Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар қатори чоргонаи аввали кишварҳои мазкур қарор мегирад, яъне мавқеи Тоҷикистон боз ду зина боло меравад.

Ба ин васила, саҳми Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ зиёд гардида, дар кишвар барои рушди “иқтисоди сабз” заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

22-уми апрел дар тамоми кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи Замин ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи ин чорабинӣ, ки таҳти ҳимояти СММ баргузор мегардад, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва ҳар як фарди сайёра ба масъалаҳои Замин ва мушкилоти экологию муҳити атрофи онҳост. Мо тасмим гирифтем дар робита бо ин рӯз андешаҳое аз сарчашмаҳои исломиро пиромуни масоили экологӣ, ташаккули муносибатҳои мутавозини инсон бо табиат ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор диҳем.

Бешубҳа, дар қатори дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ динҳо низ то андозае баёнгари воқеияту тарзи зисти инсонҳо, ифодагари ормонҳо ва ҳадафу мақсадҳои созанда буда, дар баробари имону ибодат ба Худо ва ёди ҳаёти пасазмаргӣ, дар ҳадди тавони худ барои беҳтар кардани вазъи зиндагии индунёӣ, танзими муносибатҳои байниҳамдигарии инсонҳо, муносибат бо ҷомеа ва табиат низ андешаҳои ҷолибе баён кардаанд. Азбаски дар марҳилаи кунунии рушди ҷаҳон вазъи экологӣ беш аз пеш нигаронкунанда шуда ва масъалаи муносибати оқилонаи инсон ба муҳити зисти худаш ба яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим мубаддал гардидааст, барои мусулмонон ёдовар шудан аз ҷанбаҳои омӯзандаи ислом дар робита бо ин масъалаҳо айни муддао дониста мешавад.

Арзишҳои ахлоқӣ-маънавии ислом, ки дар Қуръону Суннат ва фиқҳи исломӣ инъикос ёфтаанд, метавонанд дар баробари нигоҳи илмӣ барои ташаккули маърифати экологии мусулмонон мусоидат кунанд, зеро онҳо ҷанбаи эътиқодӣ дошта, риояташон ҳамчун амри Худованд ва кори савоб ба ҳисоб меравад.

Дар заминаи таъкидоти қуръонӣ дар ислом робита ва муносибати инсон бо табиат бояд на аз мавқеи худхоҳӣ ва танҳо манофеи шахсӣ, балки бо дарки он ки инсон ҷузъе аз табиат аст ва масъули нигаҳбонӣ ва ҳифзи он мебошад, ба роҳ монда шавад, зеро инсон халифаи Худо дар рӯи замин дониста мешавад. Қуръон таъкид мекунад, ки Худо табиатро барои инсон офаридааст: «Ӯ Он [Худой] аст, ки аз осмон обро фуруд овард; барои шумо аз он оби ошомиданӣ аст; ва аз он об гиёҳ аст, ки дар он [чаҳорпоёнатонро] мечаронед. Ба сабаби об [барои шумо] зироат ва зайтун ва дарахтони хурмову ангур ва аз ҳар ҷинс меваҳо мерӯёнад. Ҳамоно, ки дар ин барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд, нишонае ҳаст». (Қуръон, сураи «Наҳл»:10-11). Барои инсон офаридани табиат дар ислом маънои онро надорад, ки табиат мутеъи инсон аст ва инсон онро ҳар тавре ки хост, бераҳмона истифода барад. Баръакс, Худованд ба инсонҳо таъкид мекунад, ки табиатро ҳифз кунанд ва ба он муносибати эҳтиёткорона дошта бошанд: «…Чун мева берун оварад, аз меваҳои он бихӯред ва аз рӯзи даравиданаш закоти онро бидиҳед; ва исроф макунед; ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст надорад». (Қуръон, сураи «Анъом»:141), «Ва дар замин – баъди ислоҳи он фасод макунед. Ва Ӯро бо тарсу умед бипарастед; ба дурустӣ, ки бахшоиши Худо ба некӯкорон наздик аст». (Қуръон, сураи «Аъроф:56»), «Ва шаҳри покизаро рустании ӯ ба фармони Парвардигори ӯ берун меояд; ва замини нопокизаро рустании ӯ берун намеояд, магар ноҳамвори бадрӯида…». (Қуръон, сураи «Аъроф»:58). Тавре мушоҳида мекунем, истифодаи оқилона, сарфаҷӯёна аз неъматҳои табиат, ки монеи сӯиистифода ва харобкории он мешавад, аз фармудаҳои қуръонист ва ҳар як мусулмон бояд онҳоро сармашқи кори худ қарор диҳад. Дар маҷмуъ, зиёда аз 750 оёти қуръонӣ инсонро барои тааммул ба зуҳуроти табиат даъват кардаанд, то ки инсон дар онҳо андеша кунад ва бо омӯхтану дарки моҳияти онҳо аз рӯи ақл ва тавозун муносибаташро ба роҳ монда, хилофи тартибот ва қонунҳои табиату Коинот ва дар ниҳоят қонунҳои илоҳӣ амал накунад. Ислом таъкид мекунад, ки неъматҳои бешумори Худованд, ки ба инсон дода шудаанд, ба монанди замин, куҳҳо, об, ҳаво, гулу меваю сабзавот, ҳайвоноту парандаҳо ва ғ. барои истифодаи муваққатӣ буда, ба инсонҳо ин ҳақро намедиҳад, ки онҳо худро ҳокими мутлақи ин неъматҳо ҳисобанд. Баръакс, бо шукргузорӣ ин неъматҳоро оқилона ва ба қадри талаботи муътадил истифода бояд бурд ва дар бораи бузургии фароҳамоварандаи ин неъматҳо андешид ва маҳз Ӯро ҳокими мутлақ ҳисобид. Ҳамчунин, инсон набояд фаромӯш кунад, ки ин неъматҳоро Худованд ба ӯ ҳамчун амонат супоридааст: «Ба ростӣ, Мо амонатро бар осмонҳову замину куҳҳо арз кардем, пас, қабул накарданд, ки онро бардоранд ва аз он битарсиданд; ва одамӣ онро бардошт…». (Қуръон, сураи «Аҳзоб»:72). Баъзе муфассирон ин амонатро ақл ҳисобидаанд ва тавассути ақл ҳамаи неъматҳои илоҳӣ низ барои инсон амонат мебошад, ки онҳоро бояд ҳифз ва оқилона истифода кунад. Дар сурати баръакс, тавассути офатҳои гуногун худи қонунҳои табиат ҷавоби ин хунукназариро ба инсон медиҳанд, зеро вайрон шудани тавозуни табиӣ, ки маҳз инсон ба он сабаб мегардад, боиси бадбахтиҳои зиёди табиӣ шудааст.

Канораҷӯӣ аз исроф ва табзир дар ислом ва аҳамияти он дар ҳифзи муҳити зист. Дар қатори усул ва заминаҳои номбурдаи исломӣ, ки барои ҳифзи муҳити зист баён шудаанд, асли исроф ва табзир низ яке аз аслҳои муассир дар ин самт мебошад. Яке аз тобишҳои маъноии иқтисоду ҳифзи муҳити зист худ сарфаю сариштакорӣ аст (экономия, экология). Бинобар ин, сарфи назар кардан аз ин омил ҷомеаҳо ва табиатро бемуҳобо ба бӯҳронҳои шадид ва харобӣ рӯбарӯ хоҳад кард. Сарфаю сариштакорӣ ва таблиғи онро мо имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ мушоҳида мекунем, масалан, дар истифодаи оқилонаи захираҳои энергия, сарватҳои табиӣ, канданиҳои фоиданок, об ва ғ. Дар ҷомеаҳои мусулмонӣ барои расидан ба ҳадафҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ яке аз воситаҳои муассир рӯ овардан ба сарчашмаҳои исломӣ, Қуръон ва аҳодис мебошад, ки дар воқеъ аз онҳо дар ин бора таъкидҳои зиёде метавон пайдо кард. Дини ислом баҳрабардории машрӯъ аз неъматҳои илоҳӣ ва зебоиҳои зиндагиро мубоҳ ва раво ва исрофу зиёдаравиро ҳарому нораво медонад, зеро мусулмон ба таносуби имконоту тавоноӣ ва коршоямии худ дар баробари ҷомеа масъулият дорад. Дар ин сурат фарди исрофкор ба таври табиӣ аз иҷрои масъулият ва таъаҳҳудоти иҷтимоии худ боз мемонад ва ба ин восита бар пайкари ҷомеа зарба мезанад.

Китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръон ин ҳақиқатро дар зимни баҳсҳои иҷтимоӣ дар қолабҳои зебо баён мекунад ва бо ҳушдор ба пайравони худ мефармояд: «Дар роҳи Худо инфоқ кунед ва хештанро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед, ки Худо некукоронро дӯст дорад» (Қуръон сураи Бақара:195). Аз ин оят чунин бармеояд, ки агар мол дар роҳи Худо ва ба суди ҷомеа ва рафъи ниёзмандиҳои мардум масраф нашавад, сарнавишти он ҷомеа, миллат ва муҳити зисту табиати он ба ҳалокат ва суқут меанҷомад.

Аҳамияти худдорӣ аз исроф ва табзир аз нуқтаи назари ислом дар он аст, ки бо аз байн бурдани таҷаммулоти барзиёди зиндагӣ ва риояти иқтисоду миёнаравӣ метавон дар баробари иқтисод ба вазъи экологӣ кӯмак кард ва ба дастовардҳои хубе ноил шуд.

Мафҳуми исроф. Роғиби Исфаҳонӣ мегӯяд: «Исроф ба маънии таҷовуз аз ҳад ва меъёр дар ҳар коре аст, ки аз инсон сар мезанад, гарчи истеъмоли он дар мавориди зиёдаравӣ дар инфоқи мол бештар аст ва гоҳе ба хуруҷ аз эътидол дар миқдори харҷи мол ва замоне ҳам ба чигунагии базли мол ва мавриди он итлоқ мешавад» (Муфрадоти Роғиб, саҳ. 23, модаи сарф). Мувофиқи суханони Роғиб ва бар асоси нуктаҳои фаровон дар Қуръон ва ҳадис исроф ба ҳар гуна таҷовузкорӣ ва зиёдаравӣ гуфта мешавад ва исроф амале аст мамнӯъ ва маҳкум ва мавриди хашму инзиҷори Худованд аст ва аз он ба шиддат манъ шудааст.

Дар китоби «Фалсафаи Қуръон» Ш. Абдуллозода менависад, ки «Қуръон натанҳо дар бораи андешидану фикр кардан дар бораи обу оташ, (Қ.56: 68, 71) балки дақиқан масъалаи наздик ба экологияи об – дар мавриди исроф накардани об, ҳифозат ва тоза нигоҳ доштани онро ба миён гузоштааст». Дар Қуръон, сураи «Аъроф», ояи 31 чунин омадааст:

«…бихуреду биёшомед, вале исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад».

Мафҳуми табзир. Табзир бар хилофи исроф танҳо вожае иқтисодӣ аст. Табзир аз решаи «базр», яъне тафриқу пахш кардани чизе; аслаш аз рехтану пошидани базр аст, ки ба таври истиора дар бораи касе, ки моли худро беҳуда талаф ва пахш мекунад, ба кор рафтааст ва низ гуфта шудааст, ки табзир инфоқи мол дар роҳи маъсият аст. Маҳз иқтисоди бемайлону барзиёдистеҳсолкунӣ ва табзири аз ҳад зиёд дар кишварҳои саноатӣ ва постиндустрӣ имрӯзҳо мушкилоти экологиро ба миён оварда, боиси ифлосшавии муҳити зист, сӯрох шудани пардаи озонии атмосфера ва гармшавии сайёра гардидаанд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки «исроф» дар баробари иқтисод ва миёнаравӣ қарор дорад ва нисбат ба ҳар гуна таҷовуз аз ҳад дар ғайри итоат ба Худо истифода мешавад.

Чунин ба назар мерасад, ки байни вожаи исроф ба маънои иқтисодии он бо вожаи табзир фарқи зиёде вуҷуд надорад. Танҳо дар бораи фарқияти байни ин ду вожа метавон гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба хусусиёти таъбироти луғатшиносон дар маънои табзир, мақсуд аз ин вожа талаф кардан ва зоеъ намудани мол аст ва зиёдаравӣ дар инфоқоти шахсӣ ва умури хайрияро шомил намешавад, дар ҳоле ки исроф фарогиртар аз он ва дарбаргирандаи ҳама гуна мавридҳо мебошад. Ба ибораи дигар ҳар табзире исроф аст, вале ҳар исрофе табзир нест, яъне табзир шохае аз исроф дониста мешавад.

Исроф аз назари Қуръон. Дар китоби Қуръон вожаи «исроф» ва решаҳое, ки аз он бармеояд хеле зиёд ба кор рафтааст, вале дар бисту се маврид худи калимаи «исроф» истеъмол шуда, ки дар ҳар маврид мафҳуме хос дорад. Дар аксари мавридҳо мақсуд аз исроф ҷанбаҳои ахлоқӣ, ақидатӣ ва таҷовуз аз ҳудуди илоҳӣ аст ва танҳо дар чаҳор маврид ҷанбаи молиро шомил мешавад, ки бо ду ояи «табзир» шаш оя мешавад.

Ба оёти зер таваҷҷуҳ кунед:

«…Аъмоли исрофкорон инчунин дар назарашон ороста шудааст». (Қуръон, сураи Юнус:12)

«Худованд исрофкори дурӯғгӯро ҳидоят намекунад». (Қуръон, сураи Ғофир:28)

«…ва Фиръавн дар замин бартарӣ меҷуст ва ӯ аз исрофкорон буд». (Қуръон, сураи Юнус:83)

Андозаву меъёрро риоя кардан дар ҳама самтҳои зиндагӣ ҳеҷ гоҳ инсониятро ба ягон мушкилӣ рӯбарӯ нахоҳад кард. Зербинои офариниш бар ҳадди эътидол гузошта шудааст: «ва ҳар чизе назди Ӯ миқдори муайяне дорад» (Қуръон, сураи Раъд:8) ва дар мавриди дигар мефармояд: «Мо ҳар чизеро ба андоза офаридем» (Қуръон, сураи Қамар:49).

Аз рӯи таълимоти исломӣ ҳисоби ҳар чизе дар пешгоҳи Худованд бар асоси ҳукумат ва адолати илоҳӣ ва аз рӯи андозаву дур аз ифроту тафрит аст ва асоси ҳукуматро ҳам адолат ташкил медиҳад.

Чунончи, аз ислом бар меояд: Касе, ки дарахти соядорро мешиканад, бо сараш ба дӯзах меравад.

Дар ҳадисе паёмбари ислом Муҳаммад (с) се омил барои наҷотро муаррифӣ мефармояд, ки саввумини он миёнаравӣ ва эътидол дар тавонгарӣ ва ниёзмандӣ аст. Пас афроди тавонгар ҳам ҳақ надоранд ба баҳонаи ин ки имконоти молии васеъ доранд, ба исроф пардозанд. Нуктаи муҳиме, ки аз ин ҳадис ба даст меояд, ин аст, ки исроф ва табзир мӯҷиби фақру тангдастӣ аст.

Исрофе, ки ҳамеша ҳаром аст. Се қисм исроф аст, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат ҳаром аст ва хоси шахс ё замон ё ҷои мушаххасе нест:

  1. Зоеъ кардани мол ва бефоида кардани он, ҳарчанд он мол кам бошад. Монанди бақияи зарфи обро рехтан, дар ҷое, ки об камёб бошад ва ба он миқдор рафъи ниёз мегардад.
  2. Хӯрдани чизҳои зараровар ҳаром аст.

Яке аз мавридҳои вобаста ба исроф сарф кардани мол аст дар он чӣ ба бадан зарар бирасонад, аз хӯрданӣ ва ошомиданӣ ва ғайри онҳо, монанди хӯрдани чизе пас аз серӣ, ҳар гоҳ зараровар бошад. Чунончӣ, сарфи мол дар он чӣ, ки барои бадан муфид ва ба салоҳи он аст, исроф нест.

  1. Сарф кардани мол дар муҳаррамот исроф аст.

Сарф кардани мол дар масрафҳое, ки шаръан ҳаром аст.

Барбод додани мол гуноҳ аст ва талафкунанда усулан дар мулки Худованд тасарруфи нобаҷо кардааст. Дар робита ба ин масъала дар фиқҳи исломӣ мисолҳои гуногун ва ҷолибе вуҷуд доранд. Масалан, Муҳаммадризои Атоӣ мисоли зеринро нақл мекунад: шахсе аз болои бом ба қасди шикастан телефони худро ба поён меандозад. Агар дигаре аз поён, ба замин наафтода онро бигирад, соҳиби он телефон кадом як аз он ду ҳастанд? Ин баҳсе ҳуқуқӣ аст, ки дар фиқҳ низ матраҳ аст, шахси партобкунандаи телефон робитаи моликияти худро бо телефон қатъ кардааст ва ин «эъроз» ном дорад, дар ҳоле ки агар ӯ ҳаққи доштани шоҳиди талаф шудани моли хеш бошад, ин робита қатъ намешавад ва қатъ шудани робитаи моликият ба сарфи ин амал бад-ин маънӣ аст, ки ӯ ҳаққи талаф кардан надорад. Бо аввалин иқдоми шахс «барои талаф кардани моли худ» ду масъала ба вуҷуд меояд: як, гуноҳи таклифӣ ва дигар асари ҳуқуқӣ, ки ҳамон қатъи моликияти ӯст, ба гунае, ки агар фарди дигаре он молро аз талаф шудан наҷот диҳад, молики он мегардад.

Гузашта аз Қуръон, дар ҳадисҳои зиёде роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни экологӣ, ҳифзи муҳити зист, покизагии шахсӣ ва покиза нигоҳ доштани атроф, озор надодани набототу ҳайвонот, сабзкорӣ ва ниҳолшинонӣ, беҳуда набуридани дарахтон, накуштани ҳайвонот ва ғайра фармуда ва нишондодҳо аз номи паёмбари ислом оварда шудаанд.

Дар «Шарҳи Муснади Имом Абуҳанифа» дар саҳифаҳои 178-180 ду ҳадиси ҷолиберо овардаанд, ки яке дар бораи «Наҳй аз фурӯши меваи норасида, то расидагии он зоҳир шавад» ва дигаре «Касе ғукеро бикушад, бар вай гӯсфанде воҷиб мегардад» мебошанд. Чанд саҳифа баъд бо ҳадиси дигаре рӯбарӯ мешавем дар бораи ҷонвароне, ки онҳоро шахси эҳром ба бар карда, яъне дар маросими ҳаҷ қарордошта метавонад бикушад, зеро онҳо зараровар ҳастанд: «Муҳрим ҳақ дорад муш, мор, саги гиранда, калхот ва каждумро бикушад». Дар масъалаи покиза нигоҳ доштани об низ ҳадисҳои зиёде мавҷуданд, аз ҷумла: «Дар оби истода (ҳавз), ки дар он шустушӯ ва таҳорат мекунанд, пешоб карданро манъ намудааст». Дар шарҳи ин ҳадис боз чандин шаклҳои он аз ҷониби уламои ҳанафӣ омадаанд, ки нишондиҳандаи аҳаммияти покии об мебошанд.

Дар китоби «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ дар боби «Андар фазилати кишоварзӣ ва боғдорӣ» гуфта шудааст, ки «Чунин нест, ки мусулмоне дарахте бишинонад, киште бикунад ва аз он мурғ, инсон ё чаҳорпое бихӯрад ва барои ӯ садақа [кори савоб] (ҳисоб) нашавад». Яъне, шинонидани дарахт ва зироаткорие, ки ба ҷуз соҳиби он дигарон, аз ҷумла парандагону ҳайвонот низ баҳра мебаранд, барои соҳибаш савоб навишта мешавад.

Обод кардани заминҳои бекорхобида ва рӯёнидани ҳосил аз онҳо низ кори шоиста дониста мешавад, ки ҳадиси зерин гувоҳи он мебошад: «Ҳар ки замини мурдаро зинда карда бошад, он замин аз ӯст». Дар идомаи ин ҳадис низ омадааст, ки «Ҳар кас замини ба касе тааллуқ надоштаро ободон кунад, он кас (барои соҳиби он замин шудан) ҳақтар аст».

Ҳоло ки вазъи экологӣ рӯз аз рӯз дар масъалаи истифодабарии об миёни давлатҳо ҷиддитар гардида истодааст ва сабаби аслии он камбуди оби ошомиданӣ ва полезӣ мебошад, нуктаи ҷолиберо дар ҳадисҳо аз китоби «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ пайдо кардем, ки оқилона буда, фармудаҳои он метавонанд барои муросову мудоро дар ин масъала судманд бошанд: «Боб. Дар бораи касе, ки гуфт: «Дар воқеъ соҳиби об ба (истифодаи) об (аз дигарон) ҳақтар аст, то (худаш, иёлаташ, киштзораш ва чаҳорпояш) сероб шаванд, бинобар суханони пайғамбар (с): «Оби (аз ҳоҷат) зиёдаро (аз дигарон) манъ накунанд»…Оби (аз ҳоҷат) зиёдаро (аз дигарон) манъ накунанд, то ин боиси боздоштани (дигарон аз истифодаи) алафзори (наздики) об нагардад». Ба ин монанд дар ҳадисҳои 2359, 2360, 2361 то 2371 дар бораи набастани пеши роҳи об, навбати обу обёрӣ, фазилати об додан, масъалаи ҳавзҳо, ошомидани мардум ва об додани чаҳорпоён аз оби рӯдҳо муфассал сухан меравад. Ҳамаи ин ҳадисҳо дар фасли махсусе бо номи «Китоби ширб (баҳраи об) ва мусоқот (ақди боғбонӣ)» оварда шудаанд, ки аз аҳамияти хоссаи масоили об дар шариати ислом гувоҳӣ медиҳад. Бартараф кардани чизҳои озордиҳанда аз сари роҳ, ба мисли санг, шохи дарахт ё хоре низ мувофиқи ҳадисҳо боиси омурзидани гуноҳони шахс мешавад.

Ин буд як нигоҳе мухтасар ба ганҷинаи ҳикматҳои экологии ислом, ки дар сарчашмаҳои он ба таври мустақим ва ғайримустақим инъикос ёфтаанд ва бешубҳа барои омӯхтан ва татбиқи онҳо мусулмононро зарур аст, бештар ба китоб ва ҳикмат рӯ оваранд, шиносоӣ дошта бошанд, то ки қадре ҳам бошад, барои ҳалли мушкилоти экологӣ саҳми худро гузоранд. Шиносоӣ, таҳқиқ ва андеша дар бораи ин ҳикматҳо, ки дар ганҷинаи динҳо ҷой доранд, барои боло бурдани фарҳанги экологӣ мусоидат мекунанд. Умедворем, ки мардуми мусулмони Тоҷикистон ин ҳикматҳоро сармашқи зиндагии худ қарор медиҳанд ва бо истифодаи оқилонаи онҳо ватани худро бештар гулгулшукуфон менамоянд.

Мирзомурод САИДОВ, аълочии маориф, матбуот ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон,

Виркани МУЗАФФАР, коршиноси масоили диншиносӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь