Рӯзҳои 20-ум ва 21-уми март сафари раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба Маскав сурат гирифт, ки он як воқеаи бузурги сиёсӣ дониста шуд. Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшинос, раиси Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» ғояҳои асосии ин нишаст ва манфиатҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар шароити низоми нави ҷаҳонӣ таҳлил кард.

Сафари Си Ҷинпин ба Маскав ва натиҷаҳои он

Равобити Чин ва Русия аз чорчӯби дуҷониба берун баромада, барои низоми ҷаҳонӣ ва сарнавишти тамоми инсоният дахл мекунад. Москва ва Пекин ба маркази нави қудратҳои чаҳони муосир, ки бар пояи эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳои дигар асос ёфтааст, табдил меёбанд.

Сиёсатшинос, профессори соҳаи иқтисод Марат Баширов: «Сафари Ҷинпин нишон медиҳад, ки англосаксонҳо амалан ҷанги иқтисодиро бохта ва ҳоло ҷанги идеологиро бой дода истодаанд. Ниҳоят Ғарб эътироф мекунад, ки ҷаҳони бисёрқутбӣ ногузир аст».

Дар сафари дурӯзаи Си Ҷинпин ба Русия масъалаҳои авзоъ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кадом бӯҳрон қарор доштани он ва то куҷо тафовут пайдо кардани мавқеъҳои ин блокҳо баррасӣ гардиданд. Чин ва Русия дар мавриди афзоиши ҳаҷми муомилоти мол ба мувофиқа расиданд. Чин метавонад қариб 80 фоизи ҳаҷми муомилоти молро, ки Русия дар тиҷорат бо Ғарб аз даст додааст, иваз кунад. Сухан дар бораи интиқоли газу нафт меравад. Илова бар ин, Чин тамоми маҳдудиятҳоро барои харидани маҳсулоти  комплекси агросаноатии Русия лағв менамояд.

Созишномаҳои хеле муҳим ба лоиҳаи «Нерӯи Сибир-2» тааллуқ доранд. Газ тавассути Олтой ва Муғулистон ба минтақаҳои ғарбии Чин интиқол дода мешавад. Дар соҳаҳои саноати атом, молия ва масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ низ пешрафтҳои гуногун  ба амал омаданд.

Яке аз хулосаҳои калидӣ аз сафари Ҷинпин ин аст, ки Русия ва Чин ба бунёди як низоми нави ҷаҳонӣ бидуни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдоранд.

Ҳамаи муроҷиатҳои Владимир Путин ва Си Ҷинпин бо ибораи «дӯсти хуби ман» оғоз шуданд. Барои Чин ин як мақомест, ки аз шарики стратегӣ хеле болотар аст.

Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик, раиси Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» бар ин назар аст: «Ин сафари расмии Си Ҷинпин ба Маскав ба марҳалаи ибтидоии ташаккули ҷаҳони бисёрқутба хотима мебахшад, зеро раҳбарони Чину Русия дар ин бора  4-уми феврали соли 2022, яъне ҳанӯз пеш аз оғози муқовимати мусаллаҳонаи Русияву Украина  хабар дода буданд. Онҳо Изҳороти муштаракеро дар бораи муносибатҳои байналмилалӣ, ки ба давраи нав ворид гардида, ба бунёди низоми нави ҷаҳонӣ шурӯъ мекунад, ба имзо расониданд.

Чин пас аз ҳалли вазифаҳои асосии дохилии худ  (гузаронидани Анҷумани XX-и Ҳизби коммунистии Чин (моҳи октябри соли 2022) ва тасдиқи натиҷаҳои он дар парлумони миллӣ (марти соли ҷорӣ), дарҳол ба ин изҳороти муштарак (бо Русия) баргашт. Дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ тағйироти ҷиддӣ барои берун кардани доллари ИМА аз зинаи болоии иқтисоди ҷаҳонӣ ба амал омада истодааст. Ин корро на танҳо Русия ва Чин, балки бисёре аз кишварҳои узви БРИКС ва дигар бозигарони минтақавӣ анҷом медиҳанд».

Ғарб бидуни ба эътибор гирифтани соҳибистиқлолии кишварҳои дигар, ба хотири ободии худ аз ҷаҳони якқутбӣ дифоъ мекунад.

Абдуғанӣ Мамадазимов дар ин маврид се лоиҳаи муҳимми ҷаҳониро мисол мезанад:

– «Шарикии сармоягузории транссатлантикӣ»;

«Шарикии Транс-Уқёнуси Ором»  ва «Як камарбанд, як роҳ», ки маҳз Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро мегирад.

Аз ин рӯ, вақте ки Чинро бо роҳи таҳкими блоки нави низомию сиёсии ИМА (AUKUS)  ва эҷоди як девори нави «ҷанги сард» дар сарҳадҳои ғарбии Русия (кишварҳои назди Балтика, Полша ва Украина) аз баҳрҳои ҷаҳонӣ ҷудо мекунанд, дар заминҳои хушкигарди Авруосиё дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд,  ки пеш аз ҳама Осиёи Миёна ва Тоҷикистонро  фаро мегиранд. Тоҷикистон, ки вориси Шоҳроҳи бузурги Абрешим мебошад, бояд аз ин ҳадди аксар баҳра барад».

Барои Ғарб эътироф кардани он, ки бузургтарин абарқудратҳои ҷаҳон ба муколама ва бунёди муштараки ҷаҳони бисёрқутбӣ манфиатдор ҳастанд, душвор аст, зеро ин худи ғояи ҳукмфармоиро аз байн мебарад. Музокироти Русияву Чин ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии стратегии ду кишварро тасдиқ кард.

Вазъият дар Осиёи Марказӣ

Русия ва Чин вазъи Осиёи Марказиро баррасӣ намуда,  изҳор доштанд, ки воридшавии «инқилобҳои ранга» ва дахолати беруна ба умури минтақа қобили қабул нест. Инчунин, дар масъалаи таҳкими ҳамоҳангии мутақобила ҷиҳати дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини истиқлолият ва рушди миллии онҳо ба мувофиқа расиданд. Русия ва Чин қасд доранд, ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои бисёрҷониба, ба монанди СҲШ, БРИКС ва G20 таҳким бахшанд.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СҲШ ҳамкориҳои мутақобиларо бо дигар аъзои он ба хотири таҳкими иқтисодиёт ва ҳифзи истиқлолияти худ густариш медиҳад.

Иштирок дар шарикии бузурги Авруосиё, ки дар натиҷаи ҳамгироии мутақобилаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ташаббуси чинии «Як камарбанд, як роҳ» ба вуҷуд меояд, барои Тоҷикистон дурнамои хеле муҳимме дорад. Барои баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва рушди иқтисодиёти кишвар, Тоҷикистон бояд узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гардад.

Абдуғанӣ Мамадазимов оиди лоиҳаҳои мазкур ва Тоҷикистон бар чунин назар аст: «Тоҷикистони соҳибистиқлол аз лоиҳаи бузурги «Як камарбанд, як роҳ»-и Чин фоидаҳои ҷиддӣ ба даст оварда метавонад. Барои ин Тоҷикистон бояд корҳои зеринро ба анҷом расонад:

  1. Сохтмони масири байналмилалии роҳи оҳани «Қашғар – Помири шимолӣ – Душанбе – Самарқанд (Ӯзбекистон) ё – Ҳирот (Афғонистон) -Машҳад (Эрон)», ки имкон медиҳад бо Чин тавассути Тоҷикистон ва Афғонистон ба бандарҳои Халиҷи Форс роҳ пайдо кунем. Ин масири роҳи оҳан иқтидори долони иқтисодии Чину Покистонро пурзӯр намуда, имкониятҳои Чинро барои роҳ ёфтан ба бандарҳои ҷаҳонӣ тавассути масири дигари алтернативӣ беҳтар менамояд. Илова бар ин, пас аз бунёди қитъаҳои роҳи оҳани Туркия дар гирди кӯли Ван ва дар зери гулӯгоҳи Босфор, Чин боз як масири (ҷанубии) хушкигард пайдо хоҳад кард, ки барои мустақим ва босуръат пайвастан ба Аврупо имкон медиҳад.

Бо сабаби хатари идомаи муқовимати мусаллаҳонаи Русия ва Украина, Чин боз як масири дарозмуддат барои пайвастан ба Аврупо тавассути ҷануби АвруОсиё пайдо хоҳад кард (яъне масир бо давр задани Русия).

Шароити роҳи Чин ва Эрон якхела аст (мувофиқи стандарти аврупоӣ). Бинобар ин, бунёди роҳи оҳан аз рӯи чунин стандарт тавассути Тоҷикистону Афғонистон ҳамлу нақли молро суръат хоҳад бахшид.

  1. Сохтмони маркази байналмилалии боркашонии ҳавоӣ дар шаҳри Данғара. Татбиқи бомуваффақияти лоиҳаи маркази байналмилалии боркашонии ҳавоӣ дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон аз ҷониби ширкати «Korean Air» барои андешаронӣ дар бораи бунёди чунин як маркази боркашонии ҳавоӣ дар Тоҷикистон асос мегардад. Дар Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии чинии «Southern Airlines» (ё «Indian Airlines» ва дигар ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳонӣ)-ро ном бурдан мумкин аст, ки метавонанд маркази боркашонии худро таъсис диҳанд.
  2. Дар Тоҷикистон барномаи саноатикунонии босуръат амалӣ карда мешавад. Бинобар ин, дар кишвар рушди босуръати саноати истихроҷи маъдан ва тилло ба назар мерасад. Ҳарчанд ширкатҳои чинӣ низ дар ин раванд саҳм мегузоранд, вале ин кофӣ нест, зеро 93 фоизи қаламрави кишварро кӯҳҳо ва канданиҳои фоиданок ташкил медиҳанд, ки бевосита дар сарҳади Тоҷикистону Чин ҷойгиранд ва тоза коркард мешаванд. Мавҷудияти роҳи оҳан ҳамчунин, ба рушди истихроҷи маъдан, тилло ва бисёр маводҳову сангҳои қимматбаҳое, ки барои соҳаи саноат ва технологияи босуръатрушдёбандаи Чин зарур аст, мусоидат мекунад.
Соли 2022 Тоҷикистону Чин як созишномаи байниҳукуматиро имзо карданд, ки бар асоси он на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористиро пешбинӣ мекунад.

Дар ин нишаст Русия ва Чин саҳми мусбати “Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)”-ро дар таъмини амнияти минтақа ва иқтидори рушди ҳамкориҳои СААД ва Чинро «бо мақсади таъмини сулҳу субот дар минтақа» қайд намуданд.

Ба андешаи директори Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов Алексей Маслов, Пекин ба ҳамкорӣ бо СААД бениҳоят манфиатдор аст, зеро ин «ягона созмони  низомии мувофиқ» аст, ки метавонад ҳамчун рақиби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико на танҳо  дар минтақаи Осиёи Миёна, балки дар муқобилати байни Чин ва Амрико – дар масоили Тайван, инчунин, дар мухолифат ба блоки зиддичинии аз ҷониби Вашингтон таъсисдодашудаи AUCUS ва таҳдидҳои террористӣ баромад кунад.

Гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин

Чин яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Тибқи омори гумруки Чин, ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо дар соли 2022 тақрибан ба 2,6 миллиард доллар (+40% сол аз сол) расидааст. Ширкатҳои чинӣ ба саноати кишвар фаъолона сармоягузорӣ мекунанд. Аз моҳи январ то сентябри соли 2022 сармоягузории Чин тақрибан 40 фоиз аз ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷиро ташкил дод. Ба шарофати якчанд заводи сементбарории тоҷикиву чинӣ, Тоҷикистон ба яке аз содиркунандагони семент дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Илова бар ин, Чин дар рушди соҳаҳои энергетика, маъдани кӯҳӣ ва бофандагӣ  фаъолона иштирок мекунад.

Чин дар қатори сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон (дар баробари Русия ва Қазоқистон)  қарор дорад, ки ҳиссаи умумии онҳо дар савдои хориҷии ҷумҳуриамон қариб 60 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи  гардиши мол бо Чин дар савдои берунии Тоҷикистон, пас аз поин омадан аз 15 фисад дар соли 2019, то 10 фисад дар соли 2020 то 13 фоиз барқарор шуда, соли гузашта ҳатто аз сатҳи давраи топандемия гузашта ва ба 16,6 фоиз расидааст. Дар соли гузашта Тоҷикистон танҳо бо ду кишвар: Русия (ҳиссаи он – 22,9%) ва Қазоқистон (19,7 %) бештар ҳамкории тиҷоратӣ доштааст.

Соли 2022 Тоҷикистон ба Чин ба маблағи тақрибан 390 миллион доллар маҳсулот содир кардааст, ки ҳаҷми воридоти молҳои чинӣ зиёда аз 840 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон ба Чин асосан ашёи хом содир мекунад: маъданҳои гуногун, металҳои ранга ва нодир (сурма, руҳ, сурб, алюминий ва хӯлаҳои алюминий), нахи пахта, пӯсти хом, инчунин, матоъҳои абрешимӣ ва абрешими хом, меваи хушк ва ғайра.

Ба Тоҷикистон пеш аз ҳама молҳои ғайриозуқавӣ ворид карда мешаванд: масолеҳи бинокорӣ, мошину таҷҳизот, инчунин, ҳама намуди молҳои серистеъмол; либос, пойафзол, мебел, асбобҳои электрикии рӯзгор ва ғайра.

Дар охири соли 2022 дар Душанбе масири нави мултимодалии ҳамлу нақли бор аз Чин ба Туркия тавассути Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон муаррифӣ карда шуд. Тавассути ин долон молҳо аз Чин ба шаҳри Кӯлоб, ки минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон  ҷойгир аст (он ба як маркази тиҷоратӣ-транзитӣ ва саноатии ҷумҳурӣ табдил хоҳад ёфт), интиқол мешаванд.

Дар охири моҳи январ пас аз танаффуси сесола сарҳад бо Чин барои ҳаракати нақлиёт кушода шуд ва моҳи феврал бошад иртиботи ҳавоӣ низ барқарор гардид. Ҳоло боз, афзоиши ҳаҷми тиҷорат, тезонидани азнавсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, ки аз ҷониби пудратчиёни чинӣ анҷом дода мешавад, дар назар аст.

Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшинос: «Сафари расмии Си Ҷинпин ба Маскав ба марҳалаи ибтидоии ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ хотима мебахшад».

Агар қаблан молҳо ба Чин асосан тавассути контейнерҳо интиқол мегардиданд ва дар марз бояд аз нав бор карда мешуданд, ҳоло мошинҳои боркаш метавонанд аз сарҳад рост ба маҳалли борфарорӣ дар Тоҷикистон ҳаракат кунанд.

Паёмадҳо

Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин рӯзи 20-уми март сарони кишварҳои Осиёи Марказиро ба муносибати Наврӯз табрик гуфт ва изҳор намуд, ки аз истиқболи онҳо дар Ҷумҳурии халқии Чин барои мулоқотҳои дуҷониба ва ширкат дар нишасти «Чин – Осиёи Марказӣ» дар моҳи майи соли ҷорӣ шод хоҳад шуд.

Абдуғанӣ Мамадазимов дар ҷамъбасти мавзуъ чунин гуфт: «Боиси хушнудист, ки соли гузашта Чин нисбат ба минтақаи мо – Осиёи Марказӣ ба формати «С5+1» гузашт, яъне муносибат ба кишварҳои минтақа хусусияти ягона касб мекунад, на тавассути сохторҳои дигар (масалан, СҲШ ва ғайра). Аз ин рӯ, ин муносибати ягона нисбат ба панҷ кишвари минтақа дастгирии равандҳои мутамарказ дар минтақа бидуни бархӯрд ва рақобати шадид мебошад.

Чин, ки аз бунбасти КОВИД баромада истодааст, акнун саъй мекунад суръати татбиқи лоиҳаи «Як камарбанд, як роҳ»-ро афзоиш диҳад, ки дар он кишварҳои минтақа дар шароити нави ҷаҳонӣ яке аз нақшҳои калидиро касб мекунанд».

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь