“Дар рафти бозӣ ҷароҳати хело вазнин бардоштам. Намедонистам чи кор кунам. Ба ман дӯстону мурабиҳо тавсияи медодаанд, ки аз футбол дур нашаваму мураббӣ шавам. Ба ватан омадаму соли 2015 барои дарёфти гувоҳиномаи мурабигӣ ба шаҳри Қайроқум рафтам ва хушбахтона, имтиҳонро хуб супорида, соҳиби гувоҳинома гаштам. Шукри Худованд ҳоло ҳам бозӣ мекунаму ҳам тамрин медиҳам.

Мувафақият дар ҳама кору пайкор аз худи инсон вобастаасту барои комёб шудан орзу ҳадаф ва амал лозим. Қаҳрамони навбатии мо ба синну солаш нигоҳ накарда барои бароварда кардани орзуи худ роҳ ба суи амалишавии мақсади хеш гирифтаву тавонистааст мавқеияташро дар байни атрофиён пайдо намуда, барои тарбияи кӯдакон кӯшишу талош дорад. Гап дар сари Камолиддин Ҷурабоеви 29 сола меравад, ки ҳам мураббӣ ва ҳам бозингари дастаи “Саразм”-и шаҳри Панҷакент аст. Аз хурди дар қалбу руҳу ҷонаш варзиши рақами яки саёраро ҷой дода, барои бароварда кардану муввафақу комёб гаштан роҳ гирифтааст ба сӯи майдонҳои бузург ва бар замми ин худро аз хурди ҳамчун мураббӣ тасаввур намудаву талош намуда, сазовори унвони мураббӣ гаштааст ва ҳоло дастаи ҷавонони шаҳри Панҷакентро роҳбарӣ мекунад. Ӯ вақте хурдсол буд падараш дар бари Камолидин истод шуду дистгири орзуҳои фарзандаш гашт. Падари Камолиддин барои бароварда кардани орзуи фарзандаш ӯро бо худ гирифта, ба Русия мебарад то дар онҷо омӯзиш бинаду варзишгари муввафақу номбардори падар гардад. Чи гунае, ки қаҳрамони мо мегӯяд:

“Вақте, ки мактаби миёнаро хатм намудем, ҳамсинфонам ҳуҷҷатҳояшонро барои хондан пешниҳод менамуданд. Падарам аз ман пурсон шуд, ки ту чи кор мекунӣ, чи шудан мехоҳӣ? Ман ки аз хурди машғули бозии футбол будаму меҳри варзишгар шудан дар қалбам ҷуш мезад, як ҳадаф доштам то дар майдони сабз ҳунарнамоӣ кунам. Ба падарам футболбоз шудан мехоҳам   гуфтаму ӯ маро бо худ ба Русия бурд”.

Дар мамлакати дигар, дар давлати бузург навраси 18 сола барои ҷомаи амал пушидани орзу роҳ ба сӯи олами футбол гирифт ва қадамашро ба майдони сабзи бошгоҳи “Одинсова” гузошт.

Талош

Дар “Одинсова” се моҳ тамрин гирифта, пасон барои ӯ вақте расид, ки бояд худашро нишон медоду диққати мураббиёнро ба худ ҷалб мекард. Ҳар чанде, ки андоми хурд дошту ҳамдастаҳояш бузургу тавоно буданд. Ӯ ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, бо нишон додани ҳунару малакаи худ, қалби роҳбариятро ба даст оварда, дар бошгоҳи “Одинсова” роҳ ёфту 5- соли умри худро барои дифоъ ва шарафи ин даста сарф намуд. Вақте, ки дар ин даста бози мекард, соли 2013 сазовори ҷоизаи махсус барои бозингари беҳтарин гашт. Дар байни ин панҷ сол ба давлатҳои Фаронса, Олмон ва Украина сафар намуда, дар онҷо тарзи бозии бозингарони касбиро омӯхт. Пасон, ба “Одинсова” баргашта, як сол ҳунарнамоӣ намуд, ки тақдир ба ӯ зарбаи сахте расонд, яъне бахт ба рӯяш омад накарду ин нобаробари сабаби баргаштан ба ватан гашт.

“Дар рафти бозӣ ҷароҳати хело вазнин бардоштам. Намедонистам чи кор кунам. Ба ман дӯстону мураббиҳо тавсияи медодаанд, ки аз футбол дур нашаваму мураббӣ шавам. Ба ватан омадаму соли 2015 барои дарёфти “Гувоҳинома”-и мурабигӣ ба шаҳри Қайроқум рафтам ва хушбахтона, имтиҳонро хуб супорида, соҳиби “Гувоҳинома” гаштам. Шукри Худованд, ҳоло ҳам бозӣ мекунаму ҳам тамрин медиҳам”.

Соли 2019 дар дастаи “Саразм” собиқ “Зарафшон” ба ҳайси ёвари мураббӣ қадам ниҳода, ҳам дар майдон ҳунарнамоӣ мекунаду ҳам ба ҳамдастагонаш тамрин медиҳад. Яке аз шахсҳое, ки ӯро тарбия намудаасту ба ӯ дар вақташ умед дошту Камолиддинро дар сини 15 солагияш ба ҳайати асосии дастаи “Зарафшон” роҳ дод, ин шахс Баҳронов Ҷамшед мебошад ва ҳоло устодаш мураббии “Саразм” асту онҳо якҷой ин бошгоҳро тамрин медиҳанду ҳимоя мекунанд.

-Мо ҳама ҷавонон метавонем коре кунем. Асос бояд рӯҳияи худро нашикастану аҳл шуда, корҳои бузург кардан аст ва номи футболи тоҷикро баланд бардоштан вазифаи мост.

Руҳияи созанда аз хурдӣ

Қаҳрамони мо Камолиддин сабки бозии худро дораду аз рӯи он амал мекунад. Дар ҳар як бозӣ хоҳ оди бошад, хоҳ муҳим ҳамеша барояш бозии асоси асту тамоми неруяшро сарф мекунад, мехоҳад дастааш ҳамеша пешсаф бошаду мувафақ. Сабаби ба футбол рӯ оварданаш ҳам меҳри футболу ҳам мухлис ба ин навъи варзиш аст. Андрей Шефченко яке аз бозингари беҳтарини ФИФА ва тими мунтахаби Украина, ки сазовори “Туби тилоӣ” аст, ба қаҳрамони мо руҳия медодаасту меҳри варзишгар шуданро дар қалбаш пурҷуштар менамуда. Ҳар голи задаи Шефченко Камолиддинро девонаву шигифтаи худ мекарду Камолиддин бозиҳои Шефченкоро аз хурди тамошо намуда, мухлисаш буд. Вақт собит сохт, ки қаҳрамони мо метавонад бозингар шаваду дар зиндагӣ бо ононе аз наздик во хурад, ки ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард. Ӯ ба ҷуз футбол мехоҳад ҳунари кандакориро омӯзад, вале футбол барояш ягона будаасту мемондааст. Камолиддин дар он назараст, ки “Футбол бойю камбағал надорад. Ҳар яке метавонад ба футбол машғул шавад”.

Дар ҳақиқат оне ки пайроҳаашро дӯст медораду ба ҳадафаш содиқ аст, бозингари муввафақ мегардад.

Чи гунае, ки дар боло гуфтем аз хурди худро мураббӣ тасаввур мекард. Ӯ тавонист, ки он чизеро мехоҳаду мақсад дорад, амалӣ гардонад. Ҳоло сармураббӣ асту бо устоди худ кор мекунад ва устоди худро аз худ пеш медонаду ҳурмат мекунад. Аз соли 2019 ба бозии бузург роҳ ёфту пеш аз дастаи “Саразм” ба ҷавонони навраси Панҷакент тамрин медоду то ҳол медиҳад.

-Ман аз хурди худро мураббӣ тасаввур мекардам. Тавсияи мураббиёни “Одинсова” ва хостаҳоям маро ба самти мураббигӣ овард. Мураббӣ будан вазифаи бузург аст, мисли оилаест, ки фарзандонатро идора месозиву сарҷамъашон медорӣ ва ҳама барои як ҳадаф ба пеш мераванд”.

Кӯдакон барои Камолиддин ин ояндаи дирахшон ҳастанду номбардори миллатанд. Камолиддин кӯдакони зиёдро дар синну соли гуногун тамрин медиҳаду бозиҳо доир мекунанд. Бинобар доштани таҷрибаву малакаи ҳам бозингарӣ ва ҳам мураббигӣ бо шогирдонаш дар мусобиқаҳои гуногун иштирок намудаасту сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст.

Ҳадафи ояндасоз

Ҳадафи асосиашон ин роҳхат гирифтан ба Лигаи якуми кишвар аст ва умедворанд, ки рӯзе роҳхат мегиранд.

-Мақсади аввалиндараҷа вазъияти дастаро хуб сохтану роҳхат гирифтан ба Лигаи якум аст. Мо умед дорем, ҳадаф дорем ва барои ин ҳадаф то охир мубориза мебарем. Солҳои қабл хело танқиси мекашидем аз набудани футболбозон ё аз ҷиҳати молиявӣ. Имсол кӯшиш дорем ин мушкилиҳои бударо бартараф кунему ба даста бозингарони бомаҳоратро даъват созем.

Мо кӯшиш мекунем ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, мубориза барем, сол аз сол пешравиҳо ҳаст. Бозигароне, ки истеъдод доранду метавонанд талош кунанд, ба даста ҷалб кардем. Мо мехоҳем бозӣ намуда,  исбот намоем, ки дар Панҷакент ҳам футбол ҳасту дустдорони футбол низ .

Инчунин, кушиш дорад, ки бачаҳояш дар мусобиқаҳое, ки доир мешаванд ширкат намуда, сазовори ҷойи намоён гарданд. Худ мегӯяд, мақсади асосӣ бояд пеши худ гузошт ва ба он мақсад расидан ин нишонаи ҷуръату тавоноии ту аст. Пас, ҳар як инсоне, ки пайроҳаи интихоб намудаашро дӯст медораду қалбу руҳу ҷонашро мебахшад, шодмонтарин инсон дар рӯи дунё аст.

Шаҳзод Зафарҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь