«Совершенно секретно»: 22 январи соли 2019 фурудгоҳи Сургут, ки ба наздикӣ номи Фармон Салмонов (Фармон Қурбон-уғлӣ Салмонов – озарӣ: Farman Qurban oglu Salmanov- геологи шӯравӣ, аввалкашшофи нафти Тюмен, доктори илмҳои геологӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсисалистӣ, ки солҳои 1931-2007 зистааст)-ро мегирад, барои ширкати “Аэрофлот” мушкилоти зиёд овард.

Ин фурудгоҳ иҷозат дод, ки ба қаламрави он ҷентелмени мусаллаҳ фуруд ояд. Кормандони ширкат замоне, ки мусофиронро ба ҳавопаймо боло мекарданд, хатари ин марди мусаллаҳ бо номи Павел Шаповаловро, ки қаблан суд шудаву ҳоло дар озодӣ буд, надиданд. Дар натиҷа аз фазои парвоз хабари рабуда шудани ҳавопаймои хатсайри Сургут-Маскав паҳн градид. Ин рабоянда дар аввал талаб кард, ки самти ҳаракати тайёра ба самти Афғонистон тағйир дода шавад. Вале баъдан он на ба Кобул, балки ба Ханти-Мансийск фуруд омад ва ин рабояндаи “ноком” боздошт шуд ва акнун қарор аст дар кадом зиндони низомаш сахт солҳоро пушти сар гузорад.
«Аэрофлот» ба қароре омад, ки ин рӯйдодро шарҳ надиҳад, рӯйдоде, ки хатари марг барои бештар аз 70 нафар мусофиронаш дошт, барои ин ширкат мисли як ҳодисаи маъмулӣ буд. Хадамоти матбуотии он дар ҳамин замон саргарми мубориза бо блогнавис Александр Соколов буд. Ин ҷентелмени тарбиянадида чанде пештар дар Инстаграмм расми муколамаи хуб бо кормандони “Аэрофлот”-ро гузошта буд ва бо лаҳни душномӣ ба онҳо тохт оварда буд. Ширкат аз прокуратура мехост, ки ин болгнависро водор ба ҷуброни зарари маънавӣ кунад ва ғайраву ҳоказо. Яъне, дар пасманзараи ин даъвоҳо ҳавопайморабоиву таҳдиди хатар ба ҷони мусофирон хира монд.

Пайи зиддиятҳои шахсӣ

Баъди ду моҳ маълум гардид, ки “Аэрофлот” ин ҳақоратчии интернетиро аз барномаи «Аэрофлот Бонус» хориҷ кардааст. Вақте ин хабар дар саҳифаи ВАО инъикос ёфт, обрӯи ширкат ба шиддат коҳиш ёфт ва “Аэрофлот” талош кард тире ба боли худ занад: кормандони хадамоти заминии ширкат муроҷиатномае ба унвони прокуратура навиштанд (наметавонем истисно кунем, ки онҳо зери фишори роҳбарият ба ин иқдом даст заданд) ва хабар доданд, ки аз рафтори Соколов ранҷҳои ҷисмониву ахлоқӣ мебинанд. Дар аксҳои ӯ дар Instagram, ки онҳо бо сарулибоси расмӣ тасвир шудаанду зери он афрод шарҳҳои ғайриахлоқӣ навиштаанд, нороҳатанд. Ранҷи ҷисмонӣ, Карл! Дар асл ин гуна одамонро бояд аз чунин ташкилотҳо бурун ронд, на ки арзашонро шунид. Чӣ мешавад агар онҳо замоне аз ягон шарҳу навиштае дар Твиттер дучори ранҷи ҷисмониву озори ахлоқӣ шаванд?
Зимнан бояд гӯем, ки ин ширкат алалкай аз Twitter ранҷ дид. Ва боз ҳам бо ташаббуси худ. Соли 2018 қоидаеро ҷорӣ кард, ки тибқи он ба қаламрави корӣ ворид кардани ҳар гуна дастгоҳи сабткунандаи овоз ва наворбардорро мамнуъ эълон намуд. Ва албатта, дар мадди назар ҳамон телефонҳои пешрафтаи мобилӣ буд ва ҳадаф он буд, ки асрори тиҷоратӣ фош нашавад. Кофист бигӯем, ки аввал кормандони саркаши “Аэрофлот” нусхаи ин фармонро дар шабакаҳо гузоштанд, ки бо имзои сарвари ширкат Виталий Савелйев интишор шуда буд. Ва баъдан VIP-муштарии ширкат Митя Алешковский ин расмро дар Twitter чоп кард ва назараш ин буд, ки “Савелйев “сарашро гум кард”. Ва Савелйев зуд ранҷид ва шояд эҳсоси ранҷи ҷисмониву ахлоқӣ кард, ки фавран вокуниш нишон дод: суратҳисоби Алешковро дар «Аэрофлот Бонус» баст.

Дарвоқеъ чаро чунин аст?

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ қарори “Аэрофлот” қобили баҳсу барарсӣ нест: касе уҳдадору вазифадор нест, ки миёни касоне бонусҳо тақсим кунад. Аммо ин ҷо масъала танҳо якест: боварӣ ба ширкат аст, ки агар мехоҳад, муштарии худро хурсанд мекунад ва агар намехоҳад, озораш медиҳад. Масъалаи дигар муҳимтар аст: чаро роҳбарияти ширкати ҳамлу нақли давлатӣ чунин рафтор мекунад?
Посух ошкор аст: боварӣ ба он ки беҷазо мемонанд. Дар бисёре аз манотиқи Русия ва кишварҳои хориҷи дуру наздик ба мисли “Аэрофлот” ширкате нест, ки одамон имкони интихоб дошта бошанд. Вақте UnitedAirlines-и амрикоӣ басо дағалона духтури чиниро аз ҳавопаймо поён кард ва сари вақт аз ӯ узр напурсид, саҳмияҳои ширкат дар кӯтоҳмуддат 4% коҳиш ёфтанд, ки ин баробар ба миллионҳо доллар буд. Аммо дар мавриди «Аэрофлот» ҳарф дигар аст: пули худро дар кишвар бидуни мамониат ҷамъ меорад ва дар ин роҳ рақибеву рақобате надорад. Ин аст боварӣ ба худ!
Ширкат на танҳо дар фазои ҳавопаймоии Русияи қудратманду яккатоз аст, балки аз ин сӯистифода ҳам мекнуад. Миёни Хадамоти зиддинҳисории Федералӣ аз кайҳост, ки ҷанги сард дар ҷараён аст. Вақте дар парвозҳо нохӯшиҳо пайи ҳам рух медиҳанд, роҳбарони он саргарми онанд, ки аз рақобати нобуда истифода карда, фоидаи ҳангуфт ба даст оранд. Боре дар Магадан Хадамоти зиддинҳисорӣ хост зидди “Аэрофлот” барои боло бурдани нархнома парванда оғоз кунад, дар Маскав моҷарои дигар бархост: вақте корманди ин хадамот ба ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои рақобати ноодилона аз ҷониби “Аэрофлот” ва “Москав Карго” оғоз карданд, “ногаҳон” дар ин ширкат компютере, ки аз ироаи маълумоти лозима саркашӣ мекард, вайрон шуд. Вале на ҳама талошҳои “Аэрофлот” ба суди вай буд. Билохира соли 2017 Хадамоти зиддинҳисорӣ тавонист исбот кунад, ки “Аврора”, ки мансуб ба ин ширкат аст, аз мусофирон барои парвозашон аз Хабаровск ба Сахалини Ҷанубӣ ва баръакс пули иловагӣ рӯёнад.
Ва аз ин гуна ҳарфҳо зиёд метавон гуфту навишт.

Чаро «Аэрофлот» чунин рафтор мекунад?

Шубҳае нест, ки замоне Павел Шаповалов аз зиндон озод мешавад ва ҳамроҳ бо ҳар мусофири дигари ҳавопаймоҳои “Аэрофлот” бидуни тарсу бим ба ҳар нуқтаи кишвари рус, ки хоҳад ё ҷаҳон оромона парвоз мекунад. Зеро вай хост ҳавопайрабоӣ кунад, на ин ки ширкати “Аэрофлот”-ро зери тозиёнаи танқид гирифта бошад. Ва дар ин ширкат бо вай кордор ҳам нахоҳанд шуд, зеро аз вай касе наранҷидааст…

Михаил МЕЛНИКОВ,
махсус барои «Совершенно секретно»

МАЪЛУМОТНОМАИ “САМАК”: «Аэрофлот» ширкати ҳавопаймоии ҳомили парчами Русия ва бузургтарин ширкати ҳавопаймоии ин кишвар аст. Ширкати Аэрофлот яке аз қадимитарин ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон аст, ки решаҳои таъсиси он ба соли 1923 бозмегардад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба сурати комилан давлатӣ идора мешуд ва бузургтарин ширкати ҳавопаймоии олам ба шумор меомад. Ин ширкат баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сохтораш тағйир пайдо кард ва ба сурати нимадавлатӣ даромад. Имрӯз аксарияти саҳмияҳои Аэрофлот (51%) дар ихтиёри давлати Русия аст ва дар соли 2007 нуздаҳумин ширкати ҳавопаймоии пурсуди ҷаҳон эълон шуда буд.
Ин ширкат ҳам парвозҳои дохилӣ дорад ва ҳам хориҷӣ ва аз фурудгоҳи Шереметево бештар истифода мекунад.
Каме аз таърих: 1 майи соли 1922 баъди анҷоми ҷанги дохилӣ дар қисмати аврупоии Русия ширкати ҳавопаймоии шӯравиву олмонии “Дерулюфт” аввалин хатсайри байналмилалии “Москав – Кёнигсберг”-ро боз кард. 15 июли соли 1923 нахустин парвози дохилӣ бо хатсайри “Москав-Нижний Новгород” таъсис ёфт.
9 феврали соли 1923 Шӯрои меҳнат ва мудофиаи Федератсияи Русия ду қарор қабул кард: “Дар бораи ташкили Шӯро оид ба авиатсияи гражданӣ” ва “Дар бораи назорати техникии флоти ҳавоӣ”. Ва ҳамин тариқ авиатсияи мулкии Русия поягузорӣ шуд ва нақли таърихи шаклгирии он дурудароз аст ва берун аз доираи мавзӯи мост.
Соли 2018 «Аэрофлот» аз Маскав (Шереметово) ба 52 кишвари олам парвозҳо анҷом додааст. Аз 146 нуқта 52 нуқтаи парвози он дар дохили Русия анҷом мегирад, 16 нуқтаи парвоз ба қаламрави ИДМ, 4 нуқта дар Шарқи Наздик ва Миёна, 5 нуқта дар Амрико, ба Осиё 13 нуқта, ба Аврупо 55 ва ба Африқо 1 нуқтаи парвоз доштааст.
Тибқи оморҳои расмӣ то 30 августи соли 2008 250 мавриди садама ва ё нишастҳои истирории ҳавпаймоҳои ширкати “Аэрофлот” ба қайд гирифта шудааст. Дар аксари ин мавридҳо одамон қурбон шудаанд ва ё захм бардоштаанд. Пурқурбонитарин садамаи ин ширкат 10-июли соли 1985 рух додааст.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь