Як гули мақсуд дар ин бӯстон,

Чида нашуд бе мадади дӯстон.

Саъдии Шерозӣ

Калиди дӯстӣ

Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон борҳо аз имтиҳонҳои гуногун гузашта, сарзамини хешро аз харобаҳо ба гулистону марказҳои тамаддун табдил додаанд, ки ҳоло Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Хеваю Ҳирот далели раднопазир аст.

Соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи наве боз шуд ва он бо хатти заррин сабт хоҳад ёфт. Ин муносибатҳои неку созанда бешак бо ному корнома, дурандешӣ ва ҷасорату матонати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо барои муошират ва рафту омади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, сайёҳату тиҷорат ва фарҳангӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Воқеан дар ин самт пеш аз ҳама аҳли зиё, яъне шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва ходимони фарҳанг ва матбуот фаъол ҳастанд.

Тантанаи дӯстӣ дар “Нурафшон”

Бо ташаббуси илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Самарқанд анҷумани бошукӯҳ зери шиори “То тавонӣ дӯстонро гум макун…” ба вуқӯъ пайваст, ки хеле дилнишину гуворо ва хотирнишон буд.

Меҳмонону мизбонон қабл аз оғози чорабинӣ дар қасри “Нурафшон”- и шаҳри Самарқанд асарҳои рассомони ҷавони вилоят ва аксбардори машҳур, узви иттифоқи рассомони Тоҷикистон Шӯҳрат Ёровро тамошо карданд. Дар ин асарҳо зебоиҳои табиати Тоҷикистон ва лаҳзаҳо аз ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки баёнгари дӯстии ду кишвар ҳастанд, инъикос гардидаанд.

Сипас анҷумани фарҳангӣ оғоз ёфт, ки муҳаррири рӯзномаи “Зарафшон” Фармон Тошев онро ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода дод.

-Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии муносибатҳои байни халқҳои тоҷику ӯзбек мебошанд, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд, – иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дар идома гуфт: – Дар садри дӯстии ду миллат алломаҳои Шарқ Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд.

– Воқеъан, дӯстию ҳамбастагӣ дар ҳар давр дар асоси байти машҳури устод Мирзо Турсунзода

 То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бедӯст будан мушкил аст,

Мушкилосон касонро гум макун…

миёни доираҳои илмию адабӣ, фарҳангӣ ва ғайра шиори асосӣ аст, – афзуд Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода, – ва ман боварӣ дорам, ҳамкориҳои мо дар ҳамаи бахшу самтҳо минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Муовини раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи адабиёт ҳарф зад ва баъд шоири ширинкалом Аскар Ҳаким достони “Офтоби хуншор”- и хешро бо эҳсосоти баланд қироат намуд.

Ҷонишини рӯзномаи “Овози тоҷик” Тоҷибой Икромов дар баромади худ таъкид намуд, ки Самарқанд гаҳвораи матбуоти тоҷик аст. Зеро соли 1924 дар ин шаҳри бостонӣ нахустин шумораи рӯзномаи “Овози тоҷик” нашр ёфта, ҳоло на танҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Тоҷикистон ва дигар кишварҳои тоҷиктабор маҳбубият дорад.

Сипас ҳунарпешагони самарқандӣ Асадулло Атоуллоев, Иноятулло, Озода Аҳмадова, Мардон Мавлонов ва дигарон бо сурудҳои дилошӯбу дилнишин таъби ҳозиронро болида сохтанд.

Гуфтугӯ аз дӯстӣ

Дар осорхонаи устод Садриддин Айнӣ мудири он Амриддин Пӯлодӣ ба меҳмонон доир ба таъмиру тармим ва афзоиши экспонатҳо маълумоти пурра дод.

Директори осорхонаи устод Садриддин Айнӣ дар назди академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амирхоҷа Абдураҳимов, директори муассисаи нашриявии “Адиб ” – и вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода ва як қатор шоирону нависандагон асарҳои тозанашри хешро ба китобхонаи осорхонаи мазкур тақдим намуданд.

Толибилмони мактаби миёнаи рақами 22-уми шаҳри Самарқанд шеъру ғазалҳои устод Садриддин Айниро қироат карда,байни меҳмонону мизбонон сӯҳбати самимӣ баргузор гашт.

Маркази фарҳанги тоҷикӣ

Дар донишгоҳи давлатии Самарқанд хонаи забон ва адабиёт ва маркази фарҳанги тоҷик низ тантанавӣ кушода шуд.

Ҷонишини ректори Донишгоҳи мазкур, профессор Аҳмадҷон Солеев ва декани факултаи филологии донишгоҳ Элтазаров меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуданд, ки риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо як қатор мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ривоҷу равнақ меёбад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки номзади илмҳои филологӣ Амина Шарофиддинова ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб ба фаъолият шурӯъ шудани ин Марказро фоли нек дониста, аз сиёсати дурандешона ва хайрандешиву ҳиммати баланди ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон арзи мамнунияту сипосгузорӣ кард ва ҳамзамон бастаҳои китобро аз маҳсули эҷодии хеш барои бойгониҳои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, шахсан ба сафир муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода, ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Ато Мирхоҷа, ба маркази навтаъсиси Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба Аҳмадҷон Солеев ва ба чанд нафари дигар тақдим намуд.

Ганҷи сухан

Дар толори факултаи биология бошад, нишасти 225-уми маҳфили адабии “Ганҷи сухан” баргузор шуд, ки шоирону нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз асарҳои худ қироат карданд.

Шоирон Абдулло Субҳон, Паймон, Хоҷа, Аскар Ҳаким, Асадулло Шукуров ва дигарон шеъру ғазалҳои худро ба ҳукми мухлисони каломи бадеъ ҳавола карда, ба ивазаш кафкубӣ мукофот гирифтанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, ш. Самарқанд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь