Толибон бо дурӯғу найранги “ҷанг бо ДОИШ” минтақаву ҷаҳонро масруф нигаҳ дошта, гурӯҳҳои ҳаросафганро тақвият мекунанд, то рӯзе зарбаи ниҳоиро ба амнияти ҷаҳону минтақа ворид созанд.

Гурӯҳи ҳаросафгани Толибон дар севумин рӯзи нишасти фармоишие, ки бо ҳузури намояндагони Толибон ва ҳавохони ин гурӯҳ дар Кобул баргузор шуда буд, найранги ҷадидеро ба манзури саркӯби мухолифон ва тарфанди тозаеро ба ҳадафи фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯи даст гирифтааст.

Ин гурӯҳи даҳшатпеша, бо баргузории ин нишасти муҳандисишуда хост, ки барои саркӯби мунтақидон ва мухолифони режими ситамгар ва истибдодиашон, аз нишонии уламои Афғонистон муҷаввизи шаръӣ ба даст биоваранд ва аз сӯи дигар, бо ин найранг пуштибонии ҷомеаи ҷаҳониро дар мубориза бо “ДОИШ” дошта бошанд.

Дар модаи ҳафтуми қатъномаи ин гурӯҳи ҷинояткор омадааст, ки: “Бо садои баланд фарёд мезанем, ки падидаи фитнаангезе ба номи ДОИШ, хавориҷи асри имрӯз ва фирқаи ботила аст, ки дар кишвари исломии мо ишоъаи фасод мекунад ва бо онҳо ҳар навъ кумак ва робита доштан шаръан ҷоиз нест”.

Дар ҳоле ки дар Афғонистон зери султаи Толибон, гурӯҳҳои даҳшатафгани зиёде чун: “Алқоида, Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон, Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Катибат ал-Бухории Ӯзбекистон, Таҳрики Толибони Покистон, ки як шохаи он ба ДОИШ дар иртиботи наздик аст, фаъолият доранд ва бо Толибон дар пайванди наздиканд.

Чанде пеш гузоришҳое аз байъат “Айман ал-Завоҳирӣ”, раҳбари Алқоида бо амири Толибони ҳаросафган дар расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба нашр расид, ки нишон аз тамдиди паймони Толибон бо шабакаи Алқоида дорад.

Ба ҳамин гуна, аз нармишу мухолифат накардан Толибон дар нишасти муллоҳои худашон бо дигар гурӯҳҳои бунёдгаро – ба истиснои ДОИШ – маълум мешавад, ки ин гурӯҳ бо ҳама гурӯҳҳои даҳшатафган ба далели ин ки дар ишғоли Афғонистон бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ кардаанд ва ҳамакнун ҳам дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдофи Толибон кор мекунанд, муҷаддадан пас аз ишғоли Афғонистон, байъат кардааст.

Пур возеҳ аст, ки ҳамакнун шабакаи Алқоида, Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ ва Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон ба масобаи гурӯҳҳои ҳаросафгани зери ҳокимияти Толибон зиндагӣ менамоянд ва ҳампаймони Толибон бо ин гурӯҳҳои даҳшатафган амнияти минтақа, кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳонро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.

Аз эъломи душмании ошкори Толибон бо ДОИШ чунин бармеояд, ки талошҳои ин гурӯҳ барои байъат бо ДОИШ ба натиҷа нарсида, ва аз ҳамин рӯ дар талошанд, ки бо гирифтани муҷаввизи шаръӣ аз олимони дин, заминаи саркӯби ДОИШ ва мухолифони сиёсиву мунтақидонашонро ба баҳонаи ҷанг бо ДОИШ фароҳам кунанд.

Толибон аз тариқи шеваи найранги душманӣ бо ДОИШ мехоҳанд, ки ду ҳадафро думбол кунанд; яке он ки ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳое, ки нисбат ба фаъолитҳои ДОИШ дар Афғонистон нигаронандро ба даст биоваранд ва дувум ин ки Толибон ба хубӣ медонанд, ки мардуми Афғонистон аз режими истибдодии онҳо ҳимоят намекунанд ва ҳамарӯза доманаи мухолифатҳо ва муқоваматҳо бар зидди ин гурӯҳ шиддат пайдо карда ва тавсеа меёбад. Бинобарин найранги душманӣ бо ДОИШ-ро, баҳонаи хубе барои саркӯбу нобудии мухолифонашон баргузидаанд.

Масалан, ин гурӯҳи ҷиноятпеша талош мекунад то мухолифону мунтақидонашро шиносоӣ намуда ва аз байн бибарад ва сипас эълом кунад, ки афроди марбут ба ДОИШ-ро куштаанд.

Кореро, ки чанде пеш дар вилоятҳои “Тахор, Парвон” ва дигар нуқоти Афғонистон анҷом доданд. Афроди мулкӣ, мухолифони режими истибдодӣ ва мунтақидонро куштанд ва баъд гуфтанд, ки нерӯҳои ДОИШ-ро аз байн бурдем.

Бинобарин душманӣ бо ДОИШ аз сӯи Толибон барои саркӯби мунтақидону мухолифони режим ва фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст то аз ин тариқ битавонанд аз як тараф мухолифони фикрӣ ва сиёсиашонро аз байн бибаранд ва аз сӯи дигар, бо ҷалби ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ, заминаи ба расмият шинохтан ва таомулро бо кишварҳо фароҳам намоянд.

Аммо Толибон аз оғози раванди гуфтугӯҳои сулҳи Доҳа бад-ин сӯ нишон доданд, ки ба ҳеҷ як аз тааҳҳудоташон пойбандӣ надоранд ва ҳамвора ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардум Афғонистон дурӯғ гуфтаанд.

Бо ин пешинаи бади Толибон, бовари мо ин аст, ки ин гурӯҳ ҷаҳону мардуми Афғонистонро бо дурӯғ ва найранг масруф сохта, то заминаро барои ҳамбfстагии ҳар чӣ бештари гурӯҳҳои ҳаросафган дар ин кишвар ҳамвор намояд ва сипас аҳдофи баъдии худро, ки ҳамоно ноамнсозии минтақа ва ҷаҳон аст, думбол кунад.

Маркази матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here