Саида Мирзиёева – духтари калонии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва муовини директори агентии “Ахборот ва муошират бо ҷомеа” 19-уми январ дар саҳифаи фейсбукии худ норозигии худро аз сериали “Сабрия”, ки тариқи шабакаи ТВ “Севимли” намоиш дода мешавад ва миллионҳо нафар тамошобин дорад, баён намуд. Ӯ дар саҳифааш қайд кардааст, ки дар кишвар озодии сухан ва эҷодкорӣ вуҷуд дорад. Вале ҳамчун тамошобин норозигии худро аз намоиши сериали мазкур баён доштааст.

“Ман ҳатто дар бораи сатҳи бадеӣ ҳарф намезанам, он аслан вуҷуд надорад. Ман инчунин мутмаинам, ки дар байни муаллифони сериал ягон зан нест. Зеро ман дар ягон филм ин қадар бадбинӣ нисбати занонро надидаам” – навиштааст Мирзиёева.

Инчунин духтари президент сабаби намоиши рӯирости тарғиби истеъмоли маводи мухаддирро низ дар сериали мазкур қайд намудааст. Ӯ инчунин навиштааст, ки саҳнаҳои рақобатӣ пур аз нафрат, ки байни занони ҳамкасб намоиш дода шудаасту занро ба қатори одам надидан, мисли як латифабозиест. Мирзиёева аз ҳама нохуштарин ҳолат дар сериалро саҳнаҳои зӯроарӣ нисбати занон қайд намудааст. Дар ин саҳнаҳо ягона роҳи халосӣ аз ин “доғ”-ро худкушӣ нишон додаанд. Чӣ маслиҳати “ҳикматнок”, ҳолати мазкурро чунин нигоштааст духтари президент.

“Дар ин сериал зан маккор, заиф, сабабгори тамоми нохушиҳои зиндагист. Филми бадеӣ яке аз воситаҳои ташаккули афкори ҷамъиятӣ мебошад. Умуман, ҳар касе, ки метавонад ба ҷомеа таъсир расонад, барои ҳар сухане, ки аз даҳонаш мебарояд, ҷавобгар аст. Дар ҳоле, ки мо барои ба миён гузоштани масъалаи баробарии гендерӣ ва эҳтиром ба зан дар шуури аҳолӣ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳем. Бешубҳа, чунин силсилафилмҳо монеи рушди баробарии гендерӣ хоҳанд шуд. Онҳо ақли солим надоранд. Ин танҳо як фантазияи таҳрифшудаи рассомон дар бораи тарзи ҳаёти Ӯзбекистон асту халос” – менависад Саида Мирзиёева.

Мирзиёева шӯроҳои бадеӣ ва бюрократҳоро барои шарҳи мазмуни силсилафилми мазкур даъват намуда, аз онҳо шарҳ додани ҳолати мазкурро талаб кардааст.

“Занони мо сазовори чунин муносибат нестанд! Ин ҳам ба кинои хусусӣ ва ҳам ба синамои давлатӣ дахл дорад” – омадааст дар охири хабарномаи духтари президент.

Навиштаи мазкур сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи Ӯзбекистон ба бор овард. Зери маводи мазкур зиёда аз ҳазору чорсад нафар шарҳ гузоштаанд ва наздик ба дусад маротиба бознашр шудааст.

Баъд аз навиштаи Саида Мирзиёева роҳбар ва ҳаммуассиси канал Амира Рашидова дар саҳифаи инстаграми худ ба ҳолати мазкур вокуниш нишон дод. Ба навиштаи ӯ, сару садоҳо дар мавриди қисми 32-уми сериал паҳн гардида, ҳодисаҳои силсилафилми мазкур аз ҳаёти воқеӣ гирифта шудааст.

“Чӣ шуд? Як қисми сериал фош шудааст. Дар он нишон дода шудааст, ки як нашъаманд мехоҳад ба духтар ҳамла кунад. Саҳнаи хушунате, ки дар сенария нишон дода шудааст, аз ҷониби коргардон бидуни нишон додани бадани инсон, хун ва ҷанг ба навор гирифта шудааст. Ягон саҳнаҳои зӯроварии ошкоро ё бадахлоқӣ намоиш дода нашудааст. Илова бар ин, нишон дода шудааст, ки нашъаманд барои амалҳои худ дар ин қисмати силсила муҷозот шудааст. Мо дар замоне нестем, ки бе нишон додани бадӣ ва пинҳон доштани вуҷуди одамони бад зиндагӣ мекунем, шукр. Ҳодисаҳои силсилаи «Сабрия» низ аз ҳаёти воқеии мардум гирифта шудаанд” – навиштааст Амира.

Инчунин Рашидова изҳор намудааст, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳама маврид аз ҳуқуқи занҳо ҳимоят намуда омадааст ва зидди ҳамагуна зӯроварӣ нисбати занон буданашро изҳор намудааст.

Амира Рашидова зидди шакастани эҷодкор будани худро таъкид бар он намудааст, ки ин аввалин силсилафилми Насиба Турсунова буда телеканали “Севимли” ӯро дастгирӣ намуда оянда ният дорад ҳарчӣ зиёдтар ҳамкориро бо ӯ ба роҳ монад. Инчунин ӯ таъкид кардааст, ки пеш аз оғози намоиши филм телеканал огоҳиномаи “16+” – ро гузоштааст.

“Таъкид мекунам, ки як сол пеш муҳтавои аслии шабакаҳои телевизиониро сериалҳои туркӣ ишғол мекард ва имрӯз дар ҳар як шабака 2-3 сериали миллӣ пахш мешавад, аммо дар баробари ин мардум аз сериалҳо қаноатманд нестанд, Сабабҳои зиёд барои ин, мушкилоти эҷодӣ ва техникӣ басанда аст… Мо дар давраи гузариш ҳастем. Бовар дорам, ки сериалҳои миллии мо беҳтар мешаванд, дар ҳар сурат кӯшиш ҳаст, ҳарчанд осон нест, танҳо вақт лозим аст” – менависад ҳаммуассиси телеканали “Севимли”.

Дар ин баробар директори генералии Агентии кинематорграфии Узбекистон Фирдавс Абдухолиқов бо нашри баёнияе ба талаботҳо ҷавобгӯ набудани силсилафилмҳоро дар телеизионҳои хусусӣ баён намудааст.

“Силсилаи «Сабрия», ки дар шабакаи телевизионии Sevimli пахш шуд ва дар рӯзҳои ахир баҳсу мунозираҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, воқеан аз нигоҳи мундариҷа ва шакли бадеӣ рӯякӣ аст. Ҳарчанд ин яке аз корҳои аввалини коргардон буд, аммо маълум шуд, ки шӯрои бадеии ин шабака дастгирӣ, маслиҳат ва ёрии амалии заруриро нарасондааст” – гуфтааст ӯ.

Фирдавс Абдухолиқов қайд намудааст, ки аз ин ба баъд ба сифати филм аҳамият дода мешавад, на ба шуморааш.

Пас аз нашри баёнияи Фирдавс Абдухолиқов муассисони телеканали “Севимли” маҷлис барпо намуданд. Дар ин маҷлис қарор қабул карда шуд, ки иҷрокунандаи вазифаи директори генералии телеканали мазкур Абдувоҳид Хоҷаев ва сармуҳарир Қаҳрамон Сайдалиев аз вазифа барканор карда шуданд.

Фирдавс Абдухолиқов ҳамакнун ду вазифаро иҷро мекунад. Ӯ агентии кинематографонро роҳбарӣ мекунад, дар ин баробар назоратчии маслиҳатчиёни “Севимли”-ро низ ба ӯҳда дорад, ки муассисонаш духтар ва писараш мебошанд. Аммо бо ин ҳама моҷарои ин силсилафилм ба итмом нарасидааст. Ҳатто манбаъҳо аз ба додгоҳ кашида шудани масъулин хабар медиҳанд.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь