Дар ин рӯзи офтобии баҳорӣ Озарбойҷон зодрӯзи пешвои бузурги миллати худ – Ҳайдар Алиевро ҷашн мегирад. Пайроҳаи ҳаёти ӯ – роҳи рушду тараққии Озарбойҷон мебошад. Таърих шахсиятҳоеро медонад, ки ҳаёт ва фаъолияти онҳо тақдири миллати худро муайян намудааст. Ҳайдар Алиев яке аз онҳо буд. 

Ҳайдар Алиев инсони бузург ва шахсияти таърихӣ буд. Шояд чунин одамон дар муддати сад сол як бор тавлид шаванд ва дар душвортарин лаҳзаҳо, маҳз дар вақти зарурӣ ба дунё оянд. Пешвоён ва қаҳрамононе, ки ҳаёти худро барои хизмати шоёни ҳалқу Ватан бахшидаанд, ҳаргиз аз ёди мардум нахоҳанд рафт. Ҳайдар Алиев дар тӯли ҳаёташ сарварии давлатро бар ӯҳда дошт, тақрибан ҳалли қариб ҳамаи мушкилоти ҷой дошта ва татбиқи ғояҳои тақдирсози кишвар бо номи ӯ алоқаманд буд. Дар душвортарин замон барои халқи худ ӯ сипари умед, пешвое гардид, ки онҳоро аз иштибоҳоту фоҷиаҳо наҷот дода, роҳи дурустро нишон дод.

Ҳайдар Алирза оглу Алиев 10 майи соли 1923 дар шаҳри Наҳҷувони Озарбойҷон таваллуд шудааст. Солҳои 1939-1940, пас аз хатми техникуми омӯзгории Наҳҷувон дар факултаи меъмории Донишкадаи саноатии Озарбойҷон таҳсил намудааст (акнун Донишгоҳи давлатии нафт ва саноати Озарбойҷон номида мешавад).

Ҳайдар Алиев аз соли 1941 дар вазифаи мудири шӯъбаи Комиссариати Халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Нахҷувон ва Шӯрои Комиссарони Халкии Ҷумҳурии Худмухтори Нахҷувон кор кард ва дар соли 1944 аз ҷониби Кумитаи ҳизбии вилояти Наҳҷувон барои фаъолияти минбаъда ба Ленинград (Ҳозира Санкт-Петербург) ба сохтори амнияти давлатӣ сафарбар шуда таҳсилоти олии махсус гирифт. Соли 1957 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Озарбойҷонро хатм кард.

Моҳи июли соли 1969 ба вазифаи котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Озарбойҷон интихоб шуд. Моҳи декабри соли 1982 ба ҳайси узви Бюрои Сиёсии КМ Ҳизби Коммунистии Иттифоки Шӯравӣ интихоб шуда, ба вазифаи ҷонишини якуми Раиси Совети Вазирони ИҶШС(СССР) таъин шуд ва яке аз роҳбарони ИҶШС гардид.

Ҳайдар Алиев бист сол вакили Шӯрои Олии ИҶШС ва панч сол ҷонишини Раиси Шӯрои Олии ИҶШС буд.

Моҳи октябри соли 1987 Ҳайдар Алиев эътирози худро аз сиёсати Бюрои Сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва худи Котиби генералӣ Михаил Горбачёв, аз мақомаш истеъфо дод.

Пас аз фоҷиаи хунине, ки аз тарафи артиши Шӯравӣ дар рӯзи 20 январи соли 1990 дар шаҳри Боку сурат гирифт, Ҳайдар Алиев дар намояндагии Озарбойҷон дар Маскав изҳорот дод ва тайи он муҷозоти  созмондиҳандагон ва омилони ин ҷиноят алайҳи мардуми Озарбойҷонро  талабид. Изҳороти ӯ на танҳо дар Озарбойҷон, балки дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ оғози давраи нави сиёсӣ буд.

Ҳайдар Алиев моҳи июли соли 1990 ба Озарбойҷон баргашта, аввал дар Боку ва баъдан дар Наҳҷувон зиндагӣ намуд. Ҳамон сол вакили Шӯрои Олии Озарбойҷон интихоб шуд. Дар анҷумани таъсиси Ҳизби Озарбойҷони Нав, ки соли 1992 дар шаҳри Наҳҷувон баргузор шуд, Ҳайдар Алиев раиси он интихоб шуд.

Моҳҳои май ва июни соли 1993 замоне, ки дар натиҷаи шадид шудани бӯҳрони ҳукуматӣ дар кишвар хатари ҷанги шаҳрвандӣ ва аз даст додани истиқлолият ба миён омад, мардуми Озарбойҷон талаб карданд, ки Ҳайдар Алиев сари қудрат ояд. Ӯ 15 июни соли 1993 ба унвони раиси Шӯрои Олии Озарбойҷон интихоб шуд. Ин рӯз дар таърих ҳамчун «Рӯзи наҷоти миллӣ» дарҷ шудааст. Аз 24 июл бо қарори Миллӣ Маҷлис ӯ ба иҷрои ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон шурӯъ кард.

Дар натиҷаи интихобот 3 октябри соли 1993 Ҳайдар Алиев президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуд.

Ҳангоми дар сари қудрат буданаш Ҳайдар Алиев дар ҳаёти халқаш нақши ҳалкунанда ифо намудааст. Ин давра саҳифаи дурахшонтарин ва пурмазмунтарини солномаи Озарбойҷон буд, ва он имрӯз аз ҳад зиёд тағйир ёфтааст. Шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ аз нав ташкил, некӯаҳволии моддии аҳолӣ хеле беҳтар гардида, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, илм ва маданият дигаргуниҳои қобили аҳамияте  ба амал омаданд. Дар як муддати кӯтоҳ Озарбойҷон роҳи тараққии садсоларо тай намудааст.

Фаъолияти азими Ҳайдар Алиев барои барқарор намудани тартибот дар кишвар ҳамзамон бо рушди стратегияи нафтӣ сурат гирифт. Хизматҳои Ҳайдар Алиев дар таҳияи стратегияи рушди устувори иқтисоди кишвар, иттиҳоди иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ бебаҳоянд.

Ба шарофати пешвои умумимиллӣ Озарбойҷон роҳи хоси ташаккули давлатеро пайдо кард, ки ба илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ ҳамчун «роҳи Озарбойҷонӣ»-и рушд ворид шудааст.

Тараққиёти муқтадири иқтисодиёт ва маданияти Озарбойҷон бо номи Ҳайдар Алиев алоқадор аст. Дар солҳое, ки Озарбойҷон истиқлолияти худро ба даст оварда душвортарин замонае ба cap мебурд, эшон тавонистанд мамлакатро на танҳо аз бесарусомонӣ бароваранд, балки онро ба давлати шукуфон мубаддал намоянд. Дар муддати хеле кӯтоҳ Ҳайдар Алиев Озарбойҷонро ба роҳи рушду шукуфоӣ бурд. Таҳти раҳбарии ӯ дар соли 1994 ҳукумати кишвар бо бузургтарин иттиҳодияҳои нафту гази ҷаҳон барои коркарди конҳои нафтии Озарбойҷон Шартномаи асрро ба имзо расонд, ва ширкати пешрафтатарин ташкилотҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар ин қарордод аҳамият ва нуфузи кишвари моро дар минтақа афзоиш дод. Ин созишнома дар ҷалби сармоя, рушди саноати кишвар ва беҳбуди иқтисоди он нақши истисноӣ бозид.

Ҳайдар Алиев фаъолияти сиёсӣ ва дипломатии худро ба тағйир додани афкори умум дар бораи Озарбойҷон бахшидааст. Хизматҳои Ҳайдар Алиев дар татбиқи лоиҳаи «Шарқу Ғарб» низ шоёни зикр мебошад.

Бо ташаббуси ӯ соли 1998 ҳамоиши байналмилалии «Барқароркунии Роҳи Абрешим» бо иштироки раҳбарони ҳашт кишвар ва ҳайатҳои беш аз сӣ давлат баргузор гардид. Ин раванд дар мустаҳкам намудани нуфузи байналмиллалии Озарбойҷон ва тақвияти ҳамкории он бо мамлакатҳои Ғарб ва Шарқ нақши муҳиме бозид.

Хидматҳои Ҳайдар Алиев дар назди Озарбойҷон ва мардуми он то андозае зиёд аст, ки ҳарчанд наслҳо иваз шаванд, авлоди сипосгузор ҳамеша дар бораи ӯ ҳамчун падари миллат, пешвои умумимиллӣ, шахсияти барҷаста ва озарбойҷонии бузург ба ёд хоҳанд овард.

Номаш – намиранда аст, он аллакай дар таърих монд ва як қисми халқи Озарбойҷон гашт. Ӯро ҳамеша ёд мекунанд, дар борааш синамо месозанд, китоб менависанд, кӯчаҳо, мактабҳо ва хиёбонҳо ба исмаш номгузорӣ хоҳанд намуд…

Вай то абад дар дили мардум, дар дили наслҳои оянда зиндаву ҷовид хоҳад монд. Ҳаёти Ҳайдар Алиев як ҷузъи ҳаёти Озарбойҷон, таърихи он аст. Пешвои бузург ва марди хирадманд Ҳайдар Алиев 19 сол пеш дар авҷи шуҳрати сиёсии худ даргузашт. Бо вуҷуди ин ӯ тариқи ғояву нақшаҳои ояндаи худ ҳамеша бо халқи худ монд.

Халқи Озарбойҷон дар ҳақиқат бо Пешвои умумимиллии худ Ҳайдар Алиев фахр мекунад, зеро пеш аз ҳама шаъну шарафи миллӣ ва худшиносии мардумро мавриди ҳадафи худ қарор дода буд, ки танҳо дар сурати ягонагии комили миллат, масъулиятшиносӣ ва ахлоқи баланди он имконпазир аст.

Вазифаи ӯ як рисолати бузурги наҷотбахшӣ буд. Корҳои бузурги ӯ, давлати бунёдкардааш, ғояҳои некаш абадӣ хоҳанд монд…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь