Он чи дар шаҳри Вошингтон дидам
Cубҳи рӯзи 15 июн аз рӯйи хатсайри Душанбе-Истамбул-Франкфурт-Вошингтон ба сафар баромадем ва бегоҳи ҳамин рӯз ба пойтахти Амрико расидем. Дар ин шаҳр 4 шаб, аз 15 то 19 июн, истодем ва фурсати зиёде барои тамошо доштем. Тавре дар бахши боло навиштам, инҷо бештар саргузашту мушоҳидаҳо зикр мешаванд. Бардошту андешаҳо аз сафарро дар поён мувофиқ ба мавзуъбандии он меорам.
Рӯзи шанбе ба Вошингтон расидем ва дар фурудгоҳ моро хонум Елена (ва дар бораи хонум Мария ва Павел-тарҷумонҳое, ки моро дар тӯли сафар ҳамроҳӣ карданд, дар поёни навишта чанд нуктаро меорам) пешвоз гирифтанд ва то меҳмонхона оварданд. То расидан ба меҳмонхона фаҳмидем, ки барномаи мо аз вохуриҳои рӯзи душанбе оғоз мешавад ва рӯзи якшанбе дар пойтахти Амрико гаштугузор мекунем.
Меҳмонхонаи мо дар маркази шаҳри Вошингтон дар хиёбони Пенсилвания ҷойгир буд ва “Melrose Georgetown Hotel” ном дошт. Меҳмонхона ҳафтошёна буд ва дар берун, дар сари роҳ мизу курсиҳо дошт. Мо иштирокдорони барнома ҳар бегоҳ инҷо ҷамъ мешудем ва то дер гуфтугӯ мекардем.
Аз рӯйи барномаи дастандаркорон субҳи рӯзи якшанба ба тамошои ҷойҳои дидании шаҳри Вошингтон рафтем. Сараввал моро ба боғи маркази шаҳр оварданд ва мувофиқи рафти тамошои онҳо мушоҳидаҳоро менависам:
Ёдгории Линколн дар маркази шаҳр дар канори боғи муҳташаме ҷойгир аст ва зинапояҳои зиёде дорад (дар ҳамин зинаҳо суханронии машҳури Мартин Лутер Кинг “Ман як орзу дорам” садо додааст). Вақти рафтани мо онҷо таъмир идома дошт, вале ҷаҳонгардони зиёде буданд. Ҳайкали нишастаи раисҷумҳур Линколн дар дохили маҷмаа аст. Ҳайкал дар расмҳо, ба вижа дар синамо ниҳоят бузург метобад, вале дар асл чунин нест. Дар ду тарафи девори маҷмаа гуфторҳо аз суханрониҳои раисҷумҳур Линколн ҳаккокӣ шудаанд. Ба гуфти роҳбалади мо ҳайкал вижагиҳо дошта, аз ҳар тараф маъноҳои гуногунро ифода мекунад ва дар пушти сари раисҷумҳур Линколн симои сипаҳсолор Ли (фармондеҳи артиши ҷанубиҳо ва рақиби раисҷумҳур Линколн) намудор мегардад. Дар умум, ин ёдгорӣ иттиҳод, озодӣ ва адолатро таҷассум мекунад. Андеша ва амалкарди раисҷумҳур Линколн гардиши бузургеро дар таърихи давлатдории Амрико ба вуҷуд оварда, аслу арзишҳои сиёсии ин кишварро поягузорӣ кардаанд.
Муҷассамаи Вошингтон ба манораи чоркунҷа монанд ва теғшакл мебошад, бо санг ороиш гардида, дар рӯбарӯйи Ёдгории Линколн қарор дорад. Рангҳои сангҳои рӯйпӯшшуда гуногунанд ва сабабаш камбуди пулу дар чанд даҳа бунёд гардиданашро ифода мекунад. Аз дур хурд метобад, вале вақте ба Пентагон мерафтем, аз даруни худрав тамошо кардем, ки як муҷассамаи бузург аст.
Ёдгории куҳнасарбозони ҷанги Ветнам ва Ёдгории куҳнасарбозони ҷанги Куриё дар канори боғ ҷойгир буда, ба хотири қаҳрамонон ва қурбониҳои ин ду ҷанг бунёд гардидаанд. Дар ин мавзуъ, нахуст Ёдгории куҳнасарбозони ҷанги Ветнам сохта мешавад ва барои амрикоиҳо рамзҳои муайяне дорад. Чун таъсире вижае ба равандҳои дохилии ин кишвар доштааст ва инро Ёдгорӣ то ҷойе инъикос мекунад. Ёдгории куҳнасарбозони ҷанги Куриёро баъдан месозанд ва намоишгоҳ бештар номаълумӣ ё бемазмунии талафот дар ин ҷангро ифода мекунад. Ҳарчанд дар ин ҷанг ҳам Амрико қурбонӣ дода буд, вале ҷойгоҳи он мисли ҷанги Ветнам барҷаста нест. Бароям ҷолибии ин ду ёдгорӣ дар он буд, ки парастиши ҷангро таблиғ намекунанд, балки маънои сулҳ ва қурбонии инсонҳоро ифода мекунад.
Ёдгории Мартин Лутер Кинг. Дар лаби кул ҷойгир буда, дар санг тарошида шудааст. Ҳайкал ба поён нигоҳ мекунад ва дар канори он гуфтовардҳо аз Кинг ҳаккокӣ гардидаанд. Андешаву кирдори Кинг боиси фаргашти ҷиддие дар Амрико мегардад ва заминасози шаклгирии фарҳангу арзишҳои имрӯзи сиёсии ин кишвар мешавад. Аз ин ҷост, ки он муносибати инсонона ба инсонҳо, яъне ғайри қобили қабул будани табъизи нажодию забонӣ ва бегонаҳаросӣ, ки дар Амрико ҳукмфармост, камтар дар кишварҳои дигар мушоҳида мешавад. Вақте ба ҳайкал менигаред, эҳсос мешавад, ки ин як ҳушдор ба одамон барои риояи баробарӣ, набудани табъизу бегонаҳаросии нажодию қавмию забонӣ аст.
Хонаи Сафед як бинои хурди дуошёна будааст ва дар расму наворҳои синамо каме бузург метобад. Барои расидан то Хонаи Сафед аз боғи назди он гузаштем, ки дар канораҳояш ҳайкалҳои сипаҳсолорон гузошта шудаанд ва онҳо барои озодии Амрико бо артиши бритониёӣ ҷангидаанд. Тавре роҳбалади мо гуфт, дар назди Хонаи Сафед (агар барои тамошо боз бошад) аз солҳои 80-уми асри ХХ ба таври беист майдоншинӣ идома дорад. Ин майдоншинон бо хадамоти сирии Амрико созиш доранд ва барои мубрамсозии тамоми мавзую масъала эътирози сулҳомези худро идома медиҳанд, яъне майдоншинӣ касбашон аст. Ба гуфти роҳбалади мо дар канори Хонаи Сафед иншооти кормандони Маъмурияти раисҷумҳури Амрико ҷойгиранд, вале коргоҳҳои асосӣ зери замин дар чанд қабат бунёд гардидаанд. Яъне, Хонаи Сафед як рамзи сиёсии Амрикост ва мисли нуги аҳром буда, коргоҳҳои асосии идорӣ дар зери замин қарор доранд.
Майдони Конгресси Амрико ҳам муҳташам аст ва ифодакунандаи неруи Сенат ва Палатаи намояндагони Амрико мебошад. Азбаски офтоб баланд ва ҳаво гарм буд, мо инҷо камтар истодем ва танҳо барои хотира расм гирифтем.
Осорхонаи миллии ҳиндуҳои Амрико бинои маънодори сеошёна буда, дар наздикии Боғи ботаникии Вашингтон ҷойгир аст. Дар осорхона аз либосу ашёи рӯзгор, то санадҳои созиши қабилаҳои ҳиндуҳо бо ишғолгарон, расмҳои ҳиндуён дар давраҳои гуногун ва истифодаи вожаҳои корбурдии онҳо дар ҳаёти имрӯзаи Амрико намоиш дода шудааст. Масалан, мушаки машҳури амрикоӣ “томагавк”, аслан номи табари ҷангии ҳиндуҳо мебошад. Аз тамошои ин осорхона чунин хулоса кардам, ки амрикоиҳо аслан нисбат ба таърихи кишвар ва амали гузаштагони худ – уқда надоранд. Тавре ҳаст, ҳамон гуна дар осорхона инъикос кардаанд. Яъне, гузаштагони амрикоиҳо – ишғолгарон ва муҳоҷирони наслҳои якуму дуюму сеюму баъдӣ тамоми ҷуғрофиёи имрӯзаи зисти худро бо ҷангу куштору зӯрӣ аз дасти ҳиндуҳо гирифтанд, вале бо гузашти замон барои соҳибони таҳҷойии ин сарзамин осорхона бунёд кардаанд. Чунин бархурд ба таърих омӯзанда аст, чун бидуни дидгоҳҳои идеологӣ ба он назар мешавад…
Рӯзҳои баъдӣ боз ба се бинои маъмурию фарҳангии Вошингтон рафтем, ки зикри онҳо ҳам аз аҳамият холӣ нест:
Ба Вазорати мудофиаи Амрико ё маъруф ба Пентагон мо баъди нисфирӯзӣ рафтем. Роҳбаладон огоҳ карданд, ки бо худ гирифтани гаджетҳо манъ аст, танҳо бояд шиносномаро гирем. Худрав моро дар ҷойе фаровард, ки ягон соя ва дарахте набуд. Дар гармӣ каме роҳ гашта, ниҳоят ба даромадгоҳ расидем. Дар навбат истодем, чун ҳамаи ҳуҷҷатҳои меҳмононро тафтиш мекардаанд ва мисле гузаштани хатти марз дар фурудгоҳ – расм мегиранд. Баъди гузаштани расмиёт ба бино даромадем ва то мувофиқа шудани вохурии мо дар толоре нишастем, ки иттифоқан ҷойи нишастҳои матбуотӣ будааст. Ду хонуми миёнсол, масъулони робита бо ҷомеа, ки чунин вохуриҳоро дар Пентагон мудирият мекарданд, раҳбалади мо дар дохили бино шуданд. Яке аз онҳо гуфт, ки паси ҳамдигар бояд ҳаракат кунем, чун дар роҳравҳо одамони зиёде рафту омад доранд. Баъди як давр задан дар долонҳои дароз, аз бино берун шудем ва ба толори конфронс расидем. Дар муқоиса бо ёдгориву ҳайкалҳо, ки дар расм бузург метобанд, бинои Пентагон хурд менамояд, вале дар асл – як сохтмони хеле бузург аст. Ба гуфти роҳбаладон дар бино ҳоҷатхонаҳо ниҳоят зиёданд, чун замоне бино ёфт, ки “дасти чап”-ро алоҳида аз рӯйи нажоди истифодабарандагон месохтанд. Фарқи нажодӣ бекор гардид, вале ҳоҷатхонаҳои зиёде боқӣ монд…
Дар толори конфронс афсари артиши Амрико дар назди мо перомуни вазъ дар ҳавзаи Баҳри ҷанубии Чин суханронӣ кард. Дар муаррифии ин афсар, гардонандаи нишаст (афсари дигар) гуфт, ки суханрон чандин соли хидмат дар ин ҳавзаро дорад. Суханрон муфассал бо сабки вижа дар бораи тамоюлҳои мавҷуда ва рушди эҳтимолии вазъ суҳбат кард, ки барои дарки сиёсат ва амалкардҳои бозигарони калидии ин ҳавза муҳиманд. Баъдан, бо иштирокдорон саволу ҷавоб низ сурат гирифт. Бо анҷоми муҳлати суҳбат мо ҳамчунон, ки омадем – аз бино берун шудем.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико. Дар фарқ аз даромадан ба Пентагон, вуруд ба бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ба назарам осонтар намуд. Шояд вижагии ниҳод бошад, ки моро дар назди даромадгоҳ масъули дидор пазироӣ кард ва баъди пешниҳоди шиноснома ва гирифтани корти меҳмон ба бино даромадем. Дар болои толор парчамҳои ҳамаи кишварҳое, ки бо онҳо Амрико муносибатҳои дипломатӣ дорад, аз рӯйи алифбо овезон буданд. Аз ин қатор парчами Тоҷикистонро ёфтам ва зери он расм гирифтам. Аз долонҳо гузашта, ба толори суҳбат расидем.
Иқдоми дастандаркорони барнома буд, ё худи таҷрибаи қабул дар вазорат чунин аст, рости гап намедонам, вале дар вохӯрӣ кормандони масъули бахши кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа қолаби “С5+1”-и Амрико ҳузур доштанд. Онҳо аз рӯйи самти фаъолият дидгоҳи худро баён карданд, ки маҷмуан тафсири расмии сиёсати Амрико дар самти кишварҳои Осиёи Марказӣ буд ва саволу ҷавобе ҳам бо иштирокдорон сурат гирифт. Вақте аз бинои вазорат мебаромадем, гурӯҳи калони талабаҳои мактабро дидем, ки барои гаштугузор ва тамошо омода буданд. Ин як таҷрибае хубе аст, ки имкони амалисозии он дар кишвари мо ҳам вуҷуд дорад.
Китобхонаи Конгресс. Дастандаркорони барнома як дидори вижаро бо кормандони Китобхонаи Конгресси Амрико роҳандозӣ карданд. Воридшавӣ ба бинои китобхона нисбат ба идораҳои давлатие, ки рафтем, осонтар аст, вале онҷо ҳам шиносномаро тафтиш карданд. Баъди ворид шудан моро корманди масъули китобхона пазироӣ ва ба ҷойи дидор бурд. Дохили бино ва ороиши он ниҳоят муҳташам аст ва аз китобхона дида, бештар ба кох монандӣ дорад. Дар китобхона толори махсуси вакилони Конгресс будааст, ки онҷо мулоқот ва зиёфатҳои расмӣ барпо мекунанд, аз махзани китобхона барои фаъолияти худ истифода мебаранд.
Дидори мо бо кормандони бахши забонҳои осиёии китобхона сурат гирифт ва назди мо роҳбари бахши туркӣ суханронӣ кард ва гуфт, ки дар хазина ба 200 забонӣ осиёӣ китобҳо мавҷуданд. Аз сомонаи китобхона (https://loc.gov/) ба 400 забон китоб, харита ва расмҳоро ёфта, боргирӣ кардан мумкин будааст. Ҳамзамон, муаллифон имкон доранд аз тариқи ин сомона ба китобхона навиштаҳои худро ирсол кунанд, ки баъди омӯзиши кормандон онро дар махзан ҷойгир мекунанд.
Мо иштирокдорони барнома, ки аз чор кишвари Осиёи Марказӣ будем, намунаҳое аз китобҳо аз ватани моро пешкаш карданд. Ҳамин тавр, китоби сарвари кишварамон “Тоҷикон дар оинаи таърих” (бо хатти форсӣ) ва китоби собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ “Хазинаи тиллоии тоҷикон” (ба забонҳои инглисӣ ва фаронсавӣ) дидам.
Баъди анҷоми дидор каме китобхонаро тамошо кардем ва ёдгории арзишманде, ки дидам яке аз нусхаҳои “Инҷили Гутенберг” буд, ки соли 1455 чоп шудааст. Сабаби чунин бархурдам ба ин китоб дар он аст, ки аз давраи мактабхонӣ фанни таърихро дӯст медоштам ва ҳамон замон хонда будам, ки Гуттенберг дастгоҳи китобчопкунии худро соли 1445 ихтироъ мекунад. Ҳамчунин, соли 2010 китоби яке аз назарияпардозони миллат ва миллатгароӣ Бенедикт Адерсон “Ҷомеаҳои тасвирӣ”-ро хонда, шарҳе барои маҷмуаи илмии “Муқаддима ба назарияҳои миллатшиносӣ” (зери назари устод Сайфулло Сафаров) навишта будам. Пӯсткандаи гап, аз дидгоҳи Андерсон бо ихтирои дастгоҳи китобчопкунӣ дар Аврупо давраи сармоядории чопӣ оғоз гардид ва донишу илм барои доираи васеъ дастрас шуд, ки гашти бузурге дар раванди миллатсозии ин қора аст. Дар куҷое хонда будам, ки инсоният то имрӯз се инқилоби иттилоотиро паси сар мекунад ва ҳар кадоме барои фарогир гардидани дониш ва илм нақши калидӣ доштаанд: 1) ихтирои хат; 2) ихтирои дастгоҳи китобчопкунии Гутенбер; ва 3) ихтирои интернет. Хулоса, аз наздик дидани аз аввалин китобҳои дастгоҳи чопӣ, ки худи ин абзор таърихи инсониятро дигар кардааст, маро ба ваҷд овард, чун дар бораи ҷойгоҳи рамзиаш навиштаҳои зиёдеро хонда будам.
***
Берун аз тарзи мазмунии навиштани ёддошт, як мулоқот ва муҳтавои онро инҷо меорам. Рӯзи 17 июн расми оғози барномаи мо дар дафтари Маркази байналмилалии Меридиан баргузор гардид, ки ҷузъиётро дар боло овардаам. Бинои дафтар низ муҳташаму қадима буд ва дар болои даромадгоҳи он соли 1624 ишора шуда, ки соли бунёдашро ифода мекунад. Баъди анҷоми расми оғоз назди мо иштирокдорони барнома профессори риштаи сиёсӣ дар бораи сохтори сиёсии қудрат дар Амрико суҳбат кард ва иттилои муфассал дод. Ин ягона суҳбати берун аз мавзуи барномаи сафари мо буд, ки иштирок кардем. Ба гуфти дигар ҳамватанон, ки собиқаи ширкат дар IVLP-ро доранд, ин суҳбат новобаста аз мавзуъи сафар ба ҳама пешкаш мешавад.
Ҳамчунин, инҷо бо ду ҳамватанамон – бо Маъруфҷон ва Кайхусрав вохӯрдам, ки дар ин бора дар поён хоҳам навишт.
Аз се минтақаи Амрико, ки мо онҷо будем, ба ман бештар шаҳри Вошингтон писанд омад. Чун шаҳри озода ва ниҳоят ором аст. Ба назарам пойтахти Амрико чунин вижагиҳо дорад:
Якум, Вошингтон шаҳри сиёсию маъмурӣ аст ва тобеи ягон иёлот набуда, ҳудуди 800 ҳазор аҳолӣ дорад ва дар қаламрави он бунёди биноҳои баландошёна манъ аст. Аксари биноҳо дуошёна буда, дар баъзе минтақаҳо баландошёнаро дидан мумкин аст, ки сохтмонҳои сар ба фалак кашида нестанд. Сабаби чунин ҳолатро роҳбаладони мо бо он рабт доданд, ки намои умумии шаҳр бояд халалдор нашавад ва аз ҳар кунҷи он биноҳои маъмурию ёдгорию муҷассамаҳо падидор бошанд. Берун аз қаламрави шаҳри Вошингтон дар мавзеи иёлоти Вирҷиниё биноҳои баландошёна ҳастанд, ки ба шаҳр часпидаанд, яъне онҳоро аз ҳамдигар пулҳо аз болои дарё ҷудо мекунанд.
Дуюм, дар Вошингтон ҳудуди 500 андешакада ва дигар созмонҳои донишмандӣ (машваратӣ) фаъолият доранд, ки бо пажуҳишҳои амалӣ ва лоббигарӣ машғуланд. Дар Амрико лоббизм қонунан иҷоза дошта, ҳар кишвар ё ширкати хурду бузург метавонад, бо киро кардани созмонҳои донишмандӣ ба пешбарии манфиатҳои худ иқдом кунад.
Сеюм, дар шаҳр осорхонаҳо ва голереяҳои ҳунарии зиёде мавҷуданд ва тамошои бахши бузурги онҳо бепул аст. Бо сабаби зиёд будани боздидкунандагон талабот ин аст, ки хоҳишмандон пештар бояд худро номнавис кунанд. Азбаски чунин фурсат надоштем, танҳо Осорхонаи миллии ҳиндуҳои Амрикоро тамошо кардем. Агар Шумо нияти сафар ба Вошингтонро доред, ҳатман пешакӣ худро барои тамошои осорхонаҳо ва голереяҳои ҳунарӣ дар сомонаи онҳо номнавис кунед ва бовар дорам, ки ҳаргиз пушаймон намешвед.
Ниҳоят, нармии табиати Вошингтон то ҷойе ба Душанбе монанд аст, чун ҳарду шаҳр дар 38⁰ арзи шимолӣ қарор доранд. Ҳарчанд Душанбе дар тӯли шарқиву Вошингтон тӯли ғарбӣ ҷойгиранд, вале обуҳавои ҳарду қариб якхел мебошад.
Шералӣ РИЗОЁН