Зани либосаш рангпар ва марди костуми нозеб пӯшида дар Бостон аз қатора фаромада, вақти вохӯриро муайян нанамуда, беҷуръатона ба қабули ректори Донишгоҳи Ҳарвард даромада омаданд.
Котиба ин одамони ақибмондаи қишлоқӣ дар Ҳарвард чӣ кор дошта бошанд, гуфта фикр кард.
-Мо бо ректор вохӯрдан мехоҳем,-гуфт мард бо нармӣ.
-Ӯ тамоми рӯз банд мешавад,-гуфт котиба бо ҷаҳл.
-Майлаш, мо мунтазир мешавем,-гуфт зан.
Котиба онҳоро қариб чор соат танҳо гузошт. Ӯ таҳаммул намуда натавониста, баргашта рафтани зану шавҳарро мехост. Онҳо нарафтанд. Ҷаҳли котиба омад. Кори аблаҳона пиндорад ҳам, барои ректорро нороҳат намудан қарор кард.
-Шояд шумо якчанд дақиқа бо онҳо вохӯрӣ намоед, баргашта раванд,-гуфт ӯ ба ректор.
Ректор оҳи чуқур кашид ва ба сифати аломати розӣ шуданаш сар ҷунбонд. Аз сабаби шахси муҳим буданаш барои на бо ҳар кас сӯҳбати дуру дароз намуданаш вақт ёфт мешуд. Ӯ аз либоси рангпар ва костуми даридаи ҳусни қабулхонаашро халалдор намудаистода нороҳат шуд.
Ректор тез нигариста, бо савлат ба тарафи зану шавҳар қадам ниҳода, назди онҳо омад.
-Мо писари дар курси якуми Ҳарвард таҳсил менамудагӣ доштем. Ӯ Ҳарвардро дӯст медошт. Дар ин ҷо хушҳол буд. Аммо як сол қабл ӯ тасодуфан ба қатл расонда шуд. Ман ва шавҳарам ба хотираи ӯ дар ягон ҷои кампус ёдгорӣ барпо намудан мехоҳем,-гуфт зан.
-Хонум,-гуфт ректор бо оҳанги дурушт,- Мо барои ҳар нафари дар Ҳарвард таҳсил намуда фавтида ҳайкал гузошта наметавонем. Агар чунин мекардем, ин ҷо ба макони фавтидаҳо монанд мешуд.
-Оҳ, не,-гуфт зан ва ба зудӣ фаҳмонд,-Мо ҳайкал гузоштанӣ нестем. Мо барои Ҳарвард бинои нав сохтан мехостем.
Ректор ба ҷаҳл омад. Ӯ боз ба ҳамон либоси рангпари зан ва костуми нозеби мард нигариста хитоб намуд:
-Бино?! Шумо медонед, ки барои сохтмони бино чӣ қадар маблағ даркор аст? Биноҳои дар Ҳарвард будаи мо аз ҳафтуним миллион доллар зиёдтар арзиш доранд!
Зан як муддат сукут намуд. Дар рӯи ректор аломатҳои мамнуният пайдо шуданд. Эҳтимол акнун аз онҳо халос мешудагист. Дар ин вақт зан ба шавҳараш рӯ оварда, оҳиста гуфт:
-Барои сохтмони донишгоҳ дар маҷмӯъ ҳамин қадар пул кифоя аст? Ин тавр бошад, чаро донишгоҳи худамонро намесозем?
Шавҳараш сар ҷунбонд.
Қиёфаи ректор аз хиҷолат суст шуд. Мистер ва Миссис Лиланд Стэнфорд аз ҷояшон хеста, баромада рафтанд. Онҳо ба Пало Алто, ба Калифорния сафар намуда, дар ҳамон ҷо барои писари ба қадраш Ҳарвард нарасидаашон ҳамчун ёдгорӣ ба даргоҳи нави илм – Донишгоҳи Стэнфорд асос гузоштанд.
Марк Твен
Аз русь тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ