Маъмулан асрори хонаводагии шахсиятҳои таърихӣ бахши муҳими пажуҳиши сарнавишти онҳост. Аксари касоне, ки дар гузашта бо давлатсозиву инқилобгариҳо шуҳрат ёфтанд, сарнавиште доранд, ки печида ва баъди маргашон даҳҳову садҳои муамморо ба бор меоранд. Владимир Ленин-поягузори аввалин давлати коммунистӣ дар ҷаҳон низ дар ҳамин радиф аст. Таблиғоти шӯравӣ муддати 70 сол аз Ленин муқаддасоте сохт, ки як калимаи манфӣ бар зиддаш ҷиноят дониста мешуд. Аз назари коммунистон Ленин фариштае буд ба сурати одамӣ. Ҳатто хешовандони вай низ дар ҳамин зумра буданд, яъне шахсони муқаддасу мукаррам.

 

Аслу насаб

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар гуна ҷусторҳо дар мавриди решаҳои миллии Владимир Илйич манъ буд. Албатта, дар аввали солҳои бистуми асри XX ифшои ин гуна маълумотҳо чандон сиррӣ ҳам набуданд ва ҷомеа аслан эътиборе ҳам намедод. Вале баъдтар вазъ дигар шуд. Вақте дар кишвар шовинизми русӣ боло гирифт (ҳамон зуҳуроте, ки Ленин зидди он мубориза мебурд) ва як бахши идеологияи давлати шӯроҳо гашт, пас ҳар гуна ишораҳо ба ғайрирус будани Ленин баробар ба ҳамла ба сохтор ё идеологияи шӯравӣ дониста мешуд. То охири даҳаи 80-и асри гузашта интишори ин гуна маълумот комилан манъ буд. Аммо ҳоло баъзе нукотро метавон гуфт, чун на Ленин мондаву на давлати сохтаи ӯ. 

Падари Ленин Иля Улянов аз оилаи омехта буд. Падараш, яъне бобои Ленин Николай Василевич Улянин рус буд ва дар Арзамас кори деҳқонӣ мекард. Модаркалони Ленин аз тарафи падараш Анна Алексеевна Смирнова аз оилаи қалмиқҳои масеҳишуда буд. Бори аввал падари Ленин насаби худро ба ҷойи Улянин Улянов навишта буд. 

Бобои Ленин аз тарафи модараш Исроил Моисеевич Бланк ном дошт ва дар губернияи Волинской мезист. Исроил Бланк ба масеҳият гаравид ва баъди он Александр Дмитриевич номида шуд. Баъди дарёфти маълумоти тиббӣ ба хидмати давлатӣ пазируфта шуд. Вай бо он шуҳрат ёфт, ки ба император Николайи I лоиҳаи ҷазби яҳудиён ба Империяи Русияро супурд. Баъдан Бланк бо Анна Гроссшопф, ки аз хонаводаи олмониву шведӣ ба дунё омада буд, издивоҷ кард. Вай то мансабе хизмат кард, ки метавонист дворянин бошад ва баъдан ба истеъфо рафт ва дар Кокушкин маскан гузид. 

Ҳамин тариқ, падари Ленин Иля Николаевич Улянов бо дворяниндухтаре ҳамхона шуд, ки Мария Александровна Бланк номида мешуд ва баъдан аз роҳи хизмат дворянини ирсӣ шуд. Вақте Володя ҳафтсола буд, падараш соҳиби рутбаи ғайриҳарбӣ шуд ва одамони одӣ ба вай “алоҳазрат” гӯён муроҷиат мекарданд. 

Дар тарҷумаи ҳоли хонаводаи Уляновҳо гоҳу ногоҳ ба баъзе ишораҳое ҳам кас дучор меояд, ки то ҷойе ҷолиб аст. Аз ҷумла мегӯянд, ки Яков Яров ном шахсе, ки соли 1736 барои ҷодугарӣ дар Симбирск бо қарори додгоҳ зинда ба зинда сӯзонда шуда буд, аз гузаштагони дури Ленин буд. Вале ин гуфта ва ин ишора ягон шаҳодати мантиқӣ надорад ва исбот нашудааст. 

 

Модари ҷафокашида

Инак, чуноне дида мешавад, хонаводаи Ленин бо шоҳ Александри якум ҳеч мушкил надоштанд, балки аз ҷонибдорони вай буданд. Онҳо ватани худро низ дӯст медоштанд ва дар гузашта, то Ленин ҳеч мушкиле миёни давлат ва ин хонавода вуҷуд надоштааст. Ин буд, ки хабари чун як террорист ширкат кардани писарбурги вай Александр дар сӯиқасд ба ҷони Александри III ва ба қатл маҳкум шудани вай барои Мария-модари ин хонадон басо як хабари даҳшатнок буд. Ин замоне буд, ки Иля дар қайди ҳаёт набуд ва ҳама бори надомату маломат ва ҷигархун шудан аз марги писар ба шонаҳои Мария Улянова уфтод.

Мария Александровна на танҳо худаш ба номи Александри III нома навишт ва хостори авфи писараш шуд, балки маҷбур намуд, ки писари интизори маргаш низ ин гуна номаи пушаймонӣ ва дархости авф нависад. Ин факт дар замони шӯравӣ пӯшида буд ва касе аз он огоҳӣ надошт, чун сензураи шӯравӣ ифшои ҳар хабару иттилои бадномкунандани гузаштагони Ленинро манъ карда буд. Оё сарнавишти Русия агар шоҳ ҳукми қатлро ба бадарға иваз мекард, дигаргун мешуд? Посухи ин суол осон ҳам нест. 

Аммо империяи Русия баъди ин ҳам хешовандони душманони давлатиро таъқиб накард, аммо баъдҳо Ленин инро заъфи ҳокимияти рус номида буд. Вале бо вуҷуди ин ба оилаи уляновҳо сояи бегонагии ҷомеа афтод. Вале ин ҳам ба Ленин дарҳои дохил шудан ба Донишгоҳи Қазонро набаст. Касе ба ин монеъ нашуд, албатта ҳанӯз аз соли аввали таҳсил барои ширкаташ дар беназмиҳои донишҷӯён аз донишгоҳ ихроҷ шуда буд. Таблиғоти шӯравӣ баъдан эълон карда буд, ки ин беназмиҳоро Ленин сарварӣ мекард, ҳарчанд ҳақиқат ин набуд. Вай дар сафи ширкаткунандагони умумӣ буд. Вале чун бародари террористи қатлшуда маҳсуб мешуд, аз донишгоҳ бе ҳақи барқарор шудан ихроҷ гардид.  

Ва боз ҳам модари шӯрбахт ба изтироб омад, модаре, ки нав баъди қатли фарзандаш ба худ меомад, зарбаи дигар аз зиндагӣ хӯрд. Вай бархост ва ба Петербург рафт ва дари чандин идораҳоро куфт ва шиносҳои шавҳарашро пайдо кард, ки ба поси хотири Иля ҳама корро анҷом доданд, ки Ленин имтиҳонҳоро барои дарёфти димломи донишгоҳ супорад. 

 

Мусибатҳои баъдӣ

Омодагиҳо ба инқилоб ба сари хонаводаи Ленин мусибатҳои зиёд овард. Вай 25-сол дошт, ки ба инқилоб омодагӣ дид ва ҳар сол як мусибату як бадбахтие ба сари ин оила меовард. Бахусус, хоҳари калонии вай Анна кулфати бештар дид, чун вай миёнарави асосӣ ба корфармо Петр Струве буд, ки маҷаллаи марксистиро бо сотсиал-демократҳои хориҷӣ нашр мекард. Ва боз ба бародараш бо мадади шавҳараш Марк Елизаров асноди қалбакӣ омода менамуд. «Ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, ки дар хотироташ дар бораи бародарбузургаш ҷо-ҷо оҳанги озору гила ба мушоҳида мерасад”,- навиштааст тарҷумаиҳолнависи инглиси Ленин Адам Улам. Вай менависад, ки Ленин ҳатто вақте бо амалҳояш ба наздиконаш зарар мерасонд ва онҳо азият мекашиданд, изҳори пушаймонӣ ҳам намекард.  

 

Оё Ленин барои занон мавриди таваҷҷуҳ буд?

Улам, муаллифи зиндагиномаи муфассали Ленин дар бораи ҳаёти шаҳвонии Улянов Ленин фарзияҳоеро баён кардааст, ки ҳарзаҳое дар ниҳод дорад. Дар замони шӯравӣ оид ба никоҳи калисоии Ленин ва Крупская ибрози назар кардан номумкин буд. Дар ҳоле, ки чун издивоҷи онҳо қонунӣ буд, наметавонист берун аз калисо сурат бигирад. Маъмулан инқилобгарон ба издивоҷи муштараки берун аз қайди қонун қаноат мекарданд. Дар мавриди Ленин ҳолати дигар пеш омад: Уляновро ба Сибир бадарға карданд, аммо Крупскаяро ба Уфа. Надежда нома навишт ва хоҳиш кард, ки муҳлати бадарғаи худро якҷо бо Ленин дар Сибир гузаронад. Аммо пулис посух дод: танҳо дар сурати никоҳи расмӣ ин хоҳиш иҷрошуданист. Ин ҷо кормандони пулис, маъмурони низому тартибот дар бораи ҷанбаҳои ахлоқии инқилобчиён низ андешиданд. Дигар илоҷе надоштанд ва расми ақду никоҳ баргузор шуд.  

«Дар симои Надежда Крупская Ленин ҳамсари иделаиро пайдо карда буд. Вай ҳамфикри Ленин буд, андешаҳояшро меписандид ва ҳамзамон котибаи беҳтарин буд… Никоҳ нишотовару хурсандибахш буд ва номаҳои Ленин ба ҳамсараш ҳамеша гарму нарм ва саропо шафқату меҳрубонӣ буданд”,- менависад Улам. 

Дар бораи иртиботҳои Ленин бо Инесса Арманд ҳам зиёд гуфтаву навиштаанд ва ин иртибот соли 1909 дар Париж ба вуқуъ пайвастааст. Аммо дар бораи робитаи доҳӣ бо Инесса шаҳодати боваркарданӣ вуҷуд надорад, ҳарчанд мулоқотҳои кӯтоҳе бо ҳам доштанашон эҳтимол дорад.  

Ҳар касе мегӯяд Ленин пайваста “чап мерафт”, яъне хиёнат мекард ба ҳамсараш, ин нуктаро нодида мегирад, ки муносибати оилавӣ, никоҳ дар миёни инқилобчиёни касбӣ комилан дигаргуна буд. «Меъёрҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии зиёиёни инқилобӣ дар ин гуна ҳолатҳо расман гусастани иртиботҳоро талаб мекард,-менависад муҳаққиқи сарнавишти Ленин. – Дар ин ҳол Надежда Констатиновна мисли пештара ба номаҳои ҳизбӣ саргардон мешуд ва Ленин бо Инесса зиндагӣ ихтиёр мекард”. 

Ва боз: Вақте мегӯянд, ки Надежда Крупскаяи бемор ва нозебо барои Иличи саропо нерӯву тавон ҷолиб набуд, ба ин суол посух намеҷӯянд, ки оё худи Ленин маҳз ба ҳамин маъно барои Инесса Арманд ҷолиб буд? 

 

Чанд нуктаи дигар дар бораи ҳаёти шаҳвонии доҳӣ

Ҳамчуноне ишора рафт, Инесса Арманд чун маъшуқаи Ленин муаррифӣ мешавад ва муаллифи китоби сарнавиштӣ дар бораи доҳӣ талош мекунад ин иддиоро то ҷойе рад кунад. Вале худи Инесса Арманд кӣ буд ва чаро атрофи муносибатҳои вай бо Ленин гӯмагуҳо зиёданд?

Инесса Фёдоровна Арманд – (фр. Élisabeth Pécheux d’Herbenville); тахаллуси адабиаш Елена Блонина. 26 апрели соли 1874 дар Париж ба дунё омада, 24 сентябри соли 1920 дар Налчик фавтидааст. Аз фаъолони инқилоб дар Русия дониста мешавад ва бештар чун маъшуқаи Ленин маъруфият дорад.  

Шавҳари аввалаш Александр Арманд, писари бозаргони сармоядор буд. Аз вай соҳиби чор фарзанд шуд: ду писару ду духтар. Баъди 9 соли ҳамхонагӣ Инесса ӯро тарк намуд ва бо бародари хурдии вай Владимир издивоҷ кард. Зери таъсири Владимир вай бо эсерҳои рус шинос шуд ва баъдан зери таъсири китоби Ленин “Рушди капиталзм дар Русия” ба ҳизби болшевикон пайваст. 

Чуноне болотар ҳам овардем, дар бораи ӯ гуфтугуҳо хеле зиёданд, бахусус дар мавриди иртиботаш бо Ленин. Аммо далелҳое дар бораи маъруфияти вай ва эҳтироми доҳӣ ба ӯ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, соли 1918 Ленин Армандро чун намояндаи Салиби Сурх ба Франсия фиристод, то ҳазорон сарбози русро аз он кишвар хориҷ кунад. Аммо ҳукумати Франсия ба иттиҳоми амалҳои тахрибкорона Армандро боздошт намуд. Ленин таҳдид кард, ки агар Инесса озод нашавад, ҳама намояндагони дафтари франсавиҳо дар Маскавро мепарронад. Баъди ин вай озод шуд. Солҳои 1919-1920 Арманд шуъбаи занони КМ РКП (б) – ро сарварӣ кард.  Соли 1920 аз бемории вабо дар Налчик фавтид.  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь