Чаро вазъи сиёсии яке аз амнтарин ва пешрафтатарин кишварҳои ИДМ, ки сатҳи зиндагии мардумаш дар муқоиса бо дигар кишварҳои пасошуравӣ хеле беҳтар аст, дар муддати чанд рӯз хеле ноором шуд ва ба хушунату хунрезӣ печид? Коршиносон тӯли чанд рӯзи ахир сари ин чиз баҳс мекунанд, ки оё ҳамоишҳои эътирозие, ки дар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Қазоқистон ба вуқуъ пайваст, худҷӯш (стихиявӣ) буд ва ё ба таври сунъӣ тарҳрезишуда?
Қазоқистон аз ягона кишварҳои минтақа маҳсуб мешавад, ки арзиши маводи сӯхт пасттарин буда, маоши миёнаи мардум 500 евроро ташкил медиҳад, ки тақрибан баробар ба 6,399 сомонӣ аст. Яке аз бузургтарин интиқолдиҳандаи маводи ғизоӣ, бавижа гандум ва нафт маҳсуб мешавад, ки ҳамасола ба буҷаи кишвар миллиардҳо долларро ворид месозад.
Пас чаро ин эътирозҳо на дар ягон кишвари дигари минтақа, балки маҳз дар Қазоқистон сар зад? Ин ҳодиса кори дасти кӣ буд?
Тасмим гирифтем дар маҳдудаи ин матлаб назари баъзе коршиносони ҳирфаӣ ва андешаҳои худро, ки дар натиҷаи таҳлили ҳаводиси чанд рӯзи ахир дар минтақа сурат гирифтанд, баён созем.
Пӯшида нест, ки сиёсати хориҷии Қазоқистон солҳои охир ду қутби комилан мухолифро ташкил мекард. Аз як тараф сард накардани муносибат бо яке аз бузургтарин кишварҳои ҷаҳон-Русия, ки дар ҳамсоягӣ қарор дошт ва ҷониби дигар роҳандозии муносибатҳои густурда бо олами Ғарб ва кишварҳои турку араб, ки аз сармоягузорони асосии иқтисодиёти ин кишвар маҳсуб мешуданд. Мутаассифона, кӯшиши дар «ду курсӣ нишастан»-и собиқ Президенти Украина Янукович, ки оқибати фоҷеабор дошт, барои Назарбоев дарс нашуд ва ӯ низ саргарми ин бозии хатарнок шуд.
Сиёсатшиноси рус, профессор Панарин Игор дар як суҳбати худ иллати асосии воқеаҳои рӯзҳои ахир дар Қазоқистонро ҳамин бозиҳои Назарбоевро омили асосии сар задани ҳамоишҳои хушунатомез дар ин кишвар медонад.
Соли 2008 Ҷонатан Пауэлл мушовири собиқ Сарвазири Британияи Кабир Тони Блэр бо яке аз ёварони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултан Назарбоев мулоқот анҷом дод ва изҳор кард, ки «шеф»-и ӯ омода аст ба президент доир ба баъзе масъалаҳои хусусияти калидидошта (стратегӣ) машварат диҳад. Ҳамин гуна, ибтидо аз соли 2009 қарор шуд, ки ҳар се-шаш моҳ як мулоқоти машваратӣ гузаронида шавад. Дар ин мулоқот, гӯё масъалаи таҳия ва татбиқи барномаи густурдаи мудернкунонии иқтисоди Қазоқистон мавриди баҳс қарор мегирифт.
Бар асоси гузориши Daily Mail Назарбоев барои «хизматҳо» ба ширкати мушовири худ Тони Блэр «Tony Blair Associates» 29,1 млн. доллар маблағ интиқол додааст. Дар ин ҳамкориҳо Ҷонатан Пауэл, дипломати варзида, собиқ сардори маъмурияти Блэр нақши калидӣ дошт. Ҷонатан Пауэл яке аз мухолифони сарсахти WikiLeaks, ки фошгӯиҳои ин пойгоҳи хабариро бо вуҷуди дуруст буданашон интиқод мекард ва онро бар зарари муносибатҳои дипломатии ҷаҳон меҳисобид. Ӯ яке аз шахсиятҳои шинохтае буд, ки исрор мекард то ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Ал-Қоида ва Толибон мушкилоти мавҷударо бо роҳи гуфтушунид ҳал кунад. Ин гурги борондида ҳамроҳи «шеф»-и худ Тони Блэр ба ҳайси мушовир, пешвои инқилоби Либия Муаммар Қаззофиро ба коми бало афканд ва яқин дар Қазоқистон низ ҳамин ҳадафҳоро пайгирӣ мекард.
Пӯшида нест, ки дар натиҷаи «машваратҳо»-и ин ду нафар даҳсолаи охир Қазоқистон дар раддабандии кишварҳои демократӣ чанд зина поён рафт.
Дар ҳамин марҳила, давоми даҳ соли ахир мураббиёни (инструктор) низомии кишварҳои хориҷӣ, ки дар баргузор кардани инқилобҳои ранга таҷриба доштанд, ба Қазоқистон аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ ворид шуданд. Гумон меравад, ки дар байни онҳо бозмондаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ низ буданд, ки дар моҷарои шаҳри Алма-Ато ва дигар вилоятҳои ҷануби Қазоқистон ширкат доштанд ва то ҳанӯз муқовимат нишон медиҳанд…
Боз сари ҳамон савол бармегардем, ки чаро ин эътирозҳо дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна неву маҳз дар Қазоқистон сар заданд? Дар ин ҳол, ду омил метавонад сабаби асосӣ бошад: Нахуст ин, ки дар ҳоли тасарруф шудани Қазоқистон аз ҷониби неруҳои радикалӣ, робитаи байни кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия комилан қатъ мегардид. Дар ҳоли таҳдиди Толибон ва ё дигар созмонҳои террористӣ ба минтақа, Русия аз имкони расонидани кумакҳои ҳарбӣ ба он дасткӯтоҳ мешавад. Ин имкон фароҳам меорад, ки бозигарони дигар, мисли кишварҳои Ғарб, Туркия ва ё кишварҳои Араб пуружаҳои худро дар ин минтақа бидуни душворӣ амалӣ кунанд.
Аз тарафи дигар, ворид шудан ба баҳри Хазар, ки панҷ кишвари ҷаҳон ба шумули Русия, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон дар соҳилҳои он ҳамсарҳаданд, орзуи деринаи паймонаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аст, ки барои амалӣ шудани ин ҳадаф миллиардҳо доллар сарф намудааст. Дар ин ҳол, мавқеи низомии Русия хеле танг ва шикастани он осону содатар мешавад.
Шояд эътирози рӯзҳои аввал, ки дар баъзе минтақаҳои Қазоқистон алайҳи боло рафтани арзиши гази моеъ сар заданд худҷӯш, яъне як амри табиӣ буданд. Вале ба майдонҳо ворид шудани неруҳои озмуда ва даҳшатафкан, ки ба таври сунъӣ аз берун созмон ёфта буданд, тасодуфӣ набуд. Тактикаи ҷангҳои кӯчагӣ, ғасб ва тақсими силоҳи оташфишон, куштори одамон, ба коми оташ афкандани биноҳои маъмурӣ ва автомашинаҳо, ғорати мағозаву бонкҳо амалҳое буданд, ки дар кишварҳои араб, Украина, Белорусия таҷриба шудаанд. Фурӯхта шудани низомиёни баландрутба дар натиҷаи муомила (ҳамин усул имкон дод, ки Афғонистон бидуни муқовимати ҷиддӣ ба Толибон таслим шавад), дар баъзе қисматҳои Қазоқистон низ ба назар мерасид, ки дер ё зуд тафсилоти он ошкор хоҳад шуд.
Гумон ғолиб аст, ки ҳаводиси Сурия, Либия, Ироқ, Афғонистон ва Қазоқистон ҳалқаҳои як занҷир буданд. Вале мавқеи устувори Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомат Тоқаев ва ҳамрайъии фаврии кишварҳои узви СААД, имкон надод, ки ин нақшаи шум амалӣ шавад.
Бахтиёр ҲАМДАМ