд, довар ба бозингари дуюми қирғиз корти сурх дод ва инчунин ҷониби дарвозаи онҳо пеналти таъйин кард. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Парвизҷон Умарбоев дарвозаи рақибро боз намуд ва Тоҷикистонро пешсаф кард.
Баъди он ки қирғизҳо як нафар кам шуданд, мухлисон умед доштанд, ки бозии футболбозони тоҷик ранг мегирад, вале баръакс гӯё мо як нафар кам гардида бошем, ки ба якборагӣ ҳамлаҳои дастаи рақиб афзоиш ёфт. Дар муқобили ҳуҷумҳои барзиёди қирғизҳо футболбозони мо фақат дар хатти ҳимоя менишастанд ва аксулҳамлаҳои онҳо низ қариб ки ба чашм намерасид. Баъди дақиқаи 82-юм футболбози дигари тоҷик, Ваҳдат Ҳанонов баъди гирифтани баргаи зарди дуюм аз майдон ронда шуд. Ба ҳар ҳол футболбозони мо то охири бозӣ ҳисобро нигоҳ доштанд ва ғалаба ба даст оварданд. Аммо аз чунин ғалабаҳо, ки ба қавле бо бозии кӯчагӣ ва бидуни рангу бӯй бадат меоянд, ҳароси одам меояд, ки ояндаи тими милли мо чӣ мешавад. Чизи дигаре, ки дар ин дидор хеле диққатҷалбкунанда гардид, 4 корти сурх (2 то ба футболбозони тоҷик ва 2 то ба қирғизҳо) ва 9 корти зард (7 то ба қирғизҳо ва 2 то ба футболбозони тоҷик) нишон додани довар ба футболбозон буд.
Тоҷикистон бо пирӯзӣ муқобили Қирғизистон дар миёни чаҳор даста зинаи сеюми “Ҷоми Наврӯз”-ро касб кард. Қаҳрамони мусобиқа тими миллии Узбекистон шуд, ки дар даври ниҳоӣ бо натиҷаи 4:2 Тими миллии Угандаро мағлуб намуд.
Ҳоло ки ин мусобиқа барои тими миллии мо санҷишӣ ва марҳилаи омодагӣ арзёбӣ шуда буд, умедворем, ки мушкилиҳои мавҷуда бартараф мешаванд. Ҳайати мураббиён хуб дарк карданд, ки мо чӣ мушкиолоте дар мавқеъҳои гуногуни майдон дорем. Маълум аст, ки ба тими миллии кишвар боз ҳам ҳайати пуриқтидортар ва бозингарони касбитар заруранд, ки фикр накунам ин гуна футболбозонро мо кам дошта бошем. Вале боз як чизи дигар ин ки Федератсияи футболи кишвар ҳам бояд дар тарбияи футболбозони ҳирфаӣ ҷиддитар бошад. Барои тими миллӣ имкониятҳои бештар фароҳам овардан ва сафарбар гардонидани он ба бозиҳои санҷишию дӯстона аз ҷониби Федератсия метавонад ба бозиҳои минбаъдаи дастаи мо таъсири хуб ва такондиҳандае бахшад.
Шояд мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” ба мо дарси ибрат мешавад?
Маҳмадназар Наҷмиддинов, “Фараж”