Китоби калонтарин дар олам “Саёҳати чашмраси шоҳигарии Бутан” ном дошта, 2 метру 30 см баландӣ ва 1метру 52 см бар дорад. Вазни китоб 60 кило буда, 112 саҳифаро ташкил медиҳад. Барои нашри як нусхаи ин китоб дар ҳаҷми масоҳати майдони футбол коғаз сарф шудааст. Ҳамагӣ 11 нусха чоп шудааст.
Китоби соли 1976 дар шаҳри Денваре (ИМА) чоп шуда., “Китоби бузург” ном дошта, 3 м баландӣ, 2 метру 74 см бар дошта, 252,6 кг вазн ва 300 саҳифа дорад.
Ин рекордҳоро соли 2004 дар Русия ба як нӯл заданд. “Китоби калонтарин барои кӯдкон” 6 метр баландӣ, 3 метр бар ва 492 кило вазн, аммо ҳамагӣ 4 саҳифа дорад ва 12 шеъри кӯдаконаро дар бар мегирад.
Барои офаридани китобҳои аз ҳама хурд ҳам созандагони онҳо ҳунари худро нишон додаанд.
Китоби хурдтарине, ки ҳикояи А.П.Чехов “Бӯқаламун” (“Хамелеон”)-ро дар бар мегирад, варақ зада хондан мумкин аст. Он соли 1996 аз ҷониби ҳунарманди шаҳри Омск Анатолий Кононенко бо теъдоди 100 нусха нашр шудааст. Ҳаҷми китоб 0,9 мм ба 0,9 мм буда, 15 саҳифа дорад ва 11сатри аввали ҳикояи А.П.Чехов, расми адиб ва ду тасвирро дар бар мегирад. Онро нашриёти “Сибирский Левша” чоп кардааст, ки баро хонданаш микроскоп ва барои варақгардонӣ мӯчинаки заррабин лозим аст.
Соли 2014 матни Суруди миллии Русияро дар шаҳри Омск дар ҳаҷми 644 мкм бар 660 мкм дар 8 саҳифа чоп карданд. (1микрометр = 0,001 милиметр). Аз ин гузашта ношир Владимир Анискин дар китоб дар рӯйи донаи кӯкнор алифбои русиро ғунҷонд ва онро танҳо бо воситаи микроскоп дидан мумкин аст. Ҳаҷми китоб: 64,3 мкм х 90,2 мкм, масоҳаташ 5799,86 кв.мкм буда, 7 саҳифа дорад.
Мусобиқа барои офаридани китоби хурдтарин давом дорад.
Қуръони аз ҳама калон соли 2011 дар матбааи итолёвии ACR Group дар ҳаҷми 150 х200 см ва 632 саҳифа дар коғази навъи аълои шотландӣ дар як нусха чоп карда шудааст ва дар шаҳри Булғори Тотористон нигоҳ дошта мешавад. Муқоваи китоб бо сангҳои қиматбаҳои тилло, нуқра, ахзар ороиш дода шуда, онро 16 нафар бардошта тавонистаанд.
Қуръони хурдтарин моли насронӣ Муҳаммад ал Исо буда, дар кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб нигоҳ дошта мешавад. Дарозии китоб 5,1 см, бараш 8 см буда, 550 саҳифа дар муқоваи сахт ҷой гирифтааст. Ин китобро тахминан 400 сол пеш аз маҳаллаи Ал Қудси Байтулмуқаддас гузаштагони Муҳаммад ал Исо ёфтаанд.

***

Шаҳри калонтарини ҷаҳон аз рӯйи масоҳат Чунсин дар Чин аст. Ин шаҳр аз рӯйи масоҳат баробари давлати Австрия ва қариб ба кишвари Португалия баробар аст. Дар шаҳр беш аз 30 млн аҳолӣ сукунат дорад. Шаҳр дар байни куҳҳо ҷой гирифта, таърихи беш аз 3000-сола дорад. Инчунин дар қатори шаҳрҳои сернуфус шаҳрҳои Москва, Токио, Теҳрон, Ҷакарта, Деҳлӣ, Сеул, Шанхай, Манила, Карочӣ, Ню-Йорк, Сан-Паулу ва ғ. дохил мешаванд.
Шаҳри хурдтарини ҷаҳон шаҳри Хум дониста шудааст, ки дар Хорватия воқеъ буда, 27 нафар аҳолии доимӣ дорад. Хум дар асри XI ба шакли қалъа сохта шудааст ва ҳоло барои сайёҳон осорхона, китобхона, ибодатгоҳ ва ҳатто тарабхонаву меҳмонхона дорад. Ҳар моҳи майи сол сарвари шаҳрро интихоб мекунанд ва ӯро шӯхиомез “интихоби аблаҳи сол” меноманд.
Қадбаландтарин одами рӯи замин Султан Кёсен (аз Туркия ) дониста шудааст, ки 2 м 51 см қад дорад.
Қадпасттарин инсони рӯйи замин Джунри Балавинг аст, ки дар Филиппин умр ба сар мебарад ва 59 см қад дорад.
Дар байни қадбаландон Брахим Такиолах (аз Марокаш) – 2 м 46 см, Муртазо Мирзод (Эрон) – 2 м 46 см, Дхармендра Пратап Сингх (Ҳиндустон) – 2 м 46 см, Чжан Тзюнтсай (Чин) – 2 м 42 см, Асадуллохан (Ҳиндустон) – 2 м 41 см, Носир Сумро (Покистон) – 2 м 39 см, Бао Сишун (Чин) – 2 м 36 см ва дар байни қадпастон Ҷоти Амҷи (Ҳиндустон) – 63 см, Мэдж Бестер (Африқои Ҷанубӣ) – 65 см, Хагендра Тапа Магар (Непал) – 67 см, Лин Ю Чи (Чин) – 67,5 см, Бриҷитт Ҷордан (ИМА) – 68,5 см ва Эдуард Нино Хернандес (Колумбия) – бо қади 70 см ба китоби рекордҳои Гинес ворид гаштаанд.
Олимон мавҷудияти инсонро дар рӯйи замин 162 ҳазор сол тахмин кардаанд. Дар ин муҳлат дар замин 107 миллиард одам тавваллуд шудааст.
Соли 1820 аҳолии замин ба 1 миллиард расида бошад, соли 1927 ба 2, соли 1960 ба 3, соли 1974 ба 4, соли 1987 ба 5, соли 1999 ба 6 , соли 2011 ба 7 ва ҳоло беш аз 7 миллиарду 300 миллион аҳолӣ дар рӯйи Замин умр ба сар мебаранд.

Фирдавс ОДИНАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь