Дар ин рӯзҳо дар Панҷшер ва 23 дараи ҷонибии он на танҳо сарнавишти бошандагони ин вилоят, балки тамоми Афғонистон ҳал хоҳад шуд: ё Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба пирӯзӣ хоҳад расид ва Афғонистон ва мардумони он озод ва мустақил хоҳанд шуд ва ё Афғонистон ва аҳли он дар тасарруфи гуруҳи террористии “Толибон”-у ҳомиён ва балегӯёнашон хоҳанд монд ва он ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ гирифтор хоҳад шуд.

Дар ин рӯзҳо дар Панҷшер масъалаи будан ва ё набудани миллати тоҷик, забону адабиёти он, фарҳанг ва мероси таърихию фарҳангии он дар зодбуми худ – Хуросон, дар Балху Ҳироту Сиистон, дар Кобулу Зобулу Бадахшон ҳал хоҳад шуд.

“Толибон” на танҳо душманони савгандхӯрдаи миллати тоҷик, забону адабу фарҳангу таърихи қадимии он, балки ҳамаи қавму миллиятҳои дигари Афғонистон, ба шумули ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва дигар мебошанд. Корҳое, ки онҳо дар самти шимоли Афғонистон, дар Панҷшер ва ҳазораҷот карданд ва карда истодаанд, аз қабили қавмзудоиву наслкушӣ, кӯчҳои иҷбориву қатлҳои дастаҷамъӣ ва ғайра далел бар ин аст.

“Толибон”-и муздур бо дастгирӣ ва хости кишвари пуштибонашон -Покистон ва бо мусоидати ҳукуматҳои қавмгарои амрикоии вақти Афғонистон аз ин сарзамин Паштунистон сохтанӣ ҳастанд. Ба шаҳодати вазири дифоъи вақти Амрико ҷаноби Роберт Гейтс, “Ҳомид Карзай аз даври дуюми ҳукуматаш ба ҷобаҷо кардани “Толибон” дар самти Шимол оғоз карда буд” ва ҳамзамон, аз ӯ хоҳиш намуда будааст, ки ба вай “барои аз байн бурдани сарони Ҷабҳаи Шимол ва заъиф намудани онҳо ҳамкорӣ бикунад”. Бино бар навиштаи ин мақоми низомии олирутбаи амрикоӣ Карзай изҳор намуда будааст, ки “Бузургтарин таҳдид дар баробари ҳукумати ман ҷабҳаи Шимол аст, на Толибон”. Ҳамчунин, таваҷҷуҳ кунед ба ин иқрори Ашраф Ғанӣ, ба фахри ҷоҳилонаи ӯ аз амалкардҳои хеш дар ин замина. Ӯ гуфта: “Кореро, ки ман кардам, на Амонуллохон тавонист, на Довудхон, на доктар Наҷиб! Ин аст, ки тамоми сарзаминро моҳирона ва оқилона аз Помир то Турғундӣ, аз Исломқалъа то Турхам, аз Нуристон то Кобулу Кандҳору Ғазнию Бомиёну Урузгон, ба моликҳои аслиашон (манзураш “Толибон” ва паштунҳо – таъкид аз мо) супурдам ва на бо дасти холӣ, балки бо қулурдуҳо (двизияҳо), салоҳу муҳимот…!”. Баъзе аз коршиносон дар суҳбат бо камина ба ҷаълӣ (фейк) будани ин мавод ишора намуданд. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, аммо моҳиятан муҳтавои он пурра ба амалкардҳои ин раҳбари қавмгаро мувофиқат мекунад.

Дар чунин шароит ва вазъи феълии фалокатбору фоҷеъаангез бояд аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, раҳбарон ва размандагони далери он ҳаматарафа дастгирӣ кард, то тақвият ёбад ва сартосарӣ шавад. Аз ин ҷиҳат ташаббуси шоири ҷавон ва миллатдӯсти тоҷик Иброҳимҷон Дӯстализода ва ёронаш – Бузургмеҳри Баҳодур, Тоҳири Назар, Одили Нозир ва дигарон, ки хостаанд бо чопи маҷмӯъаи “Нома ба Панҷшер” “паёми аҳли зиё ва ҷавонони бедори Тоҷикистонро ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” бирасонанд, бисёр бамаврид ва саривақтӣ мебошад.

Аммо вобаста ба ин ҳамзамон, таъкиди як нуктаро лозим медонам, ки  танҳо бо сухан, шеъру мақола, гуфта ва навиштаҳо ҳамовозӣ намудан ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, роҳбарон ва размандагони он, агарчи хуб ва муфид аст, кам аст. Мову шумо – аҳли қаламу андеша бо он иқтидор ва имконоте, ки дар ихтиёр дорем, бояд ба ҳамаи забонҳои хориҷие, ки медонем ва бо истифода аз қудрати расонаҳои иттилоотии муосир ба ҷаҳониён бифаҳмонем, ки “Толибон” дар асл киҳоянд ва нерӯҳо ва кишварҳое, ки ин гуруҳи террористиро дубора ба сари қудрати сиёсӣ ва низомӣ расониданд, чӣ мехоҳанд. То ҳукумати номниҳоди онҳо – Аморати исломии Афғонистонро ба расмият нашиносанд ва гузашта аз ин, ба онҳо фишор биоваранд, ки хости аксарияти мардуми Афғонистон, нерӯҳои сиёсию мазҳабӣ ва мадании матраҳ, қонуну қоидаҳои ҷаҳони муосирро риоят бикунанд.

Ин рисолати миллиро дар чунин шароит ва вазъи ҳассосе, ки дар Панҷшер, дар Афғонистон дар ин рӯзҳо ба вуҷуд омадааст, агар ҷавонону пирони барнодил, зиёиён, аҳли илму адабу ҳунару андешамандони ватанпарасту миллатпараст анҷом надиҳанд, дигарон анҷом нахоҳанд дод. Ғами тоҷикони Афғонистонро мо нахӯрем, дигарон намехӯранд. Агар бегонагон ғами тоҷикони Афғонистон ва моро мехӯрданд, ба гуруҳи террористии “Толибон” ёрии модию низомӣ намерасонданд ва онҳоро ба сари қудрат намеоваронданд. Ва ҳоло дар ин рӯзҳо кӯшишҳо намекарданд, ки ба ҳукумати номниҳоди ин гуруҳи террористӣ – Аморати исломии Афғонистон робита барқарор намоянд, сафирон ва вазирҳои корҳои хориҷиашонро ба мулоқоти онҳо бифиристанд. Боиси таассуф аст, ки дар байни онҳо кишварҳои ҳамсояи мо ва минтақа ҳастанд.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки ба шарофати Президенти муҳтарамаш Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари он чи ки дар Афғонистон дар оғози моҳи августи соли равон рух дод, яъне тасарруфи ин кишвар аз тарафи гуруҳи террористии “Толибон” мавқеъи қатъӣ, дуруст ва муносибро гирифт ва ба ҷаҳониён эълои дошт, ки “ҳеч ҳукуматеро, ки аз роҳи зулм, таъқиб ва бидуни ба эътибор гирифтани манфиати тамоми қавму миллиятҳои Афғонистон ташкил дода мешавад, эътироф нахоҳад кард”. Сардори Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба таври возеҳ пешниҳод намуд, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати фарогире бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллиятҳои муқими он, аз ҷумла тоҷикон, ки зиёда аз 46%-ро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

Боиси қаноатмандист, ки ин мавқеъи дурусту муносиби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кишварҳои меҳвар ва соҳибқудрати ҷаҳон, аз он ҷумла Фаронса, Олмон, Иттиҳоди Аврупо ва ғайра дастгирӣ ёфт. Ба ин натиҷаи сафарҳои охири Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Белгия ва Порис ва дидубоздидҳояш, аз ҷумла бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Жозеп Боррел ва Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон шаҳодат медиҳанд. Бовар дорам, ки бо мурури вақт ингуна дастгириҳо бештар хоҳанд шуд.

Вале нигаронии мо аз он аст, ки дар шароити феълӣ ва вазъи ба амал омада дар Панҷшер ва Афғонистон на Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, раҳбарон ва размандагони он ва на мову шумо барои фурсатпоӣ вақти зиёд надорем. Агар дар иҷрои рисолатии миллии худ таъхир кардем ва ё натавонистем, шоҳиди фоҷеъаи бузурги аср хоҳем шуд.

Абдунабӣ САТТОРЗОДА,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь