Шояд ҳамагон огаҳ ҳастанд, ки бори аввал дар Амрико мафҳуми экология ҳамчун илм арзӣ ҳастаи пайдо намудааст. Моҳи сентябр ҳамроҳ бо гурӯҳе аз рӯзноманигорон аз Осиёи марказӣ дар доираи барномае аз ҷониби Маркази Байналмилалии Меридиан бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА сурат гирифт ба Амрико сафар доштем. Ҳадафи асосии сафар шинос шудан бо вазъи экологӣ ва омӯхтани роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳаво буд. Дар доираи сафари худ мо гурӯҳи рӯзноманигорон аз иёлати Колорадо, Индиана ва Питсбург дидан намудем.

Колорадо пеши худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2040 партофтани партовро аз байн бубарад. Дар ин штат то ба имрӯз ҳамагӣ як стансияе, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, боқӣ мондааст, ки мувофиқи нақша он низ то соли 2031 ба пуррагӣ баста шавад. Аммо назар ба штати Колорадо Индиана чунин барномаеро рӯи даст надорад. Новобаста аз ин шурӯъ аз соли 2010 ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ ба бастани 23 адад чунин истгоҳҳо муваффақ шудааст.

Рӯзноманигорон нахуст шиносоиро аз Идораи энергетикии Колорадо оғоз намуданд. Дар штати мазкур диққати махсус ба инкишофи энергетикаи алтернативӣ дода мешавад. Бояд гуфт, ки манбаъҳои алтернативии энергия дар Иёлоти Муттаҳида ҳама намудҳои захираҳои энергетикиро дар бар мегиранд, ки ҳангоми истифода аз худ гази карбон хориҷ намекунанд.

Аҷиб аст, ки дар Иёлоти Муттаҳида стратегияи ягонаи миллии рушди нақлиёти барқӣ вуҷуд надорад. Дар ин бобат ба штатҳо озодӣ дар интихобот дода мешавад ва худи онҳо чӣ тавр ҳавасманд гардондани истифодаи мошинхои электрикиро интихоб мекунанд. 38 иёлат ба соҳибони чунин мошинҳо имтиёзҳо медиҳанд ва 9 иёлот барои фурӯши онҳо сатҳҳои мақсаднок муқаррар кардаанд. Аммо сиёсати ягонае вуҷуд дорад, ки ба афзоиши фурӯши мошинҳои электрикӣ нигаронида шудааст. Ҳангоми харидани онҳо ба соҳибкорон барои ҳавасмандгардонии талабот ба ҷорӣ намудани нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза имтиёзҳо пешниҳод карда мешаванд. Илова бар ин, субсидияҳо вуҷуд доранд – тарҳи андоз барои харидани мошини электрикӣ. Колорадо ба мизоҷон ба маблағи аз 1000 то 6000 доллар пардохтҳои иловагӣ ҷорӣ кард. Соҳибони мошинҳои барқӣ низ аз пардохти андози нақлиёт озоданд, зеро он ба арзиши сӯзишворӣ дохил мешавад.

Дар давоми экотур инчунин ҳайати рӯзноманигорон бо профессори Донишгоҳи Колорадо дар шаҳри Боулдер Майкл Глантс вохӯрданд.

Барномаҳои поофессор асосан ба чӣ гуна тағйир ёфтани иқлим, обу ҳаво ва таъсири он ба ҷомеа, инчунин таъсири ҷомеа ба иқлим нигаронида шудаанд.

Ӯ ҳатто дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қабили Ӯзбекистон ва Туркманистон тадқиқот оид ба самти экология гузаронида, ҳамчунин дар бораи баҳри Арал низ навиштааст.

“Бӯҳрони экологии баҳри Арал, ки дар солҳои 60-ум оғоз шуда буд, беш аз 50 сол боз давом доард. Дар ин давра сатҳи баҳр 26,7 м паст шуда, як обанбор ба ду қисмат, Хурду Калон тақсим шуд. Имрӯз, махсусан дар шароити хушксолӣ ва обхезӣ баҳри Аралро наҷот додан ғайриимкон аст. Корҳои хурд ҳоло ҳам имконпазиранд, аммо душвор – гуфт профессор Глант.

Профессор Глантс дар бораи мушкилоти экологӣ китобе ба нашр расонидааст, ки дар он оид ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани сифати обҳои дарёҳо, муътадил гардондани сатҳи баъзе қитъаҳои баҳр ва кам кардани биёбоншавӣ дар минтақаи баҳри Арал тавсияҳо, инчунин мухтасари проблемаҳои нави экологии муайяншуда пешниҳод гардидаанд.

Дар давоми саёҳат дар шаҳри Боулдер инчунин ба мо муяссар гардид, то аз чойхонаи “Boulder Dushanbe Teahouse” дидан намоем. Қобили зикр аст, ки Душанбе ва Боулдер бародаршаҳр мебошанд.

Пас аз Денвер рӯзноманигорон аз штати Индиана шаҳри Эвансвили дидан карданд. Дар ин шаҳраке, ки як афсонаеро мемонад моро бо табиати нотакрор ва чӣ гуна ҳифзи муҳити зист ошно сохтанд. Шаҳрак новобаста аз оне, ки хурд аст, дорои бисёр манзараҳои хубу дилнишине мебошад. Бар замми тарҳи сохтмонӣ хонаҳои шаҳрак низ ба таври худ аҷоиб мебошанд.

Штати Пенсилвания шаҳри Питсбург севумин маконе буд, ки рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ дар давоми экотур аз онҷо дидан намуданд.

Дар ин шаҳр аллакай сохтмони хонаҳои истиқоматии камхарҷ ( аз ҷиҳати харҷи энергетика) ба роҳ монда шудааст. Як нуқтаи ҷолбияти ин хонаҳо дар он аст, ки аз ҳисоби худи хона энергетика истеҳсол ва барои худ сарфа мешавад. Хона бо оби гарм таъмин буда иқтидорӣ нигоҳдории гармиро дорост.

Давлат сертификатсияи LEED, барномаи сертификатсияи биноро, ки истифодаи самараноктарин ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи тарҳрезӣ ва сохтмонро тасдиқ мекунад, фаъолона татбиқ мекунад.

Тадқиқоти Вазорати энергетикаи ИМА нишон дод, ки биноҳои дорои сертификати LEED нисбат ба биноҳои миёнаи ИМА 25% камтар энергия истифода мекунанд ва хароҷоташон 19% камтар аст. Ҳамзамон биноҳое, ки дорои сертификати дараҷаи “Gold”  мебошанд, аз ҷиҳати самаранокии энергия хеле фарқ мекунанд.

Фарқи асосии байни хонаҳои каммасраф аз хонаҳои муқаррарӣ дар он аст, ки онҳо арзиши нерӯи барқ ва интиқолдиҳандагони гармиро хеле кам мекунанд. Дар акси ҳол, гармхонаҳо аз манзилҳои оддӣ фарқ надоранд. Яъне, онҳо ба тамоми меъёрҳои будубоши бароҳат пурра ҷавобгӯ мебошанд – оби гарм, рӯшноӣ, гармӣ, вентилятсия ва дигар омилҳое, ки зиндагии бароҳатро таъмин мекунанд. Сохтмони онҳо аз масолеҳи сохтмонии каммасраф ва технологияҳои каммасраф истифода бурда мешавад, то гармии бештар дар хона нигоҳ дошта шавад ва дар фасли зимистон гармии кам истифода шавад ва инчунин дар тобистон хунукиро бидуни ниёз ба миқдори зиёди нерӯи барқ барои хунук кардани ҳуҷра таъмин мекунад.

Мушкили ифлосшавии ҳаво

Яке аз мушкилоти асосии Амрико ифлосшавии ҳаво мебошад, ки барои тамоми штатҳо хос аст. Мисли дигар ҷойҳо, манбаъҳои ифлосшавӣ воситаҳои нақлиёт ва саноат мебошанд. Сиёсатмадорони саршинос бар ин назаранд, ки ин мушкили экологиро бо кумаки илм, яъне таҳия ва татбиқи технологияҳои инноватсионии аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳал кардан лозим аст. Барномаҳои гуногун барои кам кардани миқдори газҳои ихроҷшуда ва партовҳо низ амалӣ карда мешаванд.

Мушкилоти якхела муҳими экологӣ дар Иёлоти Муттаҳида мушкилоти партовҳои сахти коммуналӣ (MSW) мебошад. Холо дар мамлакат микдори зиёди партовхо истехсол карда мешавад. Ҷиҳати кам кардани ҳаҷми онҳо, дар Амрико истеҳсоли маводи такрорӣ амалӣ карда мешавад. Барои ин системаи алоҳидаи партовгоҳҳо ва нуқтаҳои ҷамъоварии масолеҳи гуногун, асосан қоғаз ва шиша истифода мешаванд. Инчунин соҳаҳое низ мавҷуданд, ки металҳоро коркард мекунанд, ки онҳоро дар оянда аз нав истифода бурдан мумкин аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь