То ҳанӯз мардуми Тоҷикистон, тоҷикони Узбекистону Афғонистон, ҳатто аҳли илму адаб, зиёиён, рӯду рӯдак ва ҷӯйҳоро дарёю дарёча мегӯянду менигоранд. Дарёҳои аслиро бошад баҳр (арабӣ) мегуянд. Ин ғалатгуйю ғалатнигорӣ аз куҷост?
Чун дар ҳудуди Хуросону Мовароунаҳр, Афғонистону аморати Бухоро дарё набуд ва дарёҳои воқеиро надида буданд, рӯду рӯдак ва ҷӯйҳоро дарёю дарёча мегуфтанд, рӯдҳои Панҷу Ому, Вахш, Кофарниҳон, Сир, Зарафшон ва Варзобро дарё, рӯдакҳои Қаратоғу, Алмосӣ, Ҳаррангону Симиганҷу ба инҳо монандро дарёча, мегуфтем. Дарёҳои аслиро баҳрҳо (арабӣ) баҳри Сиёҳ, Миёназамин, Балтик, Ҷопон,Чин…
Баъди заволи давлатдориву салтанати беш аз садсолаи Сомониён ва баъди устод Рӯдакӣ давлатдории тоҷикон ба поён расида дар қабзаи чанд сулолаи туркон монд. Ва миллат аз ночорӣ рӯ ба тақлид ниҳоду ба ин тақлид одат кард. Аз форсигӯёни Эрон дарё шунида ба он тақлид намудем, чун дарё надида будем, вале рӯдҳоро дар назар доштем.
Одамушуаро ҳазрати Рӯдакӣ ва ҳамзамононаш дар аҳди Сомониён, обҳои калони ҷории Рӯдхонаҳоро рӯду рӯдак мегуфтанд. Рӯди Ому, Сир, Панҷ, Кофарниҳон, Зарафшон, Нил, Фуроту Даҷла…
Рудхонаҳои оби ҷории камтар доштаро рӯдак мегуфтанд.
Устод Рӯдакӣ мегуяд;
Рӯди Ому бо ҳама паҳноварӣ,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Агар рӯд дарё мебуд он вақт Рӯдакӣ ҳам дарё мегуфт.
Турсунзода баъдан гуфт;
Руди ман олам дигар шуд ту ҳамон ҳасти ҳамон
Шояд мухотаби шоир рӯди Қаротоғи зодгоҳаш бошад.
Обҳои чашмасорону барфу пиряхҳо, ки аз тариқи ҳавзаи рӯдхонаҳо, миёни хушкӣ ба як тараф равонанд ва аз ҳарду канори рӯд, канори муқобил ба чашм хеле хуб аён аст ва дар охир ба дарё ҳамроҳ мешаванд, рӯд мебошанд. Канори рӯдхонаҳоро соҳил намегуянд, чун соҳил хоси дарёҳост. Нисбати рӯдҳо, канори рӯд ё лаби руд гуфтан хос мебошад.
Дарё ин обҳои калоне мебошад, ки як қисми аъзами заминро фаро гирифта ва дар он киштиҳо озодона шино мекунанд ва маҷрои муаяйни ҳаракати яктарафа надоранд. Фақат дар зери таъсири ҷозибаи Моҳ – рӯйдоди табиӣ – маду ҷазр, оби дарёҳо ҳаракати рафту баргашти шабонарӯзӣ доранд. Канорҳои муқобили дарёҳо соҳилҳо аз ҳам хеле дур ва ба чашм ноаёнанд. Дарёҳо ҳаммарз дар канори уқёнусҳо ҷойгир мебошанд. Мисли дарёи Умон, Медитарона (миёназамин) дарёи Баренс, Балтик, Ҷопону Чин. Ҳастанд дарёҳои калон, ки масоҳати васеъ аз заминро пушонидаанд ва ҳама тарафҳояшонро замин иҳота намудааст. Соҳилҳояшон чун дарёҳо хеле дурру ноаёнанд ва ба уқёнус пайваст наянд. Чунин обҳо дарёчаанд: мисли дарёчаи Ҳазар, Арал, Байкалу Балхаш ва дигарон, ки мо то ҳол кулашон мегуфтем.
Оби дарёю дарёчаҳо хело шур буда, қобили истеъмол ва истифодаи кишоварзӣ намебошанд, ба ғайр аз дарёчаи Байкал.
Истифодаи вожаи «Мавҷ» акнун дар ростои рӯдхонаҳо ғалат аст, вожаи мавҷ хоси дарё аст. Ба гуфтану шунидани мавҷи дарё одат намудем. Ва ин одат дар гуфтору пиндори мо маъво гирифтааст. Рӯдхонаҳо лаб, ё канор доранд, на мавҷу соҳил, балки лапиш ё шалфа доранд.
Мавҷҳои дарё ин обҳои қисми болои ба чашм айёни дарёҳо ҳастанд, ки дар натиҷаи бод ва туфонҳои дарёӣ ва гоҳо дар натиҷаи заминларзаҳои зери дарёӣ, ки бисёр азим ва ҳавлнок-сунома шуда ба канори дарё – соҳил бархурда, боз қафо бармегарданд. Гоҳо хеле даҳшатнок ва харобовар мешаванд.
Он талотуми рӯдҳои куҳӣ на мавҷ балки лапиш ва шалфаи обҳои рӯдхонаҳои кӯҳиянд, ки дар натиҷаи суръати баланди ҳаракат, об сарозер ба сахраву харсангҳои рӯд бархурда, лапишҳоро ба вуҷуд меоварад, мо мавҷашон мегуфтем. Рӯди пуроби равонро дарё мегуфтем. «Обро дарё кунед». «Об дарё шуд», «Об дарё меояд». Ин ибораҳо барои аксари форсигуёни ҷаҳон нофаҳмоянд. Дарё онест, ки оби паҳновару чуқур дорад ва ғунҷоиши ҳавзааш хеле бузург аст.
Лапиш ва шалфаи рӯдхонаҳо аз мавҷҳои пурталотуму паҳновари зебои дарёҳо фарқ мекунанд.
Гузаштагони машҳури мо, мардуми бофарҳанги шаҳрнишин рӯдҳои калони сероб, (наҳрҳо)-ро рӯд ва рӯдҳои хурдтарро рӯдак мегуфтанд. Аз миёни деҳаи зодгоҳи одамушуаро Рӯдакӣ, рӯдаке мегузашт, ки ҳатто деҳаи зодгоҳи шоир номи рӯдакро гирифта буд. Ин воқеъ ҳатто тахалуси шоир-Рӯдакӣ ва номи насабиаш гашт.
Деҳаи Панҷруд ҳам дар қариби зодгоҳи шоир ҳаст. Аз рӯдакҳо хурдтарашро тоҷикон ҷӯй мегӯянд. Тасдиқаш шеъри машҳури Ҳазрати Рӯдакӣ;
Бӯи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме
….
Руди Ому бо ҳама паҳноварӣ,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Одамушуарро бузургтарин пайкараи сухани ноби забони тоҷикӣ-форсӣ, ҳазрати Рӯдакӣ ва ҳамзамононаш, рӯду рӯдаку ҷӯй гуфтаанд на дарё. Пас биеёд мо ворисони одамшуарро ҳам Рӯду Рӯдак ва ҷуй бигуему баҳрҳоро-дарё. Шоири тавоно шайх Атори валӣ, пири машҳури маърифати исломӣ ҳам ҷӯй мегуяд:
Зи ҷӯйе, ки хоҷа хурӣ оби пок
Нашояд фигандан дар он сангу хок,
Яъне оби рӯду рӯдаку ҷӯйборонро поку мусафо нигоҳ доред, балки ифлос накунед, чун об неъмати бебаҳо, муъҷиза, асоси будану зистани башарият аст. Ҳазрати Ҳофиз баъдан мегуяд:
Бидеҳ соқи майи боқӣ, ки дар ҷанат нахоҳи ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти мусаллоро.
Ворисони пешини Рӯдакию Аттор ҳатто сангу хоки покро дар оби ҷӯйборону рӯдакҳо андохтанро, раво намедиданд. Вале ворисони имрӯза…
Дарёдил киноя аз шахсияти бисёр бахшандаву богузашт ҷавонмарду саховатманд аст. Чун дарё зарфияти бузургу адонашаванда дорад. Дарёдил ҷурму хатоҳои дигарон нодида мегирад. Бахшандаву бедареғ аст. Шахси пурдону донишманди хеле бузургро низ ба дарёдаруну «Ӯ як дарёест», киноя мезананд.
Дарёю рӯдро арабҳо баҳру наҳр мегӯянд. Байнанаҳрайн, яъне сарзамини байни ду рӯд, Фуроту Даҷла. Мовароунаҳр-заминҳои он тарафи рӯди Ому. Яъне қаламрави собиқ аморати Бухоро. Рӯди Омуро арабҳо Ҷайҳун ва Сирро Сайҳун мегуфтанд.
Ҳамаи эрониён ва форсигуёни кишварҳои Араб ё шарқи наздик, онеро ки мо то ҳанӯз дарё мегуфтем, рӯду рӯдаку ҷӯй мегуянд ва баҳрҳоро дарё, чун дарёдидаанд ва кишварҳошон ҳаммарзи дарёҳоянд.
Фармондеҳони неруҳои дарёии низомӣ Эронро (флоти ҳарбӣ баҳрӣ), дарёдор, дарёбон ва дарёсолор (рӯтбаи олӣ-адмирали флот) мегӯянд.
Таърифҳои дар боло оварда нисбати рӯду дарёҳо, аз китобҳои фарҳангӣ, забони форсию тоҷикӣ оварда шудаанд. Китоби фарҳанги забони тоҷикӣ дарёро баҳр гуфта, дарёҳои мағриб-миёназамин, дарёи Умон, дарёи Хазар, дарёи Сурх, дарёи Аҳзар-уқёнуси Ҳиндро мисол меоварад.
Асари тахаюлотию афсонавии адабиёти қадимаи шарқ “Синбоди дарёгард”, аз саргузашти аҷибу ғариби дарёнавард, Синбод дар сафарҳои дарёиаш қисса мекунад. Овони наврасиам ин китобро хонда будам. Ман ҳам, ки дарё надида будам, рӯди Панҷро дарё мепиндоштам ва дарёсолор оғои Синбодро бо ҳама шуҷоату матонаташ дар рӯди Панҷу Ому тассавур доштам.
Гузаштаҳо гузашта, дар фикри оянда бояд буд. Дар гузашта ҳарчи буду шуд. Истиқлолияти кишвар дар пайи афкори ҷадиду мувофиқ ва ислоҳи савҳу ғалатҳост. Дер ё зуд ҷумлае ё касе бояд ин пиндорро ба миён меовард.
Кумитаи забону истилоҳот ва дигар ниҳодҳои дахлдоро лозим меояд, ки нисбати дурустии ин афкор ба ҳайатҳои таҳририяи ВАО ва нашриётҳо, дастурҳои лозима пешниҳод намоянд, то ба нафъи забони миллат анҷом ёбад.
Сабурӣ Умаралӣ АБДУЛҲАЙ
фарҳангшинос