Варзишгоҳи марказии ноҳия. Имрӯз дастаи футболбозони «Пахтакор» – и заводи пахтаи ноҳия ва тими футболбозони «Шараф» – и колхози «Машъал», ки ба финал баромадаанд, барои гирифтани ҷоми раиси ноҳия сабқат доранд. Мухлисони сершумор бо доду фарёд ва ҳаёҳую ҳуштаккашӣ оғози набардро бетоқатона интизоранд.
Бозингарони ҳар ду даста пас аз иҷрои расмияти кушодашавии мусобиқа дар қисми майдони худ гирд омадаанд.
– Бародарон! – ба аъзои даста рӯй овард Зафар. – Мо бояд ҳатман ғалаба ба даст оварем. Футболбозони дастаи «Пахтакор» тайи чанд сол аст, ки шаҳди ғалабаро мечашанд ва аз ин ҳолат хеле мағрур шуда, ҳушёриро аз даст додаанд. Моро ҳамчун ҳарифи пурқувват ба ҳисоб намегиранд. Ана ҳамин аст бурдамон. Имрӯз мо бояд ба онҳо ва мухлисон бозии ҳақиқии худро нишон диҳем ва исбот кунем, ки осонакак ба финал набаромадаем. Мо барои дастаи «Пахтакор» бояд чормағзи ношикаста бошем. Барои ғалаба!
– Барои ғалаба! – ҳама бо як овоз таъқиди капитанро такрор карданд.
Бозӣ сар шуд. Дастаи ҳариф ба ҳуҷум гузашт. Муҳофизатгари дастаи «Шараф» маҷбур шуд, ки тӯбро аз майдон берун бврорад. Довар бо дасташ ишораи зарбаи кунҷӣ таъин кард. Капитани даста тӯбро ба майдончаи ҷаримавӣ партофт. Ҳангоми часпу талош тӯб ба дасти муҳофизатгар расид. Довар тӯби ҷаримавии ёздаҳметра таъин кард. Бозингари рақами 10 тӯбро бе хато бо зарбаи сахт ба дарвозаи дастаи «Шараф» ворид намуд. Ҳисоб кушода шуд.1: 0.
– Дӯстон! Худатонро ба даст гиред. Ҳоло дар ихтиёрамон 80 дақиқа вақт ҳаст. Ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед. Ба пеш! Рафтем!
То охири бозӣ 10 дақиқа вақт монда буд. Футболбозони дастаи ҳариф гӯё ғалаба аллакай насибашон гашта бошад бозиро кашол дода, бепарвоёна тӯбро ба ҳамдигар мепартофтанд. Дар яке аз чунин лаҳзаҳо ҳангоме, ки муҳофизатгар тӯбро ба дарвозабон партофт Зафар чолокона ба тӯб соҳиб шуда, онро ба нишон расонд. Ҳисоб баробар шуд. 1:1.
Чунин ранг гирифтани бозиро дастаи ҳариф интизор набуд. Онҳо якбора ба ҳуҷум гузаштанд. Бозингарони дастаи «Шараф» аҳлона ва баробар ба муҳофизат гузашта, зарбаҳои пай дар пайи ҳарифро хунсардона мегардонданд. То охири сабқат ҳамагӣ 1 дақиқа монда буд. Тамошобинон ва довар боварӣ доштанд, ки барои ғалабаи дастаҳо вақти иловагӣ лозим мешавад.
Дарвозабони дастаи «Шараф» тӯби аз масофаи дур задаи бозингари ҳарифро дошта, бо тамоми қувва ба сӯйи ҳуҷумкунандаи дасти рост Сафар ҳаво дод. Сафар дар навбати худ ду муҳофизатгарро фиреб дода, тӯбро ба сӯи майдончаи ҷаримавӣ партофт. Зафар дар иҳотаи се муҳофизатгар ва дарвозабон чун Криштиан Роналду баланд парида, бо сараш тӯбро ба дарвоза равон кард. Довар бо даст маркази майдонро нишон дод, ки маънои ҳисоб кардани гол буд.
Зафар ду даст ба ду тараф ёзонда шоду хандон ба сӯйи Сафар давид. Ӯ бошад баланд парида, бо ду даст болои китфи капитан савор шуд. Бозингарони дигар низ расида, худро болои ҳар ду қаҳрамон партофтанд. Зафар аз гаронии вазни дӯстонаш болои сабза афтид. Бозингарон бо ҳар тарз шодиву хурсандии худро баён мекарданд.
Довар бозингаронро ба маркази майдон даъват намуд. Футболбозон яке аз паси дигар аз болои Зафар хеста, ба тарафи маркази майдон равон шуданд. Зафар аз ҷой намеҷунбид. Довар оҳиста даст ба китфаш гузошт.
– Ба ғалаба туро табрик мегӯям. Хезед, Мессии тоҷик! Ҳама маътали супоридани кубок.
Аз Зафар на овоз мебаромаду на ҳаракате…
– Ташхис чиро нишо дод? – бо ҳамин савол прокурор ба пешвози муфаттиш Салохов қомат бардошт.
– Бо сӯзандору ба китфи чапи бозингар маҳлули сахттаъсири калий гузаронидаанд,- муфаттиш болои курсӣ нишаст.
– Ин аҷиб – ку, – прокурор ҳайрати худро пинҳон карда натавонист. – Пас маълум мешавад, ки кадоме аз бозингарон нисбати мақтул хусумат доштааст. Ва он оқи падар аз куҷо маҳлули калий ёфта, онро чи тавр истифода бурдааст?
– Сари ҳамин муаммо тахмину гумонҳо партофта истодаам, – муфаттиш варақҳоро боз як бори дигар чапаву роста карда, гӯё бо ин амалаш аз байни онҳо гиреҳи кушодани муамморо меёфта бошад. Пас вазни худро ба тахтапушти курсӣ партофта илова кард. – Аз рӯйи маълумоти Вазорати тандурустӣ то имрӯз ҳеҷ як дорухона ба мизоҷон маҳлули калий нафурӯхтааст.
– Маҳлули калийро кадом заводҳои кимиёвӣ истеҳсол мекунанд? – прокурор чунин савол партофт ва худаш боварӣ надошт, ки маҳз ошкор намудани макони истеҳсоли дору сарриштаи кушодани ҷиноят ба шумор меравад.
– Чунин маҳлулро заводҳои шаҳрҳои Қазон, Перм ва Омск истеҳсол мекунанд, – Салохов аз ҷой қомат бардошт. – Яке аз гумонбарон дар шаҳри Қазон, дар заводи истеҳсоли доруворӣ хизмати ҳарбиро ба иҷро расонида будааст…
Аз фурӯдгоҳ Салохов роҳи заводро пеш гирифт. Баъди пурсу посу ҷусту ҷӯю даву тоз ва сарсонию саргардонӣ Равил – мудири сехи истеҳсолӣ аз байни гумонбарон расми Сафарро шинохт.
– Ҳамин аскарбача вазифаи посбониро дар назди дарвозаи завод иҷро мекард. Камгап, дарундор ва одамгурез буд. Ба назар чунин мерасид, ки сирру асроре ӯро доимо азият медиҳад. Ӯ каме бо ман унс гирифта буд. Баъзан ҳамчун меҳмон ба хонаи ман меомад. Ҳатто як бор бо ҳам якҷоя сурат гирифтем. Се моҳ пеш барқия фиристода хоҳиш намуд, ки илоҷе карда як шишача маҳлули калий фиристам. Барои давои кадом беморе лозим шуда будааст. Мана ҳамон барқия…
Салохов ба ҷойи кораш баргашт. Дар ҷомадонаш варақаи барқия ва сурати якҷояи шоҳиду гумонбар чун ганҷи қиматбаҳое ҷой гиифта буд.
Муфаттиш аз сандуқи оҳанин парвандаи ҷиноятиро бароварда, бо тамкин ба варақ задан даромад. Шоҳиде чунин баёнот дода буд.
– Вақте ки Сафар ба мо назик шуд Зафар ҳайрон ба ӯ савол дод, ки чаро чун Карим Бензема дасти чапатро докапеч кардӣ?
– Дирӯз ҳангоми алафдаравӣ бо дос ба ангушти ишоратиам ҷароҳат расондам. Каме дору молида, докапеч кардам.
– Ба ҳар ҳол эҳтиёт шав, – дилсӯзӣ кард Зафар. – Агар розӣ шавӣ ба ҷоят Ашӯрро иваз кунам.
– Не, не, – таклифи капитанро рад намуд Сафар.- Холати саломатиам хуб аст…
Салохов варақзаниашро давом дод. Диловар дар баёноташ қайд карда буд:
– Аз ҳама охир ба ҳуҷраи либосивазкунӣ Сафар даромад. Мо бо сари хаму дили пурғам менишастем. Бобо хомӯшии риқатоварро халалдор карда аз Сафар пурсид:
– Дар дастат латтаи докапечро намебинам?
– Ман онро аз алам кушода партофтам, – рӯй турш кард Сафар ва маълум буд, ки ин савол ба табъаш нафорид….
Пас аз қадре фикру хаёл Салохов ба ҷойи ҳодиса омад. Ба роҳи бозгашти футболбозон ҷониби ҳуҷраи либосивазкунӣ ба қадамзанӣ даромад. Ҳуҷраҳо чунин ҷойгир буданд: аввал ҳоҷатхона, баъд ҳаммом ва дар охир ҳуҷраи либосивазкунӣ.
– Ист! – ба худаш фармон дод муфатиш ва ин роҳро боз як бори дигар тай намуд…
Нисфи шаб коргарон сару рӯйро бо латтаву рӯймол баста, ба тоза кардани ҳоҷатхона сар карданд. Баъди ним соат коргаре бо бел латтапораро баровард. Хурсандии Салохов ҳадду канор надошт. Далели бевоситаи шайъӣ дар дасташ буд…
Сафар бо ғурур, бо савлатона қадам ба ҳуҷраи муфаттиш гузошт ва ба курсии нишондодаи Салохов нишаст. Бар хилофи талаботи қонуни мурофиавӣ муфаттиш рафти амалиёти содиршавии ҷинояти Сафарро ба тафсил ҳикоя карда, дар охир саволи асосиро дод:
– Акнун ба тафтишот сабаби ба чунин ҷинояти мудҳиш даст заданатонро шарҳдиҳед?
Сафар гумон надошт ва тахмин ҳам намекард, ки ин муфаттиши калонсоли касалманд рафти ҷинояти содиркардаашро бо ин қадар осонӣ ва дар муҳлати кутоҳ кушода метавонад. Сар ба зер гирифта, хеле хомӯш нишаст. Дар утоқи корӣ фақат нафаскашии бошиддати гумонбар ба гӯш мерасиду халос. Салохов ба тағйирёбии ҳолати руҳии гумонбар бо диққат менигарист.
– Ману Зафар Гулнозро дӯст медоштем. Мо дар синфи даҳум мехондему паризод дар синфи ҳаштум. Духтари мавзунқомати паричеҳра, бо синаҳои бардамидаву лаби пурханда ва овози ҷарангосии худ ҳар дуи моромафтуну волаву шайдо гардонда буд. Дар ин рақобати ниҳонӣ бартарӣ дар ҷониби Зафар буд. Зеро ки онҳо ҳамсояи дар ба девор буданд ва ҳар пагоҳӣ хандаву ҷилвакунон ба мактаб мерафтанд ва пас аз машғулият якҷоя ба хона бармегаштанд.
Ҳамаи ин рашку ҳасад ва аламу ҳасрати маро меовард. Оташи ғазаби дар қалбам ҷӯшидаро намедонистам, ки чӣ тавр хомӯш кунам. Азбаски ман аз Зафар як сол калон будам пас аз хатми мактаб маро дарҳол ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намуданд. Зафар ба донишгоҳ дохил шуда натавониста, ба деҳа баргашт. Чунин ранг гирифтани кор хоси дили духтар буд. Зафар ба кори колхоз гузашта, дастаи футболбозонро ташкил дод.
Ду соли хизмат чӣ хел гузашт худам медонаму Худои болои сарам. Дар ин муддат Гулноз мактабро хатм карда, ба як нозанини ба ними дунё меарзидагӣ табдил ёфт. Ман чун пештара заҳри рашк менӯшидам, дар оташи ишқи ноком месӯхтам. Боре ҷуръат карда, сари роҳи духтарро баста, орзуи дили афгорамро бо овози ларзон баён кардам.
– Ман, ту он тараф истӣ, барои Зафар шуда, аз ними боигарии давлат даст мекашам, – чунин буд ҷавоби дилбари ситамгар…
– Давомашро ҳикоя накунед ҳам мешавад, – Салохов сухани гумонбарро бурид. – Асрори марги футболбоз ба тафтишот маълум гашт. Ман шуморо ба сифати айбдоршаванда ба ҳабс мегирам, – муфаттиш протоколи пурсишро ба назди гумонбар барои имзо гузоштан тела дод.
– Ба ман ҳукми парон таҳдид мекунад? – протоколро ба дасти ларзон имзо карда, бо оози гирифта пурсид Сафар.
– Парондан, – Салохов бо қароҳат ба айбдоршаванда нигарист, – ин ҷазои як лаҳзаинаи ҳукм мебошад. Суд ба туи ҷинояткори аашаддӣ ҳукми абад медиҳад, то ки то лаҳзаи охирини умр барои маҳв кардани ишқи поки ду дилдода, ки якеро аз орзую умедаш маҳрум карда, дигареро дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ намудед, азоби виҷдон кашед.
Зариф ҒУЛОМ