Нурулло Алиев, размкори муҳорибаҳои омехтаи тоҷик, баъди пирӯзӣ бар варзишгари амрикоӣ – Ҷош Вик ба Тоҷикистон омад. Варзишгари тоҷик баъди ин пирӯзӣ, ҳафтумин ғалабаи худро дар корномаи варзишии худ рақам зад ва имкон ёфт, ки бо ташкилоти варзишии UFC қарордод ба имзо расонад.
Муҳорибаи Нурулло бо Ҷош Вик дар шаҳри Лас Вегаси Амрико доир шуд ва дар раунди аввал варзишгари тоҷик тариқи накаут (ба ҳолати беҳӯшӣ овардан) пирӯзӣ ба даст овард.
Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дӯстдорон ва мухлисони варзишгар зиёд ҷамъ омаданд ва аввалин варзишгари тоҷик дар UFC-ро бо самимият ва хушҳолии зиёд пешвоз гирифтанд. Нурулло аз пирӯзии худ хеле шод аст ва дар сӯҳбат бо шабакаи “Варзиш ТВ” чунин зикр намуд:
Роҳ ёфтан ба ташкилотии варзишии UFC мақсади ман ва орзуи деринаи мардуми тоҷик буд. Халқи тоҷик зиёд мехост, ки варзишгарони мо низ ба UFC роҳхат гиранд ва дар ин ташкилоти бонуфуз ҳунарнамоӣ намоянд. Хеле шодам, ки ба ин унвон даст ёфтам. Мехоҳам муҳорибаҳои худро дар UFC баргузор карда, бо ғолибиятҳо ном ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорам. Бояд ҷаҳон ҳам донад, ки варзишгарони тоҷик ба чӣ қодир ҳастанд.
Ба варзишгарони дигари тоҷик гуфтаниям, ки тамринҳои худро зиёд кунанд. Ҳатман, машқу тамрини зиёд самари худро медиҳад. Бояд ҳар як варзишгар барои нангу номи миллат ва давлати хеш кӯшиш кунад. Ба ҳамин роҳ, мо метавонем номи кишвари худро дар ҷаҳон муаррифӣ намоем.
Нурулло Алиев соли 2000 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ҷоизадор ва унвондори мусобиқаҳои байналмилалии зерин мебошад: EFC, AMC Fight Global ва Samara MMA Federation. Ӯ миёни ҳаводорони ин навъи варзиш бо тахалусси “уқоби тоҷик” машҳур аст. Машқу тамрини худро дар Русия мегузаронад. Нурулло аввалин размандаи тоҷик маҳсуб меёбад, ки бо UFC шартнома баст ва имкони ҳунарнамоӣ дар ин ташкилоти бонуфузи байналмилалиро пайдо намуд.
Касби нӯҳ медали варзишгарони тоҷик аз Ӯзбекистон
Аз 23 то 25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор гардид. Варзишгарони тоҷик аз ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҳашт медал – 3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд. Дар ин бора Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар дод.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон бо шумури 15 варзишгар, зери роҳбарии Ғайрат Неъматов, дар ин мусобиқа ширкат намуд.
Ба иттилои манбаъ, се мақоми фахрии “дав ба масофаи 200 метр”-ро варзишгарони тоҷик соҳиб шуданд: ҷои аввал – Фаворис Музрапов (21,75 сония), зинаи дуюм – Илдар Аҳмадиев (21,97 сония) ва мавқеи сеюм – Александр Пронженко (22,17 сония)
Ҳамчунин, Илдар Аҳмадиев (ҷаҳиш ба дарозӣ – 7, 73 метр) ва тими мардонаи кишвар дар эстафетаи 4*400 метр, бо нишондоди 41.50 сония соҳиби медали тилло шуданд.
Манбаъ менависад, ки Леонид Пронженко дар “дав ба масофаи 110 метр бо монеаҳо” бо натиҷаи 15,29 сония медали нуқра ба даст овард. Ду нишони биринҷии дигарро Зуҳуршоҳи Наҷмиддин дар “дав ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо” (9:44:32) ва тими мардонаи Тоҷикистон дар “эстафетаи 4*400 метр” (3:20:42) ба дааст оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, ҳамчунин, Афғонистон, Филиппин, Тайланд ва Малайзия ширкат варзиданд.
Футзалбозони тоҷик Чемпионати Осиёро бо пирӯзӣ оғоз намуданд
Яккачини Тоҷикистон дар бозии аввалини Чемпионати Осиё оид ба футзал мунтахаби Баҳрайнро шикаст дод. Бозии мазкур 27 сентябр дар варзишгоҳи “Саъд-ал-Абдулло”-и кишвари Қувайт доир шуда, бо ҳисоби 4-3 бар нафъи футзалбозони тоҷик ба анҷом расид. Голҳои задаи Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ғалабаи тими миллии Тоҷикистонро таъмин намуданд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” қарор дорад. Дар ин баробар, Ӯзбекистону Туркманистон низ ба ин гурӯҳ шомиланд. Дар даври аввал бозингарони ӯзбек ҳамтоёни туркмани худро бо натиҷаи 8-0 шикаст доданд. Баъди анҷоми даври аввал, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо касби се имтиёз дар зинаҳои аввал ва дуюм қарор доранд.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Байрайну Туркманистон нерӯ месанҷанд. Бозиҳои мазкур рӯзи 29 сентябр доир хоҳанд шуд. Рақобатҳои даври сеюм бошад, рӯзи якуми октябр баргузор мешаванд. Дар даври мазкур Тоҷикистон бо Туркманистон ва Ӯзбекистон бо Баҳрайн мубориза хоҳанд бурд.
Маврид ба зикр аст, ки Чемпионати Осиё оид ба футзал 27 сентябр оғоз шуда, то 7 октябр идома мекунад. Дар мусобиқаи мазкур 16 мунтахаби Осиё ба чор гурӯҳ ҷудо шуда, барои қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.
Ӯзбекистон – мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо
Рӯзҳои 6-13 октябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни калонсолон баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур нӯҳ варзишгари тоҷик иштирок мекунанд. Дар ин бора Кумитаи олимпии кишвар хабар дод.
Ба навиштаи манбаъ, Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Комроншоҳ Устопирён (-90 кг), Абубакри Акобир (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) кишвари моро дар Чемпионати Осиё намояндагӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи ҷудои байналмилалӣ (IJF) дар ин мусобиқа иштироки 570 варзишгар (308 мард ва 262 бону) аз 86 кишвари олам дар назар аст. Рақобат миёни ҷудоварзон дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ҳамчунин, рақобати даставӣ низ дар назар аст. Ғолибони ҳар вазн дар баробари медал бо ҷоизапулӣ сарфароз мегарданд. Ҳамчунин, ҷоизадорони мусобиқаи даставӣ низ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Ҷои аввал – 26000 евро, зинаи дуюм – 15000 евро ва мавқеи сеюм – 8000 евро
Ғолибони даставӣ: Зинаи авввал – 90000 евро, мавқеи дуюм – 60000 евро ва ҷои сеюм – 25000 евро.
Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА