Осори адибони зиёдеро хондаам, аммо кам андар ками онҳоро дубора. Лев Николаевич Толстой ба гуруҳи дуввум дохил аст. Осори ӯ ба севу чаҳор маротиба хондан ҳам меарзад. Адибест инсонпарвару одамшинос, ба маънои томаш гуманист.

Тору пуди инсон ва гирудори ботини ӯро ончунон омӯхта, ки дигар гумон мекунӣ сирре барояш намонда… Мубаллиғ ва беҳтарин муаррифи некӣ ва муҳаббат. Дар инсоншиносӣ ва маънавияту муҳаббат як сару гардан аз Канту Фейербах болост.

Ончунон ба донишу фаҳму дарки хештан эътимод дорад, ки Шопенгауэру Гартманро эътироф надорад. Аз фалсафа куллан норозӣ буд. Ғами номуродон – деҳқонони камбизоат, пойлучони кӯю барзанро ғами хештан медонист. Зӯроварию инқилобро бад медид, барои хеш тарҳи дунёи нави озод аз зулму истибдод ва поянда аз муҳаббату ростӣ ва адолатро кашида буд, оламе, ки ҳоким надорад, ҳама саршор аз маънавиятанд. Инсон то вақте инсон мемонад, ки худро аз дарун, аз андешаи бад ва хисоли разила озод кунад, яъне умре дар корзор бошад, корзоре, ки худаш ҳасту рӯҳи покаш…

Охири умр дар вазъи буҳронӣ қарор дошт: ҳама ӯро нафрат мекарданд, ҳатто аҳли байташ, ҳукумати истибдодасосаш, дӯстонаш, адибони чоплуси ҳамзамонаш… Аммо хушбахт буд, ки андешаи нек дошт, як тани танҳо дар муқобилаи як олам одам пирӯз буд…

9-уми сентябр рӯзи ёдбуди Лев Толстой, рӯзи дубора рӯ овардани банда ба осори безаволи адиби зиндаёд буд, аз субҳи солеҳон то як поси шаб. Худоро шукр, ки чунин коре шуд, Худоро шукр…

Инак, чанд сухане пурҳикмат аз осори ин бузургвор ва чанд масале барои андеша аз ганҷинаи андешаи Лев Толстой:

Касе, ки худро аз дигарон беҳтар медонад, вай аз ҳама камтар худро эҳтиром мекунад.

Ду амале ҳаст, ки иҷрои онҳо бахти воқеии инсонро таъмин мекунад: фоидабахш будан ва виҷдони пок доштан.

Инсон болотар аз ҳайвон на барои он аст, ки ӯро азият медиҳад, балки қобилияти шафқат доштан нисбат ба ҳаявонро дорад.

Тавре бояд зист, ки аз марг натарсӣ ва онро нахоҳӣ.

Хамӯшӣ беҳтарин воситаи посух додан ба пурсишҳои аблаҳона аст.

Қалам на воситаи баёни нависанда, балки узви бадани ӯст…

Ҳар қадар дар мағз андешаи зишту бад бошад, сарнавишт низ ҳамонгуна хоҳад шуд.

Моҳияти ҳаёт хешро дарёфтан аст.

Агар хоҳӣ, ки ором зиндагӣ кунӣ, чашмонатро аз дари гузашта бипӯш, то муваффақ бошӣ.

Ҳама чиро хондан лозим нест, он чиро бояд хонд, ки ба суолҳои аз рӯҳу ҷонат бархоста посух гуфта тавонанд.

Бахт ҳаловатест бидуни ҳасрату пушаймонӣ.

Он одаме ба наҷот додан меарзад, ки агар воқеан мурдан намехоста бошад.

Хислатҳои неки мо аз ҳама бештар ба мо зарар мерасонанд.

Ҳузн, тарс ва кинаву адоват сабабҳои кутоҳумрии инсонанд.

Ягона шарти ба мурод расидан сабр аст.

Дона дар замин нонамоён аст, аммо аз он дарахте мерӯяд, мисли ҳамин аз андешаи хурд бузургтарин воқеаҳо дар ҳаёти башарият рух медиҳанд.

Гуноҳи дигаронро маҳкум мекунем, аммо чун нек бингарем, худамон ҳамон гуна гуноҳҳо хеле зиёд дорем.

Аз дигарон шарм кардан эҳсоси хуб аст, аммо беҳтараш шарм назди виҷдони хештан аст…

Чанд масал

Сарватманде ният кард, ки ба одамони нодору камбағал ҳазор тангаи тилло ҳадя кунад, аммо намедонист ба кӣ диҳад.

Назди рӯҳоние рафт ва гуфт:

– Мехоҳам ба камбағалон ҳазор тангаи тилло ҳадя кунам, вале намедонам ба киҳо… Тангаҳоро бигир ва ба шахсоне деҳ, ки муҳтоҷанд.

Рӯҳонӣ гуфт:

–  Маблағзиёд аст, ман ҳам намедонам ба кӣ диҳам: мабодо ба яке бисёру ба дигаре камтар расад. Беҳтараш худат бигуӣ,чӣ гуна тақсим намоям?

Сарватманд гуфт:

– Агар ту ҳам надонӣ, Худо ҳатман медонад. Аввалин касе, ки биёяд, ба ӯ бидеҳ.

Дар маҳаллаи рӯҳониён шахси нодоре зиндагӣ мекард. Фарзандони бисёр дошт, аммо худ бемору корношоям. Рӯзе ӯ китоби Забурро варақ мегардонд ва ба ин сатрҳо чашмаш афтод: «Ман ҷавон будам, пир ҳам шудам ва надидаам, ки тақводоре ноумед мондаву бачаҳояш аз гуруснагиву ташнагӣ азоб кашида бошанд».

Марди нодор ба фикр ғӯтавар шуд: «Аҷабо, ман аз назари Худо дур мондаам, дар умрам ҳеч рафтори номуносиб ҳам накардаам. Биё, як назди рӯҳонӣ равам ва пурсам, ки чаро дар китоби муқаддас гапи дурӯғ омадааст».

Бо ин андеша ба хонаи рӯҳонӣ роҳ пеш гирифт. Рӯҳонӣ чун ӯро бидид, ба худ гуфт: «Ин бечораи камбағал аввалин шуда ба наздам омад. Пас, ҳамаи ҳазор тангаи тилло насиби ӯст». Ва тангаҳои тиллои сарватмандро ба ӯ дод.

Турна ва лаклак

Марде барои дастгир намудани турнаҳо, ки ба киштзори ӯ зиён мерасониданд, дом ниҳод. Бо турнаҳо лаклаке низ ба дом афтод. Лаклак ба мард бо илтиҷо гуфт:

– Ту маро раҳо кун, ман турна нестам, лаклак ҳастам. Мо аз авлоди парандаҳои бошарафем. Манзили ман дар бомгӯшаи падарат. Пару боламро нигар, ман турна нестам.

Мард гуфт:

– Бо турнаҳо, ки ба даст афтодӣ, бо онҳо кушта хоҳӣ шуд…

Боғбон ва фарзандони ӯ

Боғбоне хост ба фарзандонаш ҳунарашро омӯзонад. Чун вақти аз дунё рафтанаш фаро расид, фарзандонашро ба наздаш хонд ва гуфт:

–  Фарзандони азиз, баъди сари ман боғи ангурро нағзакак ҷустуҷӯ кунед, чизи пинҳонкардаи маро ҳатман меёбед.

Фарзандон фикр карданд, ки дар боғ ганҷе ниҳон аст ва чун падар аз дунё гузашт, замини токзорро ончунон тагурӯ карданд ва хокашро бехтанд, ки бар асари он соли дигар ҳосили ангур хеле афзун гардид. Онҳо дорову сарватманд шуданд.

Рӯбоҳ ва ангур

Рӯбоҳе хӯшаҳои пухтаи ангурро дида, хост маззаи онҳоро чашад. Бисёр кӯшид, вале ба мурод нарасид. Барои он ки дилаш таскин ёбад, гуфт:

– Ангурҳо хом, кирои хӯрдан намекунанд…

Ду асп

Ду асп ду аробаи пурборро кашида мерафтанд. Аспи пешрав бемалол роҳмерафт, аммо аспи дуввум зуд-зуд таваққуф мекард. Маҷбур шуданд борҳои ӯро ба болои аробаи аспи пешрав гузоранд. Аспи ақибмонда ҳаракаташро тез намуда, ба аспи пешрав баробар шуда гуфт:

– Мурда-мурда кор кун. Ҳар қадар худро намоиш додаву кор кунӣ, бештар азобу уқубат хоҳӣ кашид.

Вақте ба манзил расиданд, хӯҷаин гуфт:

– Чӣ зарурате ҳаст, ки ду аспро ему хошок диҳаму борҳоро яке аз онҳо кашонад. Беҳтар он ки якеро хуб парвариш кунаму дигарро cap бибурам, лоақал пӯсташ ба кор меояд…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь