Ҷилавгирӣ аз ҷанги авҷгирифта, байн паштуну тоҷикон ва омилҳои дар хатар будани истиқлоли сарзамини Хуросон.

Шумори бузурги тоҷикони хуросонзамин бунёди мустаҳками фикрӣ дар бораи худ надоранд ва ба дигар ҳамтабори худ бовар надоранд. Тоҷикон душмани миллати худро намешиносанд ва агар бишносанд ҳам, наметавонанд дар муқобилаш муттаҳид бишаванд.

Бояд шиносем, ки “”Толиб”-иделогияи паштунизм мебошад”, Амрико ва намояндагони НАТО амали муборизаҳои худро дигар мекарданд, бо иллате, ки намехостанд ба “Толибон” ғолиб бошанд.

Тоҷикон ва ҷаҳониён бояд таърихи дар Афғонистон пайдо шудани қабилаҳои паштун ва шоҳигарии онҳоро бидонанд. Масалан, сол 1801 ҳудуди аввалин давлати паштун-Дуррониҳо минтақаҳои ҷануб, ҷануб-ғарби Покистони кунунӣ ва маркази он куҳҳои Сулиимон, байни шаҳрҳои Пешовар ва Квитта буд. Ҳудудҳои кунунӣ 106 сол пеш бо кӯшишҳои Британияи Кабир пайдо шудааст, зеро ҳукумат Лондон дар асри 19 қисми муайяни ҳудуди Ҳиндустонро бо ҳудуди паштуннишинҳо ҳамроҳ намуд ва ин кишвар ном Покистон гузоштанд.

Мақсад аз ин амалҳо ин буд, ки ба ин васоит таммандуни Ориён ва мақом забони порсиро решакан созанд. Ва ҳукумати вақт дар Русия низ ҷонибдор ва идомадиҳандаи амалҳои Британияи Кабир буд ва натиҷа ин шуд, ки на забони русӣ ва на англисӣ, балки забон туркӣ дар Осиёи Марказӣ мақом густурда гирифт.

Мақсади ҳамон найранги геосиёсӣ давомдор буд, қабилаҳои паштунро ба минтақаҳои калони Хуросон оварданд, аз сол 1747 тӯда-тӯда онҳо ҷойгир мешуданд, сол 1750 сарзамини Хуросонро “Афғонстон” ном гузоштанд. Душмании қабилаҳои паштунро муқобил мардумони бо порсӣ такаллуммекрда то замон мо, ҳукумати Лондон ҳидоят дорад.

Гуфтан зарур аст, ки маблағрасонии салтанти паштунҳои Афғонистонро солҳо 2001-2006 Амрико пешбаранда ва гирдоварандаи машваратҳо буд. Мақсадро дар Лондон анҷом ва изҳорот доданд, ки аз Қонуни асосии Афғонистон забони дарӣ хориҷ шуд, ки беш аз 300 сол дарӣ забон давлатӣ, муошират ва коргузорӣ буд. Соли 2003 амали қонунии забони дарӣ бебозгашт боздошта шуд, ҳамон туре, ки порсӣ аз Ҳиндустону Покистон асрҳои 18-19 решакан гардид.

Далелҳои ҳамон солҳо маълум месозанд, ки минтақаҳои Тахор ва Самангон дар итоат шоҳигарии Бухоро будаанд. Сол 1862 ба тоҷикон шаҳри Ҳирот ва минтақаҳои атрофи вай паштунҳо куштору ғорат ва забтсозиро идома медоданд, вале дар ҷанг тоҷикон ғолиб буданд. Ҳукумат Бртанияи Кабир талаб мекард, ки Русия Афғонистонро кишвари “бетараф” шиносад.

Вазири вақти корҳои хориҷӣ Горчков изҳорот пахш месозад ки “Афғонистон берун аз доираи манфиатҳои Русия мебошад”.

Сарзаминҳои Омударё аз Зоркул то дарёи Кокч, аз инҷо минтақаҳои Дарвоз ва Бадахшонро ҳукумат Русия ҳудуди Афғонистон донист. Аз ин иллат, сол 1880 бо дастури шоҳ Абдурраҳмон гуруҳҳои паштуни ғоратгар дарёро убур карданд, дар ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон барои ғорати мол ва мулки тоҷикони бегуноҳ, нодоронро қатл мекарданд, ки танҳо сол 1892 тоҷикон паштунҳои ваҳширо аз ноҳияҳои номбурдаи Тоҷикостони кунунӣ берун намуданд.

Ҳамин тавр, сиёсати Русия зояндаи тифли носолим, ба номи “Паштунизм” буду ҳаст.

Яке аз аввалинҳо шуда, Русия, моҳи июли соли 2021 “толибон”-ро ҳамчун ҳукумат Афғонистон ҷонибдорӣ намуд. Шояд роҳбарони Русия надонанд, ки паштунҳо дар Афғонстону Покистон посдорони кохҳои золимон, шоҳони Арабистон Саудӣ ҳасттанд, аммо тоҷикон яке аз борбардорӣ ҳамон сиёсати ғалат ва ранҷкашидатарин “мусалмон” мебошанд. Чоплус ва худфурухтаҳо, ки дастовардҳои технологӣ ва ҳунарҳои тоҷиконро дастоварҳои худ дониста, ба дастури золимонаи кишварҳо, ҳукуматҳои бо нефтдоллар шариатҳои исломро хунрез, ҷамъиятро хароб месозанд.

Мутаассифона, 40 сол ба ин тараф Амрико дар масъалаҳои гиреҳхурдаи Афғонистон дунболгири сиёсатҳои Британияи Кабир ва Русия мебошад.

Чанд намуна аз ҷаҳолатҳои асримиёнагӣ:

  1. “Хуросонфурӯшии”паштунҳо. Моҳ ноябри сол 1878 Британияи Кабир дуввумин ҷангро бо Афғонистон оғоз кард, вилояти Қандаҳор аз Лондон идора карда мешуд ва 26-уми майи соли 1879 дар Гандумак амир Ёқубхон бо ҳукумати Британияи Кабир шартномаро муҳр ва имзо кард, ки ҳама робитаҳои хориҷии Афғонистон аз Лондон идора карда мешавад. Тоҷикон дар шаҳри Кобул 3-уми сентябр соли 1879 ба майдон омаданд, муборизаҳои онҳо то пурра аз Афғонистон берун гардидани қушунҳои Британияи Кабир давом кард.
  2. Дар деҳаи Лагмон, ки 60-70 километр дар ҷануби Кобул ҷойгир аст ва паштунҳо 50 -51 ҳазор тоҷикмардони 14 – 65 соларо бо ёрии сарбозон Русия сол 1928 дар муддат чанд соат қатл намуданд, аз сабаби он ки онҳо тоҷиктбор буданд.
  3. Солҳои 1996-2001 “Толибон” Кобул ва гуруҳи Гулбиддин Ҳикматёр минтақаҳои даризабонро ғасб намуда буданд, онҳо даст ба куштори бегуноҳон ва ғоратгариҳоро мезаданд. Қушунҳои Амрико ва Нато танҳо бо ёрии тоҷикони Иттиҳоди шимол солҳои 2001-2021- тавонистанд (дар ивази “толибон”) дар ҳукуматҳои дастшинондаи худ – Ҳомид Карзай ва Ғаниро ба сари қудрат биоваранд. Натиҷаи фаъолият онҳо тоҷиккушӣ буду дигар ҳеч.
  4. Сабаби дар мавридҳои бешумор қатли тоҷикон, бо фиреб ва “сулҳгӯиҳо” аз тоҷикони Иттиҳоди шимол бозчинии яроқҳои харидаи онҳо буд, ки бо сардори Муҳаммад Фаҳим ва ба ӯ фишор оварданҳои намояндагон Амрико, Созмони милал (гуруҳи “Shuraye nazar”) ва фармони Ҳомид Карзай, президенти вақти Афғонистон амалӣ шудааст. Декабри сол 2004 марказҳои Иттилооти ҷаҳон хабар пахш карда буданд, ки 28 ҳазор тоҷикони Иттиҳоди шимол яроқҳои ҷангии худро ба Вазорати дифоъи Афғонистон супориданд, ки ин ҳама яроқ ройгон дар ихтиёр паштунҳо монд.
  5. 5. Тамоми ҷамъияти ҷаҳон дар феврали сол 2001 ҳолати дилкафро доштанд, гуруҳи «Толибон» дар ҳудуди Афғонистон офаридаҳои пурарзиши фарҳангии то исломиро нобуд мекарданд.

Созмони миллали муттаҳид, коргоҳи иттилоотии Амрико, Вазорати корҳои хориҷии Русия, сарварони дини буддоизм аз «Толибон» илтимос дошта буданд, ки адабшикании офаридаҳои фарҳангии гузаштагон боздошта шавад. Вале Муҳаммад Умар, роҳбари гуруҳи тудрави «Толибон» шарт гузошта буд, ки кишварҳои ҷаҳони муосир аввал бояд ҳукумат “Толибон”-ро ҳамчун ҳукумат расмии Афғонистон бишносанд. Радиои ВВС 12 марти соли 2001 изҳорот пахш кард, ки қадимтарин нақшаҳои буддизми 5000 соларо “Толибон” нобуд намудаанд.

Тони Блер, сиёсатмадори варзидаи собиқ раиси ҳукумати Британия октябри сол 2001, ногаҳон, изҳор дошт, ки “Британя ва Ғарб солҳои пешин дар Афғонистон иштибоҳ содир кард”. Аз ин гуфтаҳо ду маъно меояд, ки паштунҳо зеҳни рушд ва давлатдориро надоранд.

  1. Охири моҳи октябри соли 2003 ба хабаргузори «Рӯз нав» дар Тоҷикистон шаҳрванди Афғонистон Исматулло нақл карда буд, ки «Толибон» золимони бемағзанд, ман бочашмони сар дидам, ки онҳо аз гардан то ҷабини падараруси маро бо корд пӯст канданд ва ман ҷасад ӯро бошиканҷа то Мазори Шариф расондам, то ба қабр гузорам.

Бо назардошт далелҳои дар боло омада, тоҷикон набояд мунтазир  кишварҳои ғайр бишаванд.

  1. Тӯдае ҳайратзда буданд соате, ки Абдуршид Дӯстуми ӯзбактабор ва Гулбуддин Ҳикматёри паштун «Иттиҳоди набард»-ро таъсис доданд ва аз 29-уми декабри соли 1993 то 3-уми январи соли 1994 гуруҳҳои силоҳбадасти онҳо ба қушунҳои ҳарбии ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ҷанги ваҳшёнаро пеш аз ҳама дар ду шаҳр тоҷикнишин-Кобул ва Ҳирот анҷом доданд, ки дар натиҷа бисёре аз бегуноҳон кушта гаштанд. Рӯзҳои аввали моҳи феврали соли 1994 телевизион Русия «Останкино» гузоришҳоро пахш дошт, ки «ҷанги дохилии Афғонистон муқобил тоҷикони ин кишвар бо иштироки туркҳо, силоҳбадастони Ӯзбакистон пешрав аст ва хеле золимона мебошад. Аз зулми қушунҳои ваҳшиёнаи Гулбуддин Ҳикматёр дар ин рӯзҳои зимистони қаҳратун зиёда 450 ҳазор тоҷик аз Кобул ба куҳҳо паноҳ бурданд.

Генерал Зиёҳулҳақ, президенти Покистон гуфта буд, ки «Кобул бояд мисли ҳезум бисӯзад». Аввали моҳи апрели соли 1992 байни Аҳмадшоҳ Масъуд ва Гулбуддин Ҳикматёри паштун мувофиқати мардона буд, ки соатҳои ба Кобул ворид гардидан қушунҳои сулҳхоҳи ғолибон бар артиш Иттиҳод Шӯравӣ, силоҳбадастони ба Ҳикматёр итоатдошта, тирпарронӣ нахоҳанд кард. Аммо 2-уми апрели соли 1992 аҳдшиканона Ҳикмтёр ҳатто зери дандонҳо яроқгирифта, бо баҳонаи ҳифзи паштунҳо, ба пойтахти Афғонистон тиркушоиҳои бераҳмона анҷом дод, дастури Зиёҳулҳақ ба амл омад: «…Кобулро оташ хомӯшванда иҳота сохт!». Аҳмадшоҳ Масъуд бояд ҳамон рӯз тадбир меҷуст. Эъломи ҷумҳурии Хуросони даризабонони мустақил аз паштунро анҷом ва побарҷо месохт. Гузашти айём нишон дод, ки ӯ ҳамин нақшаро ҳатто дар хаёл надошт.

Ҷаҳони иттилоотӣ, энержӣ 2 ё 3 бор ба нафари донишдоштаву таҷрибахӯрда, фирсат медиҳад, то ислоҳтгари фаъолияти созандаи ҳамзабонон бошад.

Фурсатро аз даст дода буд, ки Бурҳониддин Рабонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, Муҳаммадқосим Фаҳим, Муҳаммадюнус Қонунӣ ва дигарон дӯрбин бошанд, онҳо боистифода аз хоби истиқлолнашиносии паштун, мебоист соли 1990 эъломи Ҷумҳурии Хуросони мустақил аз паштунизмро анҷом ва побарҷо медоданд.

Коршинос Яҳё Ҳозим менависад: «Тоҷикон таъаллуқоти қавмӣ ва қавмпаристиро канор гузошта ва ба фардият расидаанд». Дар тоҷикон хислати бепарвогӣ ба асл худ зуҳур кардааст ва зояндаи рафтори равонии тоҷикон шуд, аз иллате, ки онҳо  тӯли ҳазор соли охир таффакури худро ба ҷабр мутобиқ кардаанду моҳирона ҷабрпарастии  хешро «сарнавишт» қаламдод кардаанд ва намояндагони онҳо камтарин муқовимат доранд ба онҳое, ки обурӯи инсонӣ, миллӣ ва шарафи тоҷиконро зерипо мекардаанд.

Бояд донист, ки қабилаҳои паштунҳо қавӣ нестанд, балки пуштибонашон қавӣ ва маккор мебошад, танҳо тадбирҳои ҳамоҳангмешудаи тоҷикони ҳама кишварҳо, заминаи истиқлоли зеҳнӣ ва сиёсии тоҷикон мебошад.

Фавран бояд Ҷумҳурии Хуросон ба ҷаҳониён эълом гардад ва ҳамзамон, ин масъалаҳо ба инобат гирифта шавад:

”Дарӣ забон давлатӣ, коргузорӣ, тадрис, омӯзиш ва матбуот бошад. Дар шиносномаи шаҳрвандони “Ҷумҳурии Хуросони даризабонон”ҳар тоҷик ва ҳазораҳо, мувофиқан “тоҷик”, “ҳазорҳо” навишта шавад.

Бояд бо истифода аз компютер, варақаи осонтарин ройдиҳии мустақими мардум аз 18 сол калонро омода кард.

Холмаҳмад  Азимов,

коршиноси сохторҳои  сиёсӣ ва  молиявии байналмиллалӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь