Тибқи маълумоти охири  Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Федератсияи Русия баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 20 мамлакати ҷаҳон (яъне аз се як ҳиссаи аҳолии замин) бомбаборон шудаанд. Ҷумҳурии Чин дар асоси он иброз менамояд, бояд ҳеч гоҳ фаромӯш накард, ки дар асл кадом кишвар ба сулҳу осоиш хавф меоварад.

Кишварҳое, ки аз ҷониби ИМА пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бомбаборон карда шуданд:

  • Корея ва Хитой (1950-53)

  • Гватемала (1954)

  • Индонезия (1958)

  • Куба (1959-1961)

  • Гватемала (1960)

  • Конго (1964)

  • Лаос (1964-1973)

  • Ветнам (1961-1973)

  • Камбоҷа (1969-1970)

  • Гватемала (1967-1969)

  • Гренада (1983)

  • Лубнон (1983, 1984)

  • Либия (1986)

  • Салвадор (1980)

  • Никарагуа (1980)

  • Эрон (1987)

  • Панама (1989)

  • Ироқ (1991)

  • Кувайт (1991)

  • Сомалӣ (1993)

  • Босния (1994, 1995)

  • Судон (1998)

  • Афғонистон (1998)

  • Югославия (1999)

  • Яман (2002)

  • Ироқ (1991-2003)

  • Ироқ (2003-2015)

  • Афғонистон (2001-2015)

  • Покистон (2007-2015)

  • Сомалӣ (2007-2008, 2011)

  • Яман (2009, 2011)

  • Либия (2011, 2015)

  • Сурия (2014-2015)

“- Магар, Шумо ба мо насиҳат мекунед?”

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар паёми худ ба амрикоиҳо доир ба амалиёти вижаи Русия, ки барои ҳифзи сокинони русзабони Украина аз наслкушии режими Киев амалӣ мешавад, чунин гуфт: «бе ягон сабаб, асос ё зарурат». Дар зимн, Намояндаи доимии Русия дар СММ Владимир Небензя бо ишора ба Ҷо Байден бисёр оқилона чунин қайд намуд: «Магар, Шумо ба мо насиҳат мекунед?» Дар тӯли чанд даҳсолаи охир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даҳҳо кишвар мудохилаи низомӣ анҷом дода, онро ҳамчун «мубориза бо терроризм» маънидод мекунад. Вале дар асл Амрико дар таърихи ин давлатҳо амалҳои ношоиста анҷом додааст.

Фаридун Усмонов, таҳлилгар ва сардабири маҷаллаи соҳавии «Иқтисодчӣ» мегӯяд: – «Ҳеч як ҳамлаи ИМА ба кишварҳои дар феҳристи Чин овардашуда ягон факти воқеӣ надошт.  Мо мебинем, ки ИМА талош ба он дорад, ба тамоми манотиқи ҷаҳон дахолат кунад ва дар он ҷо манфиатҳои худро ҷорӣ намояд. (Хоҳ Афғонистон бошад,  хоҳ дар равобити Ҳиндустону Покистон, Чину Тайван, Эрону Арабистони Саудӣ, Русияву Украина ва ғайра). Вале ин мудохилаҳо бо мақсади беҳбудӣ овардан ба ин кишварҳо, минтақа ё ҷаҳон анҷом дода намешаванд. Агар чунин мақсад медошт, он гоҳ бояд аз ҳамсояҳои наздики худ сар мекард. Бубинед, дар Мексика, Гаити, Куба, Колумбия, Перу, Венесуэла, Филиппин чӣ воқеаҳо рӯй медиҳанд? Даҳҳо кишварҳои дигарро метавон мисол овард, ки дар он ҷо аз нуфузи барҷастаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳаёти мардуми одӣ на ин ки беҳтар, балки баръакс, рӯз аз рӯз бадтар мегардад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳангоми дахолат ба дигар кишварҳо танҳо бораи манфиатҳои худ амал мекунад. Яъне барои қонеъ гардонидани манофеи тиҷоратии худ кор гирифта, ҳукумати идорашаванда таъсис медиҳад ва барои ҳузури нерӯҳои низомии худ шароит фароҳам меоварад”.

Мутаассифона, алайҳи ин кишвар ягон қаҳру ғазаби ҷомеаи Ғарб дида намешавад, яъне ҳеч гуна таҳримҳои зидди Амрико ҷорӣ карда нашудааст. Ба ҷомеаи Ғарб, ки имрӯз симои хашмгини Русия ба он таҳмил мешавад, аксаран дар бораи қисми зиёди дахолатҳои  низомии ИМА ба кишварҳои дигар, сабаб ва оқибатҳои он ҳатто кучактарин маълумоте пешниҳод намегардад. Инро пурсише, ки аз 9-ум то 15-уми октябри соли 2019 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби ширкати қадимтарини фаронсавии “IFop” гузаронида шуда буд, тасдиқ мекунад. Дар байни 1000 пурсидашудагони аз 18-сола боло бештар аз нисфи амрикоиҳо (54 фоиз) дар бораи он, ки   соли 1999 коалитсияи кишварҳои НАТО (ИМА, Фаронса, Олмон ва дигарон) тӯли 78 рӯз Югославияро бомбаборон карданд, нашунидаанд.

Оё дар ҳақиқат ин воқеаҳо чандон муҳим набуданд? Дар натиҷаи бомбаборон шудани  Югославия аз ҷониби НАТО аз рӯи маълумотҳои  Сербистон, аз 3,5 то 4 ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан 10 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Бино ба маълумотҳои манобеи мухталиф, аз 500 то 2000 нафари онҳо ғайринизомӣ, яъне аҳолии осоишта буданд. Зарари моддӣ 100 миллиард долларро ташкил дод. Ин ҳодисаҳо ба он оварда расонид, ки дар натиҷа Ҷумҳурии Шӯравии Югославия барҳам хӯрд ва инчунин, ба қаламрави Сербияи имрӯза зарари бузурги экологӣ расонида шуд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, низомиён якҷо бо бомбҳо урани харобшуда мепартофтанд, ки дар минтақа боиси афзоиши назарраси бемориҳои саратон гардид.

Амалиёти ИМА дар Югославия бе розигии Шӯрои Амнияти СММ сурат гирифт, ки ин дағалона вайрон кардани тартиботи ҳуқуқии байналхалқӣ ва амалиёти таҷовузкоронаи зидди мамлакати соҳибихтиёр мебошад.

Пас НАТО чӣ баҳона, асос ва зарурият дошт, ки чунин амалро муртакиб шуд? Дар асл, ин дахолат намудан ба низои дохилии байни сербиҳо ва албаниҳо буд. Пас аз рад шудани талаби НАТО аз ҷониби президенти Югославия, яъне хурӯҷи нерӯҳо аз вилояти мухтори Косово ва Метохия, ин ниҳод худро ба анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳақ шуморид. Дар ҳамин ҳол, бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки ин амалиёти низомӣ барои НАТО ҳадафҳои геополитикӣ дошт – таҳкими мавқе дар минтақа ва густариши нуфуз дар Шарқ, яъне наздиктар ба марзҳои Русия.

Ҳузури харобиовар дар Афғонистон

Тоҷикистон паёмадҳои амалиёти Амрикоро хуб медонад. Пас аз 20 соли ҳузури онҳо дар Афғонистон ин кишвари ҷангзада ба як майдони маводи мухаддир табдил ёфт, ки аз ҷониби террористон идора карда мешавад. Гузашта аз ин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавсеаи нуфузи худро дар Афғонистон хеле барвақт аз вуруди нерӯҳои худ ба ин ҷумҳурӣ оғоз карда буд. Ба ақидаи шарқшинос ва таҳлилгар Виктор Коргун, амрикоиҳо ба пайдоиши ифротгароии исломӣ тавассути  дастгирии гурӯҳҳои муҷоҳидини афғон дар муборизаи  онҳо бар зидди нерӯҳои шӯравӣ ва режими  тарафдори Иттиҳоди Шӯравӣ дар  Кобул (солҳои 1980) мусоидат кардааст. Баъдан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то воқеаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Толибон кӯмаки молиявӣ мерасонд ва кӯшиш мекард, бо дастгирии онҳо интиқоли захираҳои энержии баҳри Каспийро зери назорати худ гирад.

Вазъият пас аз ҳамлаҳои террористӣ дар Ню-Йорк ва Вашингтон, ки дар натиҷаи он тақрибан 3 ҳазор нафар кушта шуданд, тағйир ёфт. Пас аз он ки Толибон аз истирдоди раҳбари созмони Ал-қоида Усома бин Лодин, ки дар  ҳамлаҳои террористӣ айбдор шуда буд, сарпечӣ карданд, ИМА ва НАТО амалиёти низомии «Озодии шикастнопазир»-ро оғоз карда, дар мубориза бо ифротгароии байналмилалӣ нақши калидиро ба ӯҳда гирифтанд.

“Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо талошҳои худ симои террористеро, ки  фикран ба ислом наздик аст, ба вуҷуд оварда, онро ба дини ҷангу терроризм табдил дод. Ҳарчанд терроризм мазҳаб надорад ва таърихи ҷаҳон ҳолатҳои зиёдеро медонад, ки амалҳои террористӣ аз ҷониби намояндагони динҳои мухталифи дигар содир шуда буданд”,  мегӯяд  Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Омадани ИМА ба Афғонистон дар соли 2001 аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии хеле васеъ ёфта буд.  Гап сари он, ки ИМА он вақт тавонист ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонад, ки Афғонистон ба як майдони амалиёти ҳарбӣ барои терроризми ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, зеро таваҷҷӯҳи асосӣ ба он буд, ки роҳбари Ал-қоида Бин Лодин дар Афғонистон қарор дорад ва созмони ҳамлаҳои террористии охир маҳз аз он ҷо анҷом дода шуд. Дар зимн, бояд қайд кард, ки дар паси таъсиси Ал-қоида худи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меистад ва ин махфӣ ҳам нест. Аз ҷумла пайдоиши шахсияте ба монанди Усома бин Лодин, ки ба шарофати пуштибонии Амрико ба роҳбари ин созмони  террористие, ки амалҳои худро дар қисматҳои гуногуни дунё  анҷом медод, табдил ёфт”.

Дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ режими Толибон барҳам дода шуд, вале қувваҳои асосии онҳо нест карда нашуданд. Онҳо суст гардида, дар байни аҳолии маҳаллӣ  пароканда  шуданд. ИМА  ба муборизаи зидди Толибон фармондеҳони саҳроии муҷоҳидонро ҷалб мекард ва барои ин ба онҳо маблағҳои зиёд ҷудо менамуд. Вале онҳо ин маблағҳоро на барои нобудии Толибон, балки барои таҳкими мавқеи худ тавассути нигоҳдории гурӯҳои мусаллаҳи худ, инчунин, барои рушди тиҷорати маводи мухаддир истифода мекарданд.  Омор рақамҳои таъсирбахшро бозгӯ мекунад: тайи 20 соли ҳузури Амрико дар Афғонистон тавлиди маводи мухаддир 40 баробар афзоиш ёфтааст.

Хароҷоти ИМА барои нерӯҳои амниятӣ ва дастгоҳи давлатии Афғонистон дар давраи ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон 80 миллиард долларро ташкил дод ва тамоми ҷанг, тибқи ҳисобҳои тасдиқкардаи Ҷо Байден, тақрибан 2 триллион долларро ташкил додааст.

Коршинос Фаридун Усмонов дар ин бора чунин тавзеҳ медиҳад: “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тӯли 20 соли ҳузураш дар Афғонистон, пеш аз ҳама он вазифаҳои стратегиро, ки ба худаш лозим буд, анҷом дод.  Дар санадҳои солҳои 90-уми Вазорати дифои Амрико  Афғонистон ҳамчун нуқтае, ки бояд ба он  таъсир расонд, қайд нашуда буд, вале рушди таҳдиди эҳтимолӣ аз ҷониби Эрон ва афзоиши нуфузи Чин ИМА-ро маҷбур кард, ки диққати худро ба Афғонистон  равона намояд”.

Амрикоиҳо тӯли 20 соли будубоши худ дар ин кишвар беш аз 2 триллион доллар харҷ карданд, вале ҳиссаи бузурги ин маблағҳо бевосита барои ниёзҳои худи онҳо сарф карда шуд, инчунин, аз рӯи ҳисобҳои гуногун барои нигоҳ доштани дастгоҳи ҳукумати Афгонистон аз 80 то 100 миллиард доллар харҷ шудааст. Қисми асосии маблағҳо барои нигоҳдории (таъмини) сарбозони амрикоӣ, таҳкими пойгоҳҳои низомӣ ва бунёди зерсохтори низомӣ сарф шудааст. Тавре мебинем, дар бораи ягон механизми ҷорӣ намудани низоми интихоботи демократӣ сухан намеравад, ягон сармоягузорӣ низ ҷалб нашудааст, яъне пули Амрико барои рушди низоми маориф ва тандурустӣ сарф нагардидааст. Барои шахсони воқеӣ ин 20 сол солҳои беҳудаталафшуда гардиданд ва танҳо қисми ками шаҳрвандони Афғонистон, ки қаблан дар хориҷи кишвар умр ба сар мебурданд, аз ҳузури амрикоиҳо баҳра бурданд. Яъне онҳо як муддат барои дарёфти пул  ба  Афғонистон омада, пас аз рафтани  амрикоиҳо тарки кишвар карданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар тӯли 20 сол ба ҳадафҳои эъломшудаи ҳузураш дар Афғонистон расида натавонист, моҳи августи соли 2021 шитобкорона нерӯҳои худро аз ин кишвар берун кард ва бо оқибатҳои даҳшатбори ҳузури худ Афғонистонро танҳо гузошт. Гурӯҳи террористии «Толибон» аслиҳаи зиёд  ва техникаи ҳарбие, ки амрикоиҳо партофта рафтанд, инчунин, имконияти ғасб кардани ҳокимиятро ба даст овард. Низомиён ва ҳукумати Афғонистон, ки дар тӯли 20 сол аз ҷониби Амрико тамрин мегирифтанд, натавонистанд, ки ба онҳо муқобилат варзанд.

Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон ва муҳосира гардидани дороиҳои миллии кишвар аз ҷониби Вашингтон Афғонистон ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва башардӯстона дучор шуд, гурӯҳҳои ифротгаро фаъолтар шуданд ва мавҷи нави гурезаҳо ба вуҷуд омад. Ҳоло нисф зиёди сокинони кишвар аз гуруснагӣ азият мекашанд, зиёда аз 150 нафар ба сардии зимистон тоб наоварда фавтиданд ва занҳои афғон бошанд мунтазам ба табъиз дучор мегарданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Афғонистон на маблағ ҷудо кард ва на кӯмак расонид. Ин кишвар ҳоло диққати худро ба Украина равона кардааст. Ҳоло ба дӯши кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва инчунин, бозигарони бузурги берунӣ, ба монанди Русия ва Чин масъалаҳои амният, таҳдиди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир вогузор шудаанд. Русия яке аз аввалинҳо шуда ба Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона ирсол кард, ҳамчунин, шаҳрвандони худ ва  шаҳрвандони кишварҳои дигарро, аз ҷумла Тоҷикистонро аз ин ҷумҳурӣ тахлия (эвакуатсия) намуд. Имрӯз Русия бо Афғонистон ҳам ҳамкории моҳиронаи дипломатӣ дорад ва ҳам бо кишварҳои минтақа амалиётҳои муштараки зиддитеррористӣ ва зидди маводи мухаддирро анҷом дода,  кафили асосии амният дар минтақа боқӣ мемонад.

“Мо аз созмонҳои байналмилалӣ хеле миннатдорем, ки онҳо мардуми моро дар ин вазъияти душвор танҳо нагузошта ва намегузоранд, ки мардуми мо қурбонии сиёсати таҳримии пешгирифтаи Амрико гардад” – иброз дошт Ғулом Гаус Нассерӣ, собиқ Вазири ҳолатҳои изтирории Афғонистон.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Албатта, барои шаҳрвандони ИМА Афғонистон як минтақаи хеле дур аст ва сарнавишти ин кишвар барои онҳо чандон муҳим нест. Вале барои мо – тоҷикон онҳо ҳамсояанд ва дар паҳлӯи мо чӣ мегузарад, халқи мо дар он ҷо чӣ  ҳол дорад (Дар Афғонистон шумораи зиёди тоҷикон зиндагӣ мекунанд) ин ҳама моро бетараф гузошта наметавонад. Бояд гуфт, ки натиҷаи ҳузури 20-солаи Амрико дар Афғонистон  даҳсолаҳои оянда ба минтақа таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Соли 2020 байни намояндагони ИМА ва Толибон протоколҳои пинҳонӣ ба имзо расид, ки ӯҳдадориҳои тарафайнро пешбинӣ мекунанд, аммо барои ҷомеа махфӣ боқӣ монданд.

Сиёсати имрӯзаи Толибон дар асл ба  тезутунд кардани вазъ дар минтақа нигаронида шудааст. Ҳукумате, ки онро ташкилоти террористӣ таъсис додааст, манфиатҳои халқҳои Афғонистон, манфиатҳои ҳизбҳои сиёсии мамлакат ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро ба назар намегирад. Ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар асл кӯшиш дорад,  бо дастони Толибон сиёсати бесуботии худро на танҳо дар Афғонистон, балки дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ низ идома диҳад”.

Манфиатҳо дар Шарқи Наздик

Ба ақидаи бисёре аз таҳлилгарон, ИМА худро ягона абарқудрате медонад, ки қудрати анҷоми ҳар кореро дорад. Махсусан, ҳалли мушкилоти он кишварҳое, ки ба андешаи Амрико нодуруст, яъне бар хилофи хоҳиши Амрико рафтор мекунанд. Ва имрӯз тавре мебинем, қариб дар тамоми гӯшаю канори дунё пойгоҳҳои низомӣ ва ё намояндагони қувваҳои мусаллаҳи ИМА ҳузур доранд.

Фаридун Усмонов дар ин бора чунин андеша дорад: “Ин тасодуфӣ нест, балки ба хотири назорати тамоми хатсайрҳои ҷаҳонӣ анҷом дода мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хуб дарк мекунад, ки барои нигоҳ доштани ҳокимият ва нуфузи худ  дар тамоми ҷаҳон бояд роҳҳои баҳрӣ ва роҳҳои асосии транзити молро зери назорат гирад, зеро тавассути назорати гардиши молҳо ва захираҳои энергетикӣ метавонад иқтисодиёти ҷаҳонро идора кунад. Тасодуфӣ нест, ки дар ҳамаи гузаргоҳҳои асосии киштиронӣ ё ширкатҳои амрикоӣ, ё пойгоҳҳои низомии ИМА ҷойгир шудаанд”.

Имрӯз Ховари Наздик яке аз нооромтарин минтақаҳои ҷаҳон аст ва ба андешаи бисёре аз коршиносон Вашингтон ба ноором кардани вазъ дар Ховари Наздик манфиатдор мебошад, зеро дар шароити номуайяни сиёсӣ ва низоъҳои давомдор барои Амрико мустаҳкам кардани мавқеи худ ва пеш бурдани манфиатҳои дигар  осонтар аст.

“Мо намеравем ва фазои холӣ намегузорем, ки онро Чин, Русия ё Эрон пур кунанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, шарики фаъол ва ҷалбшуда дар Ховари Миёна боқӣ монад”, – гуфт президенти ИМА Ҷо Байден.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таъмини субот барои худ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон нуқтаҳои бесуботӣ эҷод мекунад. Ва ба ҳайси яке аз чунин минтақаҳо Шарқи Наздик интихоб гардидааст. «Баҳори Араб», ки аз ҷониби амрикоиҳо оғоз шуда буд, ҳадафи ноором кардани вазъ дар минтақаро дошт, яъне амрикоиҳо мехостанд, то ҳадде ин қисматро заиф гардонанд, ки ҳатто ба як ҳайати хурди қушунҳо муқобилат карда натавонад ва аз ҳамин ҳисоб  дар тамоми минтақа назорати худро ҷорӣ кунанд.

Мо шоҳиди он будем, ки чӣ тавр вазъ дар Тунис тағйир ёфт, чӣ гуна амрикоиҳо ҳукумати Либияро сарнагун карданд, чӣ тавр Муаммар Қаззофӣ ба қатл расонида шуд, ба кадом тариқ Ироқ хароб гардид,  чӣ гуна Амрико тавонист  Мисрро  қисман ноором гардонад ва ғайра. Амрикоиҳо дар чаҳорчӯби нақшаи стратегии худ ба сарнагун кардани ҳукумати Сурия ва иваз кардани низоми идоракунӣ дар Эрон омодагӣ мегирифтанд. Тавре ИМА ният дошт, «Баҳори Араб» бояд аз Мағриб оғоз гардида, тамоми Шарқи Наздикро фаро мегирифт ва  дар ҷаҳони форсӣ – дар Эрон ба охир мерасид.

Зиёда аз 40 сол аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро “шаппотие”, ки аз Эрон хӯрда буд, ба изтироб овардааст. То кунун байни Эрон ва Амрико ҳузури мутақобилаи дипломатӣ вуҷуд надорад, сафорати Амрико дар Теҳрон ҳамчун “осорхонаи” ҷосусӣ фаъолият мекунад.  Амрикоиҳо бо ҳар роҳ кӯшиш доранд, ки низоми сиёсӣ ва ҳокимияти ин кишварро тағйир диҳанд ва он гурӯҳҳоеро, ки ба онҳо итоат мекунанд, ба сари қудрат биёранд. Зиёда аз 40 сол аст, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон татбиқ карда мешаванд, ки ҳадафашон маҷбур кардани Эрон ба эътирофи қудрати Амрико бар онҳост”.

Амалҳои ИМА нисбат ба Эрон   нишон медиҳанд, ки Амрико метавонад дилхоҳ шахси номатлубро  дар дилхоҳ кишвар “террорист” эълон кунад ва сипас онро бомбаборон намояд. Бо фармони Доналд Трамп (президенти собиқи Амрико) соли 2020 алайҳи фармондеҳи нерӯҳои вижаи Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ амалиёти низомӣ гузарониданд. Амрико ӯро дар ташкили ҳамла ба низомиёнаш айбдор карда буд. Бояд гуфт, ки Сулаймонӣ дар мубориза бо терроризм, бахусус, дар шикасти созмони террористии ДИИШ саҳми бузурге гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, соли 2011 худи Трамп, ки ҳанӯз раиси ҷумҳури Амрико набуд, дар Твиттераш чунин навишта буд: “Барои дубора интихоб шудан Барак Обама бо Эрон ҷанг хоҳад кард. Нагузоред, ки Обама корти Эронро ба бозӣ андозад, то ки ба ҷанг равад ва интихоб шавад”. Ва баъд аз куштори Сулаймонӣ Ҷо Байден, ки номзад ба мақоми президентӣ буд, ин амалро маҳкум кард. Сарфи назар аз суханони ӯ дар бораи хатарҳои даргириҳои бузург дар Шарқи Наздик, имрӯз вай омодагии худро барои дахолати низомӣ ба Эрон эълом мекунад. Ин ба таври возеҳ  нишон медиҳад, ки амалиётҳои ҳарбии ИМА дар Шарқи Наздик танҳо василаи сиёсатмадорони Амрико дар муборизаи онҳо барои ҳокимият  аст ва сиёсати берунии ИМА бошад, танҳо барои қонеъ гардондани манфиатҳои шахсии онҳо равона карда шудааст.

Бо вуҷуди ҳама таҳримҳо ва фишорҳо, иқтисодиёти Эрон дар байни 192 кишвари ҷаҳон дар ҷои 21-ум қарор дорад.

“Сулаймонӣ дар Ховари Наздик  нуфузу эътибори зиёд дошт ва бо вуҷуди қудрати бузурги ИМА, ӯро ҳамеша ёдоварӣ мекунанд. Дар майдонҳои ҳавоии Бейрут, Димишқ ва дар аксар шаҳрҳои Ироқ  аксҳои ӯ ҳамчун ҳушдоре ба амрикоиҳо, ки куштори сиёсатмадори як давлат дар минтақа фаромӯш нахоҳад шуд, овезон карда шудаанд.

Генерали эронӣ ҳангоми сафараш ба Ироқ бар асари ҳамлаи ҳадафмандона кушта шуд. Яъне ИМА ҳамчун ташкилоти террористӣ амал карда, дар қаламрави кишвари сеюм куштори намояндаи ҳукумати давлати дигарро содир кард. Ин, ки ИМА ин гуна кирдорро қобили қабул медонад, аз беҷазо мондани амалҳои ӯ шаҳодат медиҳанд. ИМА сарфи назар аз он ки иддао дорад, бо терроризм мубориза мебарад, дар асл худаш амалҳои террористӣ содир мекунад» – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь